Найти в Дзене
ИнфоТЧ

ЛИБОСИ МИЛЛИ

оми умумии чизҳое, ки инсон мепӯшад. Л. тани одамро аз таъсири муҳит муҳофизат карда, ҳарорати баданро дар як дараҷаи муайян нигоҳ медорад. Ба мафҳуми Л. каллапӯш, пойафзол, дастпӯшак ва ғ. дохил мешаванд. Асбоби зинат ба Л. танҳо чизи иловагист. Л. баробари иқоматгоҳ ҳамчун яке аз василаҳои муҳофизат аз таъсири гуногуни беруна пайдо шуд.
Л. аз ҷумлаи ихтирооти қадимтарини инсон аст. Дар байни ёдгориҳои палеолити давраҳои охир тарошкордҳои сангӣ ва сӯзанҳои устухонӣ ёфт шудаанд, ки бо онҳо пӯст метарошиданд ва Л. медӯхтанд. Баробари пӯст барг, алаф, пӯстлохи дарахт низ ҳамчун Л. истифода мешуданд. Шикорчиён ва моҳигирон барои Л. пӯсти моҳӣ, рӯдаи ҳайвоноти баҳрӣ, пару пӯсти парандагонро низ истифода мебурданд. Инсон дар давраи неолит санъати ресидан ва бофтанро ёд гирифта, барои тайёр намудани Л. нахи растаниҳои худрӯйро ба кор мебурд. Давраи гузариш ба чорводорӣ ва деҳқонӣ ба одамон имконият дод, ки аз пашми чорвои хонагӣ ва нахи зироат (зағир, канаб, пахта) матоъ тайёр кунанд. Инсон

