Уррапатриотизм чист, медонед? Агар не, гӯшу ҳуш шавед: Ин ҳодиса дар Ғӯйтани Боло дар охири солҳои чилуми асри бист воқеъ шудааст.
Бобомуроди Абдухолиқ, мудири амбори маҳсумоттайёркунӣ (заготкан-
тӯр) оҳушикор омад ба зодгоҳаш деҳаи Зимтӯд. Оҳу барои котиби якуми райкоми КПСС. Аз Зурмич то Ғарғанич, аз Мушота то Хуштарета ҳамаро давр гашт, не оҳуеро дид ва мурғи ҳулоле ҳам напарронд.
Дасти холӣ пеши котиби авали райком рафтан он солҳо ба худкушӣ баробар буд. Намози аср ба теғаи куҳи Чур баромада суи Дайлак дурбин монд. Дар хорчазори сари Ҷари Кабуд ҳайвоне ҷунбуҷӯл дошт. Чӣ бошад? Нимтанаи пасаш аранге намоён буд. На ҷои андеша буду на вақти андеша. Камонро асо карда сарозер шуд. Дар як нафас худро паси кӯрғӯтҳои Чилканда гирифт. Ҳамон ҷоеро, ки хорчаҳо меҷунбиданд, ба нишон гирифта тир холӣ кард. Чизе хорчаҳоро пахш карда ба поён ғелон шуд. Дақиқае пас ғелида аз назди шикорчӣ гузашт. Хук будааст. Хуки ҳароми ваҳшӣ. То ин, ки номи номи «хуккуш» - ро нагирад, (буданд дар ин водӣ шикорчиҳое мулаққаб ба «хуккуш») бояд то торикии шаб паси ин сангҳо пинҳон нишинад ва шабона хукро дар халтае ҷой карда ба Колхозчиён бибарад ва ба котиби якум неву ба котиби дуюми райком пешкаш бикунад.
Шумо пурсиданиед, ки дар куҷои ин ҳикоят уррапатриотизм ҳаст? Сабур бошед, уррапатриотизм акнун сар мешавад:
Ҳамон рӯз аз деҳаи Вен, аз ҷанозаи Мулло Абдукарим ҳама мардони ҷанозахони ғӯйтанӣ ва ду-се зане, ки мурдахонаравиро касб карда буданд, бармегаштанд, …шоҳиди он шуданд, ки зимтӯдие!!! Дар чарогоҳи ғӯйтаниҳо!!! хукеро парронд. Ва он хук ғелида ба ҳудуди Зимтӯд фуруд омад! Ва онро сагони зимтӯдиҳо мехуранд!!!
Набояд ин тур шавад!
Ба машварат нишастанд:
- Хукро ба Ғӯйтан мебарем. Онро бояд сагони ғӯйтаниҳо хуранд- пешниҳод кард Исрофили Абрӯ.
- Замбарро аз асоҳои болои гӯрҳои ҳамдеҳаҳоямон, ки дар гӯристони шарикӣ хобанд, созед! - ҳукм кард арбоби деҳ Содиқи Мирзо- Ман тайёрам барои ин кори савоб саллаи сарамро қурбон кунам.
Саллаи Содиқкамӣ кард, - рӯмоли занеро изофа карданд.
То нимашаб як деҳи калон бе мард, чанд хонадон бе зан буду саҳаргоҳон ҳама хушу хурсанд.
1994с. ш. Душанбе
С А Р Г У З Ш Т И Т А Л Х И Х У К
(киносенария)
Ман дар соли хук таваллуд шудаам. Дар Шахи Фозил, наздики Порвен. Он солҳо ҷанг буду гуруснагӣ. Солҳои номардӣ ҳам мегуфтанд. Мардум решаю бехи гулу гиёҳ мехӯрданд - он чизе, ки мо мехӯрдем. Писарони болиғи худро дар марғу ғору мағокҳо пинҳон мекарданд. Ман мефаҳмам, чаро одамон алаф мехўрданд - аз ночориву нодорӣ; чаро аз ҳифзи ватанашон мегурезанд? - то ба ҳол дарк намекунам.
