Найти в Дзене
ИнфоТЧ

АЛАФҲОИ БЕГОНА ВА ТАДБИРҲОИ МУБОРИЗА БО ОНҲО

Нақша:

1. Мафҳум дар бораи алафҳои бегона

2. Зарари алафҳои бегона.

3. Паҳншавии алафҳои бегона.

1. Дар киштзорҳои гуногун ва майдонҳои дамдода, полезҳои наздиҳавлигӣ ва буттазорҳо, дар майдонҳои чарогоҳиву алафдарав растаниҳои зараррасон низ мерўянд. Чунин растаниҳое, киштзори хоҷагии кишоварзиро ифлос намудаю ба зироатҳои кишоварзӣ зарар мерасонанд, алафҳои бегона меноманд. Ба ғайр аз ин киштзори як навъ зироатро навъи дигари зироатро парваришёбанда - касифкунандагон, ки сифати ҳосилро паст мекунанд, касиф мекунанд. Масалан дар киштзори гандуми тирамоҳӣ ҷавдор ё ҷав,дар киштзоори гандуми баҳорӣ- овесро во хўрдан мумкин аст. Киштзори зироатҳои баҳорӣ бошад, бештар бо офтобпараст пахш карда мешавад ва ғайраҳо. Ҳангоми истеҳсоли тухмиҳои навъи ба касифкунандагон ҳамаи растаниҳои ҳамон намудеро, ки ба навъи муайян таалуқ надоранд, нисбат дода мешаванд.

Пайдо гаштани алафҳои бегона ба тарзи эволютсионӣ бо пайдоиши барзгарӣ алоқамандӣ дорад. Аз алафхои табии инсон растаниҳои маҳсулнок ва аз ҷиҳати ғизонокӣ ва хоҷагидорӣ арзишнокро интихоб намуда онҳоро дар заминҳои коркардшаванда парвариш менамуд. Дар баробари растаниҳои парваришёбанда растаниҳои ғайри қабул, тухмӣ ва узвҳои нашвии авзоишёбандае низ пайдо мешаванд, ки дар хоки коркардашавандда зоҳир мегаштанд ё ба он аз ҳудудҳои ҳамссарҳад ворид мегаштанд. Чунин алафҳои бегонае, ки ба киштзор аз майдонҳои гирдуатрофи оилаи растаниҳо мегузаранд, апофитҳо номида мешаванд. Ба онҳо, масалан, бунафша (фиалка полевая), часпак ( подмаренник цепкий), шилха (шавель конский ), қоқу (адуванчик), барги зулфи калон (падарожник большой), чилбанд (хвош полевой), гандумак(пырей ползучий), ва ғайра, ки дар заминҳои ғайри киштӣ хуб мерўянд, мансуб мебошанд.

Дар ҷараёни интихоби дуру дарози табии, ки бо фаъолияти барзгарии ҳазорсолаи инсон алоқамандӣ дорад, баъзе аз алафҳои бегона аз ҷиҳати экологӣ ба дараҷае ба шароити хоки коркардашаванда мутобиқ гаштанд, ки берун аз киштзор вонамехўранд. Инҳо девгандум (кулок обыкновенный) шўрак (марь белая) турби збой (редька дикая), бамас (овсюг) шўрок (марь белая) ҷағ-ҷағ(пастушья сумка) харзали ёбои (гарчица полевая) ва ғайра мебошанд. Онҳо ба ҷойҳои нави маскуни бо маводҳои кишткунанда аз васоити тозанакардаи нақлиёти ва қуттиҳо дар мавриди чаронидани чорво дар майдонҳо ва дигар роҳҳои бо фаъолияти истеҳсолии ба инсон алоқаманд, афтидаанд. Чунин навъи алафҳои бегона антропохорҳо номида шудаанд.

Алафҳои бегона ҳамчунин дар сохтмонҳои хоҷагидори ва оғилхонаҳо, дар рошҳаю канори роҳҳо, дар лаби обанборҳою девораи калонҳои обьёрикунанда ва дигар заминҳои ғайри қобили кишт месабзанд. Аз ин ҷо онҳо ба гирду атрофии киштзорҳои хоҷагии кишоварзӣ паҳн мегарданд.

