Найти в Дзене
ИнфоТЧ

Тадбирҳои мубориза бо алафҳои бегона

Нақша:

1.Пешгирии паҳншавии тухми алафҳои бегона.

2.тадбирҳои қиркунанда бар зидди алафҳои бегона.

3. Усулҳои агротехники бар зидди алафҳои бегона.

4.Тадбирҳои биологӣ.

Илми кишоварзӣ дар мубориза ба муқобили алафҳои бегона дар ихтиёри худ усулҳои зиёде дорад. Онҳо аз ҷиҳати таркиб, иҷрои меҳнатғунҷоишӣ, хараҷоти истеҳсоли самарабахшӣ ва ғ. фарқ мекунанд. Бо ҳамин сабаб ногузории ба система даровардани онҳо пеш омад. Асоси онро ду аломати муҳимтарин ташкил медиҳанд (А.М. Туликов).

1. навъи объекте, ки ба он усулҳо ва тарзҳои тадбиқшаванда нигаронида шудаанд. Ба сифати чунин объектҳо алафҳои бегона (растаниҳо, тухмӣ, Самара, бехреша, решаҳои бехҷасти ва ғ) ҳамчунин манбаъ ва роҳҳои паҳншавии онҳо хизмат мекунанд.

2. навъи воситае, ки бо ёрии он рушди алафҳои бегона маҳв ва пахш карда мешаванд ё манбаъ ва роҳи паҳншавиашон пешгири карда мешавад.

Аз рўи аломати якум тарбияҳои огоҳкунанда ( пешгирикунанда), қиркунанда ва тадбирҳои махсусро ҳамчун навъ (тап)-и мубориза бар зидди алафҳои бегона ҷудо намудан мумкин аст.

Тадбирҳои пешгирикунанда барои бартараф сохтани сарчашма манбаъе алафҳои бегона роҳҳои паҳншавии онҳо равона карда шудаанд.

Тадбирҳои қиркунанда ҳам барои маҳви алафҳои бегонае, ки дар киштзори хоҷагии кишоварзӣ мерўянд ва ҳам узвҳои генеративию афзоишёбандаи нашвие, ки дар хок ҳастанд, ҳам чунин паст фаровардани қобилияти ҳаётии алафҳои бегона мусоидат менамоянд.

Тадбирҳои махсус аз пешгири намудан паст фаровардани осебрасони ва сипас нест намудани алафҳои бегона-и аз ҷиҳати иқтидорнокиашон хавфнок ё алафҳои бегона каронтики иборат мебошанд. Чунин тадбирҳоро бештар барои мубориза ба муқобили бомас, гандумак, хори морак, печак, бобуна ва ғ. тадбиқ менамоянд. Дар мубориза ба муқобили алафҳои бегона –и карантини (талхак, зарпечак ва ғ) ин тадбирҳоро одатан карантини меноманд.

Аз рўи аломати дуюм ҳамчун навъи мубориза ба муқобили алафҳои бегона физикӣ, механики, кимиёи, биологи, фитотсенотики, экологӣ ташкили ва комплекси барин усулҳоро ҷудо намудан ба мақсад мувофиқ аст.

Тадбирҳои физикӣ аз он иборат мебошанд, ки алафҳои бегона ( растаниҳо, тухмӣ ва узвҳои нашвии афзоишёбанда) бо роҳи тағйир додани вазъи физики муҳити маскуни ё воридгардиашон маҳв карда мешаванд. Инро бо ёрии сухтори кушод (культиватори оташфишон), тамиз гардонидани хок, бо об ғарқ кунонидани қитъаҳои ифлосгашта (масалан, киштзори шоли), хушконидани ҳудуд, пушонидани сатҳи хок бо маводи инергии мулчарони (хасбеда, аррамайда, торф, пленкаи сиёҳи полинэтилоновый ва ғ) ба даст меоранд.

Тадбирҳои механики нисбат истифодаи олоти хоккоркунанда, ки якбора ба алафҳои бегона таъсири механики мерасонад ( Буридан, зона задан, пошидан ва ғ) асос ёфтаанд. Ба ин ҷо хишоваи дастӣ, Буридан, даравидан ва ғ-ро низ нисбат додан лозим аст.

Тадбирҳои кимиёи нисбати истифодаи чунин пайвастаҳои кимиёи (гербидсидҳо)-е ки алафҳои бегона-ро нест мекунанд (растаниҳо, узвҳои афзоишёбандаи нашвӣ, самар, тухми) ва ба зироат зарар намеоранд, асос ёфтаанд.

Тадбирҳои биологи нисбати истифодаи организмҳои гуногун ё маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо барои паст намудани фаровонии папулятсия алафҳои бегона-и ҷудогона ва пеш аз ҳама намудани осебрасонидаи алафҳои бегона асос ёфтаанд. Ба сифати агентҳои тадбирҳои биологӣ одатан хазанда, канна, нематод, банбуруғ ва дигар организмҳоро истифода мебаранд.

