Найти тему
ИнфоТЧ

Мавзуи 1. Назари эволютсионии олимон дар бораи моҳият ва зарурияти молия.

1.1. Эволютсияи молия

1.2. Зарурияти молия

<!-- /* Font Definitions */ @font-face {font-family:Calibri; panose-1:2 15 5 2 2 2 4 3 2 4; mso-font-charset:204; mso-generic-font-family:swiss; mso-font-pitch:variable; mso-font-signature:-520092929 1073786111 9 0 415 0;} /* Style Definitions */ p.MsoNormal, li.MsoNormal, div.MsoNormal {mso-style-unhide:no; mso-style-qformat:yes; mso-style-parent:""; margin-top:0cm; margin-right:0cm; margin-bottom:10.0pt; margin-left:0cm; line-height:115%; mso-pagination:widow-orphan; font-size:11.0pt; font-family:"Calibri","sans-serif"; mso-ascii-font-family:Calibri; mso-ascii-theme-font:minor-latin; mso-fareast-font-family:"Times New Roman"; mso-fareast-theme-font:minor-fareast; mso-hansi-font-family:Calibri; mso-hansi-theme-font:minor-latin; mso-bidi-font-family:"Times New Roman"; mso-bidi-theme-font:minor-bidi;} p.MsoFootnoteText, li.MsoFootnoteText, div.MsoFootnoteText {mso-style-noshow:yes; mso-style-unhide:no; mso-style-link:"Текст сноски Знак"; margin:0cm; margin-bottom:.0001pt; mso-pagination:widow-orphan; font-size:10.0pt; font-family:"Times New Roman","serif"; mso-fareast-font-family:"Times New Roman";} span.MsoFootnoteReference {mso-style-noshow:yes; mso-style-unhide:no; vertical-align:super;} p.MsoNoSpacing, li.MsoNoSpacing, div.MsoNoSpacing {mso-style-priority:1; mso-style-unhide:no; mso-style-qformat:yes; mso-style-parent:""; margin:0cm; margin-bottom:.0001pt; mso-pagination:widow-orphan; font-size:11.0pt; font-family:"Calibri","sans-serif"; mso-ascii-font-family:Calibri; mso-ascii-theme-font:minor-latin; mso-fareast-font-family:"Times New Roman"; mso-fareast-theme-font:minor-fareast; mso-hansi-font-family:Calibri; mso-hansi-theme-font:minor-latin; mso-bidi-font-family:"Times New Roman"; mso-bidi-theme-font:minor-bidi;} span.a {mso-style-name:"Текст сноски Знак"; mso-style-noshow:yes; mso-style-unhide:no; mso-style-locked:yes; mso-style-link:"Текст сноски"; mso-ansi-font-size:10.0pt; mso-bidi-font-size:10.0pt; font-family:"Times New Roman","serif"; mso-ascii-font-family:"Times New Roman"; mso-fareast-font-family:"Times New Roman"; mso-hansi-font-family:"Times New Roman"; mso-bidi-font-family:"Times New Roman";} .MsoChpDefault {mso-style-type:export-only; mso-default-props:yes; font-family:"Calibri","sans-serif"; mso-ascii-font-family:Calibri; mso-ascii-theme-font:minor-latin; mso-fareast-font-family:"Times New Roman"; mso-fareast-theme-font:minor-fareast; mso-hansi-font-family:Calibri; mso-hansi-theme-font:minor-latin; mso-bidi-font-family:"Times New Roman"; mso-bidi-theme-font:minor-bidi;} .MsoPapDefault {mso-style-type:export-only; margin-bottom:10.0pt; line-height:115%;} /* Page Definitions */ @page {mso-footnote-separator:url("file:///C:/Users/COMP5/AppData/Local/Temp/msohtmlclip1/01/clip_header.htm") fs; mso-footnote-continuation-separator:url("file:///C:/Users/COMP5/AppData/Local/Temp/msohtmlclip1/01/clip_header.htm") fcs; mso-endnote-separator:url("file:///C:/Users/COMP5/AppData/Local/Temp/msohtmlclip1/01/clip_header.htm") es; mso-endnote-continuation-separator:url("file:///C:/Users/COMP5/AppData/Local/Temp/msohtmlclip1/01/clip_header.htm") ecs;} @page WordSection1 {size:595.3pt 841.9pt; margin:36.0pt 36.0pt 36.55pt 2.0cm; mso-header-margin:35.45pt; mso-footer-margin:35.45pt; mso-paper-source:0;} div.WordSection1 {page:WordSection1;} /* List Definitions */ @list l0 {mso-list-id:841093478; mso-list-type:hybrid; mso-list-template-ids:2011491280 68747279 68747289 68747291 68747279 68747289 68747291 68747279 68747289 68747291;} @list l0:level1 {mso-level-tab-stop:36.0pt; mso-level-number-position:left; text-indent:-18.0pt;} @list l0:level2 {mso-level-number-format:alpha-lower; mso-level-tab-stop:72.0pt; mso-level-number-position:left; text-indent:-18.0pt;} @list l0:level3 {mso-level-number-format:roman-lower; mso-level-tab-stop:108.0pt; mso-level-number-position:right; text-indent:-9.0pt;} @list l0:level5 {mso-level-number-format:alpha-lower; mso-level-tab-stop:180.0pt; mso-level-number-position:left; text-indent:-18.0pt;} @list l0:level6 {mso-level-number-format:roman-lower; mso-level-tab-stop:216.0pt; mso-level-number-position:right; text-indent:-9.0pt;} @list l0:level8 {mso-level-number-format:alpha-lower; mso-level-tab-stop:288.0pt; mso-level-number-position:left; text-indent:-18.0pt;} @list l0:level9 {mso-level-number-format:roman-lower; mso-level-tab-stop:324.0pt; mso-level-number-position:right; text-indent:-9.0pt;} ol {margin-bottom:0cm;} ul {margin-bottom:0cm;} -->