оми умумии чизҳое, ки инсон мепӯшад. Л. тани одамро аз таъсири муҳит муҳофизат карда, ҳарорати баданро дар як дараҷаи муайян нигоҳ медорад. Ба мафҳуми Л. каллапӯш, пойафзол, дастпӯшак ва ғ. дохил мешаванд. Асбоби зинат ба Л. танҳо чизи иловагист. Л. баробари иқоматгоҳ ҳамчун яке аз василаҳои муҳофизат аз таъсири гуногуни беруна пайдо шуд.
Л. аз ҷумлаи ихтирооти қадимтарини инсон аст. Дар байни ёдгориҳои палеолити давраҳои охир тарошкордҳои сангӣ ва сӯзанҳои устухонӣ ёфт шудаанд, ки бо онҳо пӯст метарошиданд ва Л. медӯхтанд. Баробари пӯст барг, алаф, пӯстлохи дарахт низ ҳамчун Л. истифода мешуданд. Шикорчиён ва моҳигирон барои Л. пӯсти моҳӣ, рӯдаи ҳайвоноти баҳрӣ, пару пӯсти парандагонро низ истифода мебурданд. Инсон дар давраи неолит санъати ресидан ва бофтанро ёд гирифта, барои тайёр намудани Л. нахи растаниҳои худрӯйро ба кор мебурд. Давраи гузариш ба чорводорӣ ва деҳқонӣ ба одамон имконият дод, ки аз пашми чорвои хонагӣ ва нахи зироат (зағир, канаб, пахта) матоъ тайёр кунанд. Инсон то ихтирои Л. баданро бо пӯст ва миёну ронро бо чизҳои дигар мепӯшид. Сонитар хелҳои бисёри Л.: куртаҳои дарозу кӯтоҳ, чакман, яктаҳ, пешдоман, лунгӣ, поҷома пайдо шуданд. Кафши чӯбин ё хасин, инчунин порчаи пӯсти чорво, ки ба пой мепечонданд пойафзоли оддитарин ва қадимтарин буд. Каллпӯш ба ҷуз вазифаи асосиаш аз замонҳои қадим нишони рамзӣ низ буда, мансубияти иҷтимоии одамон (каллапӯши доҳиён, коҳинон, қаландарон) ва ғ.-ро нишон медод.
Л.-ро одатан мутобиқ ба муҳити географӣ тайёр мекунанд ва матоъаш низ вобаста ба иқлими минтақаҳои гуногун интихоб мешавад. Л.-и қадимтарини халқҳои минтақаи тропикии ҷангал(Африка, Америкаи Ҷанубӣ ва ғ.) рӯйпӯши миёну рон, пешдоман, китфпӯшак буд. Дар вилоятҳои хунуки мӯътадил ва ноҳияҳои арктикӣ Л. тамоми баданро мепӯшад. Л.- и минтақаҳои хунук ба Л.-и шимоли иқлимаш мӯътадил ва шимоли дурдаст тақсим мешавад, ки дуюмиро фақат аз мӯина медӯзанд. Барои халқҳои Сибир ду хели Л.-и мӯина – барои минтақаи наздишимолӣ нобурида, яъне бутун, ки аз сар мепӯшанд (эскимосҳо, чукчиҳо, ненесҳо ва ғ.), барои минтақаҳои ҷанубтар – бурида, яъне пешкушод (эвенкҳо, ёқутҳо ва ғ.) хос аст. Дар байни ҳиндиёни минтақаи ҷангалзори Америкаи Шимолӣ Л.- и чармини махсус паҳн шудааст: занон куртаи дароз, мардон курта ва эзори дароз мепӯшанд. Намудҳои Л. ба фаъолияти меҳнатии инсон вобаста аст. Дар замони қадим занону мардони чорводори бодиянишин Л.- и махсуси барои саворагардӣ мувофиқ – эзори васеъ ва ҷома мепӯшиданд. Минбаъд дар рафти инкишофи ҷамъият таъсири тафовути мавқеи ҷамъиятӣ ва оилавӣ ба Л. афзуд. Дар байни Л.-и мардону занон, духтарону занон фарқ пайдо шуд, Л.-ҳои рӯзмарра, идона, тӯёна, мотамӣ ва ғ. ба миён омадаанд. Мувофиқи тақсимоти меҳнат шаклҳои гуногуни Л.-ҳои косибӣ пайдо шуд. Л. аввалҳо махсусияти этникӣ (авлодӣ, қабилавӣ) ва минбаъд умумимиллии халқҳоро инъикос мекард. Дар Л., одатан, нобаробариҳои иҷтимоию иқтисодӣ зоҳир мегардад. Мас., матоъ, ороиш, дӯхти Л.-и бойҳо, деҳқонон, рӯҳониён аз якдигар фарқи калн доштанд. Л. завқи эстетикии аҳли ҷамъиятро низ инъикос мекунад. Хусусияти бадеии Л. ҳамчуннамуди санъати ороишу амалӣ ва маҳсули амали бадеӣ аз он иборат аст, ки объекти эҷодиёти худи инсон мебошад. Л. бо одам вобастагии том дорад. Дар дӯхтан ва интихоби Л. ба таносуби аъзои бадан, синну сол, инчунин унсурҳои ҷузъии зоҳирии одам (қад, ранги мӯ, чашм ва ғ.) эътибор дода мешавад.
Зери Л. дар атрофи бадан ҳарорати якхела (28 – 320), намнокии кам (20 – 40%) нигоҳ дошта мешавад. Л. талафи гармиро кам карда, ба ин васила неруи организмро сарфа менамояд. Ғайр аз ин, вай пӯстро аз осеби механикӣ ва химиявӣ, ифлосӣ, чангу ғубор эмин медорад. Л. дар марҳалаи муайяни таърихӣ пайдо шуда, дар баробари манзил вобастагии одамро ба шароити иқлим кам кард, барои мавҷудият ва фаъолияти истеҳсолии ӯ имконият фароҳам овард.
Мутобиқат ба иқлим, шиддати кори мушакҳо, хусусиятҳои ҷинсӣ, синну сол, вазъи саломатӣ ва ғ. талаботи асосӣ ба Л. мебошад. Сохт ва андозаи Л. бояд ба тағйири обу ҳаво мувофиқ буда, ба озод нафас кашидан, гардиши хуну лимфа ва ҳаракат халал нарасонад. Ғайр аз ин Л. бояд ба талаботи муайяни техникӣва иқтисодӣ (пурдошт, арзон ва зебо) ҷавобгӯ бошад. Л. дар мавриди сармо бояд баданро гарм нигоҳ дорад. Аз ин рӯ, барои Л.-и зимистона матоъи вазнин ва ғафсро интихоб мекунанд.
