Найти в Дзене
Formula55

ДАСТГИРИҲОИ «FORMULA55» САМАР МЕДИҲАНД

Дастпарвари ҳамин толор, варзишгари дорои имконияти ҷисмониаш маҳдуд Тоҳир Ҳусейнов дар чемпионати Осиё оид ба дастхобонӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон иштирок варзида, бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт. Пас аз як соли таъмиру таҷдиди толор варзишгари дигари ҳамин даргоҳ, қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон оид ба дастхобонӣ аз шаҳри Ваҳдат Орифбоев Давронҷон дар XX-умин чемпионати Осиё оид ба пара-армлестлинг, ки дар шаҳри Аҷмани Дубай (АМА) баргузор гардид ширкат варзида, дар сабқати дасти чап медали нуқра ва бо дасти рост медали тилло ба даст оварда, чемпиони Осиё гардид. Дар XX-умин чемпионати Осиё оид ба пара-армлестлинг 12 варзишгари маъюб аз кишвари Тоҷикистон иштирок варзиданда, сазовори 3 медали тилло, 8 медали нуқра ва 11 нишони биринҷӣ гардиданд. Тими варзишгарони тоҷик, аз рӯи даставӣ мақоми сеюмро ишғол намуда, соҳиби ҷом гашт. Дастгириҳои Ширкати букмекерии «Formula55» нисбати варзишгарони маъюб самараи дилхоҳ ба бор меорад. Ширкат дар оянда низ ҳамкориҳои худро бо "Мак

Дастпарвари ҳамин толор, варзишгари дорои имконияти ҷисмониаш маҳдуд Тоҳир Ҳусейнов дар чемпионати Осиё оид ба дастхобонӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон иштирок варзида, бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт.

-2

Пас аз як соли таъмиру таҷдиди толор варзишгари дигари ҳамин даргоҳ, қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон оид ба дастхобонӣ аз шаҳри Ваҳдат Орифбоев Давронҷон дар XX-умин чемпионати Осиё оид ба пара-армлестлинг, ки дар шаҳри Аҷмани Дубай (АМА) баргузор гардид ширкат варзида, дар сабқати дасти чап медали нуқра ва бо дасти рост медали тилло ба даст оварда, чемпиони Осиё гардид.

-3

Дар XX-умин чемпионати Осиё оид ба пара-армлестлинг 12 варзишгари маъюб аз кишвари Тоҷикистон иштирок варзиданда, сазовори 3 медали тилло, 8 медали нуқра ва 11 нишони биринҷӣ гардиданд. Тими варзишгарони тоҷик, аз рӯи даставӣ мақоми сеюмро ишғол намуда, соҳиби ҷом гашт.

-4

Дастгириҳои Ширкати букмекерии «Formula55» нисбати варзишгарони маъюб самараи дилхоҳ ба бор меорад.

Ширкат дар оянда низ ҳамкориҳои худро бо "Мактаби варзишии шаҳри Ваҳдат" ва Федератсияи варзишгарони маъюби Тоҷикистон идома хоҳад дод.

Formula55 Мо варзишро рушд медиҳем...