Найти тему

ВАХОНИЁНИ ШАРҚӢ.

Оглавление

Чавоб ба як бародарӣ гиромӣ дар бораи ҳуввияти миллиам.

Вахониёни шарқӣ. Кисми 2

(аз таърихи вахонзамин).

Долина Вахан.
Долина Вахан.

Номи пешини Вахондарё -Канг-қор (Дарёҳи Осмони)буд. Як қисми Хунхо ё ба таври дигар хикхо ин сарзаминро тарк карда ба воситай Алай ба сарзаминхои Кирғизистони кунуни баромада дар таърих бо номи Канг-юйҳо ёд мешавад.Хунихо номи аслии ватани худро ба он чох кучондаанд. Ва номи бузургтарин кули ин сарзамин Исык-кул аз забони вахони аст. Калимаи Ищык, номи яке аз худоёни Мехрпарастхо (худои Бомдод) аст. Ва дар водии Фарғона шаҳри Хун-канг -ро ташкил карданд, ки маънои Хун-хона дар лаби рудро дорад.Ин шахр дар сарчашмахои таърихи бо номи Хуқанд ва Қуқанд маълум аст.

Гурухи дигар ба хавзаи Тарим (Сансызяни кунуни) баромаданд. Ва ин сарзаминро бо забони вахонӣ Сари-инд мегуфтанд. Чун ҳарфи “а” ро вахониён истифода намебурданд, ин топонимхо асосан дар шакли Сринд, Срир, Срикул гуфта мешуданд. Кисм зиёди топонимхои Сариинд Кушғар, Куч, Хутан (Хуннан) Тангкут, Туркут,Баҷғар, Гурхун бевосита аз забони вахони аст. Хунхо дар атрофи кули Лобнор давлати бо номи Тоқахунро доштанд. Дар натичаҳи махлутшавӣ бо мухочирони ҳинди аз як тараф, аз тарафи дигар бо мугулшаклхо (бозёфтхои бостоншиносӣ тасдиқ мекунанд, ки танхо дар асри дуюми пеш аз миллод муғулшакхо ба шарқӣ Сариинд сар дароварда буданд.), инчунин бо халкхои Арси ва Кошон (псевдртохархо) чудошавии забонхои сакоихо ба вучуд омад. Дурусттар мешуд агар ин забонро на забони сакои балки “хиони”меномиданд.

Аммо як чизро бояд қайд кард, ки дар байни гузаштагони хионихо чудошавии динӣ низ ба вучуд омада буд, ки ба ҷанги Крушкет оварда расонд. Сабаби асосии ин чанг мубориза барои худои бузург ё оли будани Офтоб ё Махтобро байни хионихо ба амал омад. Як қисми хионихо Офтобро худои оли (Верховный) медонистанд ва сарзамини худро Иристон меномиданд. (ниг. Номи пешини Осетия). Гурухи дигар худои Махтобро худои оли мегуфтанд ва ватани худро Махистон меномиданд. (Дарвози кадим). Калимаи “истон” аз калимаи “остон” гирифта шуда маънои зиёратгоҳро дорад дар забони вахони. Пас Иристон маънои “зиёратгоҳи Офтобро дорад, Махистон зиёратгоҳи Моҳ ва Тоҷикистони (Тоҷик-остон) ҳозира -Зиёратгоҳи тоҷикон аст. Бинобар ин як кисми хионхо сарзамини Сарииндро Мохҷун (Дили худои Моҳ) мегуфтанд, чун номи юэчихо аз забони хитойихо ҳамон Махтоб аст.(дар адабиёти шифоии мардуми вахонзамин Чину-Мочинро истифода мебаранд, ки Мочин хамон шакли вайроншудаи Моҳҷун аст).Дар адабиётхои таърихии хитойиҳо онҳо асосан бо номи “жун-ди” ёд мешаванд, ки ба ду гуруху “чиди” ва “бейди”чудо мешуданд.Ин ҳамон хиёнҳои “сафедруй” ва “сурхруй” астанд. Чун Юэчихои ба сарзамини Суғд даромаданд дар инҷоҳ онҳо маъбадҳои Моҳро сохтанд, ки то давраи ҳуҷуми арабхо мавҷуд буданд.Дар деворнигораҳои Панчакенти бостони сурати худои Нан кашида шудааст, ки яке аз худоёни Моҳпарастон ва Меҳрпарастон аст. Аз номи худои Нан дар Панҷакент танга сика мезаданд, дар он “Панҷа. Нана- Госпожа” сика задаанд. Мо дар боло гуфта будем, ки худои Нанро ба Анахита ташбеҳ додан нодуруст аст, зеро иконографияи онҳо аз якдигар ба кули фарқ мекунанд. Ва агар хато накунам номи Мастҷоҳ ҳамон шакли вайроншудаи Моҳҷун аст. Ва қисми зиёди хионихо, ки дар сарзамини Сариинд монданд забони муғулшаклхоро кабул карданд. Мисоли равшан ҳамин уйғурҳо астанд, ки аз қавмҳои хионихо астанд.