Ман одамиро мефаҳмам, лек сухане чун онҳо гуфтан наметавонам. Тӯтиву зоғҳо метавонанд, ҳатто пастарин ҳайвон - саг чанд калимае аз забони одамиён ёд гирифтааст. Ман хеле кӯшидам, нашуд. Шояд ҷадди бузурги ман аз Ҳиндустон буду дар гузшта инсон? Бобокалонам аз тири инглисҳо гурехта, Ҳиндукушу рӯди Панҷро убур карда ба ин ҷо омадааст?
То панҷсолагиям бо бародарону хоҳаронам бо роҳбарии модарам ба дуриҳои дур аз бошишгоҳи одамон ба суроғи ғизо мерафтем. Аз касрати одамони гурусна ёфтани решаи тотину бехи лола душвор гашта буд. Он зимистони хунуку пурбарфро то ҳол дар хотир дорам. Модари бечораамро Бобомуроди Заготкантӯр парронда кушт (нигар ба ҳикояти «Уррапариотизм»)
Одамон мақоле доранд: Гурусна худро ба шер задаст. Ман ба боғоти Зимтӯд рафтам. Мардуми ин деҳ одатан дар боғу роғи худ картушка (себи заминӣ) кишт мекарданд ва онро то баҳор он ҷо дар чоҳҳо нигаҳдорӣ мекарданд. То шукуфтани гули сияҳгӯшу баҳман шикори ман бобарор буд.
Мардум ба сангчинию порукашонӣ омаданду аз чоҳҳояшон хабардор шуданд. Дуд аз димоғашон баромад. Аз даҳчоҳ нуҳтояш холӣ аз картушка буду дар даҳумаш мани коҳилу фарбеҳшуда дар хоб будам. Оне сангборону калтакшап карданд, ки дигар на тавони гурехтан доштам ва на оҳанги аз ҷой хестан. Як кулоҳпӯши олуфтае, ки болобаланд буду китфони паҳн дошт, ба тахтапуштам савор шуда аз ду гӯшам медошт.
- Муҳкам дор, муҳкам дор! - дод мезаданд мардум.
Дертар фаҳмидам, ки ӯро ном Муҳкам ва насаб Бобобузургуф будааст.
Чӣ шармандагие! Ба монанди хари ҳаром ба ман нухта зада кашолакунон ба деҳ бурданд. Дар оғилчаи девортунуке руст карданду ба машварат нишастанд: - бо ман чӣ кор кунанд?
- Сухан ба Муртазоғуломи матӯрист дода мешавад.Ӯ ба наздикӣ аз маҳбас озод шуд ва қонунҳоро аз дигарон беҳтар медонад- шунида мешуд аз берун садои садри маҷлис.
Ист не, бист не, яку якбора:
- Парррронда шавад! - ҳукм кард ӯ
Вааай, ноинсооооф! Беҳуда одамон намегӯянд: «Ҷабрдида ҳоким шавад, ба дигарон зулм хоҳад кард»
- Ба сӯд дода шавад! - гуфт кӯсарише, ки наздики дар нишаста буду ман
ӯро аз роғи дар медидам.Ӯ гоҳе най менавохту гоҳе «нишалло, нишалло ба биё» мегуфт. Худоё, худовндо, аз фарзандаконаш баракат ёбад, аз кӯчаи одамигарӣ гузашта будааст.
Пас аз каме нафас рост кардан хун дар мағзи сарам ба гардиш омаду ин андеша ба сарам зад: - гурехтан бояд. Боз «сӯд» - аш ҳам «ҳукми паррон» набарорад? Аз ҷоям хестанӣ шуда нимхез шудам ва ба дигар паҳлу афтодам. Китфам ба девор расиду девор ба замин яксон шуд. Худро ба кӯча задам. Кӯча ҳам гап, - ба тангкӯча гуфтан ҳам намеарзанд кӯчаҳои Зимтӯд. Яку ним метр паҳноӣ доранду то буҷулаки пой поруи гов. Баосонӣ дастгирам карданд. Девори ҳама оғилҳояшон, ки аз як қабати тунуки сангу таппак буд, маро дар ягона таҳхонае, ки болохонааш як вақтҳо масҷид будаасту ҳоло магазин, ба гуфташон «турма» карданд. Тирезачаҳояш не панҷара дошту не шиша. Хунук буд он ҷо.
