Найти в Дзене
ИнфоТЧ

МАҲСУЛНОКИИ НАВЪҲОИ ГАНДУМИ МУЛОИМ ДАР ШАРОИТИ ЗАМИНЊОИ ЛАЛМИИ НОЊИЯИ ДАНЃАРА ВОБАСТА БА МЕЪЁРИ КИШТ

САРСУХАН Гандум яке зироатњои муњими ғалладонагї ба шумор рафта, ќариб дар тамоми мамлакатњои дунё парвариш карда мешавад. Гандум дар Тоҷикистон хусусан дар байни зироатњои ғалладонаги бо масоњати майдони кишт ва њосилноки дар ҷои аввал меистад. Мувофиќи маълумоти оморї соли 2005 майдони кишти гандум 317, 7 њазор гектарро ташкил мекард, ки њосилнокиаш ба њисоби миёна ба 19, 6 с/га баробар буд. Соли 2015 бошад майдони кишти гандум дар ҷумҳури 295.7 ҳазор гектарро ташкил карда ҳосилнокии миёнаи он ба ҳисоби миёна ба 20, 2 с/га рост меомад. Вазифаи он зиёд намудани истењсоли гандум дар шароити гузариш ба муносибатњои иќтисоди бозаргони ва бо суръат афзоиш ёфтани ањолии боз њам масълаи њаёти ва рўзмарра шуда истодааст. Дар љумњури имконияти минбаъд афзун кардани истењсоли гандум аз њисоби бештар намудани майдонњои кишт мањдуд аст. Аз ин лињоз зиёд шудани истењсоли гандум бояд танњо аз њисоби баланди њосилнокии ин зироат амали гардонида шавад. Дар сурати риояи низоми технологї ва самарано

САРСУХАН

Гандум яке зироатњои муњими ғалладонагї ба шумор рафта, ќариб дар тамоми мамлакатњои дунё парвариш карда мешавад. Гандум дар Тоҷикистон хусусан дар байни зироатњои ғалладонаги бо масоњати майдони кишт ва њосилноки дар ҷои аввал меистад. Мувофиќи маълумоти оморї соли 2005 майдони кишти гандум 317, 7 њазор гектарро ташкил мекард, ки њосилнокиаш ба њисоби миёна ба 19, 6 с/га баробар буд. Соли 2015 бошад майдони кишти гандум дар ҷумҳури 295.7 ҳазор гектарро ташкил карда ҳосилнокии миёнаи он ба ҳисоби миёна ба 20, 2 с/га рост меомад.

Вазифаи он зиёд намудани истењсоли гандум дар шароити гузариш ба муносибатњои иќтисоди бозаргони ва бо суръат афзоиш ёфтани ањолии боз њам масълаи њаёти ва рўзмарра шуда истодааст. Дар љумњури имконияти минбаъд афзун кардани истењсоли гандум аз њисоби бештар намудани майдонњои кишт мањдуд аст. Аз ин лињоз зиёд шудани истењсоли гандум бояд танњо аз њисоби баланди њосилнокии ин зироат амали гардонида шавад. Дар сурати риояи низоми технологї ва самаранок истифода бурдани заминњои корам имконияти воќеии 1, 5-2 баробар зиёд кардани истењсоли ѓалла мављуд аст.

Ноњияи Данѓара яке аз минтаќањои асосии парвариши зироатњои ѓаладонагї, хусусан гандум мебошад. Солњои охир майдони кишти гандум дар ноњия 28, 4 ҳазор гектарро ташкил мекунад. Ќисми асосии майдонњои кишти гандумро заминњои лалмї ташкил медињад. Минтаќаи Данѓара бо хусусиятњои зимистони на он ќадар сард ва бањори барваќт фарќият дошта, барои парвариши гандуми тирамоњї мувофиќ аст. Аз ин ру ба роњ мондани парвариши гандуми тирамоњї ва риоя кардани талаботи агротехники боиси зиёд гардидани њосилнокї мегардад.

Заминњои лалмии парвариши гандум ва дигар зироатњо асосан дар минтаќањои Олимтой љойгир шудааст.

Солњои охир њосилнокии растанињо дар заминњои лалмї кам шуда, дар баробари он сифати њосил низ паст гардидааст. Сабаби асосии чунин њолат паст будани сифати маводи кишт, риоя нагардидани низоми киштгардон, коркарди хок ва монанди инњо мебошад. Чунин њолатњо боиси кам шудани њосилнокї, паст гардидани њосилхезии хок, зиёд пањн гардидани алафњои бегона ва касалию зараррасонњо гардидааст. Аксарияти дењќонон чунин аќида доранд, ки бо зиёд кардани меъёри кишт њосили дилхоњ ба даст меоранд. Аз ин сабаб њоло дар 1 гектар то 250-300 кг тухмї кишт карда мешавад. Њол он ки мувофиќи тавсияњои адабиёти илмї меъёри кишти гандум дар заминњои лалмї бо назардошти талафёбї ва дигар омилњо то 120 кг/га мебошад.

Вобаста ба њолати мазкур маќсади тадќиќоти илмии мо муайян кардани таъсири меъёрњои гуногуни кишт ба мањсулнокї ва њосилнокии навъњои гандуми мулоим дар шароити заминњои лалмии ноњияи Данѓара мебошад.

Вазифаи тадќиќот аз инњо иборат аст:

· Кишти тухмии навъњои гандум дар шароити заминњои лалмии қитъаи таҷрибави бо меъёри гуногун,

· Парвариш ва нигоњубини навъњои гандум дар давраи нашъунамо,

· Бањо додан ба аломатњои мањсулнокии растанињо дар давраи нашъунамо,

· Муайян кардани мањсулноки ва њосилнокии навъњои гандум,

· Њисоб кардани самаранокии иќтисодии парвариши гандум дар шароити заминњои лалмии нохияи Данғара вобаста ба меъёри кишт.

БОБИ 1. МАЪЛУМОТИ САРЧАШМАЊО

1.1. Пайдоиши намудњо ва пањншавии гандум дар кураи замин

Гандум яке аз зироатњои муњими озуқаворист, ки аз руи миқдори сафеданоки ва хушњазмшави аз дигар зироатњои ғалладонаги фарқ мекунад. Дони гандум дар таркибаш 12-19% сафеда, 63-79% оњар (крахмал), 2% равған, инчунин аминокислотањо аз қабили (аргинин, гистидин, лизин, триптофан, систеин) ва моддањои кимиёвии дар организм тез њалшаванда аз қабили калсиий, фосфор, оњан, витаминњои гуруњњи В1, В2, ва Р дорад. Аз дони гандум орд, спирт, оњар, ширеш(декстрин), макарон ва ғайра истењсол мекунанд. Сабус пахол ва коњрезааш хамчун хуроки чорво истифода бурда мешавад.

Мувофиќи маълумоти омории ташкилоти байналмилалии озуќавории Созмони милали муттањид (СММ) соли 2012 дар дунё кишти гандум 218 млн. гектарро ташкил кардааст (ФАОСТАТ, 2013).

Аз руи хусусиятхои пайдоиш гандум, ба ноњияњои Ҷанубу ғарбии Осиё таалуқ дорад. Бино ба маълумотњои њафриёти дар мамлакатњои Осиёи Пеш (Туркия, Ироқ, Сурия, Эрон) 6-7 њазор сол пеш аз мелод, дар Юнону Булғористон 6-5 њазор сол, дар Миср бештар аз 4 њаз сол пеш аз мелод гандумро мекоштанд. Кишти гандум дар Осиёи Марказї таърихи қадима дошта, дар Бохтар дар асри 4 пеш аз мелод шуруъ шудааст. Саёњи итолияви Марко Поло бисёр будани кишти гандумро дар Помир кайд кардааст (ххх).

Олими рус Н.В. Вавилов Тоҷикистонро маркази пайдоиши навъњои гуногуни гандум медонад. Дар «Иршод-уз-зироа-фи-илм-ил њироса» навъњои гуногуни гандум (сафедак, сурхак, канагандум, гулгандум, пањнгандум, сиёњдона, сурххуша, сафедаки калон, сафедаки реза ва ғайра) қайд гардидааст, ки ин нишонаи яке аз марказњои парвариши гандум будани Осиёи Марказї аст.

Гандум зироати яксола буда, дар натиҷаи дурага кардани намудњои гуногуни растанињои хушадор руёнда шудааст.

Дар айни замон 27 намуди гандум аниқ шудааст, ки аз ин миқдор асосан гандуми сахт ва мулоим парвариш карда мешаванд. Гандуми сахт ва мулоим аз руи сохти эндоспермаашон фарқ мекунанд. Эндоспермаи дони гандуми сахт хосияти зичиаш зиёд аст. Бинобар он дони гандуми сахтро дар истењсоли макарон, риштаугро ва дигар мањсулоти аз орд тайёршаванда истифода мебаранд.

Дар таркиби эндоспермаи нисбатан ковоки гандуми мулоим сафеда камтар буда, миқдори оњар хело зиёд аст . Аз орди ин гандум асосан нон мепазанд. Давлатњое, ки асосан гандум истењсол мекунанд инњо: Чин, њиндустон, Канада, Россия, Қазокистон ва Украина ба шумор меравад. Дар ҷумхурии мо асосан гандуми тирамоњӣ мекоранд, зеро дар ин мавсим растани метавонад намии боришоти давраи тирамоњ, зимистон ва аввали бањорро самаранок истифода барад. Ин аст, ки гандуми тирамоњӣ нисбат ба бањори серхосилтар аст.

