Найти в Дзене
ИнфоТЧ

Мавзӯи. Молия ва зарурияти он дар шароити имрӯза

1. Моҳият ва зарурияти молия

2. Вазифаи молия

3. Сохтори молиявӣ

Молия категорияи иқтисодӣ буда, маҷмӯи муносибатҳои пулиро ифода менамояд. Молия дар асоси гардиши пулӣ (нақдию ғайринақдӣ) ба вуҶуд омадааст.

Мафҳуми «Молия» аз калимаи итолиявии “Finansia” гирифта шуда, маънои аввалааш тамоми намудҳои пардохтҳои пулиро ифода мекунад, ки дар асрҳои ҶIII -ҶV дар шаҳрҳои ба тиҶорат машғули Итолиё ба вуҶуд омадааст.

Минбаъд ин мафҳум дар арсаи байналхалқӣ паҳн гардида, системаи муносибатҳои пулии байни аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва давлатро оиди ташкили буҶети давлатӣ ва фондҳои давлатии воситаҳои пулиро маънидод менамояд.

Молия – гуфта маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиро меноманд, ки бо ташкилу тақсимот ва истифода намудани фондҳои пулии марказонидашуда (буҶети давлатӣ) ва ғайримарказонидашуда (фондҳои корхонаҳо, иттиҳодияҳо, ташкилотҳо ва ғайраҳо) вобаста буда, барои зарурияти васеъ намудани истеҳсолот ва қонеъ гардонидани талаботи Ҷамъият истифода бурда мешаванд.

Фонди маблағҳои пулии марказонидашуда, воситаҳои пулие мебошанд, ки истифода мешаванд. Фонди воситаҳои пулии марказонидашуда асоси буҶет ба шумор меравад, ки дар асоси муносибатҳои пулии байни давлат бо шахсони воқеию ҳуқуқӣ ташкил ва тақсим карда мешавад. Ба фонди маблағҳои пулии марказонидашуда фонди нафақа, фонди шуғли аҳолӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ, фонди суғуртаи иҶтимоӣ, фонди ҳатмии суғуртаи тиббӣ дохил мешаванд.

Фондҳои воситаҳои пулии ғайримарказонидашуда фонди корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо ба шумор мераванд.

Дар асоси даромади балансӣ корхонаҳо якчанд намуди андозҳоро ба буҶети давлатӣ пардохт намуда, фоидаи боқимондаро барои васеъ намудани истеҳсолот, инчунин барои пардохти қарз ва фоизи он истифода менамоянд.

Фонди захиравии корхона асосан барои муввақатан нигоҳдорӣ ташкил карда шуда, дар лаҳзаҳои муайян истифода бурда мешавад.

Фонди истеҳлок (хурдашавӣ) барои таъмири Ҷорӣ, таъмири асосӣ ва пурра иваз намудани воситаҳои асосӣ равона карда шуда, шароити мусоидро барои ташкили фоида муҳайё месозад.

Ба фонди воситаҳои пулии ғайримарказонидашуда, инчунин буҶети оилаҳо низ дохил мешавад, ки асоси ташкилшавии онро музди меҳнат ва интиқоли маблағҳои марказонидашуда ташкил медиҳанд.

ҳамин тавр молия – маҷмӯи муносибатҳои воситаҳои пулии вобаста ба ташаккул, тақсим ва истифодаи захираҳои маблағҳои пулии фондҳои марказонидашудаю ғайримарказонидашуда ба шумор мераванд.

Фондҳои пулие, ки ба воситаи молия ташаккул меёбанд барои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҶагии халқ, нигоҳ доштани аппарати идоракунии давлатӣ, таъмин намудани мудофиaи мамлакат, мустаҳакам намудани алоқаҳои иқтисодӣ бо мамлакатҳои хориҶа, баланд бардоштани дараҶаи некӯаҳволии аъзоёни Ҷамъият равона карда мешаванд.

