🇹🇯Ҳамдиёрони азиз! Муҳтарам кормандон, волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва аъзоёни гиромӣ! 🗓Имрӯз мо дар арафаи як санаи хеле муҳим ва хотирмон - 96-умин солгарди таъсисёбии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон қарор дорем. Ин на танҳо боиси хурсандиву ифтихор, балки имконияти бузурге барои ёдоварӣ аз дастовардҳои ҶҲАТ, ҳамчун ягона Ҷамъияти миллӣ, эҳтиром ба ҳар касе, ки бо мо ҳамкорӣ кардааст ё ҳамкорӣ мекунаду иқдомҳои хайрро идома медиҳанд, ба ниёзмандон кӯмак мерасонанд ва дар маҷмӯ ташаббусҳои башардӯстонаро ҷонибдорӣ менамоянд, ба ҳисоб меравад. ⭕️Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тавонист аз соли 1927, яъне аз замони таъсис ёфтанаш то кунун рамзи умед ва пуштибонии ҳазорон нафар гардад. Мо ифтихор дорем, ки имрӯзҳо дар ҷомеа нафарони зиёде ташаббус ва иқдомҳои башардӯстонаи Ҷамъиятро дастгирӣ мекунанду вақт, нерӯ ва захираҳои худро ихтиёран барои кӯмак ба онҳое, ки дар ҳолатҳои душвор қарор доранд ё ба кӯмаки башардӯстона ниёз доранд, сарф менамоянд. 📜Агар мо
ПАЁМИ ТАБРИКОТӢ БА МУНОСИБАТИ 96 - УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН
22 декабря 202322 дек 2023
3
4 мин