Чанд дақиқае пас садои «Гадооқсақол омад, Гадооқсақол омад» баромад. Чунон оромие шуд, ки ҳатто садои биникашии гӯдаконро мешунавидам.
-Ку, бигӯед, ки хуки ҳаромро (тӯба, мо ҳаром будаем, то мурдана шунидан) дар моҳи шарифи рамазон кадом номусалмон оварда дар таҳхонаи дигар ҷо не, дар таҳхонаи масҷид ҳабс кард?
Ҳама хомӯш.
- Ку, Солеҳи Холдор, бигӯ, хук чӣ гуноҳ карда?
- Картушкаамро дуздида хӯрд.
- Ту садҳо бузи мардумро дуздида хӯрдӣ, касе туро ба суд дод? Ба касе товон додӣ?
- Нӯӯ.
- Картушкаи касеро, ки хук хӯрда бошад, аз ман пулашро бигирад. Хукро раҳо кунед!
Дарро воз карданашонро медонанду ҳамчун тир паридани маро ба сӯи
Шахи Фозил. Бист сол ба деҳае нарафтам. Фарзандону набераҳоямро низ ҳам намемондам. Зимистони соли 1970 боз ҳам хунуктару пурбарфтар омад. Хукҳои ҷавону сахтиро надида ҳама мурданд. Дар Рӯзрӯд он солро то ҳол чун соли «қирон» дар ёд доранд. Қисса кутоҳ, таваккалан ба деҳаи Шашқат рафтам. Ба гуфти Муртазоғуломи зимтӯдӣ «ду заход» кардам. Бори сеюм ба чоҳ афтодам. Чоҳи на он қадар жарфо. Кӯшиш ба баромадан мекардам, ки аз боло ба сарам як полону як одам афтод. Ин одам магарам мехост полонро ба сари ман партоб бикунад, пордум ба сари худаш андармон шудаву худ ба чоҳи кандааш уфтода.
Ба ман осебе нарасид. Одам дриқ - дриқ меларзиду бо забони гирифтаву тутала мегуфт:
- Шшумоъ ҳук не, ммуллоҳук, ккасе Шшумоъро ҳук гуфтааст ҳудаш ҳук. Ман ӯро зинапоя карда бо як ҷаҳидан худро рӯи замин гирифтам. Ҳамон шаб аввал Рӯзрӯдро, пасон рӯди Куҳакро гузашта худро ба қаторкуҳи Офтобрӯя расондам.
Имрӯз ин қаторкуҳро ҷуғрофидонҳо «Туркистон» менависанд. Намефаҳмам
Аз 3366 шаҳру деҳи дар домани ин куҳҳобуда якеро ними мардумаш туркзабон аст, он ҳам бошад бо номи зебои тоҷикии Майкада. Паси он қаторкуҳро Ӯзбакистон мегуфтанд, гарчанде урфу одот, дину оин, забону мароми мардумаш аз тоҷикистониҳо фарқе надошт, лек он ҷо дигар мамлакат буд. Номҳои шаҳру рустоҳояш ҳам тоҷикӣ буданд: Ғузор, Гулистон
ва д.д. Хислати мардумаш каме фарқ дошт: каме дасткушоду дилкушодтар буданду нисбати моли дунё бепарвотар. (ин ҳама аз фарохии сарзаминашон аст магар?) Хонаю боғу роғашон дару девор надошт. Чорпоҳои худро аз баҳман то тирмоҳ суроғ намекарданд. Шубон ҳам надоштанд. Мо ба киштзорашон шабохун мезадему хирсу гург ба чорпоёнашон. Ду одамро аз Рузрӯд медонистм, ки шабҳо аз гову аспу гуспандҳояшон ба ғанимат гирифта ба бозори Панҷекад мебурданд.
Баъд ким чӣхел «перестройка» сар шуд. Зиёиёни рӯшанфикр, ки ҳукуматдорони вақт «лампушкабасарҳо» меномиданд, ин марҳиларо бозсозӣ мегуфтанд. Намедонам, ин бозсозӣ буд ё азнавсозӣва ё бузбозӣ, ҳаминашро фаҳмидам, ки байни Ғузору Вешист хати сарҳад кашиданд ва ду взвод сарбози марзбон оварданд. Ҳад дорӣаз сарҳад гузарӣ! Чарандаро дар замин мепаронданду парандаро дар ҳаво. Ҳамон шабу рӯз ман дар марзи Тоҷикистон будам. Дигар ба кишвари орзуҳоям гузаштан наметавонистам.
