Найти в Дзене

Табрикот ба дуст «Зодруз муборак»

Зодрӯз муборак дӯстам
Зодрӯз муборак дӯстам

Дӯсти азизам! Ин рӯзи неки зиндагиро бароятон аз номи худ, аз номи ахли байту хонаводаи худ таҳният мегӯям! Бароятон тансиҳатӣ, хонаободӣ, хушбахтӣ, бурдборӣ, умри дарози пурбаракату бенуқсон амалигардии тамоми орзуву ниятҳои неки диниву дунявӣ ва осмони софу дар зиндагӣ роҳи сафедро аз даргохи Худованди бузург талаб дорам!

Илоҳо ҳамеша ба бахти падару модаратон сиҳат саломат бошед ва номбардори эшон бошед! Рӯзи зодрӯз муборак бародари гиромиқадр!

Муборак рӯзи тавлидат, муборак!

Муборак шодиву идат, муборак!

Шуда ҳалка ба даврат дӯстонат,

Муборак базми ҷамшедат, муборак!

Ман туро табрик гӯям додарам,

Ман дуогӯи туям то зиндаям.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Муборак, зодрӯзат ҳар сари сол,

Ало эй марди дурандешу Хушфол.

Пас аз чил ҳам натарс аз ҳеҷ сахтӣ,

Ба гардун мисли уқобон бизан бол.

Табрикот ба дуст «Зодруз муборак!»