Мундариҷа
Сарсухан........………………………….…………………………………………2
БОБИ 1. МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ЗАРФ ДАР ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА АНГЛИСӢ.....................................................................................6
1.1. Хелҳои зарф дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ……………..........….…..21
1.2. Дараҷаҳои муқоисавии зарф дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ....…......26
1.3. Зарфҳои макон , замон, миқдору дараҷа дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ………..........…………...34
БОБИ 2. УСУЛҲОИ СОХТАНИ ЗАРФ ДАР ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА АНГЛИСӢ.............................................................................................................45
2.1. Суффиксҳо ва префиксҳои зарфсоз дар забонҳои тоҷикӣ ………………...45
2.2.Зарфҳои мураккаб дар забони тоҷикӣ ……….……......47
2.3. Зарфҳои содда ва таркибӣ дар забони англисӣ ………………........49
Хулоса……………………..............……….…………………………………..…55
Рўйхати адабиёт истифода шуда .......................…………………...………..….56
Сарсухан
Гузориши масъала. Қадамҳои нахустини омӯзиши забонҳо аз рӯи методи муқоисавӣ дар Осиёи Миёна ба асрҳои XI- XII рост меояд. Ҳанӯз дар асри XII Маҳмуди Қашғарӣ муқоисаи забонҳоро аз рӯи лексика гузаронида буд. Китоби аввалини ӯ «Девон луғат- ут-турк» то ҳоло аҳамияти илмии худро гум накардааст.
То охири асри XIX дар Осиёи Миёна якчанд грамматикаи забонҳои маҳаллӣ ба забони русӣ ба чоп расонида шудаанд. Дониши андӯхташуда аз таълифи асарҳои лингвистикӣ оид ба забонҳои миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна олимонро ба он водор мекард, ки ин забонҳои миллиро бо забони русӣ муқоиса кунанд. Тарҷумаҳои русии маводҳои забонҳои миллӣ барои иҷрои ин вазифа кӯмаки калон мерасониданд. Методи муқоиса чун шохаи асосии забоншиносӣ дар асри XX ташаккул ёфт. Сабаби асосии ривоҷ ёфтани истифодаи методи муқоиса ба ду омил вобастагӣ дорад:
Омили якум, татбиқ намудани методологияи классикӣ мебошад.
Омили дуюм, дар зери тадқиқ гирифтани забонҳои бисёр, ташкил кардан ва ё сохтани хат барои забонҳои «бехат», ки ба зарурияти омӯзонидани забонҳои ҳориҷӣ дар заминаи ин забонҳои миллӣ оварда расонд. Умумияти забонҳо бошад, дар навбати худ ба умумияти генетикӣ (масалан, тоҷикӣ ва англисӣ, тоҷикӣ ва франсузӣ) ва ё ореалӣ -минтақавӣ мустақим ҷудо мешавад. [10; 36-57.]
Дар ҷумҳуриҳои бародарӣ, хусусан Осиёи Миёна омӯзиши мутаносибӣ - муқоисаи забони тоҷикӣ бо забонҳои хориҷӣ ва ба вусъат ёфтани раванди таълим ва маорифи халқ ба давраи ҳокимияти Шуравӣ рост меояд. Оғози омӯзиши муқоисавӣ-типологии забони тоҷикӣ ва дигар забонҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1952 аз мақолаи Л.A Букатина аз рӯи барномаи «Дар бораи муқоисаи системаи фонетикии забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ» cap шуда буд.
Муҳимияти мавзӯи тадқиқ: Муҳимияти мавзӯъ дар он аст, ки аслан зарф дар ду забон - англисӣ ва тоҷикиро бо ҳам муқоиса карда, хусусият, фарқият ва умумияти онҳоро муайян намояд.
Миёни ҳиссаҳои нутқ чӣ дар забони тоҷикӣ ва чӣ дар забони англисӣ зарф ҳиссаҳои номии нутқ ба ҳисоб мераванд. Аз ин сабаб ин ҳиссаи нутқ қаробати зиёд дорад бо дигар ҳиссаҳои нутқ. Калимаҳои мазкур (тез, сахт, харакӣ) аслан сифат бошанд ҳам, вобаста ба мавқеи истифода аломат ё ҳолати амалро муайян карда, ба вазифаи зарф истифода мешаванд. Зарф ба феъл мутаалиқ аст ва замон, макон ва тарзи иҷроиши амалро ифода мекунад [15,285].
Мақсад ва ҳадафҳои пажӯҳиш: Аз баски зарф ҳиссаи нутқи калони морфология ба ҳисоб меравад, онро ба таври умумӣ тадқиқ кардан заҳмати бештарро талаб менамояд. Омӯзишу тадқиқи он чандин рисолаву асарҳои алоҳидаро ба миён меорад.