Вобаста ба интихоби шароитҳои маскуни алафҳои бегонаро ба гурўҳи алафҳои бегонаи майдони ва хасухошоки ҷудо мекунанд.

Алафҳои бегонаи майдони одатан заминҳои ҳарсола ё даврагӣ киштшавандаташаккул меёбанд.

Алафҳои бегонаи хасу хошокӣ хам дар хоки коркарднашавандаи ковок ибо боқимондаи алафҳои ҷудогашта (тудаи хошок боқимондаҳои рўзгордорӣ ва ғ) ва ҳам дар хоки зичу сахт (роҳҳои автомобилгарди деҳаҳо мошинистгоҳҳо ва ғ) маскун мегиранд. Аз ин гуруҳ баъзан алафҳои бегонаи чарогоҳи, марғзори, ботлоқӣ ва ғ - ро ҷудо месозанд.

Дар киштзорҳои хоҷагиҳои собиқ мамолики шўрави қариб 1500 навъи алафҳои бегонаро ба ҳисоб гирифтаанд. Вале танҳо як ҳиссаи онҳо ба таври васеъ паҳн гардидаанд ва ба зироатҳои соҳаи кишоварзӣ осеби сахт мерасонанд.

2. Алафҳои бегонае, ки дар киштзорҳои хоҷагии кишоварзӣ меруянд, ба растаниҳои парваришёбанда ба тарзи гуногун таъсир мерасонанд.

Таъсири вобастаи алафҳои бегона дар он ифода иеёбад, ки онҳо шароити ҳайётии растаниҳои парваришёбандаро бад мекунанд, яъне аз онҳо намӣ, элементҳои ғизоии минералӣ ва равшаниро мегиранд. Растаниҳои бештари алафҳои бегона (бамас, хардаги ёбоӣ, турби ёбоӣ, ярутка полевая, василек синий, бобуна, амброзия польенношетная, пикульник, заметный) дар баъзе давраҳои нашвӣ ба миқдори 1,5-2,0 маротиба намиро назар ба растаниҳои парваришёбанда масраф менамояд. Дар майдонҳои ифлосгашта намнокии хок дар қабати маскунии решаи зеркишта ба миқдори 2-5% паст мегардад.

Системаи решагии баъзе алафҳои бегона назар ба растаниҳои парваришёбанда тезтар инкишоф ёфта, ба хок чуқуртар роҳ меёбад.

Масалан, решаи бомас -2м, қашқабедаи зард- 5,5м, хори марак дар соли сеюми ҳаёташ – 7м, чуқуриро дарёб мекунанд. Бинобар ин алафҳои бегона обро аз қабати маскунии реша пештар аз решаи алафҳои парваришёбанда дастрас менамоянд.

Дар баробари нами алафҳои бегона аз хок ба миқдори зиёд элементҳои ғизоии минералиро истеъмол менамоянд. Дар шароити вилояти Маскав онҳо аз хок 1/3 элементҳои асосии ғизоиро, аз киштзори гандуми тирамоҳӣ дар давраи хўшабандӣ мебаранд.

Дар шароити мусоид узвҳои нашвии баъзе алафҳои бегона бесуръат инкишоф ёфта, Рушду нумуи алафҳои парваришёбандаро пеш гузашта, онҳоро мепўшонад. Дар мавриди мавҷудияти алафҳои бегона дар қабати миёна равшании ҷав ва картошка мутобиқан ба 17,7 ва 23,6% назар ба киштзори тоза паст рафт.

Ин ба суст гащтани фотасинтез ва паст рафтани ҳосили зироатҳои хоҷагии кишоварзӣ бурда расонд. Растаниҳои мазрўй дар давраи барвақти инкишофёбиашон ба хусус онҳое, ки давраи авали инкишовёбиашонро суст мегузаронанд (арзан, ҷуворимакка, зағир, алафи судонӣ ва ғ.) аз нарасидани рушнои бештар тақсим мекунанд.