Матои аз ҳад зиёд намкаш намиро аз бадан дур мекунад. Матоъҳои табиӣ (катонӣ, пахтагӣ, абрешимӣ ва ғ.) дорои ҳамин гуна хосият мебошаанд. Матоъҳои синтезиро ба сифати қабати берунии Л. истифода бурдан мувофиқи мақсад аст. Ҳангоми интихоби Л.-и ғафс бояд кӯшиш кард, ки пой, панҷаи даст, инчунин сар ва камар гарм бошанд. Барои пешгирии хунук хӯрдан аз Л.-и беҳад гарм (хусусан барои кӯдакон) худдорӣ бояд намуд, зеро он боиси арақ кардану тар шудани бадан мегардад.
Л.-и тобистона бояд баданро аз гармӣ муҳофизат кунад, аз матоъи пахтагин ё катонӣ дӯхта шавад. Л.-и аз матоъи тунуку кушодранг дӯхта касро аз шуои офтоб ҳимоя мекунад. Л.-и сокинони ноҳияҳои гармсер бояд баданро аз гармии тоқатфарсо эмин дорад. Аз нуқтаи назари беҳдошт барои онҳо аз матоъҳои катонӣ, пахтагӣ ва абрешимӣ тайёр кардани Л. айни муддаост. Матои синтезӣ зуд ифлос мешавад, барқ пайдо мекунад, нафаскашии пӯстро халалдор месозад ва боиси аллергия мегардад. Л.-и синтезиро зуд-зуд (мас., либоси тагро баъди 3 – 5 рӯз, ҷуроби капронро ҳар рӯз) шустан лозим аст.
Либоси кӯдакон бояд ҳавогузар ва васеъ бошад, баданро аз хунук хӯрдан ё бисёр гарм шудан эҳтиёт кунад. Л.-и кӯдаконро мувофиқи хусусиятҳои синну сол медӯзанд. Пӯсти кӯдак дар моҳҳои аввали ҳаёт нозук буда, метавонад зуд захмдор шавад. Бинобар ин, Л.-и кӯдакро аз матои нарми намкаш ва бе тугма медӯзанд. Аз матои синтезӣдӯхтани Л.-и кӯдакони хурдсол ҷоиз нест, чунки он боиси дамидани гармича ва ангезиши пӯст мегардад.
Ҳар як кӯдак бояд дастрӯймолча дошта бошад. Онро барои гум нашудан ва тоза истодан бо резин ба кисача баста мемонанд. Комбинезони астараш гарм барои кӯдакони синни томактабӣ Л.-и бештар мувофиқ аст. Матои ғафси он бадани кӯдакро аз ҳавои сард муҳофизат мекунад. Аксаран ба сифати Л.-и рӯй палтои сабук ё зимистонаро истифода мебаранд. Агар ҳарорати ҳаво5 – 100 бошад, ба кӯдакон пеш аз сайругашт ғайр аз либоси таг, куртаи нимтанаи остиндароз (ё свитер) ва шими пашмин (ё эзор), ба пояшон ҷӯроб мепӯшонанд. Вобаста ба обу ҳаво ба кӯдак ба ҷои свитери пашмин (ё куртаи нимтан) камзӯл (куртка)-и ғафс ё палтои сабук пӯшондан мумкин аст. Агар хунукии ҳаво 50 бошад, ба кӯдакон ғайр аз куртаи тагу костюми пашмин комбенизон ё камзули ғафси гарм (ё палтои сабук), кулоҳи пашмин ва дастпӯшак мепӯшонанд. Дар мавриди 100 будани ҳаво, пӯшондани палтои гарм, телпак, дастпӯшаки гарм ва мӯза зарур аст. Телпак, албатта, пешонӣ ва гӯши кӯдакро, ки ба сармо чандон тобовар нестанд, бояд пӯшонад.
Волидайн аксаран дар вақти сайругашт даҳону бинии кӯдакро бо рӯймол ё гарданбанд маҳкам мекунанд. Ин кор нодуруст аст, зеро кӯдак дар ин маврид бо бинӣ мӯътадил нафас гирифта натавониста, бо даҳон ҳавои сардро нафас мекашад. Ғайр аз ин, рӯймол зуд нам кашида, ҳисси нофорам пайдо месозад.
Ба Л.-и кӯдак ҷиддан нигоҳубин карда онро зуд-зуд шустан лозим аст. Ҳар як кӯдак бояд Л.-и алоҳида дошта бошад. Л.-и кӯдаконро дар моҳҳои аввали ҳаёт бояд албатта ҷушонид ва дарзмол кард; бо моддаҳои синтезӣ шустани Л.-и кӯдакон манъ аст. Ниг. низ Кӯдаки ширмак, Синни мактабӣ, Синни наврасӣ, Синни томактабӣ.
Либоси варзишӣ бояд ба фаъолияти организм (ҳангоми кори пуршиддати мушакҳо) мусоидат кунад, ба шароити обу ҳаво, давомот ва суръати машқҳои варзишӣ мувофиқ бошад. Л.-и варзишӣ бояд ба ҳаракат халал нарасонад, аз ҳад зиёд тунук ва аз ҳад зиёд сабук набошад, то ки варзишгар бисёр гарм нашавад ё хунук нахӯрад. Матоъи Л.-и варзишро аз матои сабук ва ҳавогузарон (барои зуд ихроҷ шудани арақ) медӯзанд. Он бояд арақро хуб ҷаббида, бемалол берун кунад. Талаботи номбурда махсусан барои Л.-и таг муҳим аст. Дар ин бобат Л.-ҳои трикотажӣ талаботи гигиениро бештар қонеъ мегардонанд; суфи хом ва карбос барои машғул шудан ба варзиш чандон мувофиқ нестанд. Л.-и варзишии зимистона бояд сабук бошад ва гармиро хуб нигоҳ дорад. Л.-ҳои барои машқ таъиншударо аз матои пахтагин, пашмин, трикотажи пашмин, матои синтезӣ медӯзанд. Ҳангоми кӯҳбароӣ ва походҳои туристӣ дар ҳавои сард Л.-и шамолгардон зарур аст; барои хунук назадани баъзе узвҳои бадан аз гӯшпӯшак, ҷӯроби пашмин ва ғ. истифода мебаранд.