Хочагињои пешқадаме, ки қоидахои асосси павариши ин зироатро пурра ба ҷо меоранд, њосили баланд ба даст меоранд. Солњои пеш хоҷагии «Комунизми»-и ноњияи данғара њосилнокии гандуми тирамоњиро дар заминњои лалмӣ ба 30 с/га расонида буданд. Дар таҷрибањои кафедраи растанипарварии Донишгоњи Аграрии Тоҷикистон истифодаи меъёрњои хисоб шудаи нурињо имконият дод, ки аз гандуми навъи Сете-Серрос-66 дар шароити водии Њисор аз њар як гектар 60-70 сентнер дон гирифта шавад. Дар бригадаи Ш. Шарифов аз хоҷагии «Ленинград»-и ноњияи Кўлоб њосилнокии гандум аз хар як гектар ба 23 сентнер расонда буд. Бригадаи Н. Эшмуродови хоҷагии «Янги Турмуш»-и ноњияи Колхозобод аз њар гектар замин ба 55 сентнер дон гирифта буданд. Дар хоҷагии пешқадами ба номи Мукаррами ноњияи Исфара дар натиҷаи мукаммалгардонии технологияи парвариш солњои охир аз њар як гектар замини кишти гандуми навъи Спортка 80 сентнери дон руёнида мешавад. Дар Британияи Кабир, Исландия, њосили миёнаи гандум аз як гектар ба 80 сентнери мерасонанд. Ин мисолњо аз дараҷаи баланди хосилнокии хақиқии гандум шањодат медињад.

1.2. Хусусиятњои морфологи ва биологии гандум

Гандум ба синфи якпаллагињо, оилаи хушадорон таалуқ дорад. Авлоди гандум (Triticum) 27 намуд дорад. Ду намуди он: гандуми мулоим (Triticum aestivum L.) ва гандуми сахт (Тriticum durum Desf.) дорои ањамияти истењсолианд. Дони гандум дар њарорати 1-2 0С ба сабзиш сар мекунад. Барои пурра пайдо майсањо харорати 12-150С кофи аст. Дар сурати то 3-40С паст шудани њарорат панҷазании гандум қатъ гашта баробари баланд шудани он боз идома меёбад. Дар давраи нашв барои нашъунамои гадуми тирамоњӣ 1400-15000С њарорати фаъол лозим аст.

Гандуми тирамоњӣ нисбат ба бањори сармобардор њангоми кофи будани қабати барф ба хунукии 200С тоб меорад. Агар њангоми ширагирии дони гандум нами хок кам ва њарорати њаво бисёр гарм (35-400С) пас дон майда ва нопурра мешавад. Гандум баъди неш задан 5-то нахуст реша бароварда, баъдтар аз бандњои зерихокии поя боз решањои иловаги инкишоф меёбад.Гандум ба хок чуқур (100 см, баъзан 180 см) реша ронад њам, қисми асосси решањояш дар қабати шудгошавандаи хок ҷой мегирад. Дараҷаи пањншави ва чуқурии решаи гандум ба таркиби хок ва нурињои ғизои вобаста аст. Аз њар як растании гандум аз минтақаи панҷазани аз 2 то 12 ва аз он њам зиёдтар поя ба боло қад мекашад. Пояи гандум рост буда аз 40см то 2м қад мекашад. Барги гандум аз пањнак ва ғилофак иборат аст. Пањнаки барг дароз буда, рагрониаш мутавозї аст. Талаботи асосї ба сифати дони гандуми мулоим мувофиќи стандартњои давлатї дар љадвали 2 оварда шудааст.

Дар гандум хушагули мураккаб месабзад, ки аз хушачањо иборат буда, дар тири њар кадом хушача ду пулакчаи хушаги њаст ва дар паси онњо аз 2 то 7 гул ҷойгир аст. Дар њар гули гандум ду то пулакча дида мешавад, ки дар байни онњо узвњои афзоиши гул яъне се гардбарг ва тухмдон ҷойгир аст. Гули гандум худгардолудшаванда буда ин њодиса то шукуфтани гул амали мегардад. Давомот ва қувваи сабзиши гандум ба хосияти навъи он, њарорат, нами таркиби хок, шароити ғизогири ва тарзи киштукор вобаста аст. Дони гандум гуногунранг (сафед, сурх, зартоб, бунафш), луч ё пардадори тухумшакл, дарозруя буда, дар мобайнаш (ба дарозии дон ) ҷуякча дорад. Вазни њазор донаи гандум дар тоҷикистон ба хисоби миёна 30-60 г аст.

Гандум зироати намидўст аст. Дараҷаи коэфитсиенти транспиратсиони он ба 400-500 воњид барбар мебошад. Кишти тирамоњӣ дар шароити Тољикистон њангоми кофи будани нами ва истифодаи дурусти нурињо нағз сабзида њосили баланд медињад. Гандум нисбат ба хок ва њосилхезии он серталаб аст. Аз ин боис гандум дар заминњои њосилхез ба қадри зарури сернам ва аз алафњои бегона тоза кошта мешавад. Барои ташакуул ёфтанм 1 сентнер дон ва мутаносиби баргу поя гандум аз хок 3, 25 кг N, 1, 25 Р2О5, ва 2, 0 кг К2О тақозо дорад. Давомнокии даврви нашъунамои гандум вобаста ба навъ, муњлати кишт ва агротехникаи парвариш 180-240 рӯз аст. Дар баланд бардоштани њосилноки интихоби навъњои пурмањсули баландњосил ва аз хобидан эмину ба касалию њашаротњои зараррасон тобовар ањамияти калон дорад.

Навъњо. Дар Тоҷикистон навъњои зерини гандум ноњиябанди карда шудаанд. Аз гандумњои мулоим Сете-серос 66, Наврӯз, Эритросперум-401, Ҷағер, Сафедаки мањали, Бобило ва аз гандумњои сахт – Ватан.

Сете-Серрос-66- навъи поякутоњу миёнапаз буда, тирамоњ ва бањор кошта мешавад.Навъи биологии бањори, кадпасту хобнорав буда чандон тоби хушки ва хунуки надорад.Вазни (массаи) 1000 донаш 37.6-42.2г аст. Дар солњои сербориш ба касалии зангзани (ржавична) гирифтор мешавад.Ба хели намуди эритролеукон мансуб аст.

Наврӯз- навъи миёнапаз ва хобнорав аст.Ба зимистонгузарони нисбат ба навъи Сете-Серро тобовартар мебошад.Ба касалии зангзани кам гирифтор шуда, ба сиёњаки сахт(твердая головная) ба таври миёна гирифтор мегардад. Ба хели намуди Эретроспермум мансуб аст.

Сафедаки Мањалли- ба шароити ВМКБ мутобиқ кунонда шудааст.Хели намудаш Грекум мебошад. Навъи боологӣ бањорист, лекин дар тирамоњ њам кошта мешавад, яъне он гандуми дуфасла(дауручка) аст. Донаш сафеду оњардор буда, вазни 1000 донаш ба 47.2г баробар мебошад. Ба пошхури и дон устувор буда, ба хобидан нимустувор аст.Шаффофиааш 70% буда, дар таркиби донаш 16.5% протеин ва 41.2% охар дорад.

Эритроспермум-401- дар инситути илмию тадқиқоти «Fалла»-и Узбекистон бороњи интихоби бисёркарата аз комбинатсияи дураги Сурхан -5688 Х.Предгорная бароварда шудааст.Гуногуннамудиаш эритроспермум мебошад.Дар ҷумњурии мо аз соли 1986 кишт мешавад. Ин навъ дар заминњои лалмии митақањои иқлими ҷумхури (ғайр аз ВМКБ) кишт мешавад. Хушааш камоншакл , дарози ва зичииаш миёна буда, донаш тухмшакли нисбатан калон аст. Вазни 1000 донаш 40-48г мебошад.давраи нашъунамояш 126-131 рӯз буда њосили миёнаи донаш дар қитъхои навъсанҷии лалми 2.2 тонна/га мебошад. Навъи миёнапазаки думавсима буда, дар шароити ҷумњури зимистон гузарониаш хуб аст ва ба хушки тобоварии баланд дорад. Нисбат ба хобрави устувориаш 4-5 хол(балл) аст. Навъи мазкур дар шароити мукарарри ба касалии зангзании зард ва бур миёна ба сиёњак суст гирифтор мешавад.Шаффофнокии миёнааш 91.8-94.7%, протеин-15.2%, клейковинааш (ширешак) 33.5%, намуди зоњирии нонаш -3.1 ва ковокиаш-3.2-3.8 хол буда сифатнокии нонаш қаноатбахш аст.

Ватан - аз наъи гандуми сахт мебошад. Вазни 1000 донааш 47г буда, ба хушки тобовар аст. Хобнорав буда, ба касалии зангзани кам гирифтор мешавад. Шаффофиаш баланд -98% аст ва дар донаш 17.1% пртеин (ширешак) дорад. Ба хели намуди леукурум таалуқ дорад.