- Алвидоъ, Ӯзбакистон! Сарзамини серзамини дасткушоду дилкушод!
Дар Тоҷикистон ҷанг сар шуд.Ҷанги…номаш, гӯр пирӣ шавад, ҳа, ба ёдам омад- ҷанги бародаркуш. Ин ҷанг оварда расонд ба қаҳтию қиматӣ. Мардуми доманакӯҳҳои Офтобрӯя боғу полез ва ҳатто ҷаву гандумашонро шабу рӯз посбонӣ мекарданд. Ва боз хукҳои ҷавони сахтинодида ҳама мурданду мани сияҳбахт худро ба рӯди Куҳак задам. Дар он соҳил шаҳраки наве бо номи Шашқатстрой бунёд карда буданд, ки аз наҳри Марғедар шодоб мешуд.
Аввалин боғдар пеши раҳам боғи назди дастгоҳи обкашӣ буду аввалин одам- Худойдод ном посбони он дастгоҳ. Ин одами беандешаи бадгумон маро хирс пиндошта, гӯё ман гови ӯро хӯрданӣ омадаам, бо мисмори паҷгазаи фӯлодӣ чупон ба сарам зад, ки дигар дар давоми ним соат на куҷо рафтанамро медонаму на чӣ кори кардаамро. Вақте ба худ омадам, дар домани Офтотобрӯя будам. Танам хуншору як поям ланг, як гӯшам даридаву шикамам кафида буд. Баъдтар аз суҳбати ҳезумкашҳои вешистӣ фаҳмидам, ки гӯиё ман Худойдодро аз симтӯр берун партофта, дарвозаашро шикаста ба кӯча баромада бошам, гӯиё Қурбон ном шашқатие дарвозаашро гушода маро ба хонааш таклиф карда бошад ва мани кӯрнамак дасту пову дарвозаи ӯро шикаста ба кӯча баромада бошам ва маро панҷсад кас пайгирӣ карда бошад то танбокузор…ва он ҷо ман ҷавонзанеро зада кушта бошам? Ҳеч чиз дар ёдам нест.
Дую дубора ба бошишгоҳи одамон нахоҳам рафт, агар аз гуруснагӣ бимурам ҳам.
С А Р Г У З А Ш Т И М У А Л Л И М Ш О Ҳ М У Р О Д
Шоҳмурод факултаи таърихи университетро хатм карда ба киштлох омад. Дар киштлох як муаллими таърих даркор буду аз киштлохи онҳо
то ба он рӯз 25 кас ин факултаро хатм карда буданд ва дар рустоҳои дурдасти
води Рӯзрӯд, баъзе дар Ҳисору Фархор аз химияву физика дарс мегуфтанд. Панҷ- шаш кас маҷбуран дар аспирантура хонда номзаду доктори илм шуда буданд.
Ӯ ба деҳаи Рашнаи Боло ба кор рафт. Модараш инро ба ҳамсояҳо чунин шарҳ дод:
- Дониши бачаи ман дар ин ҷойҳо нагунҷид. Ӯро маъориф ба як ҷое фиристодааст, ки он ҷо осмон омада ба замин мечаспидааст.
Пас аз даҳ сол, охири солҳои шастум дар як сол ду муаллими 60- сола, ки
зиёда аз 40 сол собиқаи корӣ доштанд, нафақаашонро ба ҳукумати шӯроҳо ба мерос монда ин дунёро падруд гуфтанд ва Шоҳмурод ба деҳааш баргашта соҳиби ҷои кор шуд.
Аз рӯзи авали кор мехост ҳам дар мактаб ва ҳам дар деҳ тартиботи нав ҷорӣ кунад. Лек, аз чӣ бошад, ки ба муқобилияти гӯшношуниде дучор шуд.
Суханони ӯро ҳамдеҳагону мактаббачагон ба шӯхӣ мебурданд ва ё ношунида мегирифтанд.
Ҳамон сол дар охири декабр барфи баланде бориду хунуки шадиде шуд.