Бояд қайд кард, ки Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият соли 2008 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам мебошад. Аз оғози таъсисёбиаш то ба имрӯз ин Рӯйхат 509 номгӯй урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунёро дар бар гирифтааст.

Инак, баъди талошҳои панҷсолаи Тоҷикистон 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Маврикий баргузор гардид, чакан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд.

Чакан як навъи гулдӯзии маъмул дар Тоҷикистон буда, он дар сомонаи ЮНЕСКО чунин муаррифӣ карда шудааст: «чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. ЮНЕСКО менависад, ки санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».

Бояд кард, ки дар замони муосир раванди ҷаҳонишавӣ доираи муносибатҳои байналмилалӣ ва майдони равобити фарҳангиро фаррох намуда, зарурати эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати онҳоро тақозо менамояд. Дар ин росто рушди фарҳанги миллӣ барои таҳаввули муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти эҳёи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аҳамияти бағоят муҳим дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистони тозабунёд бо анъанаҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи аввалиндараҷа дорад. Бо назардошти аҳамият ва ҷойгоҳи махсус анвои гуногуни ҳунари мардумӣ дар рушди фарҳанги муосир, эҳёи яке аз самтҳои таркибии он ки санъати гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ) ба шумор меравад, андешидани тадбирҳои фавриро тақозо менамояд.

Азбаски пайдоиши кашидадӯзӣ ба давраи аввали ҳаёти инсон, яъне асри санг мансуб дониста мешавад, он ҷузъи таркибии фарҳанги туфулияти аҳли башар ва аз қадимтарин ҳунарҳои инсоният ба шумор меравад. Васоит ва мавод барои гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ) дар замонҳои минбаъда такмил меёбад ва бо мурури замон аз дирафшҳои сангӣ, устухонӣ ба сӯзанҳои сангӣ, устухонӣ ва баъдтар ба сӯзанҳои филизӣ (биринҷӣ, оҳанӣ, пулодӣ) ва пайдоиши бофандагию рангпардозӣ замина мегузорад. Ба пайдоиши бофандагӣ пеш аз ҳама рустаниҳо, пашми ҳайвонот, нахи пахта ва абрешим таъсири амиқ мегузорад, ки истифодаи онҳо боиси рушди санъати гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ) гардидааст.

Ҳамчуноне, ки Осиёи Марказӣ пеш аз «Роҳи абрешим» ва баъди он пайвандгари тамаддуни ҷаҳонӣ ҳисоб меёфт, санъати гулдӯзии халқу миллатҳои маскуни ин минтақа тавассути савдо ба минтақаҳои назди роҳҳои корвонгузар паҳн мегардид.

