Найти тему
ИнфоТЧ

Мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷараёнҳои тундрави он.

Нақша:

1. Тавсифи чаҳор мазҳаби асосии Ислом.

2. Таъсиси ҷараёни ифротии Ҳизби Таҳрир.

3. Таъсисёбии равияи Салафия.

4. Таъсиси ҷамоаи таблиғ.

Мусулмонони ҷаҳон, ки шумораи онҳо дар ҳудуди тақрибан 1, 5 миллиард маҳсуб мегарданд, асосан қариб ҳама дар мазҳаби аҳли суннат қарор доранд. Чи тавре зикр шуд, аз ин шумора 120-150 миллиони онҳоро шииён ташкил медиҳанд. Сунниҳо ин номро ба сабаби ҷиддан пайравӣ намудан ба суннатҳои (рафтору гуфтори) пайғамбари мусулмонон гирифтаанд ва онҳо худро «аҳли суннат ва ҷамоат» меноманд.

Вале дар тўли таърих мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат низ бетағйир намондааст. Дар асрҳои VIII-IX дар он чор мазҳаб пайдо гардид. Ин мазҳабҳо бо номҳои асосгузорони онҳо номида шуданд. Мазҳаби ҳанафӣ аз номи асосгузори он Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (699-767) гирифта шудааст. Ин мазҳаб дар ҷаҳон аз ҳама паҳншудатарин мебошад. Мардуми Осиёи Миёна, Бошқирдистон, Тотористон, Туркистони Шарқӣ, Афғонистон, як қисми Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Туркия, Сурия, нисфи Ироқ, як қисми Эрон аксари Миср , Балкан, Индонезия, Хитой ва як қатор давлатҳои дигар дар мазҳаби Абуҳанифа қарор доранд. Аз рўи баъзе маълумотҳо ҳанафиён зиёда аз нисфи мусулмонони ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Хизмати бузурги Абуҳанифа дар он аст, киӯаввалин шуда фиқҳи исломӣ (ҳуқуқи исломӣ)-ро кор карда баромад.

Шофеиён дар мазҳаби Имом Шофеӣ (ваф. 820), моликиён дар мазҳаби имом Молик (ваф. 795) ва ҳанбалиён дар мазҳаби имом Ҳанбал (ваф. 855) қарор доранд. Ҳар чори ин мазҳабҳо мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат дониста шуда, байни ҳамдигар баъзе фарқҳои ҷузъӣ доранд. Масалан, ҳанбалиҳо ҳангоми намоз мисли ҳанафиҳо дастҳояшонро на дар зери ноф, балки баробари сандуқи сина мебанданд. Ё ки, онҳо дар намоз пойҳои худро васеъ гузошта ҳангоми тамом шудани хондани сураи фотиҳа бо овози баланд якҷоя «омин» мегўянд ва монанди инҳо. Дар фиқҳи аҳли суннат ин ҳар чори мазҳабҳо як хел қувват доранд ва агар касе хоҳад аз як мазҳаб ба мазҳаби дигар гузарад, ихтиёр дорад ва касе гунаҳкор намегардад. Аз мазҳабҳои мазкур мазҳаби ҳанбалӣ бештар дар Арабистони Саудӣ ва моликӣ – дар Африқои Шимолӣ, (Тунис, Мағриб, Алҷазоир, Миср, Либия) шофеӣ-дар Мисру Урдуни, Индонезия, Сурия ва нисбатан камтар дар Кавказ паҳн гаштаанд.