Шарора – наъи гандуми мулоим буда, дар итињодияи илмию итењсолии «зироаткор» бо усули интихоби фарди аз намунахои Пажуњишгоњи умуитиифоқии растанипарварӣ (ВИР) бароварда мешавад. Ба хели намуди Албидум мансуб аст. Хушаю донаш сафед буда, пулакчањояш бе муяканд. Ин навъ соли 1995 дар чумњури нохиябанди кунонида шудааст. Дар заминњои обию лалмии њамаи минтақањо, ғайр аз ВМКБ парвариш карда мешавад. Муаллифони навъи «Шарора» Л.Карамхудоев ва А.Ф.Лашкарева мебошанд. Мувофики маълумотњои озмуни навъсанҷи (1986-1990) «Шарора» нисбат ба навъи стандарти аз њар як гектар 13.1 сентнер ё худ 23.4% зиёд њосил додаст. Дар заминњои оби њосили он аз хар гектар то 60-70 сентнер, лалми 45-50 сентнер мерасад. »Шарора» навъи биологии бањори бошад њам, дар шароити Тоҷикистон њамчун навъи ду фасла истифода бурда мешавад. Ин навъро бањору тирамоњ коштан мумки аст.Хосилнокии кишти тирамоњи нисбат ба бахори 25-28% зиёд аст. »Шарора» зимистонро нағз аз сар мегузаронад, ба хушки тобовар буда, донаш пош намехурад ва касалињои занбуруғи сироятнопазир аст. Баландии пояаш дар заминњои лалми ба 90-110 см, дар заминхои оби ба 110-120 см баробар буда, хобнорав аст. њангоми кишт истифода бурдани 5 млн тухми дар 1 гектар гирифтани њосили баландро таъмин мекунад. Вазни 1000 донааш 40.2г аст ва давраи нашъунмояш 188-220 рӯз давом мекунад.

1.3. Тасири меъёри кишт ба њосилнокии гандум.

Мувофиқи ташкилоти байналхалқии кишоварзи (ФАО) дар соли 2012 њосили гандум дар ҷахон 647.3 млн тонна гирифта шуд, ки њосилнокии он аз њар гектар 29 сентнерро ташкил мекард.

Меъёри кишти тухми вобаста ба шароити хоку иқлим, муњлати кишт, сифати тухми коркарди хок, навъ, дарҷаи ифлосии майдон, захираи нами ва пешинакиштњо муайн карда мешавад. Масалан меъёри тухми барои навъи Сете-Серрос-66 5-6 млн. ва барои дигар навъњо аз 3 то 5 млн дони нешзанадаро ташкил медињад. Дар заминњои лалми нисбат ба оби 1-1.5 млн дон кам тухми мекоранд.

Меъёри тухми аз руи вазн бо назардошти вазни (массаи) 1000-дона ва барои киштшоям будани сифати хоки хоҷагихо муйян карда мешавад. Дар шароити заминњои лалмӣ 300-400 ва дар заминхои обӣ 500-600 дона пояи мањсулдењ дар њар 1м ба талабот ҷавобгу аст. њангоми кам кардани меъёри тухми киштзорњо сирак гашта, дар сурати зиёд коштани онњо панҷазани мањсулнок суст ва вазни донањою донадоршавии хушањо кам шуда сифаташон паст мегардад.

Дар сурати риояи қатъии усулњои таёркунии тухмињо ба кишт ва иҷроиши усули истифодабарии меъёри 4-5 млн. дони нешзанада дар њар як гектар имконият медињад, ки њосили баланди дони гандум гирифта шавад. Барои ин зарур аст, ки дар киштзорњо њангоми пайдоиш ва инкишофёбии узвњои генеративи шароити аниқ мухаё карда шавад. Дар ин хусус таҷрибахои мамлакатњои хориҷи гувоњи медихад. Масалан, дар Бритониёни Кабир меъёри тухми аз њисоби 200 растани дар 1м (100-110 кг/га) муқаррар карда мешавад ва дар баробари ин кушиш мекунанд, ки дар 1м 700 дона пояи мањсулнок пайдо шавад.

Зироатњои пешина кишт. Усули интенсиви талаб мекунад, ки гандум њангоми киштгардонхо пас аз зироатхои пешинакишти арзишнок кошта шавад. Китъахо бояд хосилхез ва аз алафњои бегона тоза бошад. Барои гандум дар заминњои лалми киштшаванда зироатњои пешинакишти бењтарин инњоянд: юнучқа, нахуд, наск, зироатњои полези, зироатњои хуроки чорво, ва ғайра. Дараҷаи арзишнокии зироатњои пешинакишт бо тартиби дар боло навитаашон мувофиқат мекунад.

Мувофики маълумотхои Лашкарева А.Ф. њангоми коштани гандум пас аз юнучқа дар заминњои лалмӣ њосилнокии он 7-8 с/га зиёд мешавад. Натиҷаи таҷрибањои олимони Узбекистон нишон медињанд, ки њангоми коштани гандум дар заминњои пурра дамдодашуда њосилнокии он 2.5 мартиба афзуда, сифатњои тенологии тухмиаш бењтар мегардад. Дар Тоҷикистон барои заминхои лалми вобаста ба хусусиятњои таббию иқлими гузаронидани киштгардонњо аз руи нақшаи зерин тавсия мешавад.

1. Барои заминњои лалмии аз бориш кам ва нимтаъмини вилояти Хатлону Суғд ва ноњияи Турсунзода киштгардоњои се ва панҷмайдона:

Киштгардони се майдона:

1. Замини пурра дамдодашуда

2. Гандуми тирамоњӣ.

3. Гандуми тирамоњӣ.

2. Барои заминњои лалмии аз бориш таъмини вилояти Хатлон, ноњияњои Рудакӣ, њисор ва Вањдат киштгардонњои шаш ва дахмайдона:

Киштгардони даҳ майдона:

Солњои 1-3.Алафњои бисёрсола (юнучқа).

Соли 4. Гандуми тирамоњӣ.

Соли 5. Зироатњои хўроки чорво.

Соли 6. Зироатњои лубиёдонагӣ.

Соли 7. Гандуми тирамоњӣ.

Соли 8. Зироатњои байни каторашон коркардшаванда.

Соли 9. Гандуми тирамоњӣ.

Соли 10. Ҷави тирамоњӣ

Коркарди хок. Силсилаи коркарди хок барои гадум бо зироати пешинакишт, хусусиятњои минтақа ва вазъи майдонњо алоқамандии зич дорад. Он бояд заминро аз бодлеси нигоњ дошта, обро захира ва њифз намояд.Пас аз коркад сатњи замин бояд хамвор гашта, алафњои бегона њашароти зараррасону барангезандагони касалињои растани нест карда шавад.

Дар заминњои лалмие, ки норасои нами мушоњида карда мешавад, вазифаи коркарди хок аз захира кардан ва њифз намудани нами иборат аст.

Мувофиқи тавсияномањои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон оид ба парвариши зироатњои ғалладонаги шудгори заминњои коркардшудаи дамдода, тирамоњи барвақт дар чуқурии 25-30 см бо испорњои (плугњои) ПН-3-35, ПЯ-4-35-и пешпозадор (препулужник), ки бо тракторњои ДТ-75, Т-4, Т-40 пайваст шудаанд, гузаронида мешавад. Пас аз ин шудгорро дам дода, дар давоми давраи тирамоњ, бањор ва тобистон бо мурури сабзидани алафњои бегона, таввасути муккашаркунакњои (лущилник) тамғаи ЛДГ-5, ЛДГ-10, нармкунакњо (култиваторњо) дар чуқурии 8-10 см вобаста ба њолат ва вазъи пайдошавии алафњои бегона коркарди қабати гузаронида мешавад.

Дар қитъазаминњои дамдодашудаи банд пас аз ғунучини њосили зироатњои бандкунанда шудгор мегузаронанд. Тобистону тирамоњ то кишти гандум дар сурати сабзидани алафњои бегона нармкуни мегузаронанд. Коркарди бањори, тобитони ва тирамохи заминхои дамдодашуда бояд бо истифодаи якҷояи сихмола амали карда шаванд.

Дар сурати њамчун пешинакишт истифода шудани зироатњои байни каторашон коркардшаванда ва нағз парвариш кардани онњо дар давраи нашъунамо майдон аз алафњои бегона тоза шуда қабатии болои хок дар чуқурии 8-10 см нарм мемонад. Бинобар он, дар чунин майдон барои кишт намудани зироатњои ғалладонаги гузаронидани чархмола чархмолањои вазнини тамғаи БДТ-3 ба чуқурии 8-12 см ё ин ки сихмола (чизел) кардан дар 16-18 см таввасути ду қатор сихмола кофист.

њангоми кишт намудани гандум пас аз дарав кардани дигар зироатњои ғалладонаги шудгори ангорзор њатман пас аз ғунучини њосили зироати пешинакишт ба воситаи испорњои пешпозадор дар чуқурии 25-30 см гузаронида мешавад. Сари вақт гузаронидани шудгор имконият медињад, ки сатњи замин њамвор гашта, кулухчањо майда шаванду коркарди пеш аз кишт осон гардад.

Агар дар заминњои лалми юнучқа барои гандум зироати пешинакишт бошад, шудгори онро пас аз дарави якум дар чуқурии 30-35 см мегузаронанд, то ки қабати шудгор пурра хокардон шавад. Хокњоеро , ки қабати хосихезии онхо пурзур аст ва хокњои шури аз тухми алафњои бегона пурро то 35-40 см шудгор бояд кард. Ин вақт бояд қабати шудгор пурра руйгардон карда шавад. Бо ин мақсад аз испорњои дуқабата истифода мебаранд.