Чакан навъе аз кашидадӯзии миллии тоҷикист, ки дар Кӯлоб ва навоҳии наздики он паҳн гардидааст. Аксаран кашидадӯзон болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафедро бо риштаҳои рангин гулдузӣ мекунанд.

Вожаи «чакан» ниҳоят кадимӣ аст. Дар ибтидо дар рӯи чӯб, устухон, маъдан, чарм, сангҳои қимматбаҳо ва зарфҳои филизӣ бо дирафшҳои махсус нақшҳои гуногун- гул, барг, офтоб, моҳтоб, ситора ва монанди ин офарида мешуд, ки он баъдтар чакан ном гирифт. Истилоҳи «чакан» дар забонҳои славянӣ низ дучор меояд. Масалан, «чеканка», «чеканит» - маънои нақш партофтан дар болои филизот, чӯб ва ғайраро дорад, ки худ аз вожаи «чакан» пайдо шудааст.

Дар замонҳои қадим барои чакандӯзӣ асосан карбосро истифода мебурданд ва бо пайдоиши матоъҳои дигар онҳоро низ мавриди истифода қарор доданд.

Маҳорати дастони гулдӯзон гӯё имрӯзро бо гузашта мепайванданд ва дар гулҳои офаридаи худ ба ояндагон нияти неки худ ва гузаштагонро ба мерос мегузоранд. Ҳар як гуле, ки онҳо бо сӯзан меофаранд, гӯё дунёест, ки асрҳо бегазанд дар шуури мо нақш бастааст ва он гувоҳи ривоҷи ҷаҳони маънавӣ, ғояҳои инсонгароӣ ва миллӣ буда, аз фарҳанги ғании халқ дарак дода, таҷассумгари гулгулшукуфии дунёи бепоён ва ояндаи инсоният аст.

Санъати гулдӯзӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ва аҷдодони ӯ ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд.

Тибқи таҳқиқоти пурарзиш олимон ба ақидае омадаанд, ки аҷдодони мо дар самти омодасозии матоъ ва зебонамоии он тавассути гулдӯзӣ дар қатори аввалинҳо аз рангҳои гуногун истифода намудаанд. Дастони бонувони тоҷик мӯъҷизаофаранд. Яке аз мӯъҷизаҳои он бо нӯги сӯзан ва заҳмати беандоза тавлиди санъати гулдӯзӣ ва офаридани шаклҳои мураккаб бо сабки хос ва соҳиронаю ҷаззоб дӯхтани шаклҳои гуногуни чакан мебошад. «Бояд зикр кард, - менависад А. Шарифов, - муҳимтарин қисми таркибии санъати гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ)-и тоҷикӣ нақшу нигори он мебошад. Дар нақшу нигори гулдӯзиҳои тоҷикӣ табиати ватани таърихӣ ва имрӯзаи мо, ҷаҳонбинӣ, анъана, афкори таърихӣ, зебопарастӣ, орзую омол, инчунин таъсири равандҳои таърихӣ ба ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти амалии мардум таҷассум ёфтаанд». Аз ин ҷост, ки иттилои муҳиме оид ба гулдӯзӣ дар «Авасто», «Шоҳнома», осори Ҷайҳонӣ, Табарӣ, Муқаддасӣ, Мирхонд, Хондамир, Балхӣ, Восифӣ, Дониш ва дигарон дарёфт намудан мумкин аст. Оид ба равияҳои гуногуни гулдӯзӣ ва сабкҳои он, офариниш ва таърихи он муҳаққиқони зиёде, аз қабили А. А. Бобринский, М.П. Винокурова, Н. Белинская, Н. Ершов, О.А. Сухарева, Г.М. Майтдинова, З.А. Широкова, С.П. Русайкина, С.В. Иванов, Н. Юнусова, М. Рӯзиев, Л. Додхудоева, Ш. Абдуллоева, Х. Содиқова, А. Аминова, М. Ғаниева, Ф. Руҳулова маълумоти фаровоне гирд овардаанд. Олимон дар гулдӯзиҳо беш аз 700 намуди нақшу нигорро муайян ва онҳоро ҳамчун нақшҳои ороишӣ ба се гурӯҳ: ислимӣ, ҳандасӣ ва хаёлӣ ҷудо кардаанд. Ғайр аз ин пажӯҳишгарон услуби нақшҳои гулдӯзиро, пеш аз ҳама ба муҳити зист вобаста дониста, онро ба ду намуди асосӣ – гулдӯзии кӯҳистонӣ ва водигӣ тақсим намудаанд.