Тадбирҳои фитотсенотики дар асоси истифода бурдани зироатҳои мазрўи дар муқоиса ба алафҳои бегона нисбатан рақобатпазир сурат гирифта, имконият медиҳад, ки Рушду нумуи алафҳои бегона пахш карда шавад. Чунин роҳ ҳамчун методи пахшкуни ё рақобатпазир маълум аст.

Тадбирҳои экологи аз тағйир додани шароитҳои хок (эдафизики) мутобиқ ба самти талаботи растаниҳои парваришёбанда ва таъсири манфи ба алафҳои бегона иборат мебошад. Ин бо роҳи тағир додани аэратсия, намноки, ҳарорат, реакцияҳо, фаъолияти биологии хок, мавҷудияти элементҳои ғизоии минерал ива ғ. дар он ба даст оварда мешавад.

Моҳияти онҳо бо сабаби васеъ гашутани майдонҳои коркардшаванда ва заминҳои мелиоратсияшаванда, зиёд намудани миқдори нуриҳо, мелиорантҳои кимиёи ва ғ. боло меравад.

Тадбирҳои ташкили аз тадбиқи чунин усулҳо тарзҳо ё навъи корҳое иборат мебошанд, ки вазъи умумии техникию зироатии киштзорҳои соҳаи кишоварзии ҳудудҳои заминии мушаххасро беҳтар мегардонанд ё ғайримустақим ба ин мусоидат менамоянд.

Ҳаҷми хароҷотҳои моддию пули доир ба тадбиқи тадбирҳои ташкили одатан хароҷотҳои корҳои техникию зироатии ҷориро дар хоҷаги намегузаранд. Дар баробари ин онҳо самарабахшию маҳсулноки барои тадбирҳоро баланд бардоранд.

Аз ҷумла дуруст ҷойгир кардани ғарами беда дар майдонҳо ҳангоми ҷамоварии зироатҳои ғалладонаги имкон медиҳад, ки тарафи он ва коҳреза паст карда шуда, ба ҳамин минвол паҳн гаштани тухмии алафҳои бегона пешгири карда шуда, майдон ба тези барои сари вақт муқашшар кардани паязор озод карда шавад. Ҳамчунин якбора дохил гаштани миқдори тухмиҳои алафҳои бегона ба қабати шудгоршавандаи хок кам мегардад. Аз майдон ҷамъ ва берун набаровардани санг ва харсангҳо боиси пайдо гаштани манбаҳои нави афзоиш ёфтани алафҳои бегона гашта дар як маврид барои саифабахш маҳв намудани онҳо ва дигар чораҳо монеъ мегарданд.

Ба тадбирҳои харитабанди намудани алафҳои бегона дар киштзорҳо интихоби роҳи ҳай карда бурдани чорво. Ба танзим гирифтани чаронидани чорво, маҳв намудани алафҳои бегона дар наздикии хати барқ ва ғ.

Дар мавриди ҷудогона ва мустақилона истифода намудани тадбирҳои муборизаи онҳо наметавонанд ба паст намудани фаъолияти ҳаёти ва папулятсияи зиёди навъи алафҳои бегона моҳиятан таъсир расонанд. Дар мавриди якҷоя ва пойдор пай ва аз ҷиҳати илми асоснок истифода бурдани ин усул ва тарзҳои ба ҳам алоқаманд ҳамдигарро тақвия бахшида ва мувоффақияти беҳтареро таъмин хоҳанд кард. Онҳоро тадбирҳои комплекси меноманд.

Тадбирҳои номбаршуда дар мубориза ба муқобили алафҳои бегона хуб омухта нашудаанд ва аз ҷиҳати самарабахши гуногун мебошанд. Бинобар ин тадбирҳои хуб коркардашуда ва дар Амалия барзгари санҷидашударо ба таври алоҳида аз назар гузаронидан лозим меояд.

Тадбирҳои пешгирикунанда

Аз ҷиҳати мав ва хароҷотҳои меҳнати тадбирҳои пешгирикунанда назар ба киркунанда фоиданоктар мебошанд, зеро ворид ва паҳн гардидани навъҳои осебрасонандаи алафҳои бегона-ро пешгири намуда осонтар аст назар ба маҳв намудани онҳо.

Дар пешгири намудани паҳншавии алафҳои бегона ба худудҳои нав моҳияти чораҳое, ки имконияти пурра озод намудани нашвӣ ва бартараф намудани фаъолияти хокгузаронии онҳо равона карда мешавад, бухусус калон аст.

Тоза намудани маводи киштшаванда. Дар мавриди нигоҳ доштани маводи барои тухми таъингашта дар он тухми ва самарии бештари алафҳои бегона фаъолияти ҳаётгузаронии худро пурра аз даст намедиҳанд. Дар асоси тадқиқотҳои М.В. Марков, дар шароити наздик ба намноки ва ҳарорати ҳавои нисбии наздик ба реҷаи анборхонаҳои ғалланигоҳдорӣ, тухми желтушник левкойний ва полевая баъди 4 соли нигоҳдорӣ қобилияти сабзиши онҳо мутобиқан 51 ва 82%-роташкил додаст. Дар паногоҳ маҳфуз мондани тухмии ангури сагаки Олга, печак, матинҷ на камтар аз 10 сол қобилияти сабзишро мутобиқан 20, 18, 12 ва 32 % соҳиб буданд (М. Тоҷибоев).

