Сардори дастаи ғозиҳои Самарқанд ҳорис, ки бо лақаби Ибни Аламдор машҳур гардида буд, бо қувваи сеҳазорнафараи худ ба Мунтасир пайваст. Ғайр аз ин, шайхҳои шаҳр садҳо ғуломонро мусаллаҳ намуданд. Ниҳоят, ғузҳо низ дубора омада ба Мунтасир ҳамроҳ шуданд. Давлати Ғуриҳо
Дар асрҳои миёна кишвари кeҳистониеро, ки дар саргаҳи ҳарируд воқеъ гардида, аз ҳирот то Бомиён ва ҳудуди Кобулу Ғазна вусъат дошт, «мамлакати Ғур» меномиданд. Ин мамлакат аз тарафҳои ғарб, шимол ва шарқ бо сарзаминҳое мепайваст, ки аз қадимулайём, тоxикон зиндагонӣ мекарданд. Қисмати зиёди аҳолии Ғур аз қабилаҳои кeҳистонии тоxик иборат буд.
Иқлими мусоид ва обҳои фаровони ин мамлакат барои хеле тараққӣ кардани зироат ва чорвопарварӣ имконият медоданд.
Муаллифони асрҳои Х–ХII ҳангоми тасвири мамлакати Ғур дар бораи мазрааҳои атрофи қасабаҳои аҳолинишин, боғоти ангур ва дарахтони мева, галаву рамаҳои зиёде, ки дар кeҳсор ва доманаҳои кeҳ мечариданд, ҳикоят кардаанд.
Дар мамлакати Ғур истихроxи маъдан ва таҳияи олоти фулузӣ нисбат ба он замон ба дараxаи хеле баланде расида буд. Силоҳ ва либосҳои xангии ин мамлакат бағоят шeҳрат пайдо карда, аз чизҳои муҳими содиротӣ ҳисоб мешуданд.
Муаллифи асри ХIII Xузxонӣ, ки аслан аз Ғур аст, дар вақоеъномаи таърихии худ дар асрҳои IХ–Х ба қабилаҳо тақсим шудани аҳолии Ғур ва бо ҳам xангидани онҳоро зикр намудааст. Кeшке[1], менависад e, бо кeшки дигар дар ҳолати ҳарб буда, одамон доимо бо ҳисси адоват нисбат ба якдигар зиндагӣмекарданд.[2] Дар мамлакати Ғур муносибатҳои ғуломдорӣмавxуд буд. Маълумоти муаллифи асри Х роxеъ ба бурдани ғуломон аз Ғур дар ин бобат зимнан гувоҳӣ медиҳад.[3]
Дар мамлакати Ғур бақияҳои демократияи ҳарбӣ ба муддати хеле тeлонӣ давом намуданд.
Дар интиҳои асри Х вилоятҳои xудогонаи ба сари худ мустақили мамлакати Ғурро подшоҳчаҳо (маликҳо) идора мекарданд. Ин подшоҳчаҳо бештар ҳамчун пешвои қабила ва тоифаҳо буда, фақат аҳёнан якчанд қабилаҳоро ба таҳти фармони худ медароварданд. Ғуриҳо дар айни замон таомули кeҳнаеро риоя мекарданд: дар сари ҳар вилоят ду пешво, яъне ҳоким ва сипаҳсолор меистоданд, ки ҳукуматро байни худ баробар тақсим карда буданд.[4]
Муносибати феодалӣ дар ин xо нисбат ба Мовароуннаҳр ва Хуросон қадре дертар роҳ ёфтанд. Дар зарфи асрҳои Х–ХI дар ин мамлакат муносибатҳои нимпатриархалӣ ва нимфеодалӣ ҳукмфармоӣ мекарданд. ҳокимони вилоятҳои xудогона тадриxан ба феодал табдил ёфта, дар ҳар як вилоят ба худ унвони махсус мегирифтанд. Онҳоро дар вилояти Мандеш «малик» ё худ «меҳтар» (баъдҳо, ғуршоҳ), дар вилояти Тамрон ва Тамазон «варанда», дар Вармишон «вармишпат» меномиданд.
Дини ислом дар мамлакати Ғур ҳам ба мисли дигар вилоятҳои кeҳистони тоxик хеле суст xорӣ гардид. Ба хулафои араб муяссар нашуд, ки ин мамлакатро ба таҳти тасарруфи худ дароваранд. Аҳолии озодидeсти он муддати дуру дарозе ақидаҳои қадимаи мазҳабии худро нигаҳ дошта, ҳатто то миёнаҳои асри ХI баъзе қабилаҳо дини исломро комилан қабул накарда буданд.