б. Сўфизм. Яке аз ҷараёнҳои калони исломӣ – сўфия ё ба тарзи дигар тасаввуф мебошад. Решаи ҳардуи ин калимаҳо аз сўф, яъне пашм гирифта шудааст. Зеро сўфиҳо либосҳои дағали пашмӣ пўшида, бо тақвою парҳезкорӣ ва рўзадорию намозгузориҳо рўз мегузарониданд. Дар ибтидо ин амалҳои онҳо оҳангҳои иҷтимоӣ низ доштанд, яъне онҳо ба тарзи ба худ хос бар зидди сарвату чизпарастии табақаҳои болоии ҷамъият ба тарзи бешуурона бо роҳи парҳезкорӣ ва даст кашидан аз сарвату худнамоӣ эътироз мекарданд. Яке аз сўфиҳои аввалин Абуҳошим (ваф. 776) буд, ки дар наздикии Куфа мезист. Иброҳими Адҳам (ваф. 782) писари ҳокими Балх ба зуҳду зоҳидӣ дода шуда, ҳамоно либосҳои аз шоҳию парча будаи худро ба либоси пашминаи чўпонон иваз кард. Шайх Шақиқи Балхӣ (ваф. 810) низ аз баҳри 300 деҳаи худ баромада сўфии машҳур шуд. Яке аз сўфиёни дар таърих машҳури Хилофати араб-Мансури Ҳаллоҷ (858-922) буд, киӯдар Бағдод мезист. Сўфиёнро метавон ба ду гурўҳ ҷудо кард: гурўҳи муътадилон, ки ба гўшанишинию тақво машғул буданд; гурўҳи дуюм гурўҳест, ки ба эҳсосоту ваҷд дода шуда, этикаю психологияи хосси худро кор карда баромад. Сўфӣ мебоист нафсу ҷисми худро азобу машаққат диҳад, кам хўрад, кам хоб равад, бештар ба зикру муроқиба пардозад, ба лаззоти ҷисмонӣ машғул нагардад, пашмина пўшад, ба корҳои дунё машғул нагардад, динро ва тариқаи устоди худро омўзад ва ба он пайравӣ намояд. Оҳиста-оҳиста дар байни сўфиён шайхҳою муридҳо пайдо шуданд. Шайхҳо амалияю таълимоти хосси худро доштанд ва он сол ба сол такмил меёфт. Шайх таълимоти худро ба тарзи шифоҳӣ ба муридони худ мефаҳмонид.

Дар асрҳои X-XIII сўфиҳо гурўҳҳо ташкил карда, дар бораи ақоиди худ китобҳо таълиф намуданд. Таълимоти сўфиҳо барои ба ҳақиқат расидан, ба худо қаробат пайдо кардан, яъне расидан ба дидори ҳақ ба дараҷаҳои зерин ҷудо карда шудааст: дараҷаи аввал – тайёрӣ – шариат аст. Дар ин дараҷа сўфӣ мебояд тамоми қонуну қоидаҳои шариатро азхуд намуда, бемайлон онҳоро риоя намояд. Дараҷаи якум шариат бошад, дараҷаи дуюм тариқат аст (аз тариқ – роҳ). Дар ин дараҷа сўфӣ бояд тариқату шайхи (пири) худро интихоб намояд.ӯмуриди пир шуда, ихтиёри худро пурра ба дасти ў, тибқи амри-«мурид дар дасти шайхи худ бояд чун мурда ба дасти мурдашўй бошад», месупорад.ӯтариқаи шайхи худро пурра азбар намуда, баӯпайравӣ менамояд.

Пас аз тай кардани ин марҳала сўфӣ ба марҳалаи сеюм – маърифат мегузарад. Дар ин зина сўфӣ ориф, яъне донанда (олим) мешавад. Ба воситаи гўшанишинию тақво, азоб додани нафсу бадани худ, машқҳои тарбияи иродаӯметавонад аз роҳи расидан ба ваҷд ба Худо наздик гардад. Дар ин марҳила сўфӣ бояд аз вартаи ҳаёту дунё ва фарқ гузоштан байни некию бадӣ боло биҷаҳад. Марҳалаи чоруми зинаи олии сўфиҳо расидан ба ҳақиқат мебошад. Дар ин зина сўфӣ дар худ ҳамагуна ҳавасу шавқу рағбатро ба касе ва чизеро мекушад ба ҷуз аз як орзу – расидан ба висоли худованд, озод шудан аз ҷисми худ, гум кардани «Ман»-и худ ва мунҳалл гардидан дар худо. Мансури Ҳаллоҷ дар ҳолати ваҷд «Ана-л-ҳақ» - ман ҳақ, яъне худо ҳастам, мегуфт, то кушта шуд.

