Дошт Маҳмуди Ғазнавӣ рӯзе, Дар каф оинаи дилафрӯзе. Чун бар оина фиганд назар, Шакли худро ҳақир ёфт магар. Шоҳро з-он назар гирифт малол Аз малолаш вазир кард савол. Шоҳ гуфто, ки суратам на накуст, Халқам охир чи гуна, дорад дӯст... Гуфт бо шаҳ вазири накӯхӯ: "Дорад ин кор чораи накӯ. Ту макун майли дирҳаму динор, Моили зар набошу дӯст мадор. То ҳама халқ дӯст дорандат, Ба сару чашми худ гузорандат". Камолиддин Биноӣ.