Фарқият аз чуқурии муайяншудаи шудгор _+2 см баландии пуштањои хобондашудаи хок ва чуқурии ҷуякчањои ҷудокунанда набояд аз 5см зиёд бошад.Коркарди пеш аз кишти хок аз муштарак гузаринидани чархмола бо БДТ-3 ё БДТ-7 ва сихмолањои дандонадори БЗТС-1.0 дар чуқурии 6-8 см дар самти кундалагии замин пеш коркардашуда бо мақсади њамворкуни ва майда гаштани қулух иборат аст.

Майдони барои кишт бояд њамвор бошад, дар қабати коркардшавандааш андозаи қулухчахо набояд аз 5см зиёд бошад.Дар майдонњои коркардшаванда ҷойњои чалакори бояд набошанд. Чунин коркард ва иҷрои талаботњои он имконият медињад, ки намии хок сарфа шуда, кишт хушсифат гузарад. Ин вақт тухмињо баробар ва дар чуқурии зарурри кошта мешавад.

Яке аз шартњои асосии руёндани майсазори анбуњ гузаронидани кишти саривакти пас аз коркарди хок мебошад. Ин махсусан дар минтақаи Курғонтеппаи вилояти Хатлон, ки он ҷо тирамоњ харорати њаво хеле баланд буда, нами аз қабати болои хок тез мепарад.

Истифодаи нурињо. Талаботи гандум ба нурињо бо роњи њисобию назардошти ташхиси кимиёвии хок, андозаи њосили тарњрезишуда ва хусусятњои навъњо муайян карда мешавад. Нурињои минералии нитрогени, фосфори ва калийдор дар таносубњои муайн қисм-қисм (дробно) ва дар асоси назардошти маълумотњои ташхисии хоку растанињо истифода шаванд.Дар баланд бардоштани самаранокии нурињо муњлат ва усули пошидани онхо ањамияти калон дорад.

Самаранокии истифодаи нурињои мањаллии нитрогени ва фосфори њангоми кишт якҷоя бо тухми дар хаҷми 20-30 кг моддаи таъсирбахш ба њар к гектар исбот шудааст. Норасоӣ нитроген дар даврањои авали инкишоф бо истифодаи он дар даврањои инкишофи минбъдаи растанињо ҷуброн карда намешавад. Истифодаи фосфор дар вақти кишт имконият медињад, ки майсазори баробар (саросар) ва силсилаи решагии пурқуввату инкишофёфта пайдо шавад. Самаранокии нурињои фосфори дар он сурат меафзояд, ки чуқур рехтани онњо њангоми шудгор бо пошидани онњо дар вакқти кишт мувофик кунонида шавад.

Серњосилии гандум дар заминњои лалмӣ пеш аз њама ба миқдои боришот вобаста аст. Зоњиран намнокии заминњои лалмӣ имконият медињад, ки њосили фаровон гирифта шавад. Аммо барои гирифтани њосили аслии имконпазир аз руи захираи нами, њосилхезии пасти хокњо сади роњ мешавад. Чунки дар ин минтақањо бештар намуди хокњои хокистаранг ва дорчинрангӣ карбонати пахн шудаанд.Ин хокњо аз руи миқдори моддањои ғизои, махсусан аз руи миқдори фосфори њаракаткунанда ба хокњои камтаъмин масубанд.

Аз руи миқдори фосфор дар бисёр мавридњо хокњо ба гуруњњӣ якум (0-15 мг/кг Р2О5) ва дуюм (15-30 мг/кг) дохил мешаванд. Миқдори нитроген низ дар ин хокњо кам (0.06-0.10%) буда аз калий нисбатан таъминанд.

Дар заминњои лалмӣ барои гандум меъёри нуриандози ба шароитӣ намнокии минтақањои парвариш, хусусиятњои зироати пешинакишта, ки дараҷаи њосилхезии хок ва намноки ба он дахлдор аст, хусусияти навъњо ва инчунин миқдори њосили тарњрезишуда вобаста аст. Ба минтақањои нисбатан ба нами мусоид гуруњи ноњияњои Рашт, як қисм заминњои ғаллакории минтањањои таббию хоҷагидории Кулоб, ноњияњои води њисор дохил мешаванд. Дар ин минтақањои гандумпарвари меъёрњои баланди нурињоро самаранок истифода бурда, ба таври илова аз њар як гектар 5-8 сентнер дон гирифтан мумкин аст.

Аз ин ру муфид аст, ки дар ин гунна шароитњо меъёри солонаи нурињо барои гандум ва махсусан навъњои пурмањсул ба 80 кг нитроген, 40-60 кг фосфор бо моддањои таъсиркунанда дар њар як гектар баробар бошад. Азбаски вилоятњои табиию хоҷагидории Вахшу Суғд дар минтақањои аз бориш нимтаъмин ҷойгир шудаанд, бояд меъёри нурињои нитрогени то 30-40% кам карда шавад.

Дар ҷумњури қисмати зиёди масоњати кишти гандум дар он заминњои лалмие гузаронида шудаанд, ки камубеш ба бодлеси гирифтор буда камњосиланд ва ин ба њосилнокии китъањо таъсири манфӣ мерасонад.Ин холатро ба назар гирифта дар хокњое ки қабати њосилхезиашон ба дараҷаи миёна ё зиёд обшуй шудаанд, меъёри нурињо -25-30% зиёд карда мешавад.

Солњои охир ҷараёни нави усулњои истифодаи нурињо тавсия мегардад. Аз руи ин назария бояд меъёри нурињо аз рӯӣ њосили тарњрезишуда дар асоси маълумотњои ташхиси таркиби кимиёвии хок ва дараҷаи истифодабарии моддањои ғизоӣ ва дигар нишондодњо муайян карда мешавад.

Нурињои фосфори барои гандум дар асоси нишондоди харитаи (картограмма) хок истифода мешавад. Дар хокњое ки миқдори фосфори њаракаткунандаашон паст 15 мг/кг аст, 90-120 кг, 16-30 мг/кг 90 кг ва 35-40 мг/кг будани фосфор дар њар як гектар 30-60 кг/га бо моддаи таъсиркунанда пошида мешавад. Аз сабаби зиёд будани калий дар хокњои хокитаранг нурињои калийдор истифода бурда намешавад.

Дар бењтар шудани хусусиятњои физики хок, баланд шудани њосилноки ва сифати дон нурињои мањалли ахамияти калон доранд Поруро аз руи имконият дар заминњои лалмӣ 10-15 т/га пошидан даркор аст. Чун анъана ин нурињоро пеш аз коркарди асоси мепошанд.

Яке аз вазифањои асосию муњими ходимону мутахасисони соњаи кишоварзӣ дар он аст, ки онњо бояд усулњои самаранокии истењсоли мањсулот ва роњњои камкардани истифодаи нурихоро кор карда бароянд. Зеро кам кардани истифодаи нурињо на фақат аз ҷихати иқтисодӣ муфид балки имконият медиањад, ки мањсулоти тозаи экологи руёнда шавад.

Муњлатњои ғизодињи илман асоснок кардашуда дар амалия санҷида шудааст. Fизодињи дар давраи саршавии панҷазани фаъолияти фотосинтетикии растаниро пурзур мегардонад, пас аз панҷазани найчабандӣ чун омили мањсулнокии аслии (потенциальный) навъ ба инкишофи максималии узвњои генеративи мусоидат мекунад. ғизодињи дар давраи авали баромадани сарбарг давомнокии фаъолияти фаъоли фотосинтетикии растанињоро дароз карда, ба ширагирии хушањо таъсири мусбат мерасонад.

Кишт. Мувофиқи талаботи усули интенсиви парвариш намудани зироатњо бояд тухмињои дараҷаи (класси) якум, репродуксияи 1-3 ки дорои тозагии 90% қобилияти нешзани на кам аз 95% бошанд, истифода бурда шавад. Барои тайёр кардани тухмињо ба кишт, безарар кардани онњо аз њашароту ангезандагони касалињо (зангзани сиёњаки гарда ва сахт) яке аз чорабинињои асосии масъул ба шумор меравад. Барои безарар кардани тухмињо аз зањрдоруњои (перепаратњои) тамоси ва системави истифода бурда мешавад. Бо ин мақсад чуниин зањрдоруњоро ТМТД -80% х.њ-2-3кг/т, Витовакс 75% 2.5-3кг/т ва Фундазол 50% х.њ 3кг/т истифода мебаранд.

Барои нағз инкишоф ёфтани ситемаи решагии гандум ва дар он захира гаштани моддањои ғизоӣ дар фасли зимистон то сардињои тирамоњ 40-50 руз лозим аст. њангоми дер кишт кардани гандум он суст инкишоф ёфта, фурсати обутобёби намеёбад. Ин боиси он, ки сирак гаштани киштзорњо кам шудани миқдори пояи мањсулнок ва вазни дон мешавад.

Барои шароити вилояти Суғд ва ноњияњои води њисор муњлати аниқи кишти тирамоњӣ аз 20 сентябр то 10-уми октябр њисоб мешавад. Дар водии Вахш кишти тирамоњиро дар нимаи авали ноябр бояд ба итмом расонд.

Дар парвариши гандум дуруст ва дар чуқурии мусоид кишт намудани тухми ањамияти калон дорад. Зеро пурра ва дар як вақт пайдошавии майсањо, ҷойгиршавии буғуми панҷазани ба њамин чорабинии агротехники вобаста аст. Дар њолати аз меъёр чуқур таги хок кардани тухми панҷазании мањсулнок (пояи мањсулнок) кам мешавад. Вобаста ба шароит хоку иқлим тухми гандум дар чуқурии 4-6 см зери хок карда шавад. фарқияти чуқурии таги хок кардани тухмињо аз меъёри муайяншуда набояд аз 1 см зиёд шавад. Тухмињое, ки колиоптики суст инкишофёфта доранд, на он қадар чуқур зери хок карда мешавад.