Молия категорияи таърихӣ буда, вай ҳанӯз дар Ҷамъияти ғуломдорӣ баробари ташкил ёфтани давлати ғуломдорӣ пайдо шудааст. Дар зинаҳои сохти токапиталистии истеҳсолот молия асосан муносибатҳои натуралиро ифода карда, дар давраи тараққиёти капитализм ба муносибатҳои пулӣ мубаддал гаштааст.

Насриддини Тусӣ (солҳои 1201-1272), мутаффакири шинохтаи халқи форсу тоҶик, ки дар асри ҶIII умр ба сар бурдааст, доир ба молиёт асаре бо номи «Дар молиёт» таълиф намуда, дар бораи тарзҳои ситонидани андозҳои он вақта, ки муносибатҳои пулии ҳамон давраро дар бар мегирад, маълумот додааст.

Муносибатҳои молиявӣ ҳамчун қисми таркибии муносибатҳои пули аз тарафи органҳои молия идора карда мешаванд.

1.2. Вазифаи молия

Моҳияти пурраи молияро баъд аз таҳлили пурраи вазифаҳои он фаҳмидан мумкин аст.

Молия асосан ду вазифаро иҶро менамояд:

1. Тақсимотӣ;

2. Назоратӣ.

Тамоми амалиётҳои молиявӣ аз тақсимоти маҶмӯи маҳсулоти дохилӣ (ммд), даромади миллӣ ва назорат аз болои ин тақсимотро дар бар мегирад.

Вазифаи тақсимотии молия пеш аз ҳама аз тақсимкунии маҶмӯи маҳсулоти дохилӣ, ки асоси бавуҶуд омадани даромадҳои асосӣ, ё даромади авваларо ба анҶом мерасонанд, иборат мебошад. Даромади асосӣ ҳангоми тақсимоти маҶмӯи маҳсулоти дохилӣ ва даромади миллӣ дар байни иштироккунандагони истеҳсолоти моддӣ ташкил карда мешаванд, ки ин дар навбати худ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд.

Музди меҳнати коргарон, хизматчиён, даромади фермерҳо ва деҳқононе, ки дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ банд мебошанд.

Даромади корхонаҳои соҳаи истеҳсолоти моддӣ.

Албата даромадҳои аввалаи воситаҳои пулии Ҷамъиятӣ барои

тарақиёти ҳаматарафаи соҳаҳои муҳими хоҶагии халқ аз Ҷумла таъминкунии бехатарии давлат, таъминкунии талаботҳои моддию маънавии аҳолиро ба вуҶуд оварда наметавонанд. Барои ҳамин ҳам дар оянда тақсим ва аз нав тақсимкунии даромади миллӣ дар байни минтақа ва соҳаҳои хоҶагии халқ пурсамартар ва камхарҶтар буда, истифодабарии даромадҳо ва нигоҳдории корхонаю ташкилотҳо дар якҶоягӣ барои соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, ки дар ин Ҷо даромади миллӣ ба вуҶуд намеояд (маориф, тандурустӣ, мудофиa) аз сари нав тақсимкунии даромадҳо, дар байни гурӯҳҳои гуногуни иҶтимоии аҳолӣ ба вуҶуд меояд. Дар натиҶаи аз сари нав тақсимкунии даромадҳои дараҶаи дуюм ё ин , ки даромадҳои истеҳсоли ба вуҶуд меоянд. Ин даромадҳо даромадҳое мебошанд, ки аз ҳисоби соҳаҳои ғайриистеҳсоли ба даст омадааст.