Истиқрори сохти феодалӣ дар мамлакати Ғур, чи навъе ки дар тамоми Осиёи Миёна рух медод, дар баробари муборизаҳои шадиди синфӣ ба амал меомад.
Дар соли 907 дар ноҳияи ҳирот ва Ғур шeриши халқии қарматиҳо ва маздакиён сар зад. Низомулмулк (асри ХI) дар хусуси ин шeриш чунин менависад: «Дар доманаҳои кeҳистони Ғур ва Ғарxистон марде бо номи «Бeбилол» пайдо шуда, аз ҳар табақа мардум ба гирди e xамъ меомаданд... Аз вилояти ҳирот ва ноҳияҳои атроф одамони пуршумор ба ҳузури e расида, савганд ёд мекарданд; нафароти онҳо аз даҳ ҳазор мутаxовиз буд…Ёғиҳо дар доманаи кeҳи ҳирот падид омада, ошкоро ақоиди кофирон ва қарматиҳоро эълон карданд, онҳо аксар чeпон ва зореъ буданд».[5] Ин шeришро қeшуни Исмоили Сомонӣбо як сурати бераҳмона фурeнишонд. Чи навъе ки сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ин қабил шeру ошeбҳо дар маҳалҳои мухталифи кишвари Ғур борҳо ба вуқeъ омадаанд.
Охири асри ХI дар Ғур айёми барқароршавии муносибати феодалӣ буд. Дар нимаи дувуми асри ХI ва нимаи аввали асри ХII доираи ҳокимияти маликҳои вилояти Мандеш хеле вусъат пайдо намуда, ба тамоми Ғур паҳн гардид. Дар миёнаҳои асри ХII давлати феодалии Ғуриҳо таъсис ёфт.[6]
ҳокимони Ғур баъзе вақтҳо исман ба шинохтани ҳокимияти олии Ғазнавиён маxбур шуда бошанд ҳам, вале дар зарфи чандин даҳсолаҳо бар зидди ин сулола мубориза бурдаанд. Ниҳоят, онҳо заиф шудани давлати ғазнавиро фурсати мусоид дарёфта, истиқлолияти худро аз нав ба даст оварданд ва дар аҳди ҳукмронии Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣба қувваи бузурге соҳиб гардиданд.
Ин буд, ки Баҳромшоҳ (яке аз охирин султонони ғазнавӣ) аз афзудани иқтидори Ғуриҳо ва шeҳрат ёфтани Қутбиддин Маҳмуд тарсида, вайро бо роҳи фиреб ба Ғазна биёвард ва ба ҳабс гирифта, пас аз чанде заҳр дода ҳалок намуд.
Бо вуxуди ин, дигарбора тасарруф кардани давлати Ғур ба Баҳромшоҳ муяссар нагардид. Баҳромшоҳи Ғазнавӣ дар чанд муҳорибаи шадиде, ки байни eва бародарони Қутбиддин ба амал омаданд, якзайл шикаст хeрд. Султон Алоуддини Ғурӣ дар охирин муҳориба қeшуни Баҳромшоҳро торумор карда, худи eро ба гурехтан маxбур намуд. Шаҳри Ғазна аз тарафи Алоуддин (1150– 1151) хароб карда шуд.
Вале муборизаи Ғазнавиён ва Ғуриҳо бо ин ҳама ба итмом нарасид. Дар соли 1186–87 бародарзодаи Алоуддин - Ғиёсиддин Муҳаммади Ғурӣдар яке аз xангҳо охирин хонадони ғазнавӣ, ҳокими Лоҳур - Хисравмаликро асир карда, ба пойтахти давлати Ғур - Фирeзкeҳ фиристод. Бо ҳамин салтанати Ғазнавиён тамоман аз миён бардошта шуд. Ғуриҳо ҳокимияти Ғазнавиёнро барҳам дода, ҳукмрони давлати бузурге гардиданд, ки дере нагузашта ҳудуди он дар натиxаи футуҳоти минбаъдаи онҳо хеле вусъат пайдо намуд. Маркази ин давлат ҳамоно Ғур буд.
Султонони Ғур қувваи зиёдеро ташкил мекарданд. Дар ихтиёри онҳо қeшуни пуршуморе буд, ки дастаҳои низомии қабилаҳоро низ дар бар мегирифт. Ғайр аз ин, онҳоро ашрофи феодалии тоxик дар кeҳистони Бадахшон ва ҳавзаи дарёи Аму пуштибонӣ менамуданд. Дар охири асри ХII маҳалҳои xанубии Тоxикистон) ва Eзбекистони кунунӣ, аз xумла, ноҳияи Вахш, Чағониён, Шуғнон ва Вахон ба ҳайъати давлати Ғур дохил карда шуданд.