Аз ин рӯ, лозим аст, ки ҳар як қисми он дар алоҳидагӣ омӯхта шавад, зеро кори мустақили зиёдеро талаб менамояд. Мо ин ҷиҳатро ба назар гирифта тадқиқу таҳлили зарфҳои замон,макон ва тарзи иҷрои амалро дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ интихоб намудаем.
Навгониҳо: Таҳлилу омӯзиши ҳар як мавзӯъ ба таври муқоиса кори шавқовар ва барои омӯзиши забонҳои гуногун муфид аст. Дар забонҳои гуногуни дунё ба таври муқоиса омӯхтани воҳидҳои забонӣ ба анъана даромадааст, ки ин хеле ҷолиб аст.
Мо вақте ки, забонҳои дигарро меомӯзем бо илму фарҳанг ва маданияти халқҳои дигар шинос мешавем.
Зарф мавзӯи актуалӣ буда, дар доираи ду забон омӯхтани он кори басо муҳим аст,ки мо инро то дараҷаи таванамон иҷро кардем ва муайян кардем ки зарф на танҳо замон, макон, миқдору дараҷа ,балки зарфҳои ҷонишин низ дорад, ва мо онро мавриди омӯзиши худ қарор додем.
Дараҷаи омӯхта шудани мавзӯъ: Омӯзиши мутаносиби забонҳо дар ҷумҳурӣ аз грамматика оғоз шуда буд. Корҳои тадқиқотии бисёр ба ин ё он соҳаи грамматика бахшида шудааст. Метавонем номи Парвона Ҷамшедовро дар ин маврид зикр кунем, ки дар боби муқоисаи забони тоҷикӣ бо англисӣ асарҳои зиёде, аз ҷумла «Типологияи муқоисавии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ», ки мо онро дар рисолаи хатм истифода кардем, таълиф кардааст.
Омӯзиши муқоисавии забонҳо аз давраи хеле қадим оғоз шудааст. Агар хоҳем ягон забони хориҷиро омӯзем, сараввал бояд забони модарии худро то андозае донем. Ҳангоми омӯзиши забони бегона, пеш аз ҳама, омилҳои фарқкунанда ё ба ҳам монанд ё наздикӣ доштани онро ҷустуҷӯ кардан лозим аст.
Методҳои тадқиқ: Мо кӯшиш намудем ҳангоми таҳлилу баррасии мавзӯъ аз методҳои таҳлили - муқоисавӣ бештар истифода барем.
Мисолҳо бештар аз забони матбуоти даврӣ ва гоҳҳо аз забони адабиёти бадеӣ оварда шудааст. Инчунин дар раванди кор мо аз асарҳо ва сарчашмаҳои илмӣ истифода намудем.
Манбаъ ва сарчашмаҳои тадқиқ: Ҳангоми таҳқиқу навиштани рисола мо аз асару мақолаҳои доир ба боби зарф навиштаи олимону забоншиносон истифода бурда, дар бисёр маврид ба онҳо такя намудем. Овардани номи онҳоро ин ҷо бамаврид мешуморем. Росторгуева B.C., Каримова А.К, - «Система таджикского глагола», Ниёзӣ Ш. – «Феълҳои таркибии номӣ дар забони тоҷикӣ», Ҳусейнов X, Шукурова К. – «Луғати терминҳои забоншиносӣ», Рустамов Ш. – «Мақоми забон», Шакурӣ М. – «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад», Камолиддинов Б. – «Сухан аз баҳри дигарон гўянд» ва амсоли инҳо. Дар забони англисӣ оид ба тадқиқи намудҳои зарф чунин сарчашмаҳо мавҷуданд: Камолова К.Н. Израилевич Е.Е. «Практическая грамматика английского языка», П. Ҷамшедов «Типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ»,<< Грамматикаи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ>> К Усмонов, ки дар раванди навиштани рисола мо онҳоро мавриди истифода қарор додем.
Сохтори рисолаи хатм: Рисолаи мазкур ба масъалаҳои зерини таҳқиқи зарф бахшида шудааст
• таснифи сохтории зарф
• роҳҳои ифодаи зарф дар ҷумла
• таснифи семантикии зарф дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ
• роҳҳои калимасозии зарфҳо
• тарзҳои сохтори зарфҳои мураккаб
Дар доираи таҳқиқ рисолаи хатми аз муқаддима, 2 боб, хулоса ва рўйхати адабиёти истифодашаванда иборат аст.
Ҳадафи омӯзиш баррасии ҳамаи паҳлӯҳои зарф дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ мебошад.