Сўфиҳоро дарвеш низ меноманд. Онҳо дар ҷамъомадҳояшон ба зикр, доиразанию чархзанӣ машғул шуда, худро ба дараҷаи ваҷд мерасониданд. Гурўҳҳое буданд, ки намоз намехонданд ва ба ҷои намоз ба зикр машғул мегардиданд. Онҳо калимаи «ҳу» -«вай», яъне худоро зиёд такрор менамуданд. Сўфизм равияву ҷараёнҳои зиёде дорад (нақшбандия, чиштия, қодирия, кубравия, суҳравардия ва ғайраҳо).

в. Ваҳҳобия. Дар асри XVIII дар байни ҳанбалиҳои Арабистони Саудӣ дар минтақаҳои Наҷду Ҳиҷоз ҷараёни ваҳҳобия бо сардории Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1703-1791) пайдо гардид.ӯталаб мекард, ки мусулмонони ҳақиқӣ бояд ба исломи тозаю аввалаи замони зиндагии пайғамбар бозгарданд. Зиёрати мазорҳо ва ҳатто зиёрати қабри пайғамбар аз ҷониби Абдулваҳҳоб ширк, яъне он мазорро ба худо шарик кардан эълон гардид. Касоне, ки мазорҳоро зиёрат мекарданд, кофир ҳукм карда шуда маҳкум ба қатл мегардиданд. Намози ваҳҳобиҳо низ аз мазҳабҳои дигарон фарқ мекунад: онҳо фақат намозҳои фарзиро мехонанд, суннатро не. Таҳораташон низ дигар аст. Онҳо рўю дасту даҳону бинию пойро якборӣ мешўянд. Ҳангоми намоз дар охири сураи фотиҳа бо овози баланд «омин» мегўянд. Ваҳҳобиҳо аввал дар Наҷд, баъд дар Ҳичоз ғалаба ба даст оварданд. Ҳозир дар Арабистони Саудӣ аз мардуми одӣ то шоҳон мазҳаби ваҳҳобӣ доранд. Он мазҳабе, ки имрўзҳо дар Тоҷикистон бо номи «салафиҳо» пайдо шудааст, дар асл ҳамон мазҳаби ваҳҳобӣ аст.

г. Бобия ва баҳоия. Дар миёнаи асри XIX тоҷири шерозие дар Эрон бо номи Мирзо Алӣ Муҳаммад худро «Боб»-«дар» ба маъное, киӯдар байни одамон ва худо ҳамчун даре мебошад, эълон намуд. Ва одамон гўё ба воситаи ин дар метавонистанд ба назди Худо роҳ ёбанд. Мардуми камбағали шаҳр баӯгаравиданд.ӯба ҳама гуна фаъолияти тиҷоратӣ озодии пурра эълон кард, лекин ин озодӣ барои эрониҳо буд. Боб ҳамаи мардумро баробару бародар медонист.ӯхудро вориси пайғамбар эълон карда мегуфт, ки вазифаиӯба мардум расонидани таълимоти нав аст. Барои ба ҷониби худ бештар ҷалб намудани мардум, Боб эълон кард, ки панҷ вақт намоз хондан лозим нест.Ҳаракати бобиҳо, ки минтақаи васеъро фаро гирифта буд, бераҳмона пахш карда шуд. Худи Боб дар соли 1847 ба ҳабс гирифта шуда, дар соли 1850 якҷоя бо сардорони дигари шўриш ба қатл расонида шуд. Бо қатли Боб шўриш поён наёфт. Нафаре бо номи мулло Муҳаммад Алӣ худро вориси Боб эълон намуда, ба таври фаъол ба мубориза бархост. Аммо исёниӯва исёнҳои дигар дар соли 1852 ҳама аз ҷониби ҳукумат пахш карда шуданд.

