Нейросет - шабакаи нейронӣ Шабакаи нейронӣ чист? Шабакаи нейронӣ ё ба мо маъмул нейросет дар технология ин модели математикӣ буда ба мисли шабакаи нейронии мавҷудоти зинда кор мекунад. Фарқияти шабакаи нейронии компютерӣ аз ҳайвонот дар он аст, ки ӯ вазифаро аз инсон гирифта, омӯхта иҷро менамояд. Дар солҳои охир чандин шабакаҳои нейронӣ пайдо шудаанд ки онҳо вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд. Шабакаҳои нейронии овозие ки дар телефонҳои мобилӣ мо истифода мебарем ба мисоли Сири, Алиса, Ок Гугл онҳо ба суоли истифодабаранда ҷавоб гӯфта як сӯҳбате ба пеш мебаранд ва онҳо сол аз сол такмил ёфта истодаанд. Шабакаҳои нейронии наве пайдо шудаанд ки вазифаи инсонро хело пеш мебаранд. Онҳо аз матни дилхоҳ то расмкаширо иҷро мекунанд. Дар замони муосир инсоният ба миллионҳо информатсия дар як рӯз дучор мешавад ки барои вазифаи дар пеш монда шударо иҷро кардан соатҳо, рӯзҳо вақт меравад. Шабакаи нейронӣ бо формулаҳои математикӣ дар кӯтоҳтарин муддат ба мо ҷавоби лозимиро аз миёни миллионҳо