1.1. Эволютсияи молия

Тадқиқотҳои муаммоҳои молия ва муносибатҳои молиявӣ талаб менамоянд, ки онро аз нуқтаи назари таърихӣ омўхтан лозим аст.

Мувофиқи нуқтаи назари бисёр олимон «молия» аз калимаи лотинӣ «finance» омада тарҷумаи он «пардохтҳои пулӣ» ва ё «даромад, нақдӣ» мебошад ва ин мафҳуму саволҳои асри XIII-XV дар (эпохаи) асри миёнагӣ истифода мебурданд.

Чунин мафҳуми молия ҳамчун пардохтҳои пулӣ дар давраи рушди капитали судхурӣ ба миён омада, нисбатан маънои борик дорад.

Аммо баъзе муаллифҳои илми молия ҳисоб менамоянд, ки муаллифи корҳои молиявии давраи қадим Олими Афинагӣ Ксенофонт (430-355 то солшумории мо), ки масъалаҳои умумии молияро дар корҳои илмияш дида баромада, дар бораи даромадҳое, ки аз ҳисоби ба иҷора додани амволи давлатӣ ва фурўши ғуломонро дида баромадаанд.

Ба ин гурўҳ Аристотелро (384-322 то ҳисобкунии солшумораи мо), аммо баъдан аз давраҳои қадим ба ин гурўҳ Фома Аквинский (1225-1274) ва дигарҳо дохил мешаванд. Ҳамаи онҳо ба молия даромадҳо, андозҳо, пардохтҳои иҷора ва дигарҳоро ҳамроҳ мекарданд.

Ба Осиё арабҳо ҳуҷум карда, шаҳрҳои Бухоро, Шаҳрисабз, Хоразм, Самарқанд ва дигар шаҳрҳоро забт карда, андозҳои худашонро созмон доранд-ин андозҳо ба сари ҳар як ҷон намуда, баъд аз он намудҳои дигари андоз ба аҳолӣ ба монанди андози замин (хараҷ) ва ҷамъовариҳои бисёре ба аҳолӣ баста шуд, ки қариб аз ним зиёди ҳосили ба дастовардаро ташкил мекарданд.

Солҳои 806-810 аҳолии Хуҷанд, Фарғона, Бухоро, Хуросон ва Мовароунаҳр бар зидди арабҳо шуриш бардоштанд ва дар натиҷа як қатор шуришҳои халқи забткунандагони арабҳо суст шуданд.

Дар ин давра муборизаи бузург барои соҳибистиқлолӣ ва ягонагии халқ Исмоили Сомонӣ баромад карда ва тавонист, ки халқи тоҷикро мутаҳид намояд.