Бузҳоро аз чарогоҳҳои дур ба деҳ оварданд. Рамаҳои гуспанди рӯзрӯдиҳо он солҳо ба чӯлу биёбонҳои Ӯзбакистон зимистонгузаронӣ мерафтанд. То ин ки каме ҳам бошад, аз сергапии Шоҳмурод истироҳат кунанд, ҳамдеҳагон пул ҷамъ карда ба ӯ доданд, ки дар рӯзҳои таътили 12- рӯза ба кумаки бародари шубонаш ба вилояти Диззаки Ӯзбакистон биравад, ба гуспандони лоғар ҷаву алаф бихараду бадаста бидиҳад ва боз агар имкон шавад, бародарашро чанд рӯзе ба деҳ бифиристад. Иловатан чунин дастур доданд:
- Дар автовокзали Самарқанд ба автобуси Гулистон менишинӣ, то истгоҳи охирин меравию фуруд меої, ки рӯз бегоҳ мешавад. Ба самти офтобнишин рафта, аз он шаҳрак бадар мешавӣва ба як киштлохи ӯзбакнишине мерасӣ. Он ҷоро аз мардумонаш касе риш надорад. Онҳо бародари серриши туро чун «Айиқбобо» мешиносанд. Мепурсӣ: - Айиқбобо қеерда? - нишон медиҳанд.
Агар не- мегӯи, ки «бир тажик дахмарда, саққоли бор», албатта нишон медиҳанд.
Ва ӯ меравад ба автовокзали Самарқанд. Мебинад: автобусе чанд истода, ки дар пешонаи ҳамааш «Гулистон» навистаанд. Ба ЛАЗ - у ПАЗ-аш неву ба Икарусаш мешинад. Пас аз бист дақиқа хобаш мебарад. Бедор мешавад дар дигар автовокзали дигар шаҳре бо номи Гулистони вилояти…Бухоро.
Ин рост аст ё дурӯғ, ба худо маълум, қисса мекунанд, ки гӯиё ӯ аз милисае
пурсида бошад, ки «Айиқбобони биласиз- мӣ? Бундоқа саққоли бор»
Дар ин байн, ки се – чор рӯз мегузарад, чанд нафари дигар аз деҳ ба чӯл мераванд ва бародари ӯро якҳафтаина ба деҳ роҳӣ мекунанд. Бародараш хунукии ҳаво ва баландии барфро баҳона пеш оварда баъд аз чаҳор рӯз ба Диззак бармегардад ва дар рӯзи панҷум муаллим Шоҳмурод ба деҳа. Ӯро бо тантана дар назди масҷид, ки он вақтҳо магазин буду ҳам ҷои «ғайбатхона», ҳамдеҳагон интизор буданд. Ҳама бо як овоз аз ҳоли шубону гуспандон мепурсанд.
- Рафтам, ёфтам, дидам, ҷаву алаф харида додаму баргаштам. Бародарам гуфт, ки барф баланд аст, ба деҳ намеравам - кутоҳакак ҷавоб дод муаллим.
- Дар борхалтаат чӣ дорӣ?
- Каме пули худам буд, ба гӯдакон либос харидам.
- Ку, нишон бидеҳ, бубинем, дар биёбони Диззак чӣ либосҳое медӯхтаанд?
Осемасар ду-се пероҳану палточаро мебарорад, ки дар этикеткаҳояш «г.Гулистан Бухарской области» нависта буданд. Чӣ хеле ки мегӯянд, фаҳмид, ки фаҳмиданд.
Ин қисса акнун сар мешавад: Ду рӯз пас аз шаҳри Диззак телеграммае мерасад ба директори мактаб ба ин мазмун: «Я жив ещё. Ищу дорогу. Мою зарплату никому не давать». Рӯзи дигар бо ҳамин мазмун ду телеграмма аз Самарқанду Панҷекад мерасад. Моҳи феврал донишҷӯён аз таътил ба Душанбею Ленинобод бармегарданду аз он ҷо мактубборон мекунанд ба номи зани Шоҳмурод: «Ман зиндаю саломат. Ба гапи душманон бовар накун. Коре карда ба шавҳар набароӣ! Гӯдаконро хору зор накун. Ман баназдикиҳо бармегардам.»