Ҳангоми сояафканӣ зироатҳои ғалладонагӣ байнибуғумҳои поёниашон дароз гашта устувории қисми поёнии пояшон паст рафта хобравии онҳо рўй медиҳад. Ҳавфи хобрави дар мавриди ифлосшавии кишзор аз ҷониби чунин алафҳои бегона ё, ки пояи растаниро бо вазни худашон печонида мегиранд. Ин ҷамъоварии ҳосилро душвор ва ҳатто номумкин мегардонад.

Баъзе аз алафҳои бегона ба поя ва решаи растаниҳои парваришёбанда часпида бо роҳи макидан аз онҳо об, элементҳои ғизоӣ ё моддаҳои пластикиро берун мекашанд. Ба хусус зарпечак дар байни бисьёр зироатҳо (себарга, юнучқа, зағир, лаблабу ва ғ) ва шумгиёҳ қариб 100 навъи растанӣ (офтобпараст, памидор, бангдона ва ғ)- ҳоро зарар мерасонанд.

Киштзор ва хокро соя афканда алафҳои бегона ҳароарит хокро ба миқдори 1-4 С паст мегардонанд. Фаъолияти ҷараёнҳои микробиологӣ дар хок ва биокимиё дар растаниҳо паст меравад, шароити фаъолияти ҳаётии растаниҳо парваришёбанда бад мегардад.

Алафҳои бегона инкишофи омавии касалиҳо ва зараррасонҳо, ки киштзори зироатҳои хоҷагии кишоварзиро осеб мерасонанд, мусоидат мекунанд.

Дар гандумаки хазанда зараррасонҳои бешумори растаниҳои парваришёбанда аз оилаи мятликовиҳо инкишоф меёбанд.

Дар алафҳои бенгона, ки ба оилаи мураккабгумон (астовиҳо) таалуқ доранд, гороховая совка (ба намуд, лўбиёиҳо, юнучқа, картошка осеб мерасонад), совка – гамма (ба нахуд. Себарга, картошка, зағир осеб мерасонад), рябинковый листоед (ба шалғам, себарга, картошка, алафҳои хўшадорӣ мурғзори хуҷум меорад) инкишоф меёбанд. Свекловычный клоп, луговой матылёк дар шўрак, шўргиёҳ, бомас ва матинҷ тухм мегузоранд. Ду навъи долгоносник – зараррасонҳои лаблабуи қанд ва розовый черв – заррарасони пахтазор дар алафҳои бегона инкишоф меёбанд.

Дар алафҳои бегона аз оилаи карамиҳо (чилликгулҳо) зараррасонҳои бешумори растаниҳои парваришёбанда, ки ба ҳамон оила мансубанд (карам, матсар ва ғ) зиндагӣ мекунанд. Стеблевая нематода дар давоми соҳаи дароз дар часпак маҳфуз монда метавонад ба растаниҳои парваришёбанда ҳангоми киштгардонии растаниҳо ба онҳо зарар расонад. Свекловичная нематоза ба лаблабу ба воситаи шўроки сафед ва дигар, алафҳои бегона мекузарад. Гамбуски Калорадо дар алафҳои бегона навъи ангури сагак муваққатан маскун мешавад.

Бештари барангезандагони касалиҳои хавфноки растаниҳои парваришёбанда ҳамчунин дар алафҳои бегона инкишоф меёбанд гандумак, аҷириқ ва дигар, алафҳои бегона дар оилаи мятликовҳо (хўшадорон) ҳамчун гузаронандаи доғи барг ва дигар навъи касалиҳои занбуруғии зироатҳои ғалладонагӣ ба ҳисоб мераванд. Головня овсюга овёсро осеб мерасонад. Чашми картошка (картофельный рак) ба зироатҳои парвариёбанда ба василаи ангури сагаки сиёҳ мегузарад. Барангезаи капустной килы дар турби ёвои ва дигар, алафҳои бегона аз силаи карамиҳо, барангезандаи ширинча бошад, дар бозейткани полези ҳаёт ба сар мебаранд. Бештари бемориҳои вируси ба восилаи ҳашаротҳо аз алафҳои бегона ба растаниҳои парваришёбанда мегузаранд.

