Дар Душанбе дуюмин мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод барои дарёфти Ҷоми “Formula55” баргузор гардид. Қабл аз оғози рақобатҳо маросими ифтитоҳи мусобиқаи “Formula55 CUP” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ширкат, намояндагони Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон ва мураббиёну варзишгарон иштирок ва суханронӣ карданд. Ширкати миллии букмекерии “Formula55” соли дуюм аст, ки барои гӯштингрони тарзи озоди кишвар мусобиқа ташкил мекунад. Имсол дар чемпионати мазкур наздики 100 варзишгар аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Рақобатҳо аз рӯи 7 вазн шаш вазн миёни мардон ва як вазн миёни занҳо сурат гирифтанд. Рақобатҳо ҷолибу диданӣ баргузор гардид ва аз нигоҳи мураббину варзишгарон ин мусобиқа як марҳилаи омодагии гӯштингирони кишвар ба Бозиҳои Осиёӣ гардид. Дар ниҳоят ба тамои варзишгароне, ки дар вазнҳои хеш ғолиб омаданд, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои пуллӣ тақдим шуд. Бояд гуфт, ки маблағи ҷоизавии ин мусобиқа дар маҷмуъ 30 ҳазор сомониро дар бар мегирифт,
"Formula55 CUP" беҳтарин гӯштингирони Тоҷикистонро ба ҳам овард!
4 июля 20234 июл 2023
2
1 мин