Ҳамин тавр дар асри IX давлати марказонидашудаи тоҷикон Сомонид (солҳои 875- 999) ташкил карда шуд, ки дар натиҷаи 10-соли ҳукмронияш ҳар гунна андозҳо ва пардохтҳоро паст карданд ва дар натиҷа ҳолати халқ нисбатан хуб шуд. Дар давраи Сомонидҳо муносибатҳои феодалӣ тараққӣ ёфт ва дар натиҷаи ин, халқи тоҷик давлати соҳибистиқлоли аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва маданиятӣ тараққӣ карда, ба вуҷуд оварданд ва тараққӣ додани таомулҳои халқӣ ба миён омаданд.

Дар асрҳои қадим ва асри миёнаги баршина, оброк, хараҷ, улаг ва дигар андозҳои шаклҳои асосии ғункунии андоз ба ҳисоб мерафтанд, ки инро деҳқонони Рим, Фаронса, Англия ва мамлакатҳои дигар месупориданд.

Дар шароити рушди муносибатҳои молию пулӣ, андозҳои натуравӣ ба ҷои андозҳои пулӣ гирифта мешуданд.

Аввалин муносибатҳои молиявӣ ба шакли андозҳои пулӣ дар натиҷаи пайдо шудани давлат, дар як вақт ба миён омадаанд. Дар ин давра ду синфи бо ҳам зид дар натиҷаи ҷудо шудани ҷамъият ба миён омадаанд, ки дар ин бора Ф. Энгельс қайд карда буданд.

Ин албата табии мебошад, чунки давлат бе чунин базаи маводӣ вуҷуд дошта наметавонад, як қисми хароҷотҳои давлатиро дар давраҳои аввал маблағҳои андози пулӣ ташкил медоранд.

Аммо воридшавии доимии воситаҳои пулӣ ба хазинаи давлатӣ бе ҷамъоварии андозҳо ва пардохтҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ хусусияти маҷбурӣ дошта, аз ҳисоби ҳуқуқҳои муаяни фаъолияти давлатӣ бар меоянд.

Даромадҳои давлатӣ (андозҳо, ҷамъовариҳо) новобаста ба форматсияи ҷамъиятию-иқтисодии дақиқ - ин маҷмўи воситаҳои дар дасти давлат мебошад ва ин базаи маводии иҷрои вазифаҳои он мебошад, агар мо онро дигар хел карда гўем фаъолияти давлат бо объективонаи мавҷуд будани даромадҳои давлатӣ вобаста мебошанд.

Даромадҳо ин яке аз мафҳумҳои асосии умумии оиди молия буда, дар худ як гурўҳи муаяни ҳодисаҳои якхеларо мутаҳид менамояд, ки ин ташкили маблағҳои ба ихтиёри давлат воридшударо тасвир менамояд.

Молия на танҳо категорияи мантиқи вай балки категорияи таърихӣ дошта, мазмуни он бо дигаргун шудани шароитҳои умумии такрористеҳсолкунии он, низ дигар мешавад.

Дар шароити рушди молия ва илмӣ молия олимони бисёре саҳмгузор ҳастанд аз ҷумла чунин олимон: Н. Тусӣ, А. Смит, Д. Риккардо, Ш. Л. Монтексье, Ф. Кенэ, Ш. Б. Сэй, И. Зонефельса, Секендорф, Д. Юсти, С. Д. Вобан, У. Пети, Дж. Локк ва дигарон.

Ба масъалаҳои муносибатҳои молиявӣ олимон соҳаҳои гуногун олимони фалсафа, иқтисодчиён ва ҳуқуқ аҳамияти бисёр додаанд.

Ҳоло дар асри XIIIолими бузурги тоҷик Н. Тусӣ дар асари худ «Дар бораи молия» асоси сиёсати молиявии давлати феодалиро дида мебарояд. Бо супориши роҳбарони Манголия Н. Тусӣ системаи молиявии династияи томонголҳоро омўхта (асосан таҷрибаи хуби давлати Сомониён) ва асари пурмашақати худро бо номи «Дар бораи таъомулҳо, қоидаҳо, шоҳҳои давраи қадим оиди шаклҳои ҷамъоварии андозҳо, рентаҳо ва тақсимоти онҳо»-ро дида мебарояд.

Дар ин асар маҷмуи қонунҳо, қоидаҳо, меъёрҳо, ки фаъолияти молиявиро танзим менамоянд ва муносибатҳои молиявии давлатҳои феодалӣ (системаи пулӣ, системаи муассисаҳои молиявӣ), масъалаҳои сиёсати молиявӣ дида шудааст.