Чакан идомаи ҷустуҷӯҳои беш аз ҳазорсолаи аҷдодист, ки дар аввал чун либоси шахсиятҳои доро маъруфият дошта, бо гузашти солҳо дар байни мардум паҳн гардидааст.

Агар мо намунаи бозёфтҳои марказҳои фарҳангии Саразм, Дарбанд, Балх, Нисо, Марв, Суғд, Бохтар, Бухоро, Хоразм, Варахша, Хуҷанд, расмҳои Тахти Ҷамшед, Намозгоҳ, Тупроққалъа, Балаликтеппа ва Панҷакенти Қадимро муқоиса намоем, мебинем, ки одамон дар ҳар давру замон либосҳои зебову шинам дар бар доранд ва гулу нақшу нигори онҳо на танҳо бо намуди матоъ, балки шаклу сабки ба худ хос аз ҳамдигар фарқ доранд. Аммо дар ҳамаи давру замон матои абрешимии гулдӯзишуда бо нозукӣ, шинамӣ таваҷҷуҳро ба худ ҷалб менамояд. Дар аввал он танҳо либоси дороён маҳсуб меёфт. Намунаҳои он аз Бохтар, Бухоро, Афросиёб, Балх, Кӯҳи Муғ, Панҷакент, Марв, Нисо ёфт ва баъзан дар деворнигорҳои ёдгориҳои гуногуни меъморӣ ва минётураҳо тасвир шудаанд.

Аз ин рӯ, дар байни мардуми мо то ба имрӯз ин намуди гулдӯзӣ шукӯҳу сарват, саховат ва дороиро инъикос менамояд. Аммо ба ақидаи олимон, аз ҷумла, Г.М. Майтдинова навъи матоъи абрешимӣ аз ҳазораи II пеш аз мелод дар минтақаи ориёинишин мавҷуд будааст. Г. М. Майтдинова аввалин намунаи таърихии гулдӯзии аҷдодиро аз марқади «Иттифоқ»-и ноҳияи Фархор мутобиқ ба асри III-и мелодӣ донистааст, ки дар он расми дарахт ва навдаҳои он гулҳо, дар атрофи он паррандаҳо ва дар болои он се абр бо тори симин дӯхта, гулҳо ва баргҳо бо риштаи абрешими бунафш, арғувони гаронбаҳо хеле нозуку сеҳрангез офарида шудааст.

Замонҳои қадим барои чакандӯзӣ карбосро истифода мебурданд. Солҳои 70-уми асри ХХ дар ноҳияи Фархор дар қабристони замони Кушониён аз қабри духтарчаи 6-7- сола камзӯлчаи беостини карбосӣ ёфт шуд, ки дар тахтапушташ бо симҳои нуқрагин дарахти ҳаёт ва дар шохаҳои дарахт ду булбул гулдузӣ шуда буд. Ҷуғрофидони асри Х Мақдисӣ дар бораи Хатлон навиштааст, ки «аз он ҷо гулдӯзиҳои некӯ, зарбофтҳои зебо ба бозори ҷаҳонӣ мебаранд». Ин шаҳодати он аст, ки дар замони Сомониён дар Хатлонзамин марказҳои чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва гулдӯзӣ амал мекардаанд. Нақшҳои чакан ҳар кадоме дорои мазмуни хосса буда, бештар хусусияти динӣ доштанд: офтоб, моҳ, ситораҳо, оташ, одам, ҷонварону рустаниҳои муқаддас ва амсоли ин.