Бинобар ҳамин озод намудани маводи тухмӣ аз алафҳои бегона пеш аз ҳама аз бодиққатона тоза намудани он иборат Буда, ворид гаштани алафҳои бегона-и душвор ҷудошаванда ва навро соқит менамоянд.

Тоза намудани маводи тухмибоб.Дар асоси истифода намудани хусусиятҳои аз ҷиҳати физикӣ гуногуни тухмии зироатҳои мазрўи ва алафҳои бегона; хусусиятҳои аэродинамиқи, андоза (дарози, паҳнои, ғафси, зичи) коэффисенти кафиш муаян сохтани сатҳи ҳамвори асос меёбад. барои ин мошинҳои гуногуни ғаллатозакуни, ҳамчунин агрегатҳою комплексҳои ғаллатозакуниро истифода мебаранд.

Саривақт ва дуруст ғундоштани ҳосил.То вақти ҷамъоварии зироатҳои хоҷагии кишоварзӣ тухми ва самарии буштари алафҳои бегона дар киштзори онҳо пухта мерасад. Дар мавриди сари вақт ғундоштани зироатҳои ғалладонагӣ андухти асосии тухмии алафҳои бегона ба бордони комбайн афтида ва танҳо қимтаи ками он, ки пештар пухта расидааст, дар хок мемонад. Бахусус боқи мондани пояи баланд ва чалакҳои надаравида ба ҳеҷ ваҷҳ лозим нест зеро маҳз дар ҳамин гунна ҷойҳо алафҳои бегона самарии бештар меоранд.

Сари вақт ғундоштани зироатҳо силосбоб ва меваи зироатҳои бехдор ва картошка имкон медиҳад, ки як ҳиссаи нарехтаи тухми ва самарии алафҳои бегона қисман аз замин бо анбуҳи сабз аз майдон берун карда шавад.

Ҳангоми интиқоби тарзи ҷамъовари зироатҳои ғалладона лозим аст, ки имконияти паст фаровардани ифлосшавии хок, поя ва пешбеда аз тухми ва самарии растаниҳо ба ҳисоб гирифта шавад. Дар мавриди якбора гузаштани комбайн ҳангоми ғалладаравӣ тухми ва самарии алафҳои бегона назар ба гузариши дудаврагии комбайн камтар мерезанд. Ин аст, ки дар вақти ҷамъовари ҳосил тадбарҳоеро андешидан лозим аст, ки самар ва тухмии алафҳои бегона аз мошинҳои ғалладаравӣ, васоити нақлиёт ва қуттиҳои паҳн нагарданд. Барои ин мошинҳои ҳосилғундорро бо олотҳои барои ҷамъоварии тухми пешбинишуда муҷаҳоз месозанд. Дар мавриди пур гаштани олотҳои барои тухмии алафҳои бегона пешбинишуда онро дар ҷойҳои махсус рехта маҳв месозанд. Бо ба охир расидани кор дар қитъаҳои муайян қисмҳои ҳаракат кунандаи трактор мошинҳои ҳосилғундор ва олотҳои хоккоркунанда бодиққат аз тухмиҳои алафҳои бегона, решаи онҳо тоза менамоянд. Воситаи нақлиётро ҳангоми кашонидани ғалла бо борпуш (брезент), ки рехтани тухмиҳоро аз роғҳо пешгирӣ менамояд мепўшонанд. Пас аз фаровардани ғалла борпушро дар ҷойи махсус ҷудонашуда меафшонанд.

Дар мавриди ҷамъоварии ҷудогона лозим аст, ки тадбирҳои пешгири нашудани ифлосшавии хок аз тухми ва самарии алафҳои бегона дар назар гирифта шавад.

Тайёр намудани емворӣ барои хуронидан. Ҳангоми таъсир намудани емворӣ ба хусус беда ва пешбода, лозим аст, ки тадбирҳои ифлосшавии онҳо бо тухми ва самарии алафҳои бегона андешида шаванд. Дар баробари ин пешбода, беда ва пасмондаҳои ғалладонаро пеш аз хуронидан буғрони намудан лозим аст, зеро то ин дам пурра маҳв намудани ҷанини тухмии алафҳои бегона имконнопазир аст.

Ҷанини тухмии алафҳои бегона дар комбикорм ва ғалла барои фураж пешбинишуда низ маҳфуз мемонад.

Тайёр ва нигоҳдорӣ намудани пору. Қобилияти тухми ва самари алафҳои бегона доир ба пурра гумм кардани фаъолияти ҳайётиашон дар мавриди хуронидани онҳо ба чорво ва паранда ҳангоми ҷамъ гаштани онҳо дар пору, ки ба сифати нурии органики пурқимат истифода мегардад, муайян карда мешавад.