Барои кишти гандум аз тухмипошакњои СЗ-3, 0, СЗУ-3, 6, СЗП-3, 6 ва ғайра истифода мебаранд, ки онњо ба трактори МТЗ-80/82 пайваст карда мешавад, истифода бурда мешавад.

Нигоњубини киштзор.Тавсия мешавад, барои кишти тирамоњӣ дар фасли зимистон назорати биологи ҷори карда, дар њолати зарури бояд чорабинињои муносиби агротехники татбиқ карда шавад.Нигоњубини гандумзор аз мубориза бар зидди алафњои бегона, хашароти зараррасону касалињо, ғизодихи, истифодаи моддањои танзими сабзиш ( регулятори роста) ва ғайра иборат аст.Бар зидди алафњои бегона аз моддањои кимиёви гербисидњо истифода мебаранд. Бар зидди алафњои бегонаи яксола дар давраи панҷазани гербитсиди Базарган 48% 4л/га ё Банвел 0, 15-0, 5 л/га истифода мебаранд. Дар мубориза муқобили хашароти зараррасон ва касалињо, аз усулњои якҷояи агротехники кимиёви ва биологи истифода мебаранд. Бар муқобили ширичахо , баргхурак, филчаи лалми гандум аз зањродуруи Нурелл-55% кэ 1 л/га дар давраи панҷазани – найчабанди истифода бурдан тавсия мешавад.Бар муқобили зангзани гард, ва дигар касалињо аз фундазол 50% х.т -0.5-0.6кг/га, Байлетон 25% х.т -0.5 -1кг/га истифода мебаранд. Моддањои кимёви бо назардошти њолати фитосанитарии киштзорњо њатман пайи њам истифода мешаванд. Минбаъд дао муборизаи зидди њашарот ва касалињо аз усули биологи истифода бурдан муфид аст.Зеро ин усул имконият медињад, ки дастовардњои биотехнологии ва зањрдоуњои биологи васеъ истифода бурда шаванд. Масалан дар итолиё барии нест кардани касалии пусиши решаи зироањои ғалладонагӣ биозањрдоруњои трикотилро баровардаанд, ки барои ба даст овардани мањсулоти тозаи биологӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Барои хам назадан ва нахобидани гандум аз моддањои ба танзими сабзиш-ТУР (хлорхолинхлорид) аз њисоби 4-6 л/га ки дар 400-500л.об мањлул карда шудааст истифода мебаранд. Коркард дар давраи найчабанди гузаронида мешавад. Ин мода пояро кутоњ карда кобилияти растаниро дар муқобили хобрави устувор мекунад.

Љамъоварии њосил. Дар муњлатњои аниқ бо техникаи нағзтанзимшуда, ғунучин кардани њосил яке аз шартњои асосии гирифтани њосили баланду хушсифат ба њисоб рафта, боиси талафоти ками дон мегардад. Барои ба даст даровардани миқдори аниқи дон пеш аз њама ғундоштани њосил сифати онро дар қитъахо муайян кардан зарур аст. Дер бардоштани њосил на танњо сабаби камшави, балки паст гаштани сифати моли (шаффофи, ранг) ва нархи он мегардад. Дар њолати 10-15 рӯз дер ғундоштани њосил талафоти дон то 12-15%-ро ташкил дода, миқдори донањои захмдор шуда мафзояд, ки онњоро минбаъд чун тухми истифода бурдан имконпазир мегардад. Дар шароити Тоҷикистон њосили гандумро дар давраи пурра пухта расидани дон бо усули дарави яклухт меғундоранд. Бо усули дарави ҷудогона њосили гандум дар давраи (фазаи) думбул будани дон ҷамъоври мешавад. Дар шароити вилояти Суғд ва нохияхои води њисор то 25 июн ва дар води Вахш то то 20 июн ғунучини њосили гандуми тирамоњиро ба итмом расонидан мувофиқ аст.

њосил ба воситаи комбайнњои ғалладарави СК-5М «НИВА», СКД 5, «Сибиряк» , СК-6 ғундошта мешавад.Пас аз ғундоштан хосил дарњол пояњои гандумро исканҷа (пресс) карда, дар ҷойхои махсус захира мекунанд

БОБИ 2. УСУЛ, ШАРОИТ ВА МАВОДИ ТАТЌИЌОТИ

2.1. Шароити хоку иќлими ноњияи Данѓара

Тољикистон мамлакати кухсор буда, 93% худуди онро куҳҳо ташкил мекунад. Вай бо иќлими хос ва гуногуни худ фарќкунанда аст. Њудуди кишоварзии минтаќањои гуногуни љумњурї то баландии 3000 метр аз сатњи бањр тул кашидааст. Кишт ва парвариши зироатњои кишоварзї вобаста ба ин гуногун мебошад.

Таљрибањои омўзиши мањсулнокии навъњои гандум дар шароити минтаќаи Љанубу ѓарби Тољикистон, яъне дар минтаќаи Олимтойи ноњияи Данѓара соли 2014 гузаронида шуданд. Арзи минтаќа то 10 км, дарозии он дар масофаи 26 км тул кашидааст. Баландии љойгиршавии минтаќа дар ќисми љанубї 540 м, дар шимол то 800 м аз сатњи бањр мебошад.

Хок. Ноњияи Данѓара бо гуногунии хоку иќлим фарќ мекунад, ки ба љойгиршавии љуѓрофиаш вобаста аст. Хоки минтаќаи Данѓара дар ќисмати љанубї дар минтаќаи наздикўњї ва води кўњњо хокистарранги муќаррарї мебошад. Бо гузариш ба ќисмати шимолї хокњои хокистарранги тира во мехуранд. Дар ќисмати марказї ва шимолї хокњои марѓзорї дида мешаванд. Ќисмати асосии хокњои ноњия хокистарранги муќаррарї ва хокистарранги тираи кўњна обёришаванда мебошад.

Аз рўйи маълумоти В.Я. Кутеминская (1976) хокњои хокистарранг дорои гумуснокии паст (2, 14%) карбонатнокии баланд ва сохтори ковок мебошанд. Онњо дар баландии аз 600 то 1000 метр аз сатњи

бањр љойгир шудаанд.

Мављудияти моддањои органикї дар хокњои хокистарранги тира нисбат ба муќаррарї аз њисоби миќдори бештари гуногунии растанињо бештар аст. Љойгиршавии карбонатњо дар ќабатњои хокњои хокистарранги тира ва муќаррарї ба њам наздик аст, танњо бо бартарияти намакњои карбонатї дар хокњои хокистарранги тира фарќ мекунад.

Туршии хокњои хокистарранг (рН) паст буда, дар ќабатњои поёнї меафзояд. Миќдори фосфори њаракаткунанда 1, 35-3, 48 мг дар 100 г хок мебошад. Дар љадвали 1 тавсифи хокњои минтаќаи таљрибавї оварда шудааст.

Тавре ки дида мешавад, хоки ќитъаи таљрибавї аз рўйи миќдори гумус ба таври миёна таъмин буда, аз рўйи миќдори фосфори њаракаткунанда камбаѓал аст. Аз ин сабаб барои гирифтани њосили дилхоњ риоя кардани меъёри нурињои органикию минералї яке аз шартњои асосии агротехникї ба њисоб меравад. Бо назардошти чунин њолат дар ќитъаи таљрибавї меъёри солонаи нурињои фосфорї ва нитрогенї пурра истифода бурда шуданд.

Иќлим. Иќлими минтаќаи Данѓараи водии Кўлоб континенталї буда, бо гуногунии худ фарќ мекунад. Тобистонаш гарми хушк, бо амплитудаи баланди њарорати шабонарўзї ва мавсимї ва боришоти нобаробари атмосферї фарќкунанда дорад.

Аз рўйи маълумоти бисёрсола њарорати миёнаи солонаи њаво 14, 2 дараља мебошад. Њарорати миёнаи моњона дар моњи аз њама гарми сол – июл +30 дараља, њарорати максималї ба +44 дараља мерасад. Маълумот оид ба њарорати миёнаи моњона ва солонаи њаво ва боришоти атмосферї дар солњои охир тибќи нишондоди Маркази обуњавошиносии ноњияи Данѓара дар љадвали 2 оварда шудааст.

Тавре ки аз љадвали 2 дида мешавад, дар муќоиса бо њисоби миёнаи бисёрсолаи њаво (14, 2 0С) дар ноњия гармшавии њаво мушоњида карда мешавад. Аз рўи маълумотњои обуњавошиносї солњои 2010-2014 њисоби миёнаи њарорати њаво дар ноњия 15, 77-17, 25 0С мебошад.

Боришот. Дар љадвали 3 маълумот оид ба миќдори боришоти атмосферї дар моњњо ва ба таври солона дар солњои охир оварда шудааст. Љамъи боришоти солонаи атмосферї солњои 2010-2014 вобаста ба солњо 475, 5-643, 8 мм мебошад. Аз ин љо дида мешавад, ки дар солњои гуногун миќдори боришоти атмосферї таѓйирёбанда аст. Масалан, солњои 2010, 2011 миќдори боришот нисбат ба соли 2012 беш аз 100 мм камтар аст, солњои 2013-2014 бошад миќдори боришот боз њам камтар нишон дода шудааст. Агар ин маълумотњоро бо нишондињандаи миёнаи бисёрсола, ки ба 614 мм баробар аст, муќоиса кунем, ба ѓайр аз соли 2012 дигар солњо ба таври назаррас камшавии миќдори боришот мушоњида карда мешавад.

