Ахбори Точикистон | Новости Т… Роналду ба Тоҷикистон меояд? Посухи ФФТ December 1, 2023 by @AkhboriTojikiston Бошгоҳи "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ рӯйхати пешакии ҳайаташро барои сафар ба Тоҷикистон пешкаши ҷониби Душанбе кардааст, ки дар он исми ситораи футбол Криштиану Роналду низ ҳаст. Аммо омадан ё наомадани ӯ ҳанӯз суолбарангез аст. Дар ин бора аз Федератсияи футболи кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд. "Дар умум рӯйхати беш аз 80 нафарро, ки иборат аз бозигарону мураббиён ва ҳатто ошпазашон аст барои омодагӣ ба мо фиристоданд, ки исми Роналду низ ҳаст", - гуфт манбаъ. Аммо ба таъкиди намояндаи ФФТ, ин ҳоло рӯйхати ниҳоӣ нест, ва даста киро меорад, ду рӯз қабл аз бозӣ дақиқ мешавад. Мавсуф гуфт, ки "Ал-Наср" фардо дар доираи қаҳрамонии маҳаллӣ бо "Ал-Ҳилол" бозӣ дорад ва шояд дар ин бозӣ бозигарон ҷароҳат низ бардоранд. "Дар Тоҷикистон ҳама мунтазиранд, ки Роналду меояд. Ҳама ҳуҷҷатҳои дархостии "Ал-Наср" омода шудааст, аммо тасмими киро овардан, ба бошгоҳи арабӣ маълум аст,