Молия дар тақсим ва аз нав тақсимкунии маҶмӯи маҳсулоти дохилӣ ва даромади миллӣ фаъолона иштирок намуда, Ҷамъкунии баробареро, ки ҳангоми тақсимкунии аввалаи маҶмӯи маҳсулоти дохилӣ ва даромади миллӣ ба вуҶуд омадааст, то охир истифодабарии баробарии онро нигоҳ медорад. ҳадафи охирини тақсим ва аз нав тақсимкунии даромади миллӣ ва маҶмӯи маҳсулоти дохилӣ бо ёрии молия, дар тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ба вуҶуд овардани структураи нави иқтисодии бозоргониро дар мамлакат, мустаҳакамшавии давлат ва аз таъминкунии сифати баланди зиндагии табақаҳои гуногуни аҳоли иборат мебошад.

Вазифаи назоратии молия барои назорат аз болои тақсими маҶмӯи маҳсулоти миллӣ ба фондҳои лозимa ва харҶи онҳо ба ҳодисаҳои мақсаднок таъмин шудан ба амал меояд.

Дар шароити гузариш ба иқтисодӣ бозоргонӣ назорати молиявӣ асосан ба тараққиёти босуръати истеҳсолоти Ҷамъиятӣ ва шахсӣ, тезонидани пешрафти илму техника ҳаматарафа баланд бардоштани сифати кор дар ҳамаи звеноҳои хоҶагии халқ равона карда мешаванд. Назорати молиявӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои баланд бардоштани иқтисодиёт, оқилона ва самаранок истифода бурдани захираи пулию молиявӣ, боигарии табиат, камкунии хароҶотҳои ғайриистеҳсолӣ ташкил карда шудааст. Яке аз вазифаҳои муҳими назорати молиявӣ ин пеш аз ҳама тафтиши дурустии нигоҳдории қонунгузории молиявӣ, сари вақт ва пурра иҶро намудани ӯҳдадориҳои молиявӣ дар назди системаи буҶетӣ, мақомотҳои андоз ва инчунин ӯҳдадориҳои ду тарафаи корхонаю ташкилотҳо, сари вақт ва доимии пардохти андоз мебошанд. Назорати молиявӣ инчунин бо воситаҳои фаъолияти гуногуни мақомоти органҳои молиявӣ ба вуҶуд меояд. Коркунони системаи молиявӣ ва мақомотҳои андоз назорати молиявиро дар Ҷараёни ба нақшагирии молиявӣ, ҳангоми иҶрошавии қисмҳои даромаду хароҶоти системаи буҶетӣ амалӣ менамоянд. Дар баробари тараққиёти шароитҳои бозоргонӣ самт, шакл ва усулҳои назорати молиявӣ тағйир дода мешаванд.

Мақсади асосии вазифаи назоратии молия пешгирӣ ва ошкорнамоии қонунвайронкуниҳои молиявӣ дар Ҷараёни Ҷамъоварӣ, тақсимкунӣ ва истифодабарии фондҳои пулӣ буда, ин вазифаро молия дар асоси қонун ва фармонҳои органҳои болоӣ иҶро менамояд.

2.3. Сохтори молиявӣ

Механизми молиявӣ маҶмӯи шаклҳои ташкилкунии молия дар Ҷамъият, тартиби Ҷамъоварӣ, тақсимкунӣ ва истифодабарии воситаҳои пулии марказонидашуда ва ғайримарказонидашуда, усулҳои ба нақшагирии молия ва қонунгузории молиявиро дар бар мегирад. Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ механизми молиявии сифатан нав истифода бурда мешавад, ки он аз муносибати байниҳамдигарии корхонаҳо ва аҳолӣ бо якҶоягии системаи буҶетӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ, мақомоти суғуртавӣ (амвол, ҳаёт) иборат аст.

Механизми молиявӣ дорои якчанд нишондиҳандаҳои муҳим буда, аз Ҷумлаи онҳо таъминоти ҳуқуқӣ ва таъминоти меъёрӣ мебошад.

Таъминоти ҳуқуқӣ механизми молиявии амалкунанда аз қонунҳо, қарорҳо, фармонҳо ва дигар ҳуҶҶатҳои ҳуқуқӣ иборат мебошанд.