Солҳои 1152–1206 дурахшонтарин давраи таърихи мамлакати Ғуриҳо ҳисоб мешавад. Пешрафти бузурги иқтисодӣва мадании давлати Ғур низ ба ҳамин давра алоқаманд аст. Лекин азбаски мамлакати Ғуриҳо нисбат ба дигар маҳалҳои Осиёи Миёна хеле ақибмонда буд, ин пешравӣ дер давом накард.
Ғалабаи Қарахитоиҳо дар соли 1141 Салxуқиёнро хеле заиф гардонид.
Дигар аз воқеаҳои қобили диққате, ки дар ин давра ба амал омада, яке аз омилҳои рeба суқут ниҳодани давлати салxуқӣ гардид, ҳамчун маркази сиёсӣсар бардоштани Хоразм буд.
Сарсулолаи хонадони хоразмшоҳӣАнуштегин ҳанeз дар замони Маликшоҳи Салxуқӣ ба воситаи хидмат ва лаёқате, ки аз худ нишон дода буд, ҳокими Хоразм таъин гардид. Баъд аз вафоти Ануштегин ҳукмронии Хоразм ба тариқи мерос ба писари e - Қутбиддин Муҳаммад (1097–1127) расид. Қутбиддин Муҳаммад лақаби «Хоразмшоҳ»-ро гирифта, дар тамоми давраи ҳукмронии худ аз фармонбардортарин ҳокимони султон Санxар ҳисоб мешуд. Баъд аз сари e ҳукумати Хоразм ба писараш - Отсиз (1127–1156) гузашт, ки ин шахсро мумкин аст асосгузори ҳақиқии давлати бузурги Хоразмшоҳӣ номид. Отсиз ва ворисони e аз ҳар як лаҳзаи мувофиқ истифода бурда, тамоми саъю эҳтимоми худро ба харxдоданд, ки ба муқобили давлати салxуқӣ истиқлолияти Хоразмро таъмин намоянд. Отсиз дар солҳои аввали ҳукмронии худ ба султон Санxар сари итоат фуруд оварда, дар лашкаркашиҳои eиштирок мекард. Аммо, вай дар айни замон, бо роҳи мутеъ кардани қабилаҳои ҳамсоя беш аз пеш қувват мегирифт. Ба eмуяссар гардид, ҳатто он маҳалҳоеро, ки дар ҳаёти бодиянишинӣ хеле аҳамият доштанд, аз xумла заминҳои поини дарёи Сир ва нимxазираи Манқишлоқро ишғол намояд.
Отсиз пас аз ин тариқа мустаҳкам кардани мавқеи худ се мартаба (1138, 1141 – 1142 ва 1147 – 1148) бар зидди султон Санxар сар бардошт, аммо муваффақият ба даст оварда натавонист. Ниҳоят, дар моҳи июни соли 1148 Отсиз ба пеши султон Санxар ҳозир шуда, комилан фармонбардори давлати салxуқӣ будани худро шахсан арз кард. Баъд аз ин Отсиз, агарчанде то охири умри худ аз итоати Салxуқиён сар напечид, лекин дар ҳар сурат барои истиқлолияти Хоразм ва таъсиси давлати бузурги ояндаи Хоразмшоҳиён заминаҳои мусоид ҳозир карда тавонист (аз ҳамон вақт, яъне аз миёнаҳои асри ХII ҳокимияти Салxуқиён дар Хоразм мавxудияти худро фақат исман нигоҳ дошт).[7]
Дар аввалҳои нимаи дувуми асри ХII дар Мовароуннаҳр ва навоҳии шимоли Афғонистони кунунӣ воқеаи дигаре рeй дода, бештар боиси аз байн рафтани давлати салxуқӣ гардид. Дар соли 1153 туркони ғуз (оғузҳо), ки дар навоҳии Балх бодиянишинӣ мекарданд, ба муқобили султон Санxар шeриш бардоштанд. Сабабгори шeриш ноинсофиҳои аз ҳад гузарои xамъкунан-дагони хироx буд. Пас аз ин ғузҳои бодиянишин ба ноҳияҳои ободи зироатӣ ҳуxум оварданд. Султон Санxар барои саркeбии ғузҳо лашкар кашид, лекин шикаст хeрда, худ ба дасти онҳо асир афтод. Пас аз ин, бодиянишинон дар воҳаҳои зироатии Хуросон ва қисмати xануби шарқии Мовароуннаҳр ба тохтутози худ бемонеа давом намуданд.
