ХУДО БОШАД НИГАХБОНАТ МУСОФИР. Хамеша мешави махзуну дилгир, Азоби зиндаги бинмуд туро пир, Вале доим намои шукри такдир, Худо бошад нигахбонат мусофир. Дур аз хоки Ватан,дур аз диёри, Парешонхотириву,бемадори, Ба калби хаставу бар холи зори, Худо бошад нигахбонат мусофир. Зи сар то пойи худ донам бадарди, Вале бо дард ба майдони набарди, Зи максадхои худ харгиз нагарди, Худо бошад нигахбонат мусофир. Шабу руз дар талоши пораи нон, Бирафта аз тани ту куввату чон, Наёфти бахри рузи рохи осон, Худо бошад нигахбонат мусофир. Сафар пур аз балохову хатар аст, Падар дар хасратат хуни чигар аст, Ба ёдат модарат бо чашми тар аст, Худо бошад нигахбонат мусофир. Заниву хамчу мард дори часорат, Дилатро сузу мотам карда fорат, Ба faм сохти даруни дил иморат, Худо бошад нигахбонат мусофир. Ту чандин аfба пушти сар намуди, Дилат хун,дидагонат тар намуди, Ба максадхои худ бовар намуди, Худо бошад нигахбонат мусофир. Ба зери барфу борон дар талоши, Сари мохе умедвори маоши, Набини дарду доfe,