Баҳор - яке аз фаслҳои сол аст ва аз рӯи тақвими соли мелодӣ — моҳҳои март, апрел ва майро дарбар мегирад.
Яке аз идҳое анъанавии миллии халқҳои эронитабор, ки бо фарорасии баҳор ҷашн гирифта мешавад, иди байналмилалии Наврӯз аст.
Баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол мебошад. Ин фаслро зиндашавии табиат, арӯси сол меноманд.
Дар ин фасл дар кишвар якчанд идҳоро ҷашн мегиранд, аз ҷумла 8 март - Рӯзи модар, 21 март - 24 март — иди Наврӯз, 1 апрел - рӯзи ханда, 9 май - рӯзи Ғалаба, 23 май - рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ғайра.