Тухмии алафҳои бегона ҳангоми хўронидан ва аз узвҳои хозимаи чорво гузаштани онҳо ба андозаи зиёд фаъолияти ҳайётиашон нигоҳ медоранд.

Имкон дорад, ки онро моҳиятан паст намуд, агар реҷаи муаянни тайёр намудан ва нигоҳ доштани пору риоя шавад. Самарабахшии зиёду бештареро дар мавриди истифодаи усули нарм кардану зич сохтан ба даст овардан мумкин аст. Пас аз як моҳи дар чунин пору боқи мондани тухмии алафҳои бегона қобилияти сабзиши онҳо 3,5%, 2 моҳ- 3,4%, 3 моҳ 0,1%-ро ташкил дода пас аз 4 моҳ онро пурра маҳв мегарданд.

Компасткунии пору бот арф ё орди фасфоритӣ нешзании алафҳои бегона-ро бо миқдори 2-3 маротиба паст мефарорад.

Дар мавриди нигоҳ доштани поруи паранда дар штабелҳо ба муддати 2-3 моҳ ё хушконидани дакиқ дар давоми 1 соат он аз тухмии қобилияти фаъолияти ҳайётидошта пурра озод мегардад. Барои он, ки тухмии алафҳои бегона бо наҷосати ҳайвонот ба заминҳо паҳн нагардад, чаронидани онро қатъиян манъ кардан лозим аст.

Тадбирҳои қиркунанда бар зидди алафҳои бегона.

Маҳв намудани алафҳои бегона дар хок ба воситаи коркарди он тарзи аз ҳама қадимтарин ва васеъ паҳншуда мебошад.

Барои маҳв намудани тухмиҳои фаъолияти ҳайётидоштаи алафҳои бегона ду самт: бартараф намудани навдаю майсаи онҳо ва паст намуданиқобилияти фаъолияти ҳайётидар хокбудаи тухми ва самарии алафҳои бегона истифода бурда мешавад.

Онҳо ба тариқи мушаххас дар тарзи ба таҳриқ овардану ҷуқур таги хок намудани ифода меёбад. моҳияти тарзи ба таҳрик овардан аз он иборат аст, ки дар майдони озод аз растаниҳои мазрўи барои сабзиши алафҳои бегона шароити мусоид фароҳам меоранд. Майсаҳоро маҳв месозанд. Агар майдон аз киштзор муддати дароз озод бошад, усули ба таҳрик оварданро 2-3 маротиба ва аз он ҳам бештар истифода бурда, ҳар бор барои сабзиши алафҳои бегона дар ин ё он қисмати қабати шудгоршаванда шароити мусоид фароҳам лозим аст.

Чунин шароитҳо пас аз ҷамъоварии ҳосил дар системаи тирамоҳии коркарди хок ва дар давраи баҳору тобистон дар майдонҳо, ки аз тирамоҳ кор карда шудаанд ва барои кишти зироатҳои баҳори ё замини пурра дамдода ҷудо карда шудаанд, муҳайё мегардад.

Дар бештари ноҳияҳои минтақаи Ғайрисиёҳзамин методи ба таҳрик овардан дар системаи коркарди хок, ки пас аз ҳосилғундорӣ аз муҳашшаркунии поя ва минбаъд шудгори тирамоҳи намудани хок бо пешилуг то ба чуқурии 20-22 см иборат мебошад, табиқ карда мешавад.

Дер муқашшар кардани хок, пеш аз ҳама бо сабаби идома ёфтани самардиҳии алафҳои бегона-и нашвикунанда, захираи тухмиро зиёд мекунад.

Ҳангоми дер муқашшар кардани хок тухмиҳои рехта бо сабаби нарасидани гарми, баъзан намӣ бад месабзанд, бинобар ин дар мавриди шудгори минбаъда ниҳолҳо катар маҳв мешаванд. Бинобар ин ҳар қадар муқашшаркуни барвақт гузаронида шавад, тухмии алафҳои бегона-и сабзида бисьёртар маҳв карда мешавад.

Барои паст фаровардани ифлосшавии қабати шудгоршаванда дар давраи баҳорию тобистона хусусиятҳои биологию экологии сабзиши тухмиҳои алафҳои бегона-ро ба назар гирифтан лозим аст. Тавре, ки як қатор корҳои олимон, ки дар минтақаи ғайрисиёҳзамини Россия ба анҷом расонда шудаанд аз давраи юаҳор то кишти зироатҳои баҳории барвақт қариб 8-20%-и майсаи алафҳои бегона аз миқдори умумии тухмиҳо, дар охири май ибтидои моҳи июн 25-69, дар июл август қариб 4-17, дар сентябр октябр на бештар аз 6-10% сабзида мебароянд.