Бар асари бад гаштани шароитҳои ҳаёт ва аз касалию зараррасонҳо осеб дидан сифати маҳсулоти зироатҳои кишоварзӣ паст мегардад. Ба ғайр аз ин бештари, алафҳои бегона хосияти заҳролудкунӣ, таъму бўи нохуш доранд. Ба ғалла орд емвори ва дигар навъи маҳсулот афтида онҳо ин маҳсулотро вайрон месозанд. Мавҷудияти миқдоран ками тухмии кўфташудаи девгандуми одди, плевел опьяняющий, базрулбанҷ (шохдона) талхак дар гандум онро барои истеъмоли инсону ҳайвон номумкин мегардонад. Гардак (пылца амброзии полыннолистной) ва шувоқи талх боиси бемории аллергӣ мешаванд. Дар чарогоҳ ё хасмеда мавҷудияти омехтаи растаниҳои талхаки хазанда, чанорак (лютикедкий) чилбанд ва ғ, метавонанд ҳайвонотро заҳролуд намоянд.

Ҳангоми ба чорво зодани қашқабеда лук круглый, шувақи талх шир ва гўшти он таъми нохуш пайдо мекунад.

Алафҳои бегона ҳангоми гузаронидани як қатор корҳои кишоварзӣ мушкили зиёд меоранд. Ифлосшавии барзиёди қитъаҳои замин, ба хусус бо алафҳои бегона-и беҳҷастию аҷириқӣ,коркарди иловагии хокро талаб менамояд ба миқдори 30% муқовимати кашиши олоти хоккоркунандаро баланд бардошта ва фарсудашавии қаблии узвҳои кориро боис мегардад.

Пояи дағали дарахтгаштаи қашқабада, хори морак барин, алафҳои бегона боиси шикастани мошинҳои ҳосилғундори мегарданд. Омехтаи анбуҳи сабзи алафҳои бегона дар таркиби ғалла кўфтанашонро дар комбайнҳо душвор мегардонад. А /б ғилборҳои безандаи онҳоро танба намуда аз кор боз медоранд ва мешикананд. Ба боргоҳ (бункер) афтида тухмии норасида, мева, қисмҳои сабзи поя ва баргҳои алафҳои бегона намнокии ғалла кўфташударо зиёд намуда, барои кашонидан тоза намудан ва хушконидани он хароҷоти иловагиро талаб менамоянд. Ҳамаи ин боиси паст рафтани маҳсулнокии меҳнат гашта арзиши аслии маҳсулотро баланд мебардорад.

Таъсири манфии мустақим ва ғайримустақими алафҳои бегона ба тағир ёфтани шароити ҳайётии растаниҳои соҳаи кишоварзӣ боис гашта, дар натиҷа ба паст гаштани ҳосил ва сифати он мегардад.

Сифати ғалла ва дигар маҳсулоте, ки аз майдонҳое, ки аз майдонҳои ифлосгашта ба даст меояд, якбора паст мегардад. Хўшаи зироатҳои нонворӣ норасида (пурра нагардида) боиси нишондоди пасти нонвойӣ мегардад. Афти он шишамонанд гашта ва таркиби протеин дар он назар ба он ҷое, ки ифлосшавӣ камтар буд, пасттар мешавад.

Дар қитъаҳое, ки картошка, лаблабу, сабзи кишта шудааст, аз сабаби мавҷуд будани, алафҳои бегона занбуруғҳои хурдва бехмевагиҳо ташаккул меёбанд; таркиби моддаҳои хушк кислотаи аскорбин ва каротин дар онҳо паст меравад.

Дар тухми офтобпарасте, ки дар майдонҳои ифлосгашта парвариш меёбанд, таркиби равған кам мегардад. А /б сифат ва баромади дарозии нахи зағирро паст менамояд.

