Найти в Дзене

Аз рузгори бузургон

Октябри соли 1992. Т М Т... Телевизиони мардумии Тоҷикистон ё бо ибораи рузномаҳои вилояти Хатлон телевизиони Мирбобоеву Тураҷонзода. Се адиби тоҷик аз устоди худ ёдоварӣ мекунанд: Акар Ҳаким: -Устод дасткушоду ҳимматбаланд буданд. Дар тарабхонаҳо моро даст ба ҷайб бурдан намемонданд. Убайд Раҷаб: - Чустучолок буданд. Рӯзе ағбаи Анзобро убур мекардем, баррачаеро хариданду дар панҷ дақиқа пӯсту пора карда гӯшташро ба сих кашиданд. Урун Кӯҳзод: - Устод шеър ҳам менавиштанд.... Асфалтзавод Адабиётшиноси машҳур, шодравон Аълохон Афсаҳзод урусеро, ки дар ҳамсоягии собиқ ҳамкорашон дар шаҳри Москва зиндагї мекард, вомехуранд. Аз ӯ хоҳиш мекунанд то ба он дӯст салому паёме расонад. Ва ӯ нарезондаву начаконда “ привет ”-ро мерасонад: - Вам один таджикский учёный привет передавал. У него фамилия чего-то на асфальтзавод похожа. “Араб из сектора Ғазза” Январи соли 1993. Айропорти Домодедово. Аспиранте бояд бастаеро ба нависанда Баҳманёр (НаҷмуддинАрабов) расонад. Хатчаеро навишта ба тирезачаи
Оглавление

Октябри соли 1992. Т М Т... Телевизиони мардумии Тоҷикистон ё бо ибораи рузномаҳои вилояти Хатлон телевизиони Мирбобоеву Тураҷонзода. Се адиби тоҷик аз устоди худ ёдоварӣ мекунанд: Акар Ҳаким:

-Устод дасткушоду ҳимматбаланд буданд. Дар тарабхонаҳо моро даст ба ҷайб бурдан намемонданд.

Убайд Раҷаб:

- Чустучолок буданд. Рӯзе ағбаи Анзобро убур мекардем, баррачаеро хариданду дар панҷ дақиқа пӯсту пора карда гӯшташро ба сих кашиданд.

Урун Кӯҳзод:

- Устод шеър ҳам менавиштанд....

Асфалтзавод

Адабиётшиноси машҳур, шодравон Аълохон Афсаҳзод урусеро, ки дар ҳамсоягии собиқ ҳамкорашон дар шаҳри Москва зиндагї мекард, вомехуранд. Аз ӯ хоҳиш мекунанд то ба он дӯст салому паёме расонад. Ва ӯ нарезондаву начаконда “ привет ”-ро мерасонад:

- Вам один таджикский учёный привет передавал. У него фамилия чего-то на асфальтзавод похожа.

“Араб из сектора Ғазза”

Январи соли 1993. Айропорти Домодедово. Аспиранте бояд бастаеро ба нависанда Баҳманёр (НаҷмуддинАрабов) расонад. Хатчаеро навишта ба тирезачаи маълумотдиҳӣ медиҳад: “Арабов из Газзи! (Ғазза деҳаест зодгоҳи Баҳманёр) вас ждут около выхода’’ Чанде пас садо аз баландгўяк:

- Араб, из сектора Газа, Вас ждут у выхода!

Fўли Бахманёр

Аз мусафеди панчакентӣ, ки дар Москав мигрант буд, мепурсанд:

-Кампиррро ба кӣ ҳавола кардӣ?

-Ба ғўли Бахманёр,

Портрети Баҳманёр

Назди Баҳманёр дабистони ҳозирзамони навсохти бо компютормуҷаҳҳазро тавсиф мекунанд.

Ў мепурсад:

- Он ҷо дар даҳлез портрети ман овезон аст? Агар не, он дабистон набудааст.

Шири фермавуи гавнавис...

Солњои рукуд адибони тољик зуд - зуд сари пахтазорону назди чорводорон ба сафарҳои хидматӣ мерафтанд ва бо як тир се нишон мезаданд: њам зиёфати бепул мехўрданд, ҳам пули “командировочный”мегирифтанд ва пахтакорону чорводоронро “ба ранҷу азоби мусобиқаи сусиёлистӣ” дилгарм мекарданд.Чандон ки ҳамаи чупону подабонҳо “садои шарқхон” шуда буданд .

Чупоне ба баҳси дар маљалла чопшуда ишора карда, ба Баҳром Фирӯз ва Сорбон мегўяд:

Яке солнавису дигар рӯзнавис,

Яке кўҳнаву дигар навнавис.

Нашояд шуморо ҳамин баҳсатон,

ки ҳарду ширу фермаву гавнавис.

Шодравон академик Моёншо Назаршоев вақте раиси девон буд, ба ноҳияи Айнї меравад. Дар роҳ назди тамокупарварони колхози ба номи Аслиддин Раҳимов камее таваққуф мекунад ва мефармояд:

- То фардо дар бошишгоҳ ягон айвон намонад.

Ҳамон рўз то бегоҳ ҳамаи айвонҳои болои ҳамелҳои тамокуро ҷамъ мекунанд.

Аз авали шаб то саҳар борон мебораду тамоку аз навъи “ҳаъло” ба навъи “панҷум “табдил меёбад. Ҳини бозгашт “ҳин ҳавҳол” –ро мебинаду мегуяд:

- О ман айвонҳоро гуфта будам, на ҳайвонҳоро.

Мастии Ҳочи Афзалшоҳ

Тобистони соли 1995 Шаҳри бостонии Кулоб. Ҳочи Афзалшоҳ Шодиевро, ки дар хатнасуре “хидмат “ мекард, огоҳ мекунанд:

- Пас аз фароварди ҳар як байт”маст шав бача” бигу!

- Ҳочи Афзалшоҳ месарояд:

-Бедарди дил касест ки дилбар надоштаст, маст шаветон бачагони азизу ба дилу ҷонбаробари ман.

Қавли Ҳоҷӣ Афзалшоҳ дар барномаи ТВС :

-Боваркунед, Комилҷон...

Комил Холов, баранда:

- Бовар мекунам.

- Бароичї?

-Ман ҳамон ҷо шуморо ҳамроҳ будам...