Ду - се мактубу телеграммаро аз Нукусу Ашкобод себфурӯшҳо, аз Чочканду Ленингрод донишҷӯён аз деҳоти ҳамсоя менависанд. Раиси колхоз, ки он рузҳо дар Қавкоз истироҳат мекард, як рӯз аз Ессентуки менависту рӯзи дигар аз Кисловодск ва рӯзҳои сеюму чорум аз Пятигорску Железноводск. Аз Зимтӯду Ғӯйтан, Ғаззаву Ворӯ ҳар рӯз даҳҳо мактуб меомад. Мардуми Рӯзрӯд, ки аксаран колхозчӣ буданду зимистон бекор, машғулияти наверо касб карданд: - дар саҳни магазин менишастанду мактубу телеграмма мехонданд.
Шоҳмурод ба дод омад. Дар кӯчаю дар мактаб ҳама ба ӯ бо як савол муроҷиат мекарданд:
- Шумо омада расидед ва ё не ҳоло?
Назди раиси ҷамоъа Шодии Иброҳим арза бурд.
- Ман ин ҷо ҳеч кор карда наметавонам.
- Пеши пои муллои деҳ Мулло Ниёзбадал сар хам кард. Сухани мулло як то буд:
- Ман ин ҷо нипричём!
Шабона ба хонаи муллои ҷамоат Мулло Ҷумъа рафт. Худораҳматиро раҳмашон омад ба ин муаллими раҳгумзада:
- Меравию аҳли деҳро зиёфат медиҳӣ. Асли воқеаро гуфта барои дурӯғӯият узр мепурсӣ. Муаллимиро тарк мекуниву мулло мешавӣ. Дар ин замона аз муллогӣ кори даромадноктаре нест.
Шоҳмурод чунин карду ҷон ба саломат бурд.
07. 09. 2007. Мнданул. Ғарм.
С А Р Г У Ш Т И Т А Л Х И И Н Т Е Л И Г Е Н Т
Меҳрубонро ҳафт пушташ интеллигент гузаштааст. Бобояшро пас аз хатми Дор-ул-муаллимини Самарқанд дар зодгоҳаш Рӯзрӯд ҷои коре пайдо нашуд.
Ӯро ба пойтахти навбунёди тоҷикон роҳхат доданд. Падараш дар солҳои 60-ум яке аз аввалин профессурҳои кафедраи физика дар донишкадаҳои Душанбе буд. Вопасин солҳои ҳукумати шуроҳо Меҳрубон ба академияи иқтисоди Москов ба номи Плеханов қабул мешавад ва рӯзе, ки онро бо дипломи сурх хатм мекунаду ба Душанбе бармегардад, аз империяи бузурги Шуравӣ на ном буду на нишон. Наҳрҳои байни зодгоҳаш хушкида оби ошомиданӣ то ба қабати сеюми хонаҳо намерасид. Мамлакат мустақили
ҷангзада буду русзабонҳову ленинободиҳо ба Ватани аҷдодӣ кӯч баста. Ба яксола нафақаи падараш он рӯзҳо як ҷуфт калуш ва ба якмоҳа маоши ӯ, ходими пешбари пажӯҳишгоҳи илми-тадқиқотӣ ним кило гушт мехариданд. Падару модараш пасу пеш бо диагнози «ғамбемор» ин дунёро падруд гуфтанд. Бародару хоҳаронаш хонаи падариро ба ӯ бахшида ба Руссия ва Амрико рафтанд. Меҳрубон дар чорроҳаи зиндагӣ танҳову ҳайрону нигарон монд. Дӯстону ҳаммаслаконаш кам набуданд, лек ҳоли онҳо аз ӯ бадтар буду беҳтар не.
Яке аз наздикони падараш машварат дод, ки хонаро фурӯшад. Пулашро гардиш диҳаду волидонро «обу рӯ» кунад, зан гирад ва ҳ.к. Дӯстонаш рафтори дигареро салоҳ донистанд: гуфтанд, ки хонаро ба квартираи дуҳуҷрагие иваз кунад ва 4-5 ҳазор дӯллар «болоӣ» бигирад. Ӯ ҳам ҳамчунин кард. Пулро гирифту аз паи зангирӣ шуд. Ва боз дӯстонаш гуфтанд, ки ҳоло соати зангирии ӯнест. Зан пур мехураду зиёд мепӯшад ва барои ин боз ҳам камее маблаѓ андўзад.