Алафҳои бегона (ярутка полевая, хлоповник мусорный, лук круглый, шувоқи талх, пижма обыкновенная, аброзия полыннолистная) ҳангоми додан ба ҳайвон ба шир ва гушти онҳо таъми нохуш медиҳанд. Баъзе аз онҳо (пыкульник заметный, чертополох курговый, хорхасак, бомас, ангурисагак) пардаи луобиро захмдор намуда, Сум ва пусти ҳайвоноти хонагиро осеб расонида, боиси беморӣ мегарданд.

Чунин, алафҳои бегона ба мисли мушхор, шилқинак, череда ва ғ, пашми гўсфандону бузҳоро ифлос менамоянд.

Алафҳои бегона аз қобили девгандум, хордал, қаланфур, зардпечак, живокасть полевая, чемирка любеля, болиголов пенистный, чистотел большой, гистец однолетный. Пикульник заметный, вех ядовитый, бозрулбанҷ ва ғ. Ҳангоми хўронидани чорво боиси заҳролудшавӣ ва ҳатто муруш мегарданд.

Талафоти умумии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ аз алафҳои бегона дар собиқ ИЧШС қариб 3 млрд. рублро дар як сол ташкил медод. Вобастааз шароитҳои хоку иқлим, зироатҳои парваришёбанда ва дараҷаи ифлосшавии киштзор талафоти воқеи метавонад ба таври чашмрас тағир ёфта истад.

Ба ҳамин минвол, осебе, ки алафҳои бегона мерасонанд, гуногун Буда ҳамаи навъҳои истеҳсолоти хоҷагии кишоварзиро метавонад дар бар гирад.

Ҳаҷми талафот аз, алафҳои бегона аз дараҷаи ифлосшавӣ бартари доштани ин ё он навъ вазъ ва давраи инкишофёбии зироатҳои парваришёбанда вобастаги дорад.

Дар мавриди кам будани ифлосшавӣ аз алафҳои бегона зарар чашмрас нест. Бо афзудани алафҳои бегона дар киштзор зарари онҳо дарав афзоиш меёбад ва боиси паст рафтани ҳосил мегардад.

Парвариши зироатҳои гуногун ва мавҷудияти таркибан гуногуни, алафҳои бегона дар байни онҳо гуногунии шароитҳои хоку иқлими ва маданияти барзгари муқаррар намудани ҳаддҳои зарароварии, алафҳои бегона-ро ҳатто барои минтақаҳои ҷудогонаи мамлакат душвор мегардонад. Душвории масъала боз аз он иборат аст, ки зараррасонии алафҳои бегона натанҳо аз ҷиҳати миқдор, балки бо массаи заминиашон дар киштзор ба ҳисоби миёна дар 1 м, ҳамчунин ҳассосии зироатҳои парваришёбанда дар фазои гуногуни инкишофёбиашон муайян карда мешавад.

Дар нимаи дуюми нашвӣ ба тарзи саросар неш зада баромадани алафҳои бегона дар киштзори зироатҳои ғалладона ба ҳосили минбаъдаи ин зироатҳо таъсири манфи расонида наметавонад. Нашъунамои босуръати, алафҳои бегона дар нимаи дуюми нашви зағир лаблабуи қанд, картошка ва сабзавот ҳосили ин зироатҳоро чиддан паст мекунад.

Фазаи Рушду нўмуи растаниҳои парваришёбандаро, ки дар ин давра онҳо ҳассосанд дониста аз усулҳои мубориза дар зидди онҳо, дар мавриди хараҷоти камтарин имкон дорад, ки таъсири максималӣ бардорем.

3. Тарзҳои паҳн гаштани тухми ва самар. Паҳншавии тухми ва самарии алафҳои бегона ё ба василаи дастгоҳи мутобиқати растаниҳо- автохорни ё ба василаи ахбордиҳандагон – аллохории сурат мегирад. Дисперсияи ҷанини тухмиҳои растаниҳои автохорни бо ёрии қувваҳои гуногуни механики ба амал меояд. Масъалан: тухми ва самарии хардали дашти, карами дашти, турби ёвои, желтушник левкойный, бобуна дар гирду атрофии растаниҳои асосиашон (модариашон) зери амали қувваи кашиш (ҷозиба) автобарохи паҳн мегарданд.

