Найти тему
Усмон Неъматов

Сафари Паёмбари нозанинﷺ ба Осмонҳо

Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст, ки гуфт: Абўзар (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекард, ки фармуданд: “Ҳангоме, ки ба Макка будам, сақфи хонаам шикофта шуда ва Ҷабраил (ъ) дохил гардид, синаамро кушуда ва ба оби Замзам шуст. Баъд аз он таштеро, ки пур аз ҳикмат ва имон буд, оварда ва дар синаам холӣ кард ва синаамро баст. Баъд аз он дастамро гирифт ва ба сўи осмон уруҷ намуд. Чун ба осмони аввал омадам, Ҷабраил ба дарбони осмон гуфт: Боз кун. Дарбон гуфт: Кист? Ҷабраил гуфт: Ман Ҷабраил ҳастам. Гуфт: Касе ҳамроҳат ҳаст. Гуфт: Бале! Муҳаммад (с) ҳамроҳам мебошад. Гуфт: Оё ў мабъус шудааст? Гуфт: Бале. Ва дарбон дарро кушуд. Чун ба Осмони Дунё боло шудем, дидем, шахсе нишаста ва мардумоне дар тарафи росташ ва мардумоне дар тарафи чапаш қарор доранд, чун ба тарафи росташ нигоҳ мекунад, механдад ва чун ба тарафи чапаш нигоҳ мекунад, мегиряд. (Ў моро мухотаб қарор дода) гуфт: Эй Пайғамбари некўкор ва фарзанди некўкор, хуш омадед. Аз Ҷабраил пурсидам: Ин шахс кист? Гуфт: Ин (Одам) (ъ) аст ва ин чизҳое, ки дар тарафи рост ва чапаш қарор доранд, арвоҳи авлодаш мебошанд. Онҳое, ки дар тарафи росташ ҳастанд, аҳли ҷаннат ва онҳое, ки дар тарафи чапаш мебошанд, аҳли дўзах ҳастанд, чун ба тарафи росташ мебинад, механдад ва чун ба тарафи чапаш нигоҳ мекунад, мегиряд. Баъд аз он маро ба сўи осмони дуввум бурда ва ба дарбон гуфт: Боз кун. Дарбон ҳамон чизеро, ки дарбони осмони аввал гуфта буд, такрор намуд ва дарро кушод. Анас (р) мегўяд, ки Абўзар (р) барояш гуфтааст, ки Паёмбари Худо (с) дар осмонҳо Одам, Идрис, Мўсо, Исо ва Иброҳим салавотуллоҳи алайҳимро дидааст. Вале Абўзар (р) маконҳои онҳоро мушаххас карда натавонист, фақат ҳамин қадар ба хотир дошт, ки Паёмбари Худо (с) Одам (ъ)-ро дар осмони дунё ва Иброҳим (ъ)-ро дар осмони шашум дидаанд. Анас (р) мегўяд: Чун Ҷабраил бо Паёмбари Худо (с) назди Идрис (ъ) расиданд, гуфт: Пайғамбари некўкор ва бародари некўкорам, хуш омадед. Паёмбари Худо (с) мегўянд, ки аз Ҷабраил (ъ) пурсидам: “Ин шахс кист?” Гуфт: Ин Идрис аст. Баъд аз он назди Мўсо (ъ) расидем ва ў ҳам гуфт: Пайғамбари некўкор ва бародари накўкорам, хуш омадед. Пурсидам: “Ин кист?” Гуфт: Ин Мўсо (ъ) аст. Баъд аз он назди Исо (ъ) расидем ва ў ҳам гуфт: Пайғамбари некўкор ва бародари некўкорам, хуш омадед: Пурсидам: “Ин кист?” Гуфт: Ин Исо (ъ) аст. Баъд аз он назди Иброҳим (ъ) расидем ва ў гуфт: Пайѓамбари некўкор ва фарзанди некўкорам, хуш омадед. Пурсидам: “Ин кист?” Гуфт: Иброҳим (ъ) аст. Анас (р) мегўяд: Ибни Аббос (р) ва Абўҳаббаи Ансорӣ (р) мегуфтанд, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд, ки “баъд аз он то ҷое бурда шудам, ки овози ақломи (қаламҳои) (малоика)-ро мешунидам.” Анас ибни Молик (р) мегўяд: Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Худованд бар уммати ман панҷоҳ намоз фарз гардонид, бо ҳамин ҳукм баргаштам, то он, ки назди Мўсо (ъ) расидам. Пурсид: Худованд бар уммати ту чӣ фарз намуд? Гуфтам: Панҷоҳ вақт намоз. Гуфт: Ба назди Парвардигорат баргард, чун уммати ту тоқати инро надоранд. Баргаштам ва Худованди мутаъол қисмате аз онро соқит намуд, боз баргаштам ва назди Мўсо омада, гуфтам: Худованди мутаъол қисмате аз онро соқит намуд. Гуфт: Назди Парвардигорат баргард, чун уммати ту тоқати онро надоранд. Баргаштам ва боз Худованди мутаъол қисмате аз онро соқит намуд, боз назди Мўсо омадам ва боз бароям гуфт: Назди Парвардигорат баргард, зеро уммати ту тоқати онро надоранд. Боз баргаштам ва Парвардигорам бароям гуфт: Ин панҷ аст (дар адад) ва панҷоҳ аст (дар савоб) ва ин гуфтаам тағйирпазир нест. Боз назди Мўсо омадам ва ў ба ман гуфт: Назди Парвардигорат баргард. Гуфтам: Аз Парвардигорам ҳаё мекунам. Баъд аз он Ҷабраил (ъ) ҳамроҳам рафт, то маро ба Сидрату-лмунтаҳо расонид ва ин мақом чунон рангҳои гуногуне дошт, ки онњоро васф карда наметавонам, баъд аз он маро ба ҷаннат бурданд ва дар он ҷо риштаҳое буд аз марворид ва хоки он аз мушк буд.”