Байни коркарди пеш аз кишти хок ва давраи максималии зоҳир гашутани майсаи алафҳои бегона ҳар қадар танаффус бошад ҳамон қадар маҳви онҳо ба даст меояд. Бинобар ин барои паст форовардани ифлосшавии майдонҳо дар системаи пешазкишти коркарди хок барои зироатҳои қатори ва баҳории дер (картошка, ҷуворимакка, офтобпараст, лаблабу, арзан марҷумак ва ғ) имкониятҳо зиёд мегарданд.

Дар ин маврид имкон дорад, ки на камтар аз 3 маротиба тухмии алафҳои бегона-ро ки дар қабати шудгоршавандаи хок қарор доранд. Барои сабзиш ба таҳрик овард ва ба ин васила ифлосшавиии киштзорҳоро паст фаровард. Баъди ин пас аз культифатсия ё малокуни ғулаккунии хок имкон медиҳад, ки ҳарорати хок ба миқдори 0,7- 2,5 С баланд бардошта шуда, алоқаи тухмии ба хок беҳтар карда шуда сабзиши онҳо чанд маротиба тезонида ва пурқувват гардонида шавад.

Дар мавриди ғелекмолӣ кардан пеш аз кишт бояд хавфи болоравии ифлосшавии киштзор ба назар гирифта шуда, тадбирҳои иловагии мубориза бар зидди алафҳои бегона андеша шавад.

Бомас дар ҳама қабатҳои шудгоршаванда барои сабзиши ба таҳрик медорад ва бештар дар мавриди чунин системаи коркард хок пурра маҳв карда мешавад: молакашиги барвақтинаи баҳорӣ (беҳтараш бо ғалакмолакунӣ) култиватсия култиватсияи пеш аз кишти ба чуқури 5-6 см ҳангоми зоҳир гаштани майсаҳо.

Самарабахшии методи ба таҳрикори дар системаи коркарди пеш аз кишти дар мавриди муҳлатҳои дери кишти зироатҳои соҳаи кишоварзи болотар аст.

Методи дуюми тоза намудани хок аз тухмиҳои қобилияти фаолияти ҳаёти доштаи алафҳои бегона аз чуқур таги хок намудани онҳо иборат мебошад. Дар ин маврид тухмиҳо ё тамоман намесабзанд, ё навдаи решии онҳо бо сабаби пурра истифода бурдани моддаҳои ғизоии дар эндаспермаи тухмибуда ба сатҳи болоии хок намебароянд. Ин методро барои он истифода мебаранд, ки тухмии алафҳои бегона-ро аз қобилияти ҳаётии онҳо макрум созанд ё зоҳир гаштани майсаи онҳоро дар давоми солҳои наздик то коркарди хок ба ҳамон андозаи чуқури пешгири намоянд.

Қисми бештари тухмии алафҳои бегона хангоми чуқур таги хок наимудани қобилияти ҳаётиашонро баъди 4-5 сол, тухмии баъзе алафҳои бегона-и махсусгардида бошад(плевелн, хирёни саҳроӣ, девгандум ва ғ.) дар давоми 1-2 сол дар хок маҳв мешаванд. Аз ин ҷост, ки шудгори чуқур (то ба 30-35 см) пас аз ҳар 4-5 сол дар мавриди коркарди муқаррари ё хурди хок дар солҳои боқимонда қобилияти фаолияти ҳаётии тухмии алафҳои бегона-ро маҳрум сохта, ҷойивазнамоии онҳоро дар қабати шудгоршаванда пешгири менамояд. Тухмиҳои соҳиби давраи зиёди оромидоштаро мебояд, ки ба зерқабати шудгор ба мудати дароз (9-10 сол) таги хок намуд. Дар хокҳои корамкардашуда тухмиҳо дар муҳлати кутоҳтарин маҳв мешаванд.

Дар баробари ин татқиқоти як қатор олимон нишон доданд, ки тухмиҳои чуқур таги хок кардашударо аз оромии дуюмбора баровардан мумкин аст, агар сохти қабати шудгоршавандаи мусоид фароҳам оварда шуда, дохилшавии ҷараёни гарми таъмин карда шавад. Дар чунин шароит сабзиши оммавии алафҳои бегона дар тамоми ғафсии қабати шудгор шаванда мушоҳида мешавад. Вале микдори асосии тухмиҳои нешзада, навдахои нешии захираашонро аз даст дода, қабати болоии хокро дарёб накарда маҳв мегарданд. Густ як навъи худ тозакунии он аз тухмиҳои алафҳои бегона руй медиҳад. Ин чараён ба дараҷаи бехтар дар замини пурра дам дода васеъ мегардад.

Дар Амалия бештар методҳои якҷояи ба таҳриковари ва қобилияти ҳаёти маҳрум сохтани алафҳои бегона ба восилаи коркарди гуногунчуқурии хок ба кор бурда мешавад.

Барои махв намудани қобилияти фаолияти ҳаётии узвҳои нашвии афзоишёбандаи алафҳои бегона бартарафсозии механики, хушкониш, заифсози ва пахшкуни ба кор бурда мешавад.