Аз љадвали 3 инчунин бар меояд, ки миќдори бештари боришоти тамосферї ба давраи зимистону бањор рост меояд. Аз ин ру гузаронидани кишти гандуми тирамоњӣ дар заминњоӣ лалмӣ мувофиқ буда, то хушкињои тобистон њосили он ҷамъовари карда мешавад.

2.2. Тавсифи маводи кишт ва усулњои тадқиқот

Таҷрибањоӣ сањроӣ оид ба парвариши ду навъи гандум дар шароити заминњои лалмии минтаќаи Олимтойи ноњияи Данғара гузаронида шуданд. Ба сифати маводи кишт аз тухмии навъњои зерин истифода бурда шуд.

1. Моњи нав

2. Гратсия

Навъи Моњи нав. Навъи гандуми мулоими Моњи нав дар Донишгоњи аграрии Тољикистон бо роњи интихоби фардї аз дохили линияњои навъи Атої-85 дар асоси вобастагии коррелятсионии аломатњои мањсулнокии хўша дар шароити водии Њисор бароварда шудааст. Сипас дар натиљаи интихоби оилавии такрорї то њадди якшаклї ва устуворї расонида шудааст (соли 2007). Гуногуннамудаш эритроспермум.

Бунёдгузори навъ: Донишгоњи аграрии Тољикистон. Муаллифон: Бобољонов В.А., Исмоилов М.И., Расулов Б.Р. Соли 2012 ба санљиши давлатї супорида шуда, соли 2015 бо ќарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатњои кишоварзї ва муњофизати навъњои Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон барои парвариш дар водии Њисор ноњиябандї карда шудааст.

Њосилнокиаш дар шароити заминњои обї 40-42 с/га. Барои парвариш дар водии Њисор ва водии Кўлоб тавсия карда мешавад. Соли 2012 ба санљиши давлатї супорида шудааст. Навъ дуфасла. Тезпазиаш

Пеш аз кишт кардан заминро шудгор намуда, тахту њамворкуни гузаронидем. Тухмињоро бо усули яклухт, дар чуқурии 4-6 см кишт намудем. Дар давраи нашъунамои растанињо ду маротиба ғизодињи гузаронида шуд: ғизодињии якум дар давраи панҷазани дар намуди нурињои азоти (карбамид) ғизодињии дуюм дар намуди селитри аммиаки дар давраи найчабанди.

Кишт мувофиќи маќсади тадќиќот дар 6 меъёрњои зерин бо њисоби кг/га гузаронида шуд: 150, 180, 200, 220, 250, 280, 300. Майдони кишт барои њар як меъёр 100 м2 буд. Майдони кишти њар як навъ 600 м2, майдони умумии кишти њар ду навъи омўхташаванда 1200 м2, ё худ 0, 12 га мебошад.

Дар давраи нашъунамои растанињо мушоњидаи фенологї гузаронида шуданд. Аз он љумла оѓози фарорасии чунин даврањо ба ќайд гирифта шуданд:

· Оѓози сабзиш

· Оғози панҷазани

· Оғози найчабанди

· Оғози хушабарорри

· Оғози гулкуни

· Оғози пухтараси

Њангоми пухтарасии њосил чунин нишондодоњо дар майдон њисоб карда шудан (дар 1 м2): миќдори умумии навдањо, миќдори навдањои њосилдењ, вазни умумии рўйизаминии растанињо. Нишондоди мазкур дар се такрорёбї њисоб карда шуд.

Барои бањо додан ба мањсулнокии растанињо аз њар як варианти таљриба намунаи растанињо дар бандча гирифта шуданд. Тањлили аломатњои мањсулнокї дар шароити лабораторї бо истифодаи метр, тарозуњо, љадвал гузаронида шуд. аломатњои зерин бањо дода шуданд:

1. Дарозии умумии растанї, см,

2. Дарозии хўша, см,

3. Вазни коњ, г,

4. Вазни хўша, г

5. Миқдри хушачаҳо д

6. Миқдори донаҳо д

7. Вазни донаҳо

8. Миқдори умумии навда

9. Миқдори навдаҳоӣ ҳосилдеҳ

БОБИ 3. НАТИҶАЊОИ ТАДҚИҚОТ

3.1. Мушоњидањои фенологи дар давраи нашъунамои гандум.

Мушоњидаи фенологї ин назорат ва баќайдгирии фарорасии даврањои нашъунамои растанињо мебошад. Онро аз оѓози сабзиш то пухтарасии њосил ба ќайд мегиранд. Дар давраи нашъунамои гандум ва дигар ѓаллагињои гурўњи якум асосан чунин даврањои нашъунамо ба ќайд гирифта мешаванд:

· Оѓози сабзиш,

· Оѓози панљазанї,

· Оѓози найчабандї,

· Оѓози хўшабандї,

· Оѓози гукунї,

· Оѓози пухтарасии дона.

Баќайдгирии даврањои нашъунамо аз рўйи аломатњои нишондињандаи даврањо дар 10 фоизи растанињои майдони кишт њамчун санаи оѓози давра ба ќайд гирифта мешавад.

Санаи кишти гандум 17 ноябри соли 2014. Оѓози сабзиши растанињо аз 15 декабр мушоњида карда шуд. Бо маќсади бањо додан ба нашъунамо ва мањсулнокии навъњои гандум аломатњои миќдории растанињо бањо дода шуданд. Натиљаи мушоњидаи фенологї дар љадвали 9 оварда шудааст. Чї хеле ки аз љадвал дида мешавад, оѓози сабзиши майсањо 15 декабр мушоњида карда шуд, ки ин ба мусоид омадани њарорати њаво дар давраи зимистон вобаста аст.

Љадвали 9. Натиљаи мушоњидањои фенологї дар давраи нашъунамои навъњои гандуми мулоим

Даврањои нашъунамо

Санаи фарорасї

Давомнокї, рўз

Оғози сабзиш

15.12

Аз сабзиш то панљазанї

50

Оғози панҷазани

03.02

То найчабандї

48

Оғози найчабанди

23.03

То хўшабандї

20

Оғози хушабандӣ

12.04

То гулкунї

3

Оғози гулкунӣ

15.04

То пухтарасї

49

Оғози пухтарасиш

01.06

То љамъоварии њосил

13

Санаи љамъоварии њосил

14.06

Давраи нашъунамо

183

Тавре ки аз ҷадвали мазкур дида мешавад оғози панҷазании растаниҳо дар нимаи аввали моҳи феврал рост меояд, ки он аз давраи сабзиш то панҷазани 50 рузро ташкил мекунад. Оғози найчабандии растаниҳо дар даҳаи охири моҳи март ба назар мерасад, ки 48 руз баъди панҷазани мебошад.Чи хеле ,ки аз ҷадвали 9 дида мешавад оғози хушабанди ва гулкунии растаниҳо дар моҳи апрел мушоҳида карда шуд, ки ин имконият медиҳад то фарорасии гармии тобистон ҳосил пухта мерасад. Ҳамин тавр давраи нашъунамои навъҳои гандуми мулои дар шароити заминҳои лалмии ноҳияи Данғара 183 рузро ташкил карданд.

3.2. Ташаккули аломатҳои маҳсулнокии навъҳои гандум дар шароити заминҳои лалмии ноҳияи Данғара

Тавре ки дар боло ќайд кардашуд, ба аломатњои мањсулнокии гандум баландии поя, дарозии хўша, вазни онњо, миќдор ва вазни донањои як растанї ва ѓайрањо дохил мешаванд. Дар расмњои 1 ва 2 натиљаи чен кардани баландии поя ва дарозии хўшаи навъњои Гратсия ва Моњи нав ба њисоби миёна оварда шуааст. Чї тавре ки аз расми 1 дида мешавад, ин аломатњо вобаста ба меъёри кишт дар навъи Гратсия таѓйир меёбанд. Масалан, њангоми кишт кардани 150 кг/га тухмї баландии поя ба 62,1 см, дар меъёри 300 кг/га бошад ба 70,8 см баробар аст, ки афзудани онро бо зиёд шудани зичии нињолњо нишон медињад.

Таѓйирёбии дарозии хўша бошад, баръакси баландии поя аст. Бо зиёд шудани меъёри кишти тухмї аломати мазкур кам мешавад. Дар вариантњои таљрибаи сањроии мо дарозии хўша дар шароити заминњои лалмї ба њисоби миёна аз 8,1 то 6,6 см мебошад.