Баъди густариши ислом дар минтақа тасвири ҷонварон ва одам манъ шуд, аммо нақшҳои салиби шикаста, оташ, офтоб, рустаниҳо барҷо монданд ва бо гузашти айём моҳияти динии хешро гум карда, ба нақшҳои беном табдил ёфтанд. Масалан, дар «Авесто» оид ба рустании муқаддас, хуми сафед ва мухаддир сухан меравад. Бо оби хуми сафед гӯё рӯзи растахез фавтидагонро зинда мегардонанд. Ин рустанӣ мисли пиёз бех дошта, баргҳояш чун себаргаанд. Нақши себарга дар чакандӯзӣ мавқеи асосиро ишғол мекунад. Бо чунин нақш шероза, поҷома ва остинро ороиш медиҳанд. Аз хуми мухаддир дар маъбадҳои зардуштӣ бо оби анору шир машрубот тайёр карда мешуд. Ин рустанӣ буттаи ҳамешасабз буда, баргҳояш сӯзаншакланд. Аз нақши он дар чакандӯзӣ барои ороиши рӯйҷои арӯсӣ, хона, зардеворӣ истифода мешавад. Яке аз нақшҳои маъмули дигар нақши забонаи оташ бо рангҳои сурху зард аст. Ин нақшро пеш аз ислом чун рамзи ҳаёт ва нур дар китфи фариштагон, шоҳон ва ашхоси соҳибмақом тасвир мекарданд. Унсурҳои нақши мазкурро чакандӯзони имрӯза низ кор мефармоянд.

Ба ақидаи роҳбари Муассисаи ҷамъиятии дорои масъулияташ маҳдуди «Чакан» Зариф Валиев чакан дар давраи подшоҳии шоҳ Ҷамшед пайдо шуда, бо фарорасии фасли баҳор, иди Наврӯз, эҳёи табиат аз даврони ориёиҳои пеш аз мелод то ба имрӯз истифода бурда шуда, он аз доираи як халқияту миллат то ба сарзаминҳои бузурги минтақаҳои паҳновари Авруосиё доман паҳн кардааст. Бисёр миллату халқиятҳо онро «мол»-и худ медонанд, ки ба ҳунари волои «Сабки ваҳшӣ» («Звериный стиль») -и ориёӣ олимони Аврупову Осиё онро хуш қабул карда, ба заҳмати дастони пурҳунари бонувони тоҷик баҳои баланд додаанд.

Чакан ва ё чакандӯзӣ ба рушди матоъбофӣ тавъам аст. Дар ибтидо ориёиҳо масолеҳи абрешимиро аз Чин мехариданд ва азбаски нархи гарон дошт, аз онҳо танҳо барои шоҳу дороён либос медӯхтанд. Асрҳои минбаъда сирри пиллапарварӣ кашф гардид, ки парвариши он дар Осиёи Миёна ва Эрон ба роҳ монда шуда, дар асрҳои VII– VIII-и мелодӣ дар Форсу Суғд марказҳои бофандагии матоъҳои абрешим таъсис меёбанд. Суғдиён дар як давраи бузурги таърихӣ паҳнкунандаи асосии ин навъи матоъ ба Рум, Рус ва дигар мамолики Аврупо буданд. Тоҷирони суғдӣ дар роҳи абрешим мақоми вижаеро касб карда, аз Чин то ба Рум ҳама корвонсаро ва марказҳои тиҷорат дар ихтиёри онҳо буд. Ин замон ба оммавигардии чакан низ мусоидат кардааст.

Азбаски омодасозии либоси чакан заҳмати зиёд ва маҳорати баланди на танҳо дӯзандагӣ, балки коркарди масолеҳи ресандагӣ, риштаресӣ, рангсозӣ, нусхагирӣ, интихоби матоъ аз рӯи ранг, сифат ва ғайраро талаб менамояд, минтақаи омодасозии он низ маҳдуд аст. Вале ниёзмандони он аз мамолики Шарқу Ғарб хеле зиёданд, ки ин барои ривоҷу густариши чакан шароити бештаре фароҳам овард.

Имрӯз нақшу нигори пироҳани занона бештар бо риштаи абрешимӣ, ки худи дӯзандагон бофтаву ранг мекунанд, дӯхта мешавад. Дар гулдӯзиҳои кӯҳистон нақши гиреҳ дар шакли ромб, чоргӯша, секунҷа ва доирачаҳо ҷои асосиро ишғол менамояд. Нақши гиреҳ дар гулдӯзиҳои кӯҳистонӣ бо ислимӣ ба монанди аштақ, барг, баргак, барги бед, барги гул, барги дарахт, барги сафедор, барги тут, бахмалгул, бодом, бодомча, бутта, буттаи гул, гандум, гандумак, гули калон, гарди гул, гашнич, гирди гулҳо, ғулғулак, гули дарахт, гули зардак, гули зағерак, гули олуча, гули ошиқи печон, гули калон, гули лола, гули садбарг, гули сагак, гули садпар, гули себ, гули сиёҳгуш, гули райҳон, гули хайрӣ, ва косагулҳои гуногун омезиш меёбад.

