Моҳи апрел Нахустин Ширкати миллии букмекерии «Formula55» иқдомҳои хешро дар самти рушду инкишоф, пешрафт ва дастгирии варзиш дар кишвар идома дода, барномаҳои худро дар ин самт амалӣ гардонид. Мавсими нави футбол дар кишвар аллакай оғоз гардид ва ҳамасола «Formula55» сарпаратии як қатор тимҳои футбол дар Лигаи олӣ, Лигаи якум ва футзалро ба уҳда мегирад. 4-уми апрел Нахустин Ширкати миллии букмекерии «Formula55» сарпарасти расмии бошгоҳи футболи «Душанбе» гардид. Ширкат соли сеюм аст, ки ин клубро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунад. Нахустин ширкати миллии букмекерии «Formula55» дар доираи барномаи «Орзуи нек» толори варзишии «бокс»-и шаҳри Хуҷандро аз тамъир бароварда, бо таҷҳизотҳои нави муосир таъмин намуд. Дар ин толори варзишӣ 83 нафар кӯдак ҳамарӯза машқ мекунанд ва пиронсолон низ барои нигоҳ доштани саломатии худ ба ин толори варзишӣ меоянд. Иншооти варзишӣ аз соли 1993 фаъолият дорад ва таъмир талаб низ гардида буд. «Formula55» пас аз таъмири пурраи толор ба машқварзону мурабб