Таъминоти меъёрӣ ин нишондиҳандаҳои методӣ буда, аз меъёр ва меъёрбандиҳо ва ставкаҳои таърифӣ иборат мебошанд.

Механизми молиявӣ, агар аз як тараф бо қонунҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо танзим карда шавад, аз тарафи дигар онҳо таҳти таъсири қонунҳои иқтисоди бозоргонӣ (қонуни талабот, таклифот ва рақобат) ва маҳдудияти захираҳо амал менамоянд.

ҳамин тариқ механизми молиявӣ – ин системаи муайяншудаи шаклҳо, намудҳо ва усулҳои ташкили муносибатҳои молиявӣ аз тарафи давлат мебошад.

Адабиёт

1. Рањимов З.А., Љўраев Ш.Љ., Ятимов Х.М. Васоити таълимї «Молия, муомилоти пул ва ќарз». -Душанбе «Сино», 2006с.

2. Рањимов З.А., Љўраев Ш.Љ., Абдуллоев А.Х. Васоити таълимї «Коѓазњои ќимматнок ва бозори он». –Душанбе «Сино», 2007с.

3. Рањимов З.А., Сафаров М.М., Љўраев Ш.Љ., Абдуллоев А.Х. Васоити таълимї «Суѓурта». –Душанбе «Сино», 2007с.

4. Кодекси андози ЉТ. –ш.Душанбе, 2005сол.

5. Ќонунњои ЉТ «Дар бораи буљети давлатии ЉТ барои солњои 2009-2010».

6. Фармони Президенти ЉТ аз 25 январи соли 2001 №456 «Дар бораи таъсиси Идораи назорати давлатии молиявї дар назди Президенти ЉТ».

7. Ќонуни ЉТ «Дар бораи молияи давлатии ЉТ» ш.Душанбе, 2 –декабри соли 2002 №77.

8. Юлдошев Я.Н., Уч пособие: Государственный бюджет. –Душанбе, 2002г.

9. Назаров Т.Н. ва дигарон. Молия ва ќарз. –Душанбе, Маориф, 1989.

10. Л.А.Дробозина., Л.П.Окунева. Финансы, денежное обращения и кредит. –М: ЮНИТИ, 2000г.

11. Л.А.Дробозиной. Финансы. Под ред Москва «Финансы и статистика», 2000.

12. Лаврушина О.И Банковское дело. –М: «Финансы и статистика» 2000г.

13. В.А.Челноков. Банки и банковские операции. –Москва, высш школа, 1998 -271.

14. Учеб пособие /под ред. проф А.М.Ковалевой Финансы и кредит. –М: «Финансы и статистика», 2003, 512.

15. Учебник, под редакцией Родионовой В.М. Финансы. Москва, «Финансы и статистика», 1999.

16. Бабич А.М., Павлова Л.Н. Государственные муниципальные финансы. Учебник для вузов –М: Финансы. ЮНИТИ, 2000г.

17. Килячков А.А., Чалгаева Л.А. Рынок ценных бумаг и биржевое дело. –М Юрист, 2000г.

18. Сергеев И.В., Вереников И.И. Организация и финансирование инвестиций. Учеб пособие –М: «Финансы и статистика» 2000г.

19. Улуѓхољаева Х.Р. «Андоз ва андозбандї ЉТ» –Душанбе «Ирфон», 2005.

20. Шариф Рањимзода. Китоби дарсї аз фанни «Муомилоти пулї ва ќарз». –Душанбе «ЭР –граф» 2008сол.

21. Улугходжаева Х.Р. Учебник «Налоги и налогообложение Республики Таджикистан» –Душанбе, 2009г.

22. Рахимов З.А., Рузиев А.Т., Джураев Ш.Дж. Учебное пособие «Социально –экономическая сущность страхования и его роль в рыночной экономики Таджикистана». –Душанбе, 2009г.

23. Улугходжаева Х.Р., Рахимов З.А., Обидов Ф.С. Учебник «Финансы». –Душанбе, 2009г.