Найти в Дзене
Rustambek Ahmadzoda

НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ БӮСТОН ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ "ХУҶАНД", №2 ҶАББОРЗОДА ПАРВИЗ АБДУҚОДИР

Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир 22 апрели соли 1977 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Таҳсилоти миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №200-и шаҳри Душанбе гирифтааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1993 ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соли 1997 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Мавсуф аз соли 1994 то соли 1996 ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ дар суди халқии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1996 то 1998 дар вазифаи ҳуқуқшиноси Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст. Аз соли 1998 то соли 2007 вазифаи роҳбарии ҶДММ "Сино"-и шаҳри Бӯстонро ба зимма дошт. Аз соли 2008 то соли 2013 ба ҳайси котиби суди иқтисодии вилояти Суғд кору фаъолият намудааст. Ҷабборзода Парвиз соли 2014 Донишгоҳи давлатии гуманитарии Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ хатм карааст. Номбурда аз соли 2014 то моҳи майи соли 2024 дар вазифаи котиби иҷроияи

Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир 22 апрели соли 1977 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Таҳсилоти миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №200-и шаҳри Душанбе гирифтааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1993 ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соли 1997 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Мавсуф аз соли 1994 то соли 1996 ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ дар суди халқии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1996 то 1998 дар вазифаи ҳуқуқшиноси Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст. Аз соли 1998 то соли 2007 вазифаи роҳбарии ҶДММ "Сино"-и шаҳри Бӯстонро ба зимма дошт. Аз соли 2008 то соли 2013 ба ҳайси котиби суди иқтисодии вилояти Суғд кору фаъолият намудааст.

Ҷабборзода Парвиз соли 2014 Донишгоҳи давлатии гуманитарии Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ хатм карааст. Номбурда аз соли 2014 то моҳи майи соли 2024 дар вазифаи котиби иҷроияи Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият намудааст. Аз моҳи июли соли 2024 то ҳол ба ҳайси намояндаи ваколатдори Корхонаи воҳиди давлатии "Моҳии Тоҷикистон" дар вилояти Суғд кору фаъолият дорад.

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ БӮСТОН АЗ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ "ХУҶАНД", №2

Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон аз ҳавзаи интихоботии "Хуҷанд", №2, барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин иҷрои самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 зери шиори "Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон" тамоми донишу заковат ва нерӯи худро сафарбар намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон ва рушди босуботи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳри Бӯстон талош меварзад.

Ман иштироки худро ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, даъвати ҳафтум, аз рӯи самтҳои зерин муфиду зарур мешуморам:
  • Ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба ҳифзу рушди мероси моддӣ ва ғайримоддии кишвар, мусоидат ба рушди сайёҳии фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;
  • Ба роҳ мондани чораҳои амалӣ ҷиҳати ҳимояи иҷтимоии табақаҳои камбизоат, нафақахӯрон, маъюбон ва оилаҳои серфарзанд;
  • Мусоидат дар таҳкими фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон;
  • Андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва эҳтироми забони давлатӣ;
  • Мусоидат дар таъмини амнияти шахсӣ ва ташаккули ҷомеаи устувори шаҳрвандӣ, ки дар он амният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон кафолат дода мешавад;
  • Мусоидат дар ҳифз ва рушди арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷомеа.

Дар сурати интихоб шуданам ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, ҳамкориамро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, сохторҳои дахлдори маҳаллӣ ва интихобкунандагон мустаҳкам намуда, корҳои зеринро анҷом медиҳам:

  • Барои дар сатҳи баланд ташкил ва пешвози ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идомаи корҳои ободонии кӯчаҳои шаҳр ва ҷойҳои ҷамъиятии ҳавзаи интихоботӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута чораҳо меандешам;
  • Чораҳои заруриро барои сохтмони майдончаи варзишии кӯдакона дар ҳудуди ҳавзаи интихоботиам бо сохторҳои марбута андешида, корҳои амалиро ба роҳ мемонам;
  • Дар равшаннамоии ҳудуди ҳавзаи интихоботиам фаъолона ширкат меварзам;
  • Корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати таъмиру тармими ҷории намуди зоҳирии биноҳои истиқоматии ҳавзаи интихоботиам дар якҷоягӣ бо Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бӯстон тақвият медиҳам;
  • Ҷиҳати ивази қубурҳои обгузари биноҳои баландошёнаи ҳавзаи интихоботиам бо сохторҳои марбута ҳамкорӣ мекунам;
  • Ятимон, камбизоатон, шахсони имконияташон маҳдуд ва яккаву танҳои ҳавзаи интихоботиамро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоям.

ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ГИРОМӢ!

2 МАРТИ СОЛИ 2025 БА ТАРАФДОРИИ НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХАЛҚ АЗ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ҶАББОРЗОДА ПАРВИЗ АБДУҚОДИР ОВОЗ ДИҲЕД!