Тавре ки аз ҷадвали 10 ва 11 дида мешавад баробари зиёд шудани меъёри кишт аломатҳои миқдории растаниҳо тағйир меёбад.Масалан вазни қоҳ дар меъёри 200 кг/га дар навъи Гратсия ба 0,89 ва дар меъёри 280 кг/га ба 0,44 г расид, ки ин аз он шаҳодат медиҳад баробари зиёд шудани меъёри кишт вазни руизаминии растаниҳо тағйир меёбад.Чи хеле ки аз ҷадвали 10 ба назар мерасад ҳангоми зиёд шудани вазни хуша миқдори хушачаҳо, ва миқдори донаҳои як хуша вазни донаҳо низ зиёд мешавад. Дар таҷрибаҳои саҳрои мо вазни донаҳои дар шароити заминҳои лалми ба ҳисоби миёна аз 1,4 то0,66 г мебошад. Аз инҷо хулоса бароварда мешавад, ки баробари зиёд шудани меъёри кишт вазни донаҳо ва миқдори донаҳо кам мешавад.Дар навъи моҳи нав бошад ин аломатҳо ба мисли навъи Гратсия низ тағйир ёфтанд, ки натиҷаи он дар ҷадвали 11 нишон дода шудааст.Чи тавре, ки аз ҷадвали 11 дида мешавад вазни қоҳ дар меъри 200 кг/га ба 1,2 ва дар меъёри 300кг/га ба 0,59г баробар шуд Тағйирёбии вазни хуша бошад вобаста ба меъёри кишт аз1.53 то 0,66 г расид.Дар баробари зиёд шудани вазни хуша миқдори хушачаҳо низ тағйир меёбад.Миқдори донаҳои як хуша бошад ба ҳисоби миёна аз36 то 21 дона мебошад.Чи хеле, ки аз ҷадвали 11 дида мешавад баробари зиёд шудани вазни донаҳо дар хуша вазни хуша зиёд мешавад.Баръакс ҳангоми кам гардидани миқдори рас донаҳо дар вазни онҳо низ кам мегардад.Дар вариантҳои таҷрибаҳои саҳрои мо вазни донаҳо дар навъи Моҳи Нав дар шароити заминҳои лалми вобаста ба меъёри кишт аз 1,36 то0,54г баробар шуд.

Ҳосилнокии навъҳои гандуми мулоим вобаста ба меъёри кишт дар шароити заминҳои лалмии ноҳияи Данғара

Мақсади асосии парвариши зироатҳои кишоварзи аз он ҷумла гандум ба даст овардани ҳосилнокии баланд аз воҳиди майдони кишт мебошад.Бо аломатҳои асосии маҳсулнокии навъҳои гандум,ки ба ҳосилноки таъсири асоси мерасонад инҳо: миқдори навдаҳои ҳосилдеҳ, вазни хуша, миқдори донаҳо дар хуша ва вазни донаҳои хуша дохил мешавад. Вобаста ба ин натиҷаи ҳосилнокии гандум вобаста ба меъёри кишт дар расмҳои 3 ва 4 нишон дода шудааст. Ҳамин тавр аз расми 3 дида мешавад ки ҳосилнокии баланд дар гандуми навъи Гратсия дар меъёри 200 кг/га гирифта шудааст, ки ба ҳисоби миёна аз як гектар сентнерро ташкил медиҳад. Ҳосилнокии гандум вобаста ба меъёри кишт дар навъи гратсия аз 7 то 16 сентнер мебошад. Ҳосилнокии навъи Моҳи нав бошад, ҳам мисли навъи Гратсия дар меъёри 200 кг зиёд гардида ба 11,5 с/га баробар шуд, ки аз ин меъёри кишт нисбат ба дигар меъёрҳои омухташаванда ҳосили баланд гирифта шуд. Вобаста ба меъёрҳои омухташаванда ҳосилнокии навъи Моҳи Нав аз 6.8 то 11.5 с/га баробар аст

Меъёри кишт кг/га

Расми 3. Ҳосилнокии гандуми навъи Гратсия.

Меъёри кишт

Расми 4. Ҳосилнокии гандуми навъи Моҳи нав.

БОБИ 4. САМАРАНОКИИ ИЌТИСОДИИ ПАРВАРИШИ НАВЪЊОИ ГАНДУМ ДАР ШАРОИТИ ЗАМИНЊОИ ЛАЛМИИ НОЊИЯИ ДАНЃАРА

Яке аз нишондињандаии асосї дар парвариши зироатњои кишоварзї самаранокии иќтисодї мебошад. Вай аз рўи миќдори њосили гирифташуда ва харољоти умумї барои парвариши он њисоб карда мешавад. Парвариши зироатњо дар баробари њосили хуб ба бор овардан бояд аз љињати иќтисодї самаранок бошад. Барои њисоб кардани дараљаи даромаднокї ва фоида аз парвариши зироатњо нишондодњои зеринро ба назар гирифтан зарур аст:

· Харољоти умумї барои парвариши зироат то љамъоварї ва кашонидани он,

· Њосили умумї ва њосилнокї аз воњиди майдони кишт,

· Арзиши мањсулоти истењсолшуда.

Дар љадвали 12 номгўйи чорабинињои иљрошуда ва арзиши иљроиши онњо оварда шудааст. Чї хеле ки аз нишондодњои љадвал дида мешавад, барои парвариши гандуми тирамоњї дар заминњои лалмии ноњияи Данѓара маљмўи чорабинињои мухталиф бояд иљро карда шаванд. Пеш аз њама барои парвариши тухмии хушсифат иљрои сариваќтї ва дурусти ин чорабинињо зарур аст, ки маблаѓ ва мењнатро талаб мекунад. Сарфи маводи кишт, сўзишворї, равѓанњои молиданї ва дигар воситањои зарурї ва арзиши онњо аз рўи нархи хариди мањсулот, пардохти музди мењнат ва хизматрасонињо њисоб карда шудааст. Аз ин рў дар шароити кунунї арзиши харољотњо барои истењсоли гандум аз воњиди майдони кишт боз њам зиёдтар мешавад.

Ба гурўњи харољотњои асосї арзиши тухмї, сўзишворї, нурињои маъданї ва музди кори коргарон дохил мешаванд. Аз он љумла барои хариди тухмї ба 1 га майдони кишт аз рўйи меъёри кишти тухмӣ аз 150 то 300 кг/га бо арзиши 2 сомонї ба 1 кг њамагї 300 то 600 сомонї, барои сарфи сўзишворї - 210 сомонї, барои музди мењнат - 260 сомонї сарф мешавад.

Андоз аз истифодаи замини лалмӣ ба 1 г 60 сомонї ва њаљми андоз аз њисоби фоидаи фурўши мањсулот13 фоизро барои заминњои лалмӣ ташкил медињад.

Ба таври умумї барои истењсоли парвариши гандум дар шароити заминњои лалмии ноњияи Дагара маљмўи харољотњо ба 1 га майдони кишт (вобаста ба меъёри кишт) аз рўйи чорабинињои гузаронидашуда 1946 то 2246 сомонї баробар шуд. Харољоти љамъоварии њосил барои дарав ба воситаи комбайн њисоб карда шудааст.

Аз рўи харољотњо барои 1 га дида мешавад, ки аз њама харољотњои бисёртар барои сарфи сўзишворї аст, ки 210 сомониро ба 1 га ташкил медињад.

Инчунин мо метавонем ин харољотњоро бо истифодаи баъзе маводњо камтар кунем. Агар хољагињои дењќонї аз њисоби худашон техникањои хољагии ќишлоќ, аз он љумла тракторњои шудгоркунанда, тухмипошакњо, комбайнњои ѓалладаравї дошта бошанд, сарфи харољотњо камтар мешаванд.

Њамин тариќ, аз љадвали 12 хулоса баровардан мукин аст, ки дар њолати дуруст ва самаранок истифодабарии тамоми маводњо ва техникањои хољагии ќишлок барои 1 га метавонем сарфи харољотњои даркориро кам намоем. Албатта сарфи ками харољотњо ба буља ва њолати иќтисодии хољагидории мо таъсири хуб мерасонад.

Бо сабаби таъмин будани боришоти атмосферї дар давраи нашъунамои растанињо дар соли таљрибањои сањрої дар киштзор норасои намӣ дида нашуд. Вале аз сабаби зиёд будани алафҳои бегона дар киштзор ҳосилноки гандум паст гардид. Дар њолати сари ваќт гузаронидани кишти тирамоњї инкишофи системаи решаи растанињо хуб гардида, аз њисоби истифодабарии намнокии хок растанињо нами заруриро гирифта метавонанд.

Натиљаи самаранокии иќтисодии парвариши навъњои гуногуни гандум бо маќсади ба даст овардани њосили дон ва коњ дар шароити заминњои лалмии аз бориш таъмини минтаќаи Данѓараи вилояти Хатлон дар љадвали 13 оварда шудааст.

БОБИ 5. ЊИФЗИ ТАБИАТ

Њифзи табиат чун таълимот асосњои назариявии чорабинињоро оиди истифодаи оќилонаи захирањои табиат меомўзад. Онро чун маљмўи чорабинињои давлатї, байналхалќї ва љамъиятї барои истифодаи оќилона ва самарабахши сарватњои табиат, барќароркунї, зиёдкунї ва њифзи захирањои табиат барои манфиати одамон фањмидан дуруст аст.

Дар тањияи масоили њифзи табиат иштироки маљмўи илмњои табиат зарур аст. Ба воситањои муњофизатшаванда сарватњои замин, об, њавои атмосфера, љангал ва дигар растанињо, олами њайвонот дохил мешаванд. Њар яки ин сарватњо бо илмњои махсус – геология, гидрогеология, хокшиносї, љангалпарварї, зоология ва ѓайрањо омўхта мешаванд.

Њифзи табиат муносибати дурустро ба сарватњои табиат, чун истифодабарї ва њифзи табиат меомўзад. Табиат манбаи аввалини талаботи моддї ва руњии инсон аст. Онро чун рамзи Офариниш ва олами моддї фањмида мешавад.