Бартарафсозии механики. Бо мақсади тоза намудани қабати шудгоршавандаи болоии хок аз бехреша (бехрешаи гандумак, колосняк, аҷриқ ва ғ) ба кор бурда мешавад. Дар мавриди чунин усул бехрешаи қабати болоии хок мавҷуд будар бо роҳи коркарди чандинкарата ба василаи култиваторҳои пружина ва штангадор ё мола ба қаду бар кашида мегиранд. Бехрешаҳои кашида баровардаро аз майдон чамъ оварда месузонанд. Бехрешаи колосняк ветвистого, аҷриқро, ки дар қабати зеркиштаи хок қарор дод, аввал шудгор намуда ба қабати боло мебароранд, сипас култиватсия ва молакуниро анҷом медиҳанд.

Як норасои ин усул пурра бартар накардани бехреша аз хок мебошад. Пораҳои хурди боқимондаи онро бо воситаи култиватор ба тарзи баробар ба сатҳи тамоми майдон мекашанд. Дар хоки хуб майдакардашуда барои ба тези сабзидани бехрешаҳои боқимондаи афзоиши алафҳои бегона шароити беҳтаринро муҳайё месозанд. Дигар норасоии он аз хароҷоту барзиёдатии коркард ва гардолудкунии хок ҳангоми култиватсия ва молакашӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин чорабиниҳои номбурдаро тавсия намекунанд.

Хушконидани бехреша дар офтоб. Ин усулро дар ноҳияҳои даштии иқлимашон хушк дар мавриди коркарди дамдиҳии замин ё шудгори барвақтии тирамоҳӣ ба кор мебаранд. Бехрешаро бо усулҳои мутобиқ наздик ба сатҳи болоии хок ҷой медиҳанд, ки пас аз 15-30 рўз онҳо мехушканд. Сипас имкони ҷамъ кардану сузондан пайдо мешавад. Дар мавриди боридани боришот ин усул натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд.

Усули заифсозӣ. Бо мақсади махв намудани алафҳои бегона-и бехҷасти ва бехрешагӣ аз чуқурии қарордошти навбехҳои решагӣ ва бехрешаҳо (хори морак, ширбарояк, талхак, печак, чилбанд ва ғ.) ба кор мебаранд. Заифсозии системаи решагии алафҳои бегона бо роҳи ба таври мунтаззам буридани навдаҳои дар сатхи болоии хок қарордошта ба даст оварда мешавад. Дар ин маврид модаҳои пластики дар системаи решагӣ барои ташакули ёфтани навдаҳои нав масраф гашта, пурра намегарданд. Вақте, ки онҳо тамоман масраф гаштанд, системаи решагӣ ба тамоми узвҳои зеризаминии афзоишёбандаашон мемуранд.

Усули заифсозӣ бо муваффақияти бештар дар майдони қисман дамдода бо роҳи култиватсияи бисёркарата ва бо таъсирбахшии камтар – дар системаи коркарди барвақти тирамоҳӣ истифода бурда мешавад. Барои тамоман маҳв сохтан системаи решагии сустгаштаро, ки қисман раҳо ёфтаанд, вале суст гаштаанд, тавсия медиҳанд, ки дар замини дамдода ё қитъаи шудгори тирамоҳшуда зироатҳои қаторӣ ё тирамоҳӣ кошта шавад. Ба василаи коркарди зироатҳои қаторӣ корро оиди бартараф сохтани узвҳои афзоишёбандаи алафҳои бегона-и бисёрсола ба охир мерасонанд. Зироатҳои тирамоҳӣ майсаи алафҳои бегона-и беҳолгаштаро соя афканда, маҳсулнокии ассимилятсияи онҳоро якбора паст фароварда, ҳамчунин маҳви пурраи системаи решагиро мусоидат менамоянд.

Мувофи Норасоии ин усул дар дарозмудат ва хароҷоти барзиёдатии он зоҳир мегардад. Ин норасоиро бо роҳи тавъам сохтани коркарди хоку истифодаи гербитсидҳо бартараф сохтани мумкин аст.

Усули пахшсозӣ. Ин усулро аз чихати назарияви В.Р.Вилямсон кор карда барои маҳв намудани гандумак пешниҳод намудааст.

Тафтиши эксперементалии ин усул ва дар амалияи васеъ татбиқ намудани он нишон доданд, ки самарабахшии баланди вай на танҳо дар маҳви гандумак, балки дигар алафҳои бегона-и бехрешагӣ ва бехҷастӣ, ки узвҳои нашвиашон дар қабати шудгоршаванда ҷойгиранд, мувофиқ меояд.

Моҳияти ин усул реза намудани бехреша ба қисмҳои на дарозтар аз 15-20 см ва ҷуқур таги хок намудани онҳо ҳангоми падидор гаштани майса иборат мебошад. Ҳар қадар қисмҳои хурдтар ва навдаро ҷуқуртар таги хок карда шаванд, ин усул самарабахштар аст.

Амалан пахшкуни дар системаи тирамоҳии тайёр намудани хок ё дар мавриди коркарди тирамоҳии майдонҳои қисман дамдода бо роҳи чархкаши салибмонанд то ба чуқурии 10-12 см ва минбаъд шудгори чуқур бо плуги пешплугдор ҳангоми зоҳир гаштани майсаҳои алафҳои бегона татбиқ карда мешавад.

