Найти в Дзене
Техноблог.tj

Кабели хакери барои iPhone ба фурӯш бароварда мешавад

Бино ба гузоришҳои расонаҳо, кабелҳои O.MG Lightning, ки онро ҳакерҳо махсус барои рахна кардани смартфонҳои Apple таҳия кардаанд, аллакай дар бозори сиёҳ пайдо шудаанд. Зоҳиран, лавозимот амалан аз дигар кабелҳои Apple фарқ намекунад, аммо ҳангоми пайвастшавӣ ба гаджет бо ёрии он хакерон барои дуздидани маълумоти махфӣ як қатор имкониятҳоро фароҳам меорад.

OMG Cable метавонад iPhone зарядаш-ро пур кунад ва маълумотро аз он нусхабардорӣ кунад. Бо шарофати чипи хурди бесим, ки дар сими ин лавозимот ҷойгир аст, шумо метавонед тугмаҳое, ки дар компютерҳои iPad, iPhone ё Mac пахш карда мешаванд бифаҳмед. "Диапазони" кории чунин асбоб тақрибан 1,6 километр аст.

Ба гуфтаи офарандаи кабел, вай онро махсус барои нишон додани мавҷудияти осебҳо дар интерфейси Lightning тарҳрезӣ кардааст. Илова бар ин бо ёрии ин кабел шумо метавонед дастрасӣ ба матни аз клавиатура воридшуда, боз имконият медиҳад, ки идентификаторҳои дастгоҳи USB -ро фиреб диҳед, дигар тарҳҳои клавиатураро фаъол созед ва нуқтаҳои дастрасии бесимро "беспроводные точки доступа" созед, ки хакер метавонад ба он пайваст шавад.