Одам чун љузъи табиат бевосита ва бавосита ба табиат таъсир расонда, устувории биосфераро вайрон мекунад. Бо маќсади гирифтани њосили зиёд ва майдони кишт одам ба њамаи омилњои системаи экологї, аз љумла ба хок бо роњи истифодаи чорабинињои комплексии агротехникї ба хусус химизатсия, мелиоратсия ва механизатсия, вайрон мекунад.

Истифодаи нурињои химиявї ва пестисидњо баробари фоидарасонї ба натиљањои љиддии манфї сабаб мешавад, ки самаранокии агробиосеноз ва тамоми табиатро вайрон мекунад. Аммо истифодаи нурињо ва пестисидњо зарур аст. Аз нуќтаи назари њифзи табиат зарари маводи химиявиро ба таври минималї расонидан лозим аст. Бо ин маќсад ќоидањои истифодаи нурї ва воситаи химиявии њифзи растанињоро ба таври љиддї риоя кардан зарур аст.

· Њисоби љиддии фонди заминро бурида, таъминоти истифодабарии онњоро бо самти дурусту илман асоснок, эњтиёткорона ва ба самти системаи муњофизати хок ба роњ мондан;

· Дар тањияи харитањои технологии майдонњо ширкат кардан ва ба иљроиши онњоро таъминоти муњофизат ва зиёд кардани њосилхезии хок;

· Технологияњои пешќадами индустриалии парвариши зироатњоро тањия истифода бурдан;

· Ба њолати минтаќањои муњофизатии хок назорати карда ба вайроншавии он роњ надодан;

· Дурустии муњофизат, наќл ва истифода пестисидњо, нурињоро назорат карда, ба омехташавии онњо бо манбањои обњо ва захирашавии зиёд дар мањсулот роњ надодан;

· Дар истењсолот технологияи гирифтани мањсулоти тозаи экологиро бо роњи истифодаи васеъи нурињои узвї, сидиратњо љорї кардан ва дар ин замина таъмини бехатарии замбўрњои асал, микроорганизм ва ѓайрањо.

Дар растанипарварї барои мубориза бо алафњои табиї, касалињо ва њашарот пеш аз њама тадбирњои агротехникиро истифода бурдан лозим аст, ки истифодаи бештари нурињои узвї, истифодаи навъњои ба касалию њашарот устувор ва ѓайрањо аз ин ќабил мебошанд.

Дар шароити заминњои лалмии омилњои асоии экологї муњофизати хок аз обшусташавї, нигоњ доштан ва баланд бардоштанимиќдори гумус ва њосилхезии хок, роњ надодан ба вайроншавии структура ва системаи ѓизоии хок, тоза нигоњ доштани муњити атроф ва мављудоти зиндаи табиат, аз он љумла растанињои нодир ва ѓайрањо ба њисоб мераванд. Барои нигоњ доштани омилњои табиї риояи тадбирњои агротехникї, кам истифода бурдани нурињои маъданї ва зањрњо зарур мебошад.

Хулоса ва пешнињодот

1. Гандум зироати асосии нонї барои ањолии Љумњурии Тољикистон мебошад. Аз ин рў баланд бардоштани истењсоли он дар таъмин намудани амнияти озуќавории мамлакат наќши муњим мебозад. Љустуљў ва пайдо кардани роњњои самараноки парвариши навъњои гуногуни гандум дар шароити заминњои лалмии ноњияи Данѓара яке аз воситањои баланд бардоштани њосилнокии он мебошад.

2. Дар шароити ноњияи Данѓара мўњлати кишти тирамоњии гандум яке аз нишондињандањои асосї ба њисоб рафта, кишти гандум вобаста ба фарорасии боришоти атмосферии тирамоњї бояд њарчи тезтар гузаронида шавад. Њангоми дар миёнањои моњи ноябр гузаронидани кишти гандум дар давраи зимистон сабзиш ва нашъунамои растанињо ба амал омада, давраи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ ба нимаи дуюми моҳӣ апрел рост меояд, ки барои инкишофи дона мувофиқ аст

3. Дар шароити ноњияи Данѓара њосилнокии навъи гандуми Моҳи нав ва Гратсия вобаста ба меъёри кишт гуногун буда,ҳосинокии гандум аз навъи Моҳи нав аз 6,8 то 11,5с/га ва аз навъи Гратсия 7,0 то 16с гектарро ташкил кард. Ҳосили аз ҳама бештар дар навъи гандуми гратсия дар меъёри 200 кг ба даст оварда шуд, ки ҳосилнокии он аз як гектар ба ҳисоби миёна ба 16 с/га баробар гардид. Дар навъи моҳи нав бошад ин нишондод мисли навъи гратсия дар навъи 200 кг/га ба даст оварда шуд, ки ҳосилнокии аз ҳар гектар ба 11.5 с/га баробар шуд, ки нисбат ба дигар меъёрҳо бартари дорад.

4.Вобаста ба хароҷотҳои истеҳсоли самаранокии истеҳсоли парвариши навъҳои гандум дар шароити заминҳои лалмии ноҳияи Данғара ҳисоб карда шуданд. Арзиши 1 кг ҳосили гандум вобаста ба нархи бозор дар ҷамъоварии ҳосил ба 2 сомони баробар буд. Вобаста ба ҳосилнокии навъҳои гандум даромади умуми низ гуногун аст. Ин аз он вобастаги дорад , ки хароҷоти умуми ба 1 гектар киштзори гандум барои ҳамаи меъёрҳо аз 1946 то 2246 сомониро ташкил медиҳад.даромади умуми бошад дар ҳарду навъҳо аз 2680 то 4070 сомони вобаста ба меъёрҳои кишт ташкил медиҳад. Даромади соф бошад аз 1 га ҳосили гандум вобаста ба меъёри кишт аз 494 то то 2024 сомони баробар шуд. Дараҷаи даромадноки ҳамчун нишондиҳандаҳои самаранокии парвариши растаниҳои кишоварзи мебошад.

5. Ба деҳқонон тавсия дода мешавад, ки меъёри кишти тухмиро зиёд накунанд.Баръакс ҳангоми ба меъёри тавсияшуда кишт карда, риояи усуул ва техникаи кишт дар парвариши гандум нақши асосиро мебозад.

Руйхати адабиётҳо

1. Растанипарварӣ бо асосҳои тухмишиносӣ Душанбе 2011с.

2. Влияние гидротермических условий в осенный период на прорастание семян озымой пшеницы, их всхожесть и продуктивность / В.И. Бондаренко, А.В. Выблова // Селекция и семеноводства. –К. Урожай, 1989. –Вып. 67. –С. 67-72.

3. Давлатов Т. Перспективные сорта пшеницы для орошаемых земель Гиссарской долины. «Сельское хозяйство Таджикистана», № 1, 1974.

4. Давлатов Т. Продуктивность некоторых сортов пшеницы в зависимости от сроков и норм посева на орошаемых землях Гиссарской долины Таджикистана. –Автореф. дисс… канд. с.-х. наук. –Душанбе, 1986.

5. Доспехов Б.А. Методика полеого опыта. -М., 1985.

6. Жуковский П.М. Культурные растения и их сородичи. -Л., 1964. -790 с.

7. Карамалишоев А. Влияние различной крупности семян на урожай пшеницы на богаре. Тез. докл. 1-й конф. молоджых ученых и аспирантов, посв. 50-летию образования СССР. Душанбе, 1972.

8. Карамалишоев А. Влияние сроков уборки на урожай и посевные качества семян пшеницы. «Сельское хозяйство Таджикистана», № 5, 1972.

9. Карамалишоев А. Зависимость урожая пшеницы от крупности и нормы высева семян на богаре Центрального Таджикистана. –Автореф. дисс… канд. с.-х. наук. –Душанбе, 1973.

10. Касымов Д.К. и др. Растениеводство. –Душанбе, 2000.

11. Каталог районированных в Центральной Азии сортов пшеницы и ячменя. – Алматы: GTZ –СИММИТ, 2003.- 146с.

12. Каталог районированных и перспективных сортов зерновых культур, возделываемых в условиях Республики Таджикистан.- Душанбе, 1998.-33с.

13. Лошкарева А.Ф. Биологические особенности и основы селекции пшениц в Таджикистане. –Автореф. дисс… канд. с.-х. наук. –Душанбе, 1969.

14. Лошкарева А.Ф. Особенности развития корневой системы пшеницы на богаре Таджикистана. Нашриёти АИ ЉСШ Тољикистон, 3(17), 1964.

15. Лошкарева А.Ф. Тухмипарварии лалмии зироатњои сањрої. Нашриёти давлатии Тољикистон, Душанбе, 1961.

16. Лукьяненко П.П. Газетаи «Сельская жизнь», 4 сентябри соли 1963.

17. Методические указания для выполнения дипломных работ по селекции и семеноводству. –Душанбе, 1981.

18. Носатовский А.И. Пшеница.-М.: Колос, 1965.-1965.-567с.

19. Производство семян элиты на промышленной основе. А.И. Батарчук, Б.А. Веснова, Н.И. Бобирев // Селекция и семеноводства. –К. Урожай, 1987. –Вып. 62. –С. 58-61.

20. Пшеница / Л.А. Животкоа, С.В. Бирюков, А.Я. Степаненко и др. -К. Урожай, 1989.-320с.

21. Пшеницы мира / В.Ф. Дорофеев, Р.А. Удачин, Л.В. Семенова и др. -Л.: Агропромиздат. 1987. -560 с.