Дар шўриши Боб баъзе талабҳои прогрессивӣ низ дар хусуси даровардани ислоҳот ба ҳаёти маишии мардум аз қабили нест кардани нобаробарии ҳуқуқии занон, бекор кардани бисёрзанагию баъзе расмҳои дигари динӣ пеш гузошта шуда буданд. Ин иқдомот бо ташаббуси яке аз роҳбарони шўриши Боб-Заҳро хонум пеш гузошта шуда буданд. Ин ҳаракат як каме баъд идомаи худро пайдо кард. Яке аз пайравони Боб бо номи Мирзо Ҳусайни Алӣ бо лақаби Баҳоулло бо бародараш Яҳё бо лақаби «Субҳи Азал» аз Теҳрон гурехта ба Бағдод рафтанд. Баҳоулло таълимоти Бобро аз нав такмил дода «Китоби Ақдас»-ро ҳамчун китоби муқаддаси баҳоия ба мардум пешниҳод намуд. ӯниз мисли Боб ҳамаро баробар эълон кард ва мегуфт, ки ба самароти замин ҳама баробар ҳақ доранд. Валеӯистифодаи зўрӣ, муборизаи ошкороро эътироф намекард.ӯмегуфт, ки бояд якдигарро бахшид, дўст дошт, ба бадӣ набояд муқобилият кард. Ана ба сабаби ҳамин таҳаммулпазирӣ баҳоия дар Эрон ва кишварҳои дигар паҳн гардид. Баҳоулло дар соли 1892 вафот кард. Аҳкоми ҳуқуқию шаръии исломро Баҳоулло мулоим ё бекор карда буд.ӯҷиҳодро бекор ва судхўриро иҷозат дода буд. Таълимотиӯаз лақаби худаш «баҳоия» ном гирифт. Он бештар дар байни зиёиёни Эрон тарафдорон пайдо кард. Ин таълимот ба талаботи мардуми одӣ мувофиқ набуд. Баҳоия аз ҳамаи динҳо чизе гирифтааст. Гумон меравад онро гурўҳҳои манфиатдоре- шояд саҳюниҳо барои аз дохил вайрон кардани ислом бофта бароварда бошанд. Хоссатан, ки маркази баҳоиҳо дар Тел-Авив қарор дорад.

д.Маҳдавия-аслан ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ буда дар шимоли Африқо дар зери ниқоби исломӣ рўй дод. Ҳаракати аз ҳама машҳури зидди мустамликавии динӣ ҳаракати маҳдавия дар Судон дар солҳои 1881-1898 буд. Сардори ин ҳаракат дарвеш Муҳаммад Аҳмад дар соли 1871 дар яке аз ҷазираҳои дарёи Нил бо номи Абба ҷой гирифта, аз он ҷо дарвешони худро ба ҳар кунҷу канори Судон бо супоришҳо мефиристод.ӯдар соли 1881 худро «маҳдии охирзамон», ки мебояд ба ҳаракати динии зидди мустамликавии мусулмонони Африқо роҳбарӣ намояд, эълон намуд. Зеро ба ақидаи ў, хўҷаинони онҳо сарватмандони турку мисрӣ мусулмонони дурўғин буда, ба ғорати мардум машғуланд ва аз фармудаҳои Қуръон дур мебошанд. Дар хусуси мустамликадорони аврупоии ғайри дин ҳоҷати гап ҳам нест. Ин ҳаракат Судони Шарқӣ ва масоҳати калонеро дар Шарқ то Баҳри Сурх фаро гирифт. Шўришчиён дар ноябри соли 1883 лашкари англисию мисрии генерал Хиксро ва дар соли 1884 лашкари генерал Бекерро шикаст дода, дар соли 1885 пойтахти Судон шаҳри Хартумро гирифтанд. Ҳаракати маҳдавия қариб 20 сол идома ёфта бо душворӣ аз тарафи қувваҳои империалистии англисию мисрию франсавӣ дар соли 1898 пахш карда шуд.

2.Таъсиси ҷараёни ифротии Ҳизби Таҳрир.