Боби якуми кор ба баррасии маълумоти умумӣ дар бораи зарф бахшида шудааст. Дар боби дуюм таснифи семантикии зарф дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ баррасӣ Дар қисмати хулоса ҷамъбасти тадқиқот гузаронида шуда, хулосаи мухтасар оварда шудааст.
БОБИ 1. МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДОИР БА ЗАРФ ДАР ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ
Зарф ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, ҳолат, тарз, замон,макон, сабабу мақсади кору ҳаракатро шарҳу эзоҳ медиҳад.Аз ин сабаб зарф ҳамеша тобеи феъл ё сифат меояд.
Мисол:He spoke quickly-Вай тез гап мезанад.
She got up early-Вай барвақт аз хоб хест.
Зарф хусусият ва аломатҳои махсусе дорад, ки муҳимтариншон иборат аз инҳост:
1. Бо калимаҳои дигар ҳамеша бо роҳи ҳамроҳӣ алоқаманд мешавад. Дар таркибҳои изофӣ намеояд, яъне ба воситаи изофат ба калимаҳои дигар тобеъ намегардад. ба воситаи изофат ба исм тобеъ шудани калимаҳои бисёр,(more eany) кам ( ғами бисёр, пули кам), ки ба гурӯҳи зарфҳои миқдору дараҷа дохил мешавад, аз ин қоида мустаност: калимаҳои мазкур ҳоло ҳарчанд ҳамчун зарф бештар истифода шаванд ҳам, аслан сифат мебошанд ва дар ибораҳои боло ин хусусияти худро нигоҳ доштаанд.
2. Қисми асосии зарфҳо дар назди феъл омада, ба он вобаста мегардад. Аз ин сабаб онҳо дар ҷумла ҳамеша хелҳои гуногуни ҳолро ифода намуда, аз ягон ҷиҳат амалро шарҳ медиҳад. Азбаски масдар ва сифати феълӣ шаклҳои ғайритасрифии феъл мебошанд, зарф ба шарҳу эзоҳи онҳо низ меояд. Гоҳҳо ба сифат, зарф ва исм тобеъ шудани зарф (асосан зарфи миқдору дараҷа) низ мушоҳида мешавад.
3. Баъзе аз зарфҳо (асосан зарфҳои миқдору дараҷава тарз) дар ҷумла ба вазифаи хабар низ меояд: Дар миёни ҷадидони Бухоро таъсири турк ва тоторҳо бисёр аст (С.Айни). Дар Рушон хок аз Роштқалъа дида бисёртар аст ( А. Деҳоти). Масофаи то он ҷо аз ним километр зиёдтар буд. (С. Улуғзода).
4. Шакли ҷамъ надорад. Суффикси -ҳо, ки баъзе калимаҳои зарфи (кайҳо, аввалҳо, ким-кайҳо) меояд, ба онҳо на маънои ҷамъ, балки тобиши тахминии миқдор мебахшад.
5. Бо пешоянду пасояндҳо намеояд. ибораҳои исмии он ҷо, ин ҷоро, ки дар таркиби ҷумла бо пешоянд низ воқеъ мешаванд (ба он ҷо рафтан, ба ин ҷо омадан), ба зарф мансуб донистан дуруст нест.
6. Зарфҳо ( зарфҳои макон, тарз, дараҷа) дараҷаи оддӣ ва қиёсӣ доранд.
7. Баъзе зарфҳо (асосан зарфҳои замон) дар назм бо тақозои вазн бандакҷонишин мегиранд, мисли акнунам, ҳанӯзаш дар байтҳои зер:
Хуни худ бӯ кунам гар акнунам,
Бӯи хуни вай ояд аз хунам.
(М.Турсунзода)
Зарф аз ҳисоби ҳиссаҳои номии нутқ такмил меёбад. Аз ин сабаб калимаҳои зиёде ( боло, тез, хез, сахт, харакӣ) вобаста ба мавриди истифодақисман тағйири маъно карда, ба вазифаи зарф истифода мегарданд. Калимаҳои мазкур аслан исм (боло, зер) ва сифат ( тез, сахт ва харакӣ) бошанд ҳам, вобаста ба мавқеи истифода аломат ё ҳолати амалро муаян карда, ба вазифаи зарф истифода мешаванд.
Дараҷа ва ифодаи субъективӣ дар зарф: Категорияи дараҷа ба ҳама хелҳои зарф хос нест. Зарфҳои тарз, дараҷа, миқдор, замон ва макон дорои чунин шакли грамматикӣ мебошанд. Ин қабил зарфҳо зоҳиран ба сифат монанд бошанд ҳам, аз хусуси вазифаи синтаксисӣ аз он фарқ мекунанд. Зарфҳои дараҷаи қиёсӣ аломати феълро муаян карда, ба он нигаронида мешаванд, сифатҳо бошанд, аломати предметро муайян мекунанд ва аз рӯи ин хусусият тобеи исм мебошанд. Зарф дар ду забон се дараҷа дорад: дараҷаи оддӣ, қиёсӣ ва олӣ дорад. Зарфи дараҷаи оддӣ аломати амал ва ё аломати аломатро бе муқоиса ифода мекунад.
