Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.
Иди Азҳо расму ойини Халили озар аст,
Иди Фитр андар шариат суннати пайғамбар аст.
Ҳамдиёрони азиз! Шуморо ва аҳл хонадону пайвандонатонро бо муносибати фарорасии Иди Фитр табрику муборакбод мегӯям.
Аз Худованди мутаол ба Шумо пеш аз ҳама имони комил ва дили софу холӣ аз гуноҳҳо, саломатӣ, умри дарозу пурбаракат, оромиву осоиш, хонадони обод, зиндагии саршор пур аз хурсанди ва кушоиши корро таманно дорам! Бигузор дар ин рӯзи саид ҳамаи умеду орзуҳои некатон ҷомаи амал пӯшад.
Фарорасии Иди фитр муборак ҳамватанони азиз! Ба Шумо тани сиҳат, хонадони обод, рӯзгори осуда ва тамоми хушиҳои оламро таманно дорам. Худо моро то Рамазони оянда дар паноҳаш нигоҳ дорад.