Ҳизби Таҳрир-Ҳизби ифротии сиёсию динӣ буда дар соли 1952 дар Урдунн аз ҷониби шайх Тақиуддини Набҳонӣ (1909-1977) дар ҳамкорӣ бо Абдулқадими Заллум, Асъад Биюзӣ ва Раҷаб Биюзӣ таъсис дода шуд. Ҳарчанд ҳизби мазкур аз ҷониби давлати Урдунн сабти ном нагардид, муассисон ба ҷалб намудани мардум ба сафҳои ҳизби худ ва кушодани шўъбаҳои он дар кишварҳои арабӣ-Сурия, Лубнон ва шаҳрҳои Фаластин ба фаъолияти густурда пардохтанд. Баъдтар шўъбаҳои ҳизби таҳрир дар Миср, Индонезия, Туркия, Ўзбекистон ва давлатҳои ғарбӣ-Англия ва Германия кушода шуданд. Бо вуҷуди фаъолияти густурдаи ин ҳизб мардуми кишварҳои арабӣ ба он таваҷҷўҳи калоне зоҳир нанамуданд ва касоне, ки ба он шомил шуда буданд, мавриди ҷазоҳои сахт қарор гирифтанд.

Барномаи ҳизб асосан сиёсӣ буда, мақсади асосии он ба даст даровардани қудрат бо роҳи ҷиҳоду зўрӣ мебошад. Ҳизби таҳрир чунин мешуморад, ки ҷаҳони имрўза ҳама «дорулҳарбу дорулкуфр» аст ва бояд барои ба «дорулислом» баргардонидани онҳо ҷиҳод кард. Ба ақидаи таҳририён, ки дар барномаи ҳизби онҳо («Манҳаҷ ҳизбу-т-таҳрир» ва «Низоми ислом») зикр гардидааст, нафақат давлатҳои ғарбӣ дорулкуфру дорулҳарбанд, балки давлатҳои имрўзаи исломӣ низ чунин мебошанд. Аз ин рў бояд аввал дар давлатҳои мусулмонӣ низоми исломии хилофатро ҷорӣ карда, онҳоро ба дорулислом баргардонид. Баъд аз ин мебояд рў ба кишварҳои ғарбӣ оварда бо роҳи ҷиҳод онҳоро низ ба дорулислом табдил дод.

Дар ҳар кишвар роҳбари ба ном вилоятӣ кор мебарад. Асоси сохтори ҳизбиро дар маҳалҳо «халқа» ташкил медиҳад, ки он аз 5-8 нафар аъзо иборат мебошад. Дар ҳалқа аъзоёни нав, ки «дорис» (дарсхон) ном доранд, ба таълимоти ҳизб шинос мегарданд. Касе, ки ба онҳо дарс медиҳад, «мушриф» ном дорад. Сохтори ҳизби таҳрир ба ташкилоти махфии нимҳарбӣ монанд аст. Баъди ба итмом расидани таълим, дорис ба ҳизб дохил гардида барои садоқат ба ҳизб қасам ёд мекунад. Баъд аз муддате чун узви нав нағз кор кунад, баӯдараҷаи «нақиб» дода шуда,ӯба кори роҳбарӣ ба ташкилоти ҳизбии ноҳиявӣ таин мегардад. Дар вилоят роҳбар «масъул» ва муовиниӯ«мусоид» номида мешаванд. Роҳбарони ҷумҳуриявӣ «муътамид» ном доранд, ки бевосита ба котиби генералии ҳизб тобеъ мебошанд.

Ба ҳизби таҳрир ҷавонони аз 18 то 30 сола қабул карда мешаванд.

Ҳизби таҳрир аз рўи маълумотҳо аз ҷониби Усома ном урдунӣ, ки дар яке аз донишкадаҳои Тошканд таҳсил мекард, дар соли 1986 ба Ўзбекистон роҳ ёфтааст. Ақидаи дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки ташкилоти ин ҳизбро донишҷўи дигари урдунӣ бо номи Салоҳиддин дар соли 1995 дар Тошканд созмон дода, баъд фаръҳои онро дар Самарқанду, Қўқанду, Намангон, Андиҷону Фарғона кушодаанд.