Хионихои Помир ва Сарир (шимоли Покистон) давлати худ Кирпандро ташкил карда буданд. (ниг ба корхои илмии Гузель Майтдинова да бораи империяи Кирпанд).Тақрибан байни солхои 190-180 пеш аз миллод дар Гансу қабилаи юэчиҳо ба қабилаи дигаре аз ҳамқавмҳои худ ҳуҷум карда онҳоро пароканда карданд. Ин қабила дар таърих бо номи усунхо ва ё асианхо маълум астанд. Як қисми усунҳо ба пеши Сунҳо гурехтанд ва қисм дигараш ба Кирпанд омаданд. Чун кирпандиҳо бо усунхо ва юэчихо як дин доштанд ва ҳамқавм буданд онхоро чун меҳмон кабул карданд. Дар забони вахониёни пешин меҳмонро “Қуш” мегуфтанд. Маз ин меҳмонхо аз кабилаи асианҳо буданд шохони тохарҳо шуданд ва ин силсила бо номи Қушониён маълум аст. Сарсилсилаи ин хонадон Каҷола Кадфиз дар аввал унвони “Яғбу”-ро дошт. Яғбу- нишони шоҳи буд, ки худои Нан барои идора кардани халк ба шоҳ медод. (Скипетр – символ власти). Ба хотир биёред мурғи Ҳумойро (Амо-вах..) дар адабиёти форсу-тоҷик Ва дар бораи асианҳо ки шоҳони тохари шуданд Помпей Трог хабар медиҳад. Аммо барои хионихо ин ягон фаркияте надошт, чун онҳо ҳавқавм буданд ва як динро доштанд. Ягона фарқияте, ки вуҷуд дошт ин ҳанъанаи “сарҳои дароз” (Искуственная деформация черепа-ИДЧ). Ин анъанаи “сарҳои дароз”-ро шоҳони Яфтали низ истифода мебурданд, ва мардуми вахон онҳоро “Сарцук” мегуфтанд. (ниг ба маъқолаи “ Кто вы господин Сельджук”)Он тарафи таърихи Қушониён каму беш маълум аст.

Дар сарчашмахои хатии Ладак Тибетро ватани “Бодхои аз шаш кавм иборат аст” меноманд. Худи калима Ладак аз асоси “Лыд”- айлок ва “ак” -майда, ки маънои “Айлоқи майдаро” дорад. Топонимхои Чангшунг, Цыкшунг, Дрича, Пуран, Чонтанг, Линг Дерге низ аз забони вахони аст. Ва ханҷари тибети номи “пы=дам” (дар пушт)-ро дорад, ки дарозии қариб як метр аст барои ин онро дар пушт овезон мекарданд. Ба болои ин дини бодҳои Тибет ҳамон дини тозардуштия буд, ки асоси онро муборизаи ду қувва ташкил медод ва номи ин дин бон буд. Дар китобхои динии бон сухан дар бораи халқи точик меравад, ва асосгузори ин динро шахсе бо номи Шанраб медонистанд. Аммо таърихи пайдоши дини бон ба давраи Ксерк (Ҳахоманиши)ва сиёсати “Зидди девпарастҳои” у рост меояд, ки як қисми муғҳо ба Тибет гурехтанд. Тахмине аст, ки асосгузори давлати Қодириён маз аз қавмхои Тибети ё юечихои хурд буд.