Ӯ ба 400 дӯллар оши худоӣ бидод. Бо 4000 дӯллар ба Алмаато рафт, то аз он ҷо чанд халта мурчи нокӯфта биёварад ва ин ҷо ба яклухт бифурӯшад (чаканафурӯшон онро кӯфта ба он кӯфтаи тухми лалабу ҳамроҳ карда мефурӯшанд) ва баъд аз он зан бигирад.
Ӯ ба 2000 дӯллар 600 кило мурч харид. Дар вокзал ӯро ба вагони мусофиркаш роҳ надоданд- хеле бӯи баланд дорад мурчи ҳиндӣ. Илоҷи дигаре набуд, ба ҷуз бор кардани халтаҳо ба вагонҳои гандумкашӣ дар роҳрави байни вагонҳо. Меҳрубонро ба кабинаи электровоз роҳ надоданд. Гуфтанд:
- Бирав, мурчи бӯгинатро посбон бош!
Баробари роҳакӣ шудани қатора хоб ба ӯ ғалаба кард. Чун бедор шуд, ҳама атроф ором, чунон орому хомуш буд, ки аз садои худ метарсидӣ. Он ҷо фақат регзори нопайдоканоре буду як вагони конусшакли фулузиву ӯ ва халтаҳои мурч ва боз релсу шполҳо. Дар паҳлӯ як роҳи дарозу чанд роҳи оҳании кутоҳ ва то дуриҳои чашмрас на хонаеву на кӯҳе.
Офтоби тамуз аз мағзи регзори ҳамвор баромад. То соати нуҳ ӯ дар сояи вагон нишаста хастагиву ташнагиро ҳис накард. Ана баъд оғоз шуд…Соя дақиқа ба дақиқа кутоҳ мешуд. Ба зери вагон даромад. Вагони оҳанин нисфирӯзӣ гармиро даҳчанд зиёд кард. Шабонгаҳ ин марди гуруснаву ташнаро хоб набурд. Дами субҳ ба самти офтобнишин ба роҳ баромад. Ӯ, ки дар ғарб тиҳсили илм карда буд, умед дошт, ки дар ғарб ободие ҳаст. Тахминан шаст километр рафта буд, ки якум миражро дид: Ҳавзҳои пуроби мусаффо, шаршараву фавораҳо, боғҳои пурмева ва даруни онҳо дӯшизаҳое чун ҳуррони биҳиштӣ дар пероҳани нафис гашту гузор доранд. Дар давоми чил километри дигар ин мираж се бор такрор шуд. Фарқи онҳо аз якдигар бӯи таъому гулу гиёҳҳо ва меваи боғҳояшон буд, умумият дар сардии обҳои фаввораю ҷӯйборҳо. Дар километри 150-ум каме нафас рост кард то торик шудани атроф. Аз оне ки чун дигар ҳамсолонаш аз илми нуҷум бехабар буд, моҳтобу ситораҳоро нигарон нашуда бозпас гашт рӯ ба ховар. Дигар тавони аз шпол ба шпол гоммонӣ надошт ва аз паҳлуи раҳи поезд мерафт.
Теғи офтоб ба вагонаш расиду хоб рафт дар байни халтаҳои мурч. Чанд соат хоб рафт, то ҳол касе намедонад. Бедор шуд, ки дар болои сараш лампаҳои неонӣ милт-милт мекарданд ва бо онҳо навишта буданд: «Добро пожаловать, хуш келибсиз в хлебный город Чочканд» Дар ёд дорад, ки аз вагон пиёда шуду паҷ-шаш қадам монда ба калонкаи об расид ва лабашро ба ҷумаки он монда об нушид. Чӣ қадар нушид, ёд надорад…зеро ин дафъа бедор шуда худро дар палатаи беморхонае дид. Дар болои сараш ду духтари бодомчашм ва ду милисаи хушбурут. Милисаҳо гуфтанд, ки аз ҷайбаш ҳуҷҷату пулҳояшро гирифта халтаҳои мурчашро ба суроғаи хонааш дар шаҳри азизи бе обу бе чароғаш-Душанбе равона кардаанд. Агар хоҳад, 2000 дӯллар пулашро ҳам инчунин кунанд.Ӯ пулро гирифта хост 800 дӯллар ба онҳо тақсиму тақдим бикунад. Онҳо чунон нею нестон карданд, ки ӯ аз гуфтааш пушаймон шуд. Рӯзи дигар милисаю духтурдухтарҳоро дар тарабхонае зиёфат дод ва ҳамон шаб бо самалёт ба Душанбе баргашт. Мурчро бо қимати дучанд ба чаканафурӯшҳо бифурӯхту…гӯшашро кашид- дигар ягон хел «пизнес»…
Апрели 2008.Қирғочаки Лоҳур.