Аз Ўзбекистон ҳизби таҳрир ба Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон роҳ ёфт. Ба Тоҷикистон ҳизби таҳрир дар соли 1998 роҳ ёфта, дар соли 1999 фаръҳои он дар Хўҷанду Исфара ва ноҳияи Б. Fафуров кушода шуда буданд. Баъдтар ин ҳизб ба шаҳри Душанбе , ноҳияи Рўдакӣ, Ҳисору Шаҳринав роҳ ёфт. Аз соли 2000-ум сар карда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо ҳизби таҳрир муборизаи сахт бурда истодааст. Садҳо нафар ба ҳабс гирифта шуда, ба мўҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шудаанд. Аз як қатор боздоштшудагон компютеру асбобҳои табъу нашр барои чопу зиёд кардани варақаҳо ва китобҳо мусодира карда шуданд.

Ҳизби таҳрир аз ҳисоби аъзогии аъзоёни ҳизб, ки аз 3 то 20 фоизи маоши аъзоёни ҳизбро ташкил медиҳад ва маблағҳои дигар фаъолият дорад. Чунончи маълум гардид, ки ҳизби таҳрири Тоҷикистон аз хориҷи кишвар маблағҳо дарёфт менамояд. Дар соли 2003 масъули бахши молии ҳизби таҳрири Тоҷикистон Абдуваҳҳобов З (соли тав. 1976), ки дар шаҳри Хуҷанд боздошт гардид, ба номиӯдар 20 январи соли 2002 аз шаҳри Нью-Йорк аз банки «Морган Чейтс» ба «Альфа банк»-и шаҳри Москва ва аз он ҷо ба банки «Эсхата»-и ш. Хуҷанд маблағи 5995 доллар ворид гардида, Абдуваҳҳобов онро гирифта аст. Бори дуюм 29 январи соли 2003 боз ба воситаи банкҳои мазкур ин дафъа маблағи 5280 доллар ворид гардид, вале ба сабаби дар ҳабс қарор доштан, номбурда маблағро гирифта натавонист. Аз хонаиӯматбааи калон бо таҷҳизоти зиёд ва адабиётҳои гуногуни марбут ба ҳизби таҳрир мусодира карда шуданд. Ҳизби таҳрир ба Русия ва Украина низ роҳ ёфт. Агар дар ибтидо ҳукуматдорони Русия ба фаъолияти ин ҳизб он қадар аҳамият намедода бошанд, баъд аз амиқ омўхтани барнома ва фаъолияти ин ҳизб характери экстремистӣ доштани он маълум гардид. Бинобар ин, Вазорати адлияи Русия дар 19 феврали соли 2003 ҳизби таҳрирро ба рўйхати ҳизбҳои террористӣ дохил намуд. Ин чунин маъно дорад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба муқобили ҳизби таҳрир мубориза хоҳанд бурд.

Ҳукумати Германия фаъолияти ҳизби таҳрирро дар қаламрави кишвар манъ нанамудааст, вале дар 15 январи соли 2003 бо қарори худ ҳамаи қароргоҳҳои ҳизби таҳрирро дар кишвар баст.

Аз миёнаҳои соли 2009 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси манъ кардани фаъолияти ҳизби таҳрир дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамчун ҳизби ифротӣ баромад.

3.Таъсисёбии равияи Салафия.