Услуби таҳия ва нақши косагул гуногун мебошад. Дар ноҳияи Тоҷикобод косагулҳои қисми пеши пироҳан то 70-90 см. дӯхта шуда, домани пироҳан озод мемонад, вале остинҳо аз китф то охир пурнақшу нигор гулдӯзӣ мешаванд.

Барои рушди чакандузӣ дар шаҳри Кӯлоб Муассисаи ҷамъиятии дорои масъулияташ маҳдуди «Чакан» 26 ноябри соли 2005 таъсис ёфт, ки чеварони забардасти минтақаи Кӯлобро дар як марказ гирд оварда, мувофиқи фармоиши ансамблҳои «Фалак», «Падида», Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Қумсангир, Норак либосҳои рақсии чаканро омода менамояд.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаъну шӯҳрати чакан хеле баланд гардид. Гулдухтарони тоҷик чаканро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар намуда, якҷоя бо нону намак манзури мардум мегардонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғибу ташвиқи чакан дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Фетстивал-озмунҳои «Андалеб», «Чакомаи гесӯ», «Сапеда», «Чакан», намоиши байналмилалии муд - «Диёри ҳусн», таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз», «Меҳргон», рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, «Шашмақом», «Фалак» ин матоъро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ин маъракаҳои муҳим манзури ҳазорҳо нафар тамошобинони ватанӣ ва хориҷӣ мегардонад. Чакану атлас дар тамоми чорабиниҳо фарҳангие, ки дар хориҷи кишвар баргузор мегардад, аз ҷумла рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар мамолики хориҷӣ тарғибу ташвиқ мегардад. Яке аз равандҳои ҷаҳонигардии чакан ин ташкили намоишҳои либоси миллӣ дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷа, ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ, ҷамъиятҳои дӯстии байни тоҷикону миллатҳои дигар ба шумор меравад. Мавҷудияти чакану атласи тоҷик ба ин чорабиниҳо ҳусну таровати тоза мебахшад.

Ба андешаи роҳбари Муассисаи ҷамъиятии дорои масъулияташ маҳдуди «Чакан» Зариф Валиев либосҳои онҳо дар ҷашнвораҳои байналмилалии Имоми Аъзам, Наврӯз, дар намоишҳои байналмилалии Эрон, Ҳиндустон, Беларуссия, Россия, Туркманистон соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.

Бо қарори Раиси вилояти Хатлон ҳамасола дар шаҳри Кӯлоб фестивали «Сайри чакан» баргузор мегардад.

Моҳи майи соли 2006 дар вилояти Хатлон фестивали «Таронаи чакан – таронаи ориёнӣ» хотима ёфт, ки дар он ҳунармандон аз 25 ноҳияҳои Хатлон фаъолона ширкат доштанд.

Моҳи июли соли 2007 ширкати «Чакан»-и Кӯлоб дар 3-юмин Ярмаркаи байналмилалӣ дар Вилояти мухтори Синзян Уйғури Хитой, ки бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташкил карда шуда буд, либоси «Чакан»-ро муаррифӣ намуд.

Моҳи майи соли 2009 дар шаҳри Вашингтони ИМА бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон ва тоҷикони муқимии он гӯшаи намоиши либосҳои тоҷикӣ – атлас ва чакан баргузор шуд.

Моҳи сентябри соли 2009 дар толори Рейхстаги шаҳри Берлин дар зиёфати бошӯкӯҳ хонуми олмонӣ бо либоси чакан байни меҳмонон пайдо шуд, ки ҳозирин аз ӯ чашм намеканданд. Номи хонуми зебо Навишта буда, номи ӯро ба шарафи қаҳрамони «Баҳодури Истаравшанӣ» мондаанд. Ба андешаи ин хонуми олмонӣ, чакани тоҷикӣ ҳамчун либоси зебо ҷаласаҳои бошукӯҳро ҳусну таровати тоза мебахшад.

7-8 ноябри соли 2015 Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Ҷилваи чакан» якҷо бо Фестивали ҷумҳуриявии либосҳои миллӣ «Хандаи ҳусн» Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев баргузор гардид.