Дараҷаи қиёсӣ аз дараҷаи оддӣ бо иловаи суффикси –тар,( er,ly ) сохта мешавад.
Мисол:барвақт-early,барвақттар-earlier,тез-fast,тезтар-faster.
Маънои луғавии ҳамаи хелҳои зарф имконият намедиҳад, ки онҳо суффикси мазкурро қабул кунанд. Ин ҷиҳат ба зарфҳои замон, макон, миқдору дараҷа ва тарз мансуб аст. Аз зарфҳои мазкур зарфи тарз ва дараҷа маънои қиёсро нисбатан кам ифода мекунад. Зарфҳои мақсад, сабаб ва монандӣ аз ин гуна категорияи грамматикӣ фориғанд.
Акнун орзуи калони ман буд, ки тезтар забони русиро ёд гирам (С. Улуғзода). Охир, сонитар гуфтани ин боз мушкилтар мешавад.
Дигар зарфҳои дуҳиҷогию бисёрҳиҷогии забони англисӣ дараҷаи қиёсии худро тавассути калимаи ёвари <more>месозад.
Quickly-more quickly-most quickly тез-тезтар-тезтарин
Ба ғайр аз ин дараҷаи қиёсии зарф дар забони тоҷикӣ бо чунин роҳҳои синтаксисӣ ифода меёбад:
а) бо алоқаи ҳамроҳӣ тобеъ шудани зарф ба зарф:
Риши сафеди Айнӣ аз манаҳаш андаке поён кӯтоҳ қайчӣ зада шудааст. (С. Улуғзода). Бой қариб тамоман аз кор боз истодани ҳаллоҷҳоро дида, барои зуддтар баровардани ош худаш ба ҳавлии дарун даромада, рост ба ошхона рафт (С. Айнӣ).
б) ба воситаи пешоянди аз тоюеъ шудани исм ва ҷонишинҳо:
Маҳмадраҷаб аз онҳо пештар аз меҳмонхона берун баромада, ба Одил Саркор гуфт (Ниёзӣ). Шоире дар ҳаққи як давлатманд қасидае навишта, ӯро аз ҳад зиёда мадҳ кард (А. Деҳотӣ). Вай пас аз якчанд рӯзи дар шуъбаи маориф нишастан, барои ба мактабҳои район шинос шудан ба сафар баромад ва аз ҳама аввал ба деҳаи Ҷӯйбор омад (Ниёзӣ).
Дар ин маврд зарф суффикси қиёсии -тар-ро низ гирифта метавонад, бо ин маънои қиёсии зарф таъкид меёбад.
Албатта, ҳамаи хелҳои зарф зарфҳои замон, макон, миқдор, дараҷа, тарз дараҷа надоранд. Чунончи, агар зарфи пеш суффикси -тар гирифта тавонад, зарфҳои замоне, ки аз исми ченаки вақт ва суффикси -она сохта шудаанд (рӯзона,шабона) ё ин ки зарфи тарз ё миқдори мураккабе, ки яке аз ҷузъҳояш ё ҳар ду ҷузъаш шумора аст (сечанд, дучанд, даҳчанд, ду-ду, се-се), зарфи тарзи воситаи иҷро (аспакӣ, харакӣ) ва зарфи тарзи ифодакунандаи ҳолат (пуштнокӣ, руйнокӣ, диққат) вобвста ба маънои луғавиашон суффикси мазкурро қабқул намекунанд.
Зарфҳои тарз, миқдор, дараҷа, замон ва макон камӣ ё зиёдӣ, хурдӣ ва навозишро ифода мекунанд. Муносибати субъективонаи гуянда бо ду роҳ ба воситаи суффиксҳои -ак-акак (-якак) ва ё такрори зарф ифода меёбад.
Зиёдӣ ё камиро далолат кардани суффикси -ак, -акак (дар назм баъзан -якак) ба маънои луғавии зарф вобаста мебошад. Чунончӣ, суффиксҳои номбурда ба зарфи хеле ҳамроҳ шавад, миқдори зиёд, бо зарфи саҳл ояд, миқдои камро мефаҳмонад. Ин суффиксҳо бештар бо зарфҳои миқдор замон ва тарз воқеъ мешаванд.
...ман ҳам якборакак ба ҳамон ҷо мерафтаму он шаҳрҳоро медидам (С.Улуғзода). Шумо аввал гапи маро дурустакак гуш кунед (П. Толис).
Дар забони тоҷикӣ бо роҳи такрор ифода шудани муносибати субъективӣ низ хос буда, чунин тарзҳо дорад.
а) такрори калима бо баъзе тағироти фонетикӣ дар ҳиссаи дуюм: андак---мудак, саҳл---паҳл: Лекин масъалаи хуш карда гирифтани лаҳҷа ва қабул карда гирифтани лаҳҷаҳои умумитар як масъалаест, ки ба андак--мудак кушиш ҳал намешавад (С. Айнӣ). Ман мана акнун ба мактаби маҳви бесаводӣ рафта саҳл--паҳл саводам баромада истодааст (Амонов).
б) такрори зарф ба воситаи пайвандак. Ин тарзи ифодаи зарф хоси забони гуфтугӯӣ буда, дар асарҳои бадеӣ миқдоран кам бошад ҳам, дучор мегарда: Барои ин ки рози ниҳонии шавҳарашро ошкор намояд, қасдан вай бештар ва бештар озодона рафтор менамуд (Ҳаким Карим). Боз ва боз Асад ҳайрон шуд (Ҷ. Икромӣ). Лекин фарқашон дар он аст, ҳаҷми ҳар яки инҳо аз чубпораҳои қишлоқи мо хеле ва хеле калон аст
Дар забони англисӣ баъзе зарфҳо ҳангоми сохтани шаклҳои дараҷаи қиёсӣ ва олӣ ба тағйироти овозӣ дучор мешаванд:
far-farther ё futher-farthest ё furthest дур - дуртар -дуртарин, little-less-least,кам камтар камтарин, much-more-most, зиёд - зиёдтар - зиёдтарин.
Nigora laughed loudly,but Ahmad laughted more loudly.
Нигора баланд хандид,аммо Аҳмад баландтар.
She behaved herself badly.-Ӯ бад рафтор кард.
As for you ,you behaved yourself wors.-Ту бошӣ, бадтар рафтор намудӣ.
They behaved themselves worse.-Онҳо бадтарин рафтор карданд.
Хелҳои зарф аз рӯи маъно: Зарфҳо аз рӯи маъно дар ду забон ба ду гурӯҳ: зарфҳои тавсифӣ ва ҳолӣ ҷудо мешаванд.Дар навбати худ, ҳар яке аз ин гурӯҳ ба қисматҳо ҷудо мешаванд.
Зарфҳои тавсифӣе се хел мешаванд:
Зарфи тарзи амал: Зарфи тарз тариқи воқеъ шудани амал ва чигунагии ҳолату вазъиятро мефаҳмонад ва вобаста ба ин хусусияти худ ба феъл ва предиктативҳои аз дигар ҳиссаҳои нутқ сохта шуда нигаронида мешавад. Зарфи тарз инчунин аломати аломатеро, ки ба воситаи сифат ва зарф ифода меёбад, нишон медиҳад. Вай нисбат ба дигар хелҳои зарф миқдоран бисёр буда, тобишҳои гуногун дорад.
1. Зарфҳои тарзе, ки чӣ тарз? иҷро шудани амал яъне аломати амалро мефаҳмонанд. Онҳо аз ҷиҳати миқдор ва маъно хеле бисёранд ва нишон додани аломати амал тобишҳои гуногун воситаи иҷро, такрор, сӯй, лаҳзагӣ, ва давомнокии амалро низ ифода мекунанд: Хар ҳам ...хеле чолокона қадам мезад (С.Айнӣ). Абуалӣ саросема ба инҷо расида қарор гирифт (С.Улуғзода).
He looked at me askance- Вай ба ман ба андозае бо нобоварӣ нигоҳ кард.
Ба сад ҷон дар танури ишқ, хомохом месузем (Л. Шералӣ).
The police looked through our luggages one by one-Полис бағоҷҳоямонро як ба як аз назар гузаронид.
Дар забони тоҷикӣ зарфҳои дорои тобиши тақлиди овозӣ, ки тарзи иҷрои амалро нишон медиҳад ва бештар пеш аз феъл меоянд, низ дохил мешаванд:
Паррандаҳо ҳоло нағмасарои намекарданд, фақат гоҳ-гоҳе ба девори қафасҳо минқор зада ё аз дилтангӣ ҷасту хезкунон тапар-тупур садо мебароварданд (Ф.Муҳаммадиев).
2. Ба гурҳӯҳи дуюм зарфҳои тарзе дохил мешаванд, ки аломати аломатро мефаҳмонанд ва бештар ба зарф, феъли ҳол, масдар тобеъ мешаванд,чунинанд:
Slowly -оҳиста
Freely -озодона
Fluently-равон
Quickly-зуд,тез
Lazily- тамбалона
Calmly-оромона
Fast-тез
Well-хуб
Bravely-мардона
Willingly-бо ҷону дил
He slowly opened the windows-
She speaks Chine fluently becouse she knows it well.
Гилемро сар дод ва ҳой-ҳой гирякунон ба хона даромада рафт (Р. Ҷалил).
Сафар якбора оташинона дасташро шарт ба зону зада, аз ҷо хест ва ғазаболуд гуфт (Ф.Ниёзӣ). ...зуд-зуд нафаскашон ба тарозубон гуфт(Ф.Ниёзӣ). Пас ӯро барвақттар рӯзҳои навкориаш, ба ягон гуша бурда, ҷиддӣ тори ӯ зеҳн мемонд ва корашро номаълум аз назар гузаронида, дарун гуфтугу кардан лозим будааст (Саттор Турсун).
3. Гурӯҳи сеюмро зарфҳои тарз ташкил мекунанд, ки ҳолати давомияти амалро мефаҳмонанд: Домулло мижа зада, мижа зада сарашро поён мефарорад (С. Улуғзода). Бечора хунгас зада зор-зор мегирист (С. Улуғзода). Вай меҳмонҳои баландмартабаро бесаброна мунтазир буд (Ҷ. Икромӣ). Аз ҳама гушаву канораи он, --сарбаландона ман гузар кардам (М.Турсунзода). Ҳоло парчини бистар шуда, аз шиддати дард дарун-дарун менолад (Ф. Муҳаммадиев). Владимир ба рафтори ӯ зеҳн мемонд ва корашро номаълум аз назар гузаронида дарун-дарун хурсанд мешуд(Саттор Турсун) .
Ҳамчун зарфи тарз инчунин як гурӯҳ таркибҳои устувор, аз қабили кушоду равшан, бекаму кост, бетарсу бим, бегапу ҳарф, гарму ҷушон, дарҳам-барҳам, пасту расо, сарам дилам, гаштаю баргашта, чаппаву роста истифода мешаванд: Дар ин вақт ҳарду гарму ҷушон вохӯрӣ карданд (А.Деҳотӣ). Ман ҳам инро бекаму кост ба рӯи қоғаз кучонидам (Ҳаким Карим). Муаллим, мақсадро рупуш накарда, кушоду равшан гуед(Ф.Ниёзӣ). Шарифҷон,ки ба қувваи худбоварии комил дошт, бегапу ҳарф рафт (Ҳаким Карим). ...Ӯ изҳори хурсандӣ мекард, дастони дӯсти худро гаштаю баргашта мефушурд (Ф. Муҳаммадиев). Вай бетарсу бим ба Бухоро меравад (С, Улуғзода).
Ин гурӯҳи таркибҳои устувор пурра ба зарф нагузаштаанд ва аз ин сабаб баъзе аз онҳо гоҳе пешояндҳои номии таркибии изофӣ мегирад: Маълум мешавад, ки ӯ ба риши сафеди пирон ба қадри бояду шояд эҳтиром надоштааст (Ф.Муҳаммадиев). Ин нуқтаро ҳам қайд накардан мумкин нест, ки тарҷумон аксар маънои калимаҳоро ба таври бояду шояд нафаҳмида истифода мебаранд (П.Толис).
Зарфи монандӣ: Зарфи монандӣ тарзи иҷрои амалро ҳамеша бо роҳи муқоиса ба аломат ва хусусияти предмети конкретӣ баён менамояд. Зарфи монандӣ шакли содда надорад. Вай аз исм (асосан аз исмҳои конкретӣ) ба воситаи суффиксҳои -вор, -она, -сон, -ваш, сохта мешавад: Баъд аз он чубчаро пробкавор тарошида ба он тарафи сурохии пайзада банд кард (С.Айнӣ). Рудворона зиндагонӣ кун, --ҷуш зан, ҷуш зан, ҷавонӣ кун (М.Турсунзода). Ташкилоти районии партия дар ташкил кардани меҳнати қаҳрамонҳое, ки ин корро бо хоҳиш ва ихтиёри худ сар карда буданд, ба хубӣ ва болшевиквор кор кард (С.Айнӣ). Бо ҳамроҳони ӯ бачагона бозиҳо карданд ба бисёр касон одат шуда мемонад (Р.Ҷалил).
Дуздсифат нон барад аз хони мо,--Аз сари ҷӯ оби фаровони мо (М, Турсунзода). Зарфи монандӣ ғайр аз феъл ба шарҳи сифат ва сифати феълӣ низ меояд: Оби лой атоласон ғафсу нарм гашта буд (Ф. Муҳаммадиев). ...дандонҳои марворидсон сафеди ҷилодорашро нишон дода, бо овози ҷарангоси аз таҳти дил, самимона механдид (Ф.Муҳаммадиев). Дар саргаҳ асбоби худгарди пармакунӣ санги фулодоси сахтро сурох менамояд <Комсомоли Тоҷикистон>.
Зарфҳои монандӣ асосан хоси забони адабианд. Дар гуфтугӯ кам дучор мешаванд. Дар гуфтугӯ ин гуна мафҳумҳо ба воситаи исм ва пешояндҳои номию пасоянди барин ифода меёбанд: монандӣ (мисли, чун, ҳамчун) бача рафтор кардан-бачагона рафтор кардан, садаф барин сафед-садафвор сафед.
Зарфи миқдору дараҷа: Зарфҳои миқдор ва дараҷа ба ҳамдигар хеле наздик мебошанд. Як гурӯҳи зарфҳо аз қабили кам (каме, камтар), зиёд (зиёдтар), андак (хело), бисёр (бисёртар), лаболаб муштарак вазифа буда, вобаста ба маънои калимаи тобеъкунандаашон ҳам маънои миқдор ва ҳам маънои дараҷаро ифода карда метавонанд. Зарфи зиёд (зиёдтар) асосан миқдорро далолат мекунад. Дар баробари шакли дараҷаи қиёсии он зиёдтар вобаста ба калимаи шарҳдиҳандааш маънои дараҷаро низ ифода менамояд. Чунончӣ, дар ҷумлаи: Аз ин қадарезиёдтар суфро аз болои китфи чап ва зери бағали рост гузаронида, ба тапамон паҳн карда мепартоем. (Ф.Муҳаммадиев). Зарфи зиёдтар миқдорро, аммо дар ҷумла:Аммо ин остинзании ӯ аз як боди суст зиёдтар таъсир надошт/(С.Айнӣ). -дараҷаро ифода кардааст. Ё ин ки зарфи бағоят бештар дараҷаро ифода мекунад. Ин зарф кам бошад ҳам, миқдорро низ мефаҳмонад. Дар ҷумлаи “Тутапошшо ин ҳикояро бо образҳои бисёр равшан ва ба тасвирҳои соддаи халқӣ бағоят дилчасп нақл карда буд”(С.Айнӣ) дараҷаро вале дар ҷумлаи “Афсус ки Хатторӣ барин ҷавони озурдаи тақдири бад дар диёри ӯ бағоят бисёранд” (А.Деҳотӣ) маънои миқдорро ифода мекунад.
Зарфи миқдор: Зарфи номбурда миқдори предмет ва миқдори воқеъ шудани аломату ҳолатро нишон медиҳад. Ба зарфи миқдор калимаҳои зерин дохил мешаванд: бисёр-бисёр, бисёр (бисёртар), зиёда, зиёд (зиёдтар), андак (андаке), кам (камтар), камубеш, яктагӣ, қадре, як миқдор, хеле (хело), басе (басо), лаболаб, танҳо-танҳо, гурӯҳ-гурӯҳ, саҳифа-саҳифа, туда-туда, як каф-як каф, бисёр-бисёр, андак-андак ва ғайра.
Зарфҳои миқдор асосан дар шарҳи чунин ҳиссаҳои нутқ истифода мешаванд:
а) феъл: Бо нияти ба шаҳр рафтану ба мактаб дохил шудан кушиш мекардем, камтар хурем ва бештар захира кунем (С.Улуғзода). Бозор бо ин ҳол чашмашро ба чашми писараш духта қадре истод (С. Айнӣ).
б) исм: Подшоҳ арзи ӯро қабул карда ба вай қадре мис ва биринҷӣ дод, ки онҳоро тилло карда диҳад (А. Деҳотӣ). ...басе одамони саркашу нофаҳмро ба иродати худ тобеъ сохта ба роҳи неку савоб ҳидоят карда тавониста аст (Ф. Муҳаммадиев). Дили одами ҳамин хел-дия, андаке ғам ё хурсандӣ кифоя аст, ки оби дидааш шашқатор шавад (Ф. Муҳаммадиев). Пас аз чанд дақиқа онҳо, зану шавҳар сару либоси кориашонро пушида, дар даст яктаги сумка, куча баромаданд (Саттор Турсун).
в) сифат: Дар байни тамошобинон, ки як гурӯҳи бисёр хурд шуда монда буданд, ҳоло ҳам дар хусуси ин кор гуфтугузор мешуд (С. Айнӣ). Колхозчиёнро дар ояндаи хеле наздик зиндагонии хуби мадании давлатмандона мунтазир аст (С.Улуғзода).
г) масдар: Барои дубора обод кардани замину боғча бисёр-бисёр меҳнат кардан лозим аст (С.Улуғзода). ...ба андозаи бисёртар нӯшидан, боз бисёртар шароб талаб мекунанд (С.Айнӣ).
д) зарф: дар хабарҳои муқаррар ин гуна ибораҳо бисёр кам ёфтӣ мешаванд (Пулод Толис). Азимшоҳ аз ҷои нишошдодаи қозӣ қадре поёнтар нишаста, ба ҳаққи ҷаноби илӣ дуо кард (С.Айнӣ). Доир ба ҷараёни зиндагӣ ва эҷодиёти шоир бошад, дар Аврупо андаке баъдтар асарҳо ба вуҷуд омаданд (“Маориф ва маданият”). Борони майда бо ҳавсалаи томаш баргу муғчаҳои дарахтонро мешуст, булут торафт поёнтар мефаромад (“Садои Шарқ).
Зарфҳои миқдор ва тарз аз ҷиҳати маъно ба ҳамдигар наздиканд.
1. Ба гурӯҳи якум зарфҳое дохил мешаванд, ки маънои соф миқдорро мефаҳмонанд: қадре, кам, зиёд, бисёр, андак, як миқдор ва ғайра: Агарчи акнун як миқдор мавиз ёфта дар хун андохтан мумкин бошад ҳам, вай ба чил рӯз мувофиқи қоида намерасад (С.Айнӣ). Охир дар забони адабии мо калимаҳри арабӣ бисёранд, аз забони форсу тоҷик ҳам ба арабӣ дар давоми қарнҳо басе калимот дохил шудааст (Ф. Муҳаммадиев).
2. Гурӯҳи дуюм зарфҳое ташкмл менамоянд, ки ба замми маънои тарз тобиш маънои миқдор доранд, чунончӣ, ду-ду, чор-чор, танҳо-танҳо, тоқа-тоқа, ҷуфт-ҷуфт ва монанди инҳо: одамон туда-туда ва танҳо-танҳо, ба ҳар тараф тез-тез мерафтанд (С.Айнӣ). Пас аз ин ҳама хушбошӣ карда, тоқа-тоқа ва ҷуфт-ҷуфт ба ҳавлиҳои худ равона шуданд (Ҳаким Карим).Фардои он рӯз Ёдгор ба ҳавлии Юзбошӣ рафт, сарбозони дигар ҳам як-як, ду-ду омадан гирифтанд. ...(С.Айнӣ). Халқ агар имрӯз даҳ-даҳ, ба тарафи мо гузаранд, фардо, ки корд ба устухонашон расид, сад-сад ва ҳазор-ҳазор мегузаранд (С.Улуғзода).
Зарф хусусият ва аломатҳои махсусе дорад, ки муҳимтаринашон иборат аз инҳост:
1. Бо калимаҳои дигар ҳамеша бо усули ҳамроҳӣ алоқаманд мешавад. Дар таркибҳои изофӣ намеояд, яъне ба воситаи изофат ба калимаҳои дигар тобеъ намегардад. Ба воситаи изофат ба исм тобеъ шудани калимаҳои бисёр, кам (гапи бисёр, пули кам), ки ба гурўҳи зарфҳои миқдору дараҷа дохил мешавад, аз ин қоида мустасност: калимаҳои мазкур ҳоло ҳарчанд ҳамчун зарф бештар истифода шаванд ҳам, аслан сифат мебошанд ва дар ибораҳои боло ин хусусияти худро иигоҳ доштаанд.
2. Қисми асосии зарфҳо дар назди феъл омада, ба он вобаста мегардад. Аз ин сабаб онҳо дар ҷумла ҳамеша хелҳои гуногуни ҳолро ифода намуда, аз ягон ҷиҳат амалро шарҳ медиҳанд. Азбаски масдар ва сифати феълӣ шаклҳои ғайритасрифии феъл мебошанд, зарф ба шарҳу эзоҳи онҳо низ меояд. Гоҳо ба сифат, зарф ва исм тобеъ шудани зарф (асосан зарфи миқдору дараҷа) низ мушоҳида мешавад [15,285].
3. Баъзе аз зарфҳо (асосан зарфҳои миқдор ва тарз) дар ҷумла ба вазифаи хабар низ меояд: Масофаи то он ҷо аз ним километр зиёдтар буд. Шакли ҷамъ надорад. Суффикси -ҳо, ки ба баъзе калимаҳои зарфи (кайҳо, аввалҳо, сониҳо, ким-кайҳо) меояд, ба онҳо на маънои ҷамъ, балки тобиши тахминии миқдор мебахшад.
4. Бо пешоянду пасояндҳо намеояд. Ибораҳои исмии он ҷо, ии ҷоро, ки