Салафия. Дар тўли се соли ахир (2007-2009) дар ҷумҳурӣ гурўҳҳои ҷавононе пайдо шудаанд, ки онҳо худро «салафӣ» меноманд. Номи худро гўё онҳо аз «салафи солеҳ» (гузаштагони накўкор) гирифтаанд. Тибқи мазмуни ҳадисе-касоне, ки дар се қарни аввали ислом зиндагӣ кардаанд, «салафи солеҳ» номида мешаванд. Вале дар асл салафиҳои имрўза ба он «салафи солеҳ»-и асрҳои VII-IX кору алоқае надоранд. Салафиҳо дар Тоҷикистон дар зери таъсири доираҳои махсуси сиёсию динии хориҷии Арабистони Саудӣ ва Амороти Араб пайдо шудаанд. Яке аз назариётчиёни асосии ин равия Носириддини ал-Албонӣ (асри XX) мебошад. Мабдаи асосии назариявии салафиҳоро инкори ҳамаи мазҳабҳои аҳли суннат ва хусусан –шиа ташкил медиҳад. Ал-Албонӣ ҳамчун ваҳҳобиҳо талаб мекунад, ки бояд ба исломи тозаи се асри аввали он бозгашт. Нафақат дар ин масъала, балки дар масоили дигари фаровон аз қабили зиёрат накардани мазорҳо, Қуръон нахондан дар сари қабрҳо, хайру садақа накардан ба арвоҳи гузаштагон ва ғайраҳо низ салафиён мисли ваҳҳобиён амал менамоянд. Тарзи номгузории салафиёну ваҳҳобиён як хел аст: дастҳояшонро монанди ҳанафиён на дар зери ноф, балки дар болои сина мебанданд, пойҳояшонро васеъ мегузоранд, ҳангоми «вало золлиин» гуфтани имом ба овози баланд «омин» мегўянд, вале азбаски ваҳҳобиён дар таърих ба сабаби хунрезиҳои бисёр ва қатли мардуми зиёди бегуноҳ худро бадном карда буданд, барои фарқ гузоштан аз онҳо худро салафӣ номиданд.

Дар ибтидои пайдоиши салафия дар Тоҷикистон мақомоти марбутаи қудратӣ ба ин факт эътибори ҷиддӣ надоданд. Гуфтанд, ки «салафиҳо қонунҳои мавҷудаи давлатро риоя мекунанд. Даъвои онҳо асосан роҷеъ ба усулҳои ибодат аст (то ҳол) даъват барои сарнагун кардани сохти давлатдорӣ аз ҷониби онҳо сар назадааст. Барои як идея намешавад одамро маҳкум кард». Ба сабаби ана ҳамин гуна саҳлангории мақомоти қудратӣ дар ҷумҳурӣ ва хусусан дар маркази он шаҳри Душанбе дар як қатор масҷидҳо кор ба таҳқири якдигару занозанӣ байни ҳанафиёну салафиён кашид. Равияи нав боиси нооромию ташаннуҷ дар байни мусулмонон ва омили ҷудоиандозӣ гардид. Гузашта аз ин, дар матбуот мақолаҳое ба табъ расиданд, ки муаллифони онҳо ки будани асли салафиҳо, барнома ва мақсаду мароми ояндаи онҳоро кушода доданд. Ин буд, ки Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар соли 2009 салафияро равияи ифротӣ дониста, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ кард.

4.Таъсиси ҷамоаи таблиғ.

Ҷамоати таблиғ.Муассиси ин ташкилот шайх Муҳаммад Илёси Кондеҳлавӣ (13031885-6-13641944-5) мебошад. Кондеҳла яке аз деҳаҳои вилояти Саҳорнуфўри Ҳиндустон буда, Илёс дар он ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар ҳамин ҷо гирифтааст. Баъд ба Деҳлӣ рафта дар мадрасаи бузургтарини ҳанафиён Девбанд, ки дар соли 1868 таъсис ёфта буд, таҳсил кард. Баъди хатми таҳсил бо ҷамоае иборат аз устодони мадраса, ҳамшаҳриҳо, писару хешовандонаш ҷамоаи таблиғро созмон дод. Аъзоёни ин ҷамоат вазифаи худро дар таблиғи фазилатҳои ислом ба ҳар касе, ки баӯназдик шудан мумкин бошад, мебинад. Ба ақидаи аъзоёни ин «Ҷамоат» фаъолияти онҳо аз ояи зерин маншаъ мегирад: «Кунтум хайру умматин ухриҷат линноси…..» (Сураи 3 Оли Имрон, ояи 110)-«Шумо беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардуми падидомада (, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред)».