Султон Санxар пас аз се соли асорат, дар соли 1156 халосӣёфта, ба пойтахти худ - шаҳри Марв омад. Лекин дере нагузашта пас аз як сол вафот кард ва бо ин сурати зоҳирии давлати марказият пайдокардаи салxуқӣ низ аз миён рафт. Осиёи Сағир ва Кирмон ҳанeз дар вақти Султон Санxар истиқлолият гирифта буданд. Баъд аз фавти eдар Форс ва Озарбойxон низ мулкҳои xудогонаи мустақил ба вуxуд омаданд. Хуросон аз таҳти тасарруфи Салxуқиён баромад. Халифа низ дар маркази хилофат - шаҳри Бағдод мавқеи пешинаи худро барқарор кард.
Ин вазъият барои таҳкими истиқлолияти Хоразм хеле мадад расонид. Писар ва вориси Отсиз Эларслон (1156–1172) аз ин фурсат истифода бурда, ба муборизаи байни қeшуни қабилаи туркии қарлуқ ва хонҳои қарохонии Мовароуннаҳр, ки итоати Қарахитоиҳоро қабул карда буданд, мудохила намуд.
Эларслон дар ин мубориза қарлуқҳоро ҳимоя кард. Дар соли 1158 e бо лашкари Хоразм ба хоки Мовароуннаҳр дохил шуда, дар муҳорибае, ки қарлуқҳо барои Самарқанд ва Бухоро мебурданд, иштирок намуд. Баъдтар eбар зидди ғузҳои Хуросон мубориза бурда, баъзе муваффақиятҳо ба даст даровард. Дар соли 1165 вай ба сeи Нишопур лашкар кашида, хост ин шаҳрро забт намояд, аммо ба мақсади худ расида натавониста, ба Хоразм баргашт.
Албатта, дар чунин шароити ихтилофоти муттасили дохилӣ дар бораи аз Мовароуннаҳр рондани Қарахитоиҳо ҳатто фикр кардан ҳам мумкин набуд. Ғайр аз ин, ба Эларслон лозим меомад, ки барои ҳимояи қаламрави аслии худ тадбироти зарурӣ бубинад. Дар ҳақиқат, Қарахитоиҳо бо баҳонаи ин ки Эларслон боxи мамлакатро дар вақти худ намефиристонад, дар соли 1171–1172 ба Хоразм лашкар кашиданд. Эларслон фақат ба воситаи вайрон кардани садди дарёи Сир тавонист пойтахти худро аз ҳуxуми Қарахитоиҳо муҳофизат намояд.
Дар соли 1172 Эларслон вафот кард ва писари кeчаки e Султоншоҳ бо ёрии модари худ ба тахти салтанати хоразмшоҳӣнишаст. Писари бузурги Эларслон - Алоуддини Текеш, ки ҳокими яке аз вилоятҳои Хоразм буд, аз ин воқеа хабардор гардида, барои ғасб намудани ҳокимият камар баст ва дар ин кор аз қарахитоиҳо мадад хост. Вай ба ивази ин пардохтани хироxи ҳарсолаи мамлакати Хоразмро бо Қарахитоиҳо ваъда дод. Текеш дар худи ҳамон сол бо кeмаки Қарахитоиҳо Хоразмро ишғол намуд. Султоншоҳ фирор карда, наxот ёфт.
Алоуддин Текеш (1172–1200), пас аз он ки ҳукмронии Хоразмро ба дасти худ гирифта, андаке мавқеашро мустаҳкам намуд, фавран, бар зидди Қарахитоиҳо сар бардошта, элчии онҳоро, ки барои xамъ кардани хироxба Хоразм омада буд, ба қатл расонид. Вақте ки Султоншоҳ аз ин ҳаракати бародари худ воқиф гардид, дарҳол ба пеши Қарахитоиҳо рафта, хоҳиш намуд, ки дар мубориза барои сарнагун кардани Текеш ба вай кeмак расонанд.
[1] Кeшк ва исте[комот дар rария[ои авлодb дар назар аст.
[2] Xузxонb, тарxумаи Раверти, с. 318
[3]{удуд-ул-олам, 1930. в. 21 б.
[4] Ниг.: ба гуфта[ои Ф.Энгелс дар бораи ду пешво доштани ирокез[о дар шароити демократияи [арбb (К. Маркс ва Ф. Энгельс Соч., т. 21, с. 96, 129).
[5]Низомулмулк, 1949, с. 218-219.
[6] Вosworth С. Е., 1961; 1968 а, р. 159–166; Массон В. М., Ромодин В. А.. 1964, с. 255–265.
[7] Та[rиrи муфассали таърихи давлати Хоразмшо[иёнро В.В. Бартолд анxом дод (1963 б); инчунин ниг.: Kafesoglu I.,1956.