Баъд аз бархам хурдани сулолахои Қушони ва Қодириҳо тамоми сарзамини Осиёи Миёна, Помир ва Сариинд ба дасти Яфталиҳо гузашт. Як кисми онхо бо сардории Хинхила ба сарзаминҳои марказии Ҳиндустон зада даромаданд. Дар сарчашмахои ҳинди онхоро “хонҳо” меномиданд, худи онҳо номи “хоник”-ро гирифтанд. Ва ин номро то замони мо дар байни мардуми Вахони боло мушоҳида кардан мумкин аст.Баъд аз барҳам хурдани давлати Яфталиҳо сарзамини чануби Точикистони кунуни байни ду давлат тақсим Хунталиён ва Вахон тақсим шуд. (онхо дар сарчашмаҳои хитойи бо номҳои Кэдоло (Хунтал) ва Хюми (Вахон) маълуманд). Ва сарзамини Висагирд дар дасти яғбуи Вахон буд, сарҳади байни давлати Хунталиён ва Вахон руди Вахш буд. Аз чиҳати дини баъди барҳам хурдани давлати Яфталиҳо Вахони поёни ба дини Офтобпарастии худ баргаштанд, Вахониҳои боло бутпараст монданд. Маркази бутпарастҳо се гушаи Вахон Хандут (Хундун), маъбади Вранг ва қалаи Ямчун буд. Хуниҳои Помир асосан кучманчӣ буданд. Барои муҳофизати роҳи савдо бо Хитой ва муҳофизати аҳоли аз ҳамсояҳои ғоратгар яке аз сардорони кучманчиҳои Чавшангоз Малик Буға қалъаи Рост-қаъларо месозад. Ва ин имкон дод, дар вахонзамин ду “бикат” (аз калимаи “бу- как”, “ду -чашм” ) беҳкор шуданд ва рафтуомади байни Вахон ва Рост-каъла ба воситаи пиряхҳои дараҳои Ямчун, Вранг ва Даршай сар шуд.Ба каладорони Ямчун имконят пайдо шуд то барои таҳмини қалъала бо об аз дарраи Ямчун аз Ғори сабз (Савзғор) чуйбор бароранд.Буға номи одам нест балки тотем аст, чун тотеми “тур” ба шохаҳои чудогона таксим шуданд, ба монанди Буқа-хун, Кар-хун, Буғроҳ-хун, Ранг-хун. Маз яке аз шохзодагони хонадони тотеми Кар-хун Кар-тичун (дар махазҳои таърихи бо номи Каротегин маълум аст) волии сарзаминхои Алай, Ляхш ва Висагирд буд.Дар давраи Сомониён сарҳади яғбуи Вахон то Ҳисори Рашт монд. Яке аз топонимҳои Висагирд, ки мумкин маркази Висагирди қадим буд, ки дар замони ҳозира бо номи Талли-Возджур ( Выздзур-вах..) маълум аст. Дар натичаи паҳн шудани дини ислом қисми зиёди сарзаминҳои яғбуи Вахон мустақил шуданд. Худи Вахонзамин дар ҳазораи пешин гох мустақил ва гоҳе ниммустақил арзи вучуд дошт.Охирин мири Вахон Алимардон дар натичаи ҳучуми афғонҳо Вахонро тарк кард. Мувофиқӣ ахбори капитани рус Путята бо ҳамроҳии мир Алимардон қариб се ҳазор ахоли ватани худро тарк карданд.

Хамин тавр ин буд мухтасар аз таърихи мардуми вахониён, як қисми таркибии мардуми хиёниён, ки ба ҷустуҷуи Вари-Ҷамшед ба билоди Помир баромада онро наёфтанд ва ба монанди он Хунро (хона) сохтанд. Асли баромадашон на саҳроҳои Аврупо балки аз Осиёи Пеш буд.Топонимхои забони вахониро (хиониро) дар бисьёр чойхои Осиё Миёна мушоҳида кардан мумкин аст.

Бародари гиромӣ мо дар бораи пайвандаки “ик”гуфта будем, ки мансубиятро ифода мекунад, ба монанди Вахик- бошандагони вахонзамин, Хик- хиониҳои бурунмарзӣ ва Хоник- хиониҳои Ҳиндустон. Пас пайвандаки “ик” дар калимаи “тоҷик” чи маъно дорад? (Давом дорад).