Ҳангоми чархкаши уфуқи бехреша ва навдаҳои решагиро ба қисмҳои дарозиашон 10-20 см мебуранд. Пас аз 10-12 рўз онҳо майсаҳои саросар нешзадаро ҳосил мекунанд. Дар ин вақт шудгори чуқур гузаронида, пешплугро нисбати чархкаши чуқуртар ҷойгир месозанд. Қисмҳои нашвии таги хоккардашуда навдаҳои дуюмбораро медиҳанд, ки сатҳи болоии хокро дарёб накарда, маҳв мешаванд. Истифодаи мушаххаси нақшаи коркарди хок аз як қатор шароитҳо, аз он ҷумла аз тин ва навъи алафҳои бегона, аз чуқурии қарордошта узвҳои афзоишёбанда, аз ба қувватии қабати шудгоршаванда ва ғ, вобаста мебошад.

Маҳв сохтани алафҳои бегона дар киштзор

Аз лаҳзаи кишт ва дар давоми давраи тадбирҳои физикию механики мубориза бар зидди алафҳои бегона дар ҷараёни нигоҳубини зироатҳо бурда мешавад.

Моҳияти муҳимро малокашии пас аз кишти соҳиб аст. Онро то сабзида баромадани зироатҳои кишоварзӣ ва пас аз зоҳир гаштани онҳо гузаронидан мумкин аст. Дар ин ҳангоми кисми бештари ниҳолҳои наврустаи алафҳои бегона-ро бе захмдор сохтани майсаи зироатҳои мазрўи маҳв намудан имкон дорад.

Вақти гузаронидани молакаширо аз рўи вазъи ниҳолчаҳои зироатҳои мазрўй ва алафҳои бегона муайян мекунанд.

Малокашии қабл аз нешзаниро то зоҳир гаштани шилаҳои ниҳолҳои ғалладонаги, ки онҳо ҳануз сафеданд, муфид аст. Дар давраҳои минбаъда то баровардани 3-4 барг молакаши метавонад зарар расонад, растаниҳои суст решадаванда имкон доранд, ки бо мола канда шаванд ё таги хок шаванд.

Малакашии пас аз кишти. Ҳамчун усули мубориза бо алафҳои бегона0и камумр бахусус дар киштзори зироатҳои қатори васеъ истифода бурда мешавад.

Дар киштзори ҷуворимакка молакаширо одат 2 маротиба мегузаронанд: якум пеш аз нешзани бо молаи сабук ё дигар навъи мола қабл аз 3-4 рўз то зоҳир гаштани ниҳолчаҳо ба чуқурии на бештар аз 2-3 см; дуюм пас аз сабзидани ниҳолчаҳо дар давраи 2-3 ё 3-4 дона баргбарори. Малакаширо дар рузҳои офтоби на барвақтар аз соати 10-11, вақте, ки баргҳо қадре заифанд, мегузаронанд. Малокаши қабл аз 3-4 рўз то заҳир гаштани ниҳолчаҳо вақте, ки алафҳои бегона дар давраи белой ниточки мебошанд, ифлосшавии киштзорро ба миқдори бештар аз 50% кам мекунанд. Дар мавриди малокашие, ки ниҳолчаҳо 2-3 барг доранд ва алафҳои бегона 1-2 ҷуфт баргҳои ҳақиқиашонро ташаккул медиҳанд, маҳвшавии алафҳои бегона аз 45 % бештар намегузарад. Молакашии секаратаи пайдар пай ифлосшавии киштзорро ба миқдори 91-95 паст мефарорад.

Усули самарабахши маҳв намудани майсаи алафҳои бегона ҳангоми парвариши зироатҳои қатори аз коркарди байниқатори бо бартараф намудани алафҳои бегона аз қаторҳо ё хонаашон (масканашон) ба ҳисоб меравад. Пай дар пайи ва муҳлати коркард аз махсусиятҳои зироатҳои парваришёбанда дараҷаю хосияти ифлосшави ва аз истифодаи гербидсидҳо вобаста мебошад.

Талаботҳои асосӣ (умуми) нисбати коркарди байниқаторӣ аз инҳо иборат мебошанд.

Сари вақт гузаронидан (ҳамин, ки майса ё ниҳоли алафҳои бегона зоҳир мегарданд месабзанд).

Хуб буридани майсаи алафҳои бегона дар минтақаи коркардшаванда ва аниқ рондани трактору культиватор бо риояи минтақаҳои муҳофизати, то ки ба Буридану хокпўш намудани майсаи зироатҳои мазрўи роҳ дода нашаванд.

Мувофиқ ё мутобиқ сохтани маҳв алафҳои бегона бо дигар вазифаҳое, ки бо коркарди байниқатори алоқаманд Буда ва интихоби мувофиқи культиваторҳо узвҳои кори онҳо ва ғ.