С А Р Г У З А Ш Т И И С О В У М ӮС О
Исо, падари Мӯсо, ҳамон Мӯсое, ки дар «Тоҷикспиртснаб» мудири анбор аст, ҳамеша мекӯшид, ки ба ҳамдеҳагон монанд набошад. Аз мӯйсафедони деҳ танҳо Исо куртаи нейлон дошт. Се сол яккаш пӯшид, то он рӯзе, ки дар деҳа нейлонпӯшҳои дигар пайдо шуданд. Ба хатнасури писари Мӯсо мақомхононро аз Озарбойгон, масхарабозонро аз Ӯзбакистон овард.
Мулло Мӯсо (дар Рӯзрӯд он солҳо мудирони анбору магазинчиҳоро мулло мегуфтанд) ҳавою ҳаваси мошинхарӣ ба сар заду бо падар ба машварат нишаст:
- Ҳамонашро бихар, ки дар Рӯзрӯд касе надошта бошад,- чунин буд панди падар.
Писар ЛуАЗ хариду…рӯзи ба ин деҳи баландкӯҳ овардан матӯраш «об гашта» нокороӣ шуд. Ҳамдеҳагон «чашм расид» - гӯён дилбардорӣ карданд ва маслиҳат доданд, ки харе бихарад. Дар деҳоти Рӯзрӯд аз хар беҳтар нақлиёте нест. Падару писар то бевақтии шаб гуфтугузор карданд. Ба хулоса омаданд, ки бояд Мулло Мӯсо аз Душанбе ва ё Кулоб хачире бихарад. Хачирро аз мардуми Рӯзрӯд касе надидааст, Мулло Мӯсо ҳам.
Ӯ бо кумаки як шиносаш, ки пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносӣ дар боғи вуҳуш посбонӣ мекард, аз бозори Чорбоғ ба 250 рубл чорпоеро харид, ки думу щох дошту шир медод, лек гов не, бор мекашонду хар не, пашми дароз дошту буз набуд. Байтори бозор бо исрор исбот мекард, ки хачираш ҳамин аст, гарчанде дар «колхозинститут» ин намудашро ба онҳо наомӯзондаанд.
Ба 250 рубли дигар бо мошини кироя ин ҷонвари касмадону касмадиду касмахарро ба деҳ оварданд. Дар як лаҳза ҳамдеҳагон хурду калон даври мошину сари бомҳо ҷамъ омаданд.
- Дандон надорад- чӣ? - ба алафи даруни мошин ишора мекард Шери Хирс.
- Ҳе, хачираш шох доштааст, - фарёд мекарданд гӯдакон.
- Аз ҷояш намехезад, бубинем нар аст ё мода- шакокӣ кард Санги Сиёҳ.
- Ҳар соати «простой» - и ман 50 рубл, - бетоқатӣ мекард шофири душанбегӣ.
Қаҳрамони мо на хоҳиши алафхурӣ дошту на тавони аз ҷой хестан. Ночор крани колхозро оварданду вайро аз мошин фароварданд. Ҳамин тавр, ин ҳайвони ношинос се шабонарӯзи дигар на аз ҷояш бархесту на чизе бихӯрд ва дар рӯзи чаҳорум пой дароз карду забон газид.
Рӯзрӯдиён ин воқеаро зуд фаромуш мекарданд…агар дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» сурате бо чунин матн чоп намешуд: Дирӯз аз Бадахшон ба Душанбе қутоси ҷавонеро оварданд. Вай дар боғи вуҳуш ҷои қутоси аз иллати пирӣ мурдаро гирифт».
Эҳ, хоҳӣ, ки нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоъат бош!
Норак.1991с.
93 594 20 05; 00 844 87 78. 992 111 51 01 12 М. Ш. Одинаев