Истифодабарии захираҳои молиявии давлатӣ (маҷмўи ҳамаи намудҳои воситаҳои пулӣ, фаъолҳои молиявии дар ихтиёри давлат буда), даромадҳои танзимшаванда ва хароҷотҳо, ташкил ва идоракунии гардиши пул, ҳамаи ин масъалаҳо бо муносибатҳои молиявӣ алоқаманд мебошанд.

Дар байни олимони тоҷик аввалин шуда, сиёсати молиявии давлати феодалӣ, системаи андозбандӣ, табиати андозҳою даромадҳо, моликиятро таҳлил кардаанд, ки ин масъалаҳо бо масъалаҳои муносибатҳои молиявӣ зич алоқаманд мебошанд. Он кас дар баробари ин элементҳои алоҳидаи андозро ба монанди сабукиҳои андоз, намудҳои андоз ва объектҳои андозро дида баромадаанд.

Дар асари «Дар бораи молия» муҳокимарониҳо дар бораи гардиши пул, оиди дороиҳои молиявӣ, тартиби ташкил ва ҳаракати онҳо (тақсим, аз нав тақсимкунӣ ва истифодабарӣ), чунин муносибатҳои иқтисодӣ бо ҳаракати маблағҳои пулӣ, гардиши пул ва истифодабарии он вобаста мебошанд.

Дар асар аҳамияти муҳим ба сиёсати андози давлати феодалӣ дода шудааст, дар он қариб зиёда аз 30-намуди андозҳо оварда шудааст. Рушди молия ва илми молия ба асри миёнагӣ таалуқ дошта, исбот менамояд, ки системаи молия дар ин ва ё он дараҷа дар бисёре аз давлатҳо ташкил карда шуда буданд.

Илми молия ҳамчун молияи феодализм, молияи давлати буржуазӣ ва молияи ҷамъияти капиталистӣ ҷудо карда шудааст.

Молия (қарз, андоз) нақши муҳимро дар давраҳои ғункунии капитал ва ташкил кардани шароит барои гузаштан ба форматсияи капиталистӣ бозидааст. Инқилоби буржуазӣ ба сохтани шакли нави давлатӣ оварда расонд. Системаи нави молиявӣ ба миён омад, ки он ҷавобгўи синфи сиёсати давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ мебошад. Муносибатҳои молию пулӣ аҳамияти нисбатан васеъ дар ҷамъият пайдо карданд. Қувваҳои истеҳсолкунандаи ин давра, ки аз муносибатҳои истеҳсолии феодализм бар меояд, бо суръати баланд тараққӣ меёбанд.

Капитализм бо марҳалаҳои зиддияти озод ворид мешавад. Дар ин ҳолат олимони бисёр бо илми молия машғул шуданд, аз ин лиҳоз категорияи молия мафҳуми худро дар ин соҳа доштанд.

Ҳамин тавр дар асри XVIдар Фаронса яке аз мафҳумҳои ҷолиби диққати олимон нисбати категорияи молия ба миён омаданд. Бинобар ин олими Фаронсавӣ Жан Бэдэн соли 1577-ум китобе ба номи «Шесть книг о республике» рўи чоп оварда, дар он дар бораи молия ҳамчун «Асбоби давлат»-и ва он дар кори худ аҳамияти молияро тадқиқ намуда, элементҳои асосии он андозро ҳамчун сарчашмаи танзими даромади давлат ҳисобидааст.

Идеологҳои буржуазии илми молия ҳамчун тадқиқотчиёни физиократҳо ба монанди Ф. Кэне ва В.М.Мирабо ва дигарҳо дар асарҳояшон самтҳои гуногуни молияро тадқиқ карданд ва онҳо ҳамаҷониба зарурияти андозбандии ғайримушахасро асоснок намуданд.

Дар асри XVIIаз ҳама меҳнати зиёд дар назарияи илми молия олими инглис Т. Мен, Дж. Локк, Т. Гоббс ва дигар олимон гузоштаанд.

Аммо дар асри XVII-XVIII бошад илми молияро олимони Олмон Л. Секендорф, И. Юсти, И. Зоннефельс аз нуқтаи назари илми бой гардондаанд. Намояндаи мактаби олмонӣ И. Юсти дар асари худ «Система сущности финансов» ки соли 1746 аз чоп баромада буд, фикри олимонро дар бораи молия ҷамъбаст намуда, дар ин асари худ яке аз аввалинҳо шуда дар бораи илми молия ва сиёсати молия ҳамчун самтҳои алоҳида дида баромадаанд. И. Юстиро бисёриҳо ҳамчун падари илми молия меҳисобанд.

Дар асри XVIII-XIX олимони нав пайдо шуданд, ки бар зидди физиократҳо баромад карда, назарияи нав, назарияи истеъмолотро пешниҳод кардаанд.

Тарафдорони назарияи истеъмолот Жан Батист Сэй (1762-1832) буданд, ки вай қонуни асосии молияи давлат, андозро барои истеъмолот меҳисобиданд, ки ин ҳатман ба пастшавии истеъмолот таъсири худро мерасонад.

Дар асри XVIII Жан Батист Сэй, Э. Сакс, И. Х. Озеров, И. И. Янжул ва бисёре аз олимони дигар дар асарҳои худашон шаклҳои сафарбарнамоии дороиҳои молиявиро барои нигоҳдории давлат ва дар он қонуниятҳои рушди муносибатҳои пулию молӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Дар таърихи рушди назарияи молия, яъне илми буржуазӣ нақши муҳимро классик А. Смит (1723-1790) ва Д. Риккардо (1772-1823) бозидаанд. А. Смит дар асари худ «Исследование о природе и причинах богатства народов» ва дар асари Д. Риккардо «Начало политической экономии и налогообложения» масъалаҳои молиявӣ ва андозбандиро ҷамъбаст намудаанд. А. Смит ва Д. Риккардо аз дигарон ба он фарқ менамоянд, ки яке аз аввалинҳо шуда таҳлили илми молияи давлати буржуазиро ба роҳ мондаанд.

Илми молия категорияи молиявӣ буда, ҳамчун илми мустақил дар нимаи якўми асри XIX ташкил шудаанд. Дар асри XIXдар Русия як қатор олимон ба тадқиқотҳои соҳаи молия ва андоз машғул шуданд. Ба онҳо дохил мешаванд: Н. Тургенев, В. А. Лебедев, И. Х. Озеров, Л. В. Ходский, И. И. Янжулин, А. А. Никитский, А. Вагнер, А. Соколов ва бисёр дигар олимони асосгузорони илми молияи буржуазӣ дар Русияи подшоҳӣ мебошанд.

Бо рушди иқтисодиёт дар Русия дар асрҳои XIX-XX илми молия тез рушд ёфта, китобҳои илмӣ оиди молия аз тарафи олимон ба монанди Н. Тургенев, В. А. Лебедев, И. И. Янжул, Л. В. Ходский, С. В. Витте ва як қатор олимони дигар ба нашр расидаанд.

Дар Русия яке аз тадқиқотчиёни аввалин дар соҳаи илми молия Н. Тургенев буданд, ки вай асари «Опыт теории налогов» (соли 1819), В. А. Лебедев, асари «Финансовое право», И. И. Янжул асари «Основное начало финансовой науки», ки дар он таърихи рушди молия ва андоз дида баромада шудаанд.

И. И. Янжул чунин таърифи илми молияро додааст «Илми молия, илмест дар бораи хоҷагии ҷамъиятӣ ва он мақсадҳои худро дорад, ки дар қоидаҳои он оварда шудааст, вай бояд дар ҳолати ситонидани воситаҳои маводии талабот барои иҷрои мақсадҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои он риоя карда шаванд». Муаллиф аз предмети илми молия, илм дар бораи хароҷотҳои давлатиро бароварда, дар фанни ҳуқуқи давлат омўхта мешаванд.

Дар асри XVII-XIX дар Осиёи миёна ва Бухорои шарқӣ ва муносибатҳои феодалӣ моликияти феодалиро бар замин ва об нигоҳ дошта, барои хоҷагиҳои деҳқонии майда ва ҳунармандон шароити вазнин фароҳам оварда буданд. Деҳқонҳо доимо ба қарз дучор мешуданд. Роҳбарони амир аз ҳисоби қарзҳои деҳқонон ва ҷамъовариҳои онҳо фаъолият мекарданд. Агар деҳқононе, ки сари вақт андоз насупоранд онҳоро ҳабс мекунем ва ё ба зиндон мепартоем гуён метарсонданд.

Нависандаи машҳури тоҷик Садриддин Айнӣ қайд кардааст, ки танҳо аз боду ҳаво андоз ситонида намешуд, аммо аз ҳамаи дигар предметҳо ҳатман аз замин, роҳ, фурўши ҳайвон, аз боғ, ҷангал андоз ситонида мешуданд.

Дар хонии Бухоро ҳолати тоҷикон бисёр вазнин буд, деҳқононе, ки дар давлат ва заминҳои масҷит кор мекарданд, онҳо ҳамчун коргари кироя (крепостной) буданд ва онҳо 1/4, 1/5 як қисми ҳосили ҷамъовардаи заминро ба хуҷаинҳои худ медоранд ва аз чорво андози махсус мегирифтанд.

Бояд қайд кард, ки Аморати Бухоро бераҳмона, ҳаматарафа сахт халқро истисмор мекарданд. Дар вақти ҷанги соли 1914 андозбандиҳо ва андозбандии чорво ва аз мамлакат баровардани маҳсулоти саноати андозҳо баланд бардошта шуда буданд. Ҳамаи ин ба пастравии иқтисодиёти Осиёи миёна оварда расонд ва иқтисодиёт дар ин давра умуман рушд наёфт.

Бояд қайд кард, ки дар илми молияВазири молияи ҳамон вақтаи Русия С. В. Витте саҳми арзанда гузоштаанд, ки он таҳлили пурраи рушди молияро доир ба ҳар як намуди даромади буҷет ва дар якҷоягӣ ҳамаи намудҳои хароҷотҳои буҷетро ва ҳам қарзҳои давлатиро таҳлил карда баромадааст.

Дар охири асри XIXва аввалҳои асри XXдар назарияи молия, яъне ба илми молия ҳар гунна равияҳо ва ақидаҳо, мактабҳо ва самтҳо пайдо шудаанд.

Дар байни олимон молия ҳамчун ақидаи нисбатан оммавӣ шуда, молия ҳамчун хоҷагии давлатӣ ва ё ин, қи хоҷагии молиявӣ муаян карда шудааст.[1]

Тарафдорони чунин ақидаи молия олимон ба монанди А. Вагнер, И. Х. Озеров, А. В. Ходский ва олимони дигар мебошанд.[2] Масалан, И. Х. Озеров қайд карданд, ки «илми молия хоҷагии молиявиро меомўзад, яъне маҷмўи муносибатҳое, ки дар асоси хусусияти иттифоқи расмӣ (публичного характера) воситаҳои маводӣ ба даст оварда метавонанд.[3]

Дар солҳои 50-70-уми асри XX олимони иқтисодчӣ (давраи Шўравӣ) А. М. Александров, Д. А. Аллахвердян, Б. Г. Болдирев, А. М. Бирман, В. П. Дьяченков, Г. М. Точилников, Э. А. Вознесенский ва Т. Назаров ва як қатор олимони дигар барои назарияи молия дар бораи оммафаҳм намудани моҳият ва вазифаҳои молия меҳнати пурсамаре кардаанд.

Дар адабиётҳои иқтисодӣ мафҳум дар бораи молия бо муносибатҳои пулӣ алоқаманд мебошанд, дар ин бора бояд гуфт, ки кули муносибатҳои пулӣ ба муносибатҳои молиявӣ таалуқ доранд. Масалан, Н. Г. Сычев чунин меҳисобад, ки «Фарқи молия аз пул аз рўи қоида муносибатҳои иқтисодиро тасвир наменамояд,» аслан вай дар принсипи эквиваленти асос ёфтааст.[4]

Бинобар ин аз муносибатҳои молиявӣ эквиваленти муноситаҳои пулӣ, ки бо муносибатҳои пулӣ алоқаманд буда, бо хариду фурўш алоқаманд мебошанд, бароварда мешаванд ва ғайраҳо.

Баъзе олимони дигар масалан, Вознесенский Э. А. нишонаи асосии фарқкунандаи категорияи молияро аз дигар категорияҳои арзиши (пул, фоида, нарх ва дигарҳо) молия ҳамчун категорияи иқтисодӣ ҳисоба мешуд ва ин шакли таҷассумкунанда муносибатҳои молиявӣ буда, аз категорияҳои иқтисодии императивӣ фарқ мекунад.[5]

Вознесенский Э. А. ба мафҳуми молия нишонаи императивӣ – тартибӣ системаи муносибатҳои пулии давлатро ворид карданд, ба фикри муаллиф ин зарурияти объективонаи иқтисодӣ мебошад.

Мафҳуми «императивӣ»-ро ҳар олим ҳар гуна мефаҳмонад. Баъзе иқтисодчиён дар он фаъолии нақши давлатро оиди муносибатҳои молиявӣ ва дигар сабабҳое, ки фаъолияти молиявиро ба миён меоранд.

«Императив»- ин аз забони лотинӣ тарҷумааш баранда (повелитель) мебошад.

Муносибатҳои молиявӣ объективона буда, онҳо новобаста ба хоҳиш ва тафакури одамон ҳамчун талаботи ҷамъият дар зинаҳои муаяни рушди ҷамъият вуҷуд доранд.

Аз як тараф дар зери мавҳуми императивӣ гузаронидани сиёсати молиявӣ, яъне фаъолияти амалии давлат барои ташкили муносибатҳои молиявӣ ва кор карда баромадани чорабиниҳои мушахас ва истифодабарии онҳо дар истеҳсолот мебошанд.

Барои ташкили фондҳои марказонидашудаи воситаҳои пулӣ(буҷети давлатӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ) давлат сиёсати фискалӣ ва сиёсати андозию буҷетӣ мегузаронанд.

Бинобар ҳамин ҳам ҳамон олимоне, ки императивиро хусусияти махсуси муносибатҳои молиявӣ ва ё нишонаҳои молия, аз дигар категорияҳои арзишӣ фарқ менамоянд, ки нишонаи императивӣ барои категорияҳои дигари иқтисодӣ, масалан категорияи пул, давлат, сиёсати пулию қарзӣ ва танзими гардиши пулро ба роҳ мемонд.

1.2 Зарурияти молия

Молия ҳамчун категорияи иқтисодӣ бо ҳамон муносибатҳои пулию-иқтисодӣ алоқаманд мебошанд, ки онҳо дар ҳолати ташкил, тақсим ва истифодаи даромадҳои маблағҳои пулӣ ва фондҳои маблағҳои пулӣ алоқаманд мебошанд.

Молия дар асоси вуҷуд доштани давлат ҳамчун субъекти ин муносибатҳо рушд меёбад.

Бинобар ин, олимон молияро асоснок карда, вайро ҳамчун категорияи таърихӣ ва иқтисодӣ мебошанд, ва онҳо дар натиҷаи рушди муносибатҳои молию пулӣ ва пайдоиши давлат пайдо шудаанд.

Бояд қайд кард, ки баъзе муалифҳо тадқиқотчиёни молия, молияро ҳамчун системаи муносибатҳои пулӣ, аммо баъзе дигари онҳо бошад, онро ҳамчун система ва ё маҷмўи муносибатҳои иқтисодӣ муаян менамоянд.

Масалан Н. Г. Сычев қайд кардааст, ки «Молия – ин маҷмўи муносибатҳои иқтисодӣ, ки дар натиҷаи он тақсим ва аз нав тақсимкунии маҳсулоти ҷамъиятӣ ва даромади миллӣ аз рўи тартиби ба нақшагирифтаи ташкил ва истифодабарии даромадҳои маблағҳои пулӣ ва фондҳои маблағҳои пулии корхона, иттиҳодия, ташкилот ва давлат амалӣ карда мешаванд».[6]

Аммо барои фаҳмондани моҳияти категорияи моли пеш аз ҳама доираи муносибатҳои иқтисодиро тартиб додан зарур буда, дар онҳо тавсифи онҳо зоҳир мегарданд, чунки на ҳамаи муносибатҳои маблағҳои пулӣ муносибатҳои иқтисодӣ шуда метавонанд. Бинобар ин, на ҳамаи муносибатҳои маблағҳои пулӣ бо муносибатҳои иқтисодӣ баробар фаҳмида мешаванд. Муносибатҳои иқтисодӣ нисбат ба муносибатҳои маблағҳои пулӣ васеъ мебошанд. Аз ин ҷо муносибатҳои пулӣ нисбат ба муносибатҳои молиявӣ васеътар мебошанд.

Дар натиҷаи тадқиқотҳои категорияи молия бисёре аз муаллифон ба ҳамин хулоса омаданд, ки муносибатҳои молиявӣ ин як қисмӣ муносибатҳои пулӣ буда, ба рафти тақсимот, ташкил ва истифодабарии даромадҳои маблағҳои пулӣ ва фондҳои маблағҳои пулӣ алоқаманд мебошанд.

Муаммоҳои моҳияти молия ҷой ва нақши он дар системаи муносибатҳои иқтисодӣ дар шароити имрўза низ муаммоҳои худро гумм накардааст.

Молия яке аз омилҳои асосии иқтисодии давлат мебошад. Дар масъалаи мафҳум ва нишонаҳои муносибатҳои молиявӣ, дар бораи табиати молия, моҳияти иҷтимоӣ- иқтисодии он то ҳол дар байни олимон фикри ягона набуда, балки дар байни олимони ҳозира низ ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад.

Ҷамъбасти натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар соҳаи молия нишон медиҳад, ки ақидаи бисёре аз олимон дар бораи методи илми молия ба монанди назарияи илмҳои дигар умуман материализми диалектикӣ ва таърихӣ мебошанд, ки ин ҳодисаҳои иқтисодиро дар боҳамалоқамандии онҳо ва пур кардани як амалиёт, амалиёти дигарро дар рушди таърихӣ ва тасвири ҳаракати қонунҳои иқтисодӣ тасвир меёбанд.

Дар рушди назарияи молия саҳми арзанда олимони ҳозиразамон ба монанди Драбизин Л. А., Ковалева А. М., Романовский М. Э., Брабич А. М. ва бисёр олимони дигар гузоштаанд. Онҳо нақш ва аҳамияти молияро дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва рушди он дар шароити иқтисодиёти бозориро ҳаматарафа пурра таҳлил кардаанд.

Адабиёт

1. Раҳимов З.А., Ҷўраев Ш.Ҷ., Ятимов Х.М. Васоити таълимӣ «Молия, муомилоти пул ва қарз». -Душанбе «Сино», 2006с.

2. Раҳимов З.А., Ҷўраев Ш.Ҷ., Абдуллоев А.Х. Васоити таълимӣ «Коғазҳои қимматнок ва бозори он». –Душанбе «Сино», 2007с.

3. Раҳимов З.А., Сафаров М.М., Ҷўраев Ш.Ҷ., Абдуллоев А.Х. Васоити таълимӣ «Суғурта». –Душанбе «Сино», 2007с.

4. Кодекси андози ҶТ. –ш.Душанбе, 2005сол.

5. Қонунҳои ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои солҳои 2009-2010».

6. Фармони Президенти ҶТ аз 25 январи соли 2001 №456 «Дар бораи таъсиси Идораи назорати давлатии молиявӣ дар назди Президенти ҶТ».

7. Қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатии ҶТ» ш.Душанбе, 2 –декабри соли 2002 №77.

8. Юлдошев Я.Н., Уч пособие: Государственный бюджет. –Душанбе, 2002г.

9. Л.А.Дробозина., Л.П.Окунева. Финансы, денежное обращения и кредит. –М: ЮНИТИ, 2000г.

10. Улуғхоҷаева Х.Р. «Андоз ва андозбандӣ ҶТ» –Душанбе «Ирфон», 2005.

11. Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ аз фанни «Муомилоти пулӣ ва қарз». –Душанбе «ЭР –граф» 2008сол.

12. Улугходжаева Х.Р. Учебник «Налоги и налогообложение Республики Таджикистан» –Душанбе, 2009г.

13. Улугходжаева Х.Р., Рахимов З.А., Обидов Ф.С. Учебник «Финансы». –Душанбе, 2009 г.

[1] Янжул И. И. Основное начало финансовой науки СПБ. 1904 с. 10.

[2] Ходский Л. В. Основы государственного хозяйства СПБ. 1913 с. 6.

[3] Озеров И. Х. Основы финансовой науки. Вып. 1, М; 1911 с. 16.

[4] Финансы СССР, Учебник/под. Ред. Н.Ч.Сычева ва Финансы и статистика 1984.

[5] Вознесенский Э. А. Финансы как стоимостная категория. М; Финансы и статистика. 1985 с.5.

[6] Н.Г.Сычев Финансы СССР. Учебник/под. ред. Н.Г.Сычева, М; Финансы 1979 с.7-8.