Муассиси ҷамоати таблиғ барои фаъолияти он риояву таблиғи 6 асл (принсип)-ро зарур донистааст:

1.Калимаи таййиба: «Ло илоҳа илло-л-Лоҳу Муҳаммадун-Расул-

л-Лоҳ»,

2. Ташкил ва барпо доштани намозҳо,

3. Илм ва зикр,

4. Икроми ҳар мусулмон,

5. Ихлос,

6. Хурўҷ ва баромадан дар роҳи худованд.

Тарзи корбарияшон ин тавр аст: якчанд нафар аз аъзоёни ҷамоат худро барои таблиғи исломӣ бурдан дар ягон деҳае вазифадор месозанд. Дар рўзи муайяне бо худ рахти хобу хўрокии сабук гирифта ба он деҳа мераванд. Дар он ҷо бошишгоҳе ёфта, чанд нафар барои танзифи бошишгоҳ машғул мешаванд. Дигар аъзоён зикргўён дар кўчаю бозори деҳа гашта мардумро барои шунидани мавъиза ба ҷои муайян даъват менамоянд. Чун мардумон ҷамъ шуданд, ба мардум аз фазилатҳои ислом сухан гуфта, баъди интиҳои сухан мардумро ба гурўҳҳо ҷудо мекунанд. Ба як гурўҳ тарзи таҳорат, ба гурўҳи дигар сўраи фотиҳа, ба гурўҳи сеюм-тарзи адокунии намоз ёд дода мешавад. Баъди дар давоми 3 ё 5 ё 7 рўз ёд гирифтани аркони ислом, аз байни ҳамин гурўҳҳо чанд нафаре аъзои «Ҷамоат» шуда, ҳамроҳи аъзоёни пешина ба таблиғ машғул мешаванд.

Ҳар узви ҷамоати таблиғ бояд ба шайхе байъат кунад. Яъне шайхеро пешвои худ қарор дода, баӯсавганди вафодорӣ ёд кунад. Мабодо агар узви ҷамоати таблиғ бимираду дар ҳаёташ ба шайх байъат накарда бошад,ӯкофир мурдааст. Дар ин модда моҳияти реаксионии ҷамоати таблиғ зоҳир мегардад, зеро шайх метавонад ба муриди худ супоришҳои зиддидавлатӣ бидиҳад ва мурид бояд онҳоро иҷро намояд.

Ҷамоати таблиғ дар Ҳинд, Покистон, Бангладеш, Сурия, Урдунн, Фаластин, Лубнон, Миср, Судон ва Ироқу Ҳиҷоз пайравони худро дорад. Ҷамоати таблиғ ба Тоҷикистон низ роҳ ёфт. Дар соли 2006 фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шуд. Бо вуҷуди он «Ҷамоат» фаъолият мебурд. Чунончи дар моҳи марти соли 2009 дар вилояти Хатлон 46 нафар ва дар моҳи апрел дар яке аз масҷидҳои ш. Душанбе 124 нафар «таблиғчиён» дастгир карда шуданд. Баъд аз тафтиш аксари онҳо ҷавоб дода шуда, як қисми ками онҳо ба мўҳлатҳои аз 3 то 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Таблиғчиён худро аз сиёсат канор гирифтан мехоҳанд. Вазифаи худро дар таблиғи фазилатҳои ислом мебинанд, вале ҳангоми таблиғ хоҳ-нохоҳ ба масоили сиёсӣ бархўрд менамоянд.

Маркази Ҷамоати таблиғ дар маҳаллаи Низомиддини шаҳри Деҳлӣ қарор дорад.

Дар масъалаҳои молиявӣ-ҳар як узви «Ҷамоат» бояд худаш масрафи худро бипардозад. Сарчашмаи дигари молии «Ҷамоат» аз ҳисоби кўмакҳои мухталифи шахсону ташкилотҳои алоҳида иборат мебошад. Баъзе сарватмандон ба доиёни алоҳида маблағҳо мепардозанд.