Партофтан (пошидан)-и механики тухмиҳо бар асари хушкидани табақи самар дар бунафшаи саҳрои, нахўддонаи тангбарг ва дигар алафҳои бегона мушоҳида карда мешавад.

Алафҳои бегонае, ки самарии онҳо дар шакли ғуза аст, ҳангоми пухта расидани тухмиашон бо роҳи кушодани дандоначаҳо (девгандум, мехаки сафед, торица полевая) ба василаи сўрохиҳои ғуза (лола қизак, гули момои шалғаммонанд) ба воситаи сарпуши ғизои он чунбидани очный цвет ва ғ, кушода мешавад. Ҳангоми чунбидани растаниҳо, ки сабаби он шамол аст, тухмиҳо аз ғиза дар гирду атрофии растаниҳо паҳн мешаванд.

Тухмии қоқуи доруги хори морак, салибаи одди, эригерони канадагӣ ва бисьёри дигари алафҳои бегона аз оилаи астровиҳо тухми бод бар доранд, ки бо ёрии онҳо метавонанд дар мавриди вазидани шамоли суст ҳам ба гирду атроф ва майдонҳои дуртар низ паҳн шаванд.

Баъзе аз алафҳои бегона бо номи хори ғелон (шўрабуттаи ҷанубӣ, миҷинг, дескурения София ва ғ) ба дараҷаи зиёд навдабандӣ намуда ва дар охири давраи нашвиашон шакли буттаи курамонандро мегиранд. Бо ёрии шамол онҳо ба осонӣ ғеҷида тухмиашонро паҳн менамоянд.

Тухми ва самарии бисьёре аз алафҳои бегона-ро ҳайвонот, паррандагон, хазандагон паҳн мекунанд, ки ба тарзи дигар роҳи зоохорӣ номида мешавад.

Самарии часпакдори алафҳои бегона аз қобили ежидневной, Банги муқаррарӣ, часпак, череда трехраздельной дар шакли лангарак, чангак, хори дандонадор, пашмак, шўк ва ғ, ғурри доранд, ки бо ёрии онҳо ҳангоми бархўрдан ба ҳайвонот, парандагон,инсон часпида ба дигар макон мегузаранд.

Миқдори зиёди тухми ва самарии алафҳои бегона ба ҷойҳои нав ба василаи наҷосати паррандагон ва ҳайвонот паҳн мегарданд.

Самар ва тухмии як қатор алафҳои бегона ба таври басанда бомуваффақият ба василаи об- ба тарзи гидрохории гузаронида мешаванд. Ҳар қадар тухмиҳо қобилияти дар об истодан дошта бошанд ва ҳар чи онҳо ба таври оҳистагӣ тар гаштаю ба қаъри об фурў раванд, ҳамон қадар имконияти бо чунин роҳ паҳншавиро соҳиб мегарданд.

Ҷараёни обҳои баҳорӣ ва боронҳо тухмии нахчи саҳрои, хирёки саҳрои, тугмагули кабуд, живокости полевой, шўрак, куноҳаки қурбоққа ва ғ-ро ба элементҳои пасти релефи майдонҳо мебаранд, ки дар натиҷа буттазори саросари онҳо пайдомегардад.

Миқдори зиёди тухми ва самарии ҷойҷувории алепсӣ, аҷириқ, печак, ежовник петуше просо, ежовник рисового, сукгиёҳ, горца шероховатого, матинҷ ва дигар алафҳои бегона ба василаи обҳои обёришаванда гузаронида мешаванд.

Ба паҳн гаштани навъҳои бешумори алафҳои бегона худи инсон ҳам бевосита ва ҳам ба восилаи воситаи истеҳсолот (мошинҳои кишоварзӣ, васоити нақлиёт, зарфу қуттиҳо ва ғ) бавосита бо роҳи антропохорӣ боис мегардад.