Рӯзе Бози шикорие бо мурғи хонагӣ мубоҳиса карда мегуфт: -Ту Мурғи бағоят бевафо ва бадаҳд ҳастӣ, ҳол он ки унвони ахлоқи писандида вафо аст. Мурғи хонагӣ ҷавоб дод: Аз ман чи бевафоӣ дидаӣ ва кадом бадаҳдӣ мушоҳида кардаӣ? Боз гуфт: -Аломати бевафоии ту он аст, ки ҳарчанд одамон барои ту меҳрубонӣ мекунанд ва бе заҳмату такаллуф обу донат медиҳанд, шабу рӯз аз ҳоли ту хабардор шудапосбонӣ мекунанд, аммо ҳар гоҳ ки туро доштанӣ шаванд, аз пешу паси онҳо гурехта бом ба бом мепарӣ ва гӯша ба гӯша медавӣ. Ман бо он, ки ҷонвари ваҳшӣ ҳастам, агарчи ду-се рӯзе бо одамон улфат гирам ва аз дасти онҳо туъмае хӯрам, ҳаққи онро нигоҳ дошта сайд мекунам ва сайдро ба онҳо оварда медиҳам. Ҳарчанд дуртар рафта бошам, баробари овозе, ки шунавам, парвозкунон боз меоям. Мокиён ҷавоб доду гуфт: Рост мегӯӣ, боз омадани ту ва гурехтани ман аз он аст, ки ту бозеро ҳаргиз бар сихи кабоб надидаӣ ва ман бисёр мурғи хонагиро бар тоба бирён дидаам. Агар ту низ онро медидӣ, ҳаргиз гирди онҳо намегаштӣ, агар м