Табирҳои биологӣ. Зери мафҳуми тадбирҳои биолгии мубориза ба муқобили алафҳои бегона маҳв ва пахш намудани алафҳои бегона-ро ба василаи организмҳои гуногуне, ки расании осеббинанда ба вазифаи манбаи ғизо хизмат мекунад, фаҳмида мешавад. Чунин организмҳо метавонанд вирусҳо, бактерияҳо, занбуруғҳо, нематодаҳо хазандаҳа ва ғ бошанд. Бештар нематора ва хазандаҳо истифода бурда мешаванд.

Ҳанўз дар охири садсолаи гузашта дар газетаи «землидельческой газете» («Рўзномаи борзгари»)хабар доданд, ки зарруҳи фитомиз (мушка фитомиза) ғурра, тухми ва бофтаҳои шумгиёҳро, ки дар офтобпараст, памидор, бангдона ва дигар зироатҳо туфайлихўри мекунад, ғизо мегирад. Дар як сол вай 4 насл дода 80-95% гулбаргро осеб расонда, маҳсулнокии тухмидиҳии алафҳои бегона-ро паст фаровардаю боиси маҳви он мегардад. Маҳви оммавии шумгиёҳ дар киштзори офтобпараст аз занбуруғи ҷинси фузариум мушоҳида шудааст.

Ҳоло зарруҳи фитомизро дар ноҳияҳои гуногун дар мубориза ба муқобили шумгиёҳ истифода мебаранд. Дар давоми 3-4 соли истифодабарии дар киштзорҳои полез ива 4-5 сол дар киштзори тамоми вай ифлосшавии то ҳадди ақал паст мефарорад.

Дар мубориза ба муқобили амброзия совкаи амброзиро, ки симаки он танҳо баргҳои амброзияи полиннолисти-ро хўрда ба дигар растаниҳо зарар намерасонад, истифода бурдан мумкин аст.

Доир ба як навъи нематода ( ) дар муқобили талхаки хазанда таҷриба гузаронида шудааст (А.И.Иванников).

Кирмакҳои он дар баҳорон ба ғалаи баргҳо афтида минбаъд бофтаҳои пояро ба сифатиманбаи ғизои истифода бурда дар он ҷо миқдори зиёди ғаллаҳоро ташаккул медиҳанд. Дар натиҷа дар соли оянда 50-60%-и талхази хазанда маҳвгашта, осебрасонии растаниҳои боқимонда паст мефарояд.

Барои пахш намудани баъзе аз алафҳои бегона патогенҳои занбуруғиро истифода бурдан мумкин аст. Аз ҷумла онҳо дар хори морак касалии доғи баргро ба вуҷуд меоранд. Соли 1920 дар Станцияи ҳифзи наботот шаҳри Иркутск палаи кори моракро дарёфтанд, ки аз ҷониби занбуруғи доғи барг осеб дида буданд. Дар навдаи ин алафҳои бегона вай спораҳои якҳуҷайрадорро ташаккул медиҳад. Дар охири тобистон спораҳои дуҳуҷайрадор ба вуҷуд меоянд. Ин спораҳо ба баргҳои алафҳои бегона афтида, калон гашта ба мағзи растаниҳо роҳ ёфта занбуруғро ҳосил мекунанд. Растаниҳои осебдида тобистон то гулшукуфои мемуранд.

Барои заҳролудкунии хори морак 10-20 буттаи алафҳои бегона бо урурспора мешуянд. Спораҳои санҷидашударо, ки дар ду сатил об тайёр карда шудаанд, барои заҳролудкунии 2,0-2,5 ҳазор растани истифода менамоянд. Растаниҳоро дар бегоҳирузи вақти барои сабзиши спораҳо мусоид ҳарорат ва нами ҳаво мешуянд.

Дар ПИТ-и барзгарии Қирғизистон штамми занбуруғ ҷудо карда шудааст. Таҷрибаи санҷиши нишон дод, ки пас аз 15-20 рузи пошидани он зарпечак тамоман нест гаштааст. Дар ин ҷо баъзе антибиотикҳо ба муқобили шумгиёҳ санҷида шуданд.

Агентҳои биологи дар мубориза ба муқобили алафҳои бегона, ки аз дигар ҷой оварда шудаанд ва дар шароитҳои нав душманони табии надоранд имконияти зиёдро фароҳам меоранд.

Норасоии тадбирҳои биологи дар мубориза ба муқобили алафҳои бегона аз интихоби амали танги онҳо иборат мебошад. Ба ғайр аз ин овардани организмҳои патогени (дардовар) метавонад барои дигар навъҳои табии ва растаниҳои мазрўи хафвнок бошад.

Афзоишёбии беназоратонаи онҳо ва истифодаи ин метод дар майдони маҳдуд, ки ба организмҳои патогении пестидҳо амали тазъиковар доранд ва барои ҳифзи зироатҳои мазрўи аз касосиҳою зараррасонҳо хавфнок аст, истифодаи ин тадбирҳоро маҳдуд менамояд.