Найти тему

Чавоб ба як бародарӣ гироми дар бораи хуввияти миллиам.

(Аз таърихи вахониён).

Бародари гиромӣ! Забони вахони гарчанде ба гурухи забонхои помирӣ хамро карда бошанд хам, аз чихати генетики ин забон ба забонхои помирӣ мансубият надорад. (Ин назаряи Р.Шоу аст, ки аз тарафи дигар олимхо тасдиқ шудааст.) Ин манои онро дорад, ки забони вахони дар шароити дигар ба вучуд омадааст.Агар чудошавии (распад) дигар забонхои помирӣ ба асрхои миллодӣ рост меояд, пас чудошавии забони вахони маълум нест ва аз кадом забон чудо шудааст ин хам маълум нест гарчанде, ки онро ба забони сакоихо хамро мекунанд.Новобаста ба ин ин забонхо дар худ як пайвастагии умумӣ доранд, ва ин мансубият ба забони индуирони ва аз он ба индуевропои аст.

Пеш аз хама якин аст, ки вахониён аз ахолии муқимии ин сарзамин нестанд,балки аз дигар минтақа омадаанд. Аммо онхо дар вакте омадаанд, ки ба шикорчигӣ машгул буданд ва шояд ба чорводори хам мекарданд.Ба ин далолат мекунад пеш аз хама сачдаи шикорчиёни вахони пеш аз шикор бо номи “Мар-кум” (Кадом аз ман), ки ба пари ва дев ки чупони бузхои кухӣ хисоб мекарданд мебошад. Ва он бо номи худои “Маркум” дар байни ахолии чануби Хиндукуш (Нуристонихо) пахн шуда буд.Ва халкхои он тарафи Хиндукуш худои “Маркум”-ро дар шакли зани қоматбаланди зардинамуй ва чашмкабуд тасвир мекард, ки аз чихати антропологи ин хамон қабилахои тохариро ба хотир мебиёрад.Дигараш ин, ки дар сангнигорахои Даршай, Удит ва бахусус Лангар расми бузхои кухи бахусус нарбузхо накш карда шудаанд, ки дар забони вахонии кадим онро “Тур” меномиданд ва имруз хам нарбузи яксоларо “туржак” мегуянд. Ва шикорчиёни кадим онро рамзи худ (тотем) медонистанд. Чун номи Тур на танхо дар Вахон балки дар Аврупо бахусус дар олмонихо ва скандинавхо низ аст, аз ин бар меояд, ки ин тотем дар вакти ягонагии ин қавмхо бехрун аз ин минтақахо ба вучуд омадааст. Ва маз ин тотем асоси этникии турониёнро ба вучуд овард.

Ҳамчунин диққат додан даркор ба бозёфтхои бостоншиносӣ ва пеш аз хама ба таври кабрхо дар вахонзамин, ки ба ду гурух чудо мешаванд. Якум кабрхои доирашакл бо доштани оташдони майда ва дигаре чоркунчашакл ба таври “сандуки сангӣ”. Ва боёфтхои антропологии кабристони Кхераи вилояти Свотро археолог Б.А.Литвинский дида менависад, ки “Удивительная сходства....серии черепов Свата с сакскими памирскими черепами”, ин маънои алоқамандии генетикиро дорад.Аз тарафи дигар мавчудияти худои Нан дар дини қадимаи вахониён, ки асли баромадаш аз Осиёи Пеш аз бобулиён-ошуриён ва хетхо буд. Ва на Авасто на Ригвед дар бораи ин худо маълумоте намедиханд. Он чизе,ки дар адабиётхои тарихи худои Нанро бо Анахита баробар мекунанд, ин ақида аз нуқтаи назари иконография тамоман нодуруст аст.Агар аз нуқтаи назари антропологи гирем вахониён бештар ба намояндагони маданяти “келтеминар”шабохат доранд, ки марказаш сохилхои Арал буд. Ин сарзаминхо асосан аз они қабилахои массагетхо буд. Аз он, ки дар сарзаминхои шимоли Инд кабилахои массагетхо зиндаги мекунанд хануз Мегасфен намояндаи шохони Селевкиён ба дарбори Гуптхо хабар дода буд, аммо олими рус И.В.Пянков бе ягон далели илми ин хабарро рад мекунад. Ва ахиран чанги Куруш, ки алакай дини зардушти дошт бо массагетхои Томирис, ки ба номи худои Офтоб касам мехурд ва қасами мардуми Вахон “Ири Бузург” як сарчашма дорад.

Чун геттхо ба шимоли Ҳинд расиданд дар ин чох кабилахои быхригхо маркази аввалини худ (протогосударства) бо номи Варна сохта буданд, яъне ба монанди Вари Чамшед. Варна агар як тараф зодгохи Фаридун буд, аз тарафи дигар дар натичаҳи нобаробарии ичтимои (ба табақа чудо шудан) дар Варна сабаби парокандагии ягонагии индуиронихо гашт ва номи Варна хамчун табақапарвари то замони мо дар Ҳиндустон боқи монд. Аз ин ҷоҳ мо бар он нуктаи назарем, ки чудошавии табақави сабаби пайдоиши зардуштиён ва ведхо шуд. Ки яке девпараст ва дигаре ахуропараст шуданд. Ва ведхо ба дохили нимчазираи Хиндустон ва ахурпарастхо ба Бохтар ва Ирони кунуни мухочират карданд. Ва Варна ба дасти геттхо гузашт, ва онро Авасто, низ тасдиқ мекунад.

Массагетхо дар ин сарзамин ду маркази худро ташкил карданд. Яке Хунзокут, ки ин ном имруз хам дар як дехаи Покистон боқи мондааст. Дигаре бо номи Пастхун ( Хонаи поёни-пуштунҳои вилояти Дир.) ана хамин пуштунихои сафедруй. Массагетхо дар як муҳдати кухто дар се тарафи ин сарзамин пахн шуданд.Пеш аз хама Сарир, дар якчохшавии се каторкухи асоси Хиндукуш, Химолой ва Кун-лун. (Хунзо). Дуюм Кашмир Каш-дар забони вахони пешбарро мегуянд, ба монанди фарохи. Ва сеюм Помир яъне изи худои Мехр, чунки охирин худои Офтобпарастхо худои Шом (Изык) маз ин сарзаминро тарк мекунад. Маз кучманчихои Помири шарқӣ ба тарафи вахонзамин сар дароварданд. Номи пештараи ин сарзамин маълум нест, аммо мавчудияти номи худои индуирони Вай ба он шаходат медихад, ки ин ном мумкин пештар то омадани хунихо дар ин сарзамин вучуд дошт. Ва мумкин аст, Вух маз хамон номи қадимаи ин сарзамин буд.Хуниҳо ба он калимаи Вай-хун (хона)-ро хамро намуданд ва он номи Вай-хун( хонаи худои бод)-ро гирифт. Пас, кихо буданд он қавме, ки пеш аз хунихо дар ин сарзамин маскун буданд. Дар Бундахишн сухан дар бораи он меравад, ки падари Зартушт ан дар лаби руди Дридж зиндаги мекард. Ва ин гидроним ва деҳаи Дридж имруз ҳам дар вахонзамин боқи мондааст.Дридж дар забони вахонӣ аз калимаи “Ды”- дар ва “ридж” -як бутадарахт аст дар забони вахонӣ, шакли дигари он “Тарг” ( дар забони порси-дари номи ин бутадарахтро наёфтам) Дигар мавчуд будани топоним Харв дар бисёр махалхои хар ду сохили руди Панч. Гарчанде, ин калимаро дар базе топонимхо якчоя бо забони вахонӣ истифода шудааст ба монанди Вычхарв, Шытхарв аммо он аз забони вахони нест ва ин калима дар забони ишкошими (рыни) дар шакли Харавык боки мондааст. Мо бар он ақидаем, ки сабаби пахншавии ин топоним ё забони вахони буд, ки онро аз дигар забон қабул кардаанд, ва ё забони боқимондагони “маданяти хисор”. Дар хар ду ҳолат мавчудияти ин топонимҳо ягонагии забониро дорад дар ин махалхо.

Вахонихои аввал худро на вахони балки “боди” мегуфтанд, чун ватанашон номи худои бод Вай буд. Онхо ба воситаи дарвозаи Ишкошими кунуни ба сарзамини Бадахшон даромаданд ва аввалин маркази худ бо номи Бодиёнро ташкил карданд, Қад қади даръёи Панҷ онхо маркази дигар Ғоронро ташкил карданд то Дармохрахт, ки асли ин калима Дыргоҳрахт аст. Аз Бодиён ба Дарвоз кунуни баромада ин забон то дарвозаи Рушон пахн мешавад.Топонимхои Қалот, Ванҷ, Тангшыв, Лозыр, Питов, Шкев Туғмай, Каълаи Хун (Қаъла хона), Зиғар, Нулванд, Роғ, Хиргохвад (Кирговад), Ширговад,Тахвилдара ва ғ маз ба забони вахонӣ мансуб аст. Бодхо ба сарзамини Бохтар даромада сарзаминхои кунунии Хатлонзаминро ба даст дароварда онро Хунтал (Хонаҳои бисъёр) номиданд. Топонимхои Фархор (Фарғар), Ҳулбук (Холи-буқ- ҷоҳи тепазор), Барсориғ, Маранд ва Ховалинг маз аз забони вахони дар ин сарзамин боқи мондааст.

Чун мавқеи онхо дар давлати Юнону -Бохтар зиёд шуд. Шохи Юнону-Бохтар Сападбиз аввалин шуда танга бо номи худои Нан сика мезанад. Бодихо бошанд дар тангахои Яфтали (Ҳойтали) ва аз он ҷумла дар тангаи Низак худро аз забони юнони хиони номида ва тангахоро бо ин ном сика мезаданд. Бади ин онхо вахонихоро “Вахик” ва мардуми Вахон хамқавмхои бурунмарзии худро “Хик”, ки кутохкардашудаи Хиони мебошад меномиданд, ва ин анъана то ба имруз боқи мондааст. Ва пайдоши пайдаки “ик” дар забони вахони мансубиятро ифода мекунад. Дар калимахои “Вахик” ва “Хик” мансубяти ҷуғрофиро ифода мекунад. Бодихо асосгузорони давлати Хойталиён, шоҳигарии Хатлон, шохигарии Чағониён, шохигарии Яғбукат (Вахон бо марказаш Ишкошим) ва шохигарии Дарвоз буданд.

Бародарӣ гироми Илҳом. Чун гузаштагонам аз хионхо ё ба таврӣ дигар аз хикхои Яфтал (Нон -тал) аз дудмони Абдолиён (Хочи Нурабдол), поягузорони ақидаи динӣ-фалсафи бо номи “Чил-тан” астанд ба ватани аслии худ баргашта буданд. Акидаи “Чил тан”пеш аз ислом дар вахонзамин пахн шуда буд. Топонимхои Чилтанкут, Чилтоқ, Чилхун, Чилмурид ба ин ақидаи дини-фалсафӣ мансуб астанд. Бинобар ин зинаи аввали хувияти ман маз вахонӣ аст, дар байни дигар халкхои ин сарзамин. Гарчанде бо амри таърих ин халқро ба чор қисмат чудо карданд аммо онхо ҳуввияти худро гум накардаанд ва умедворам гум нахоханд кард.

Ин буд мухтасари таърихи халқияти вахонихои ғарбӣ ва дар бораи вахониёни шаркӣ дар оянда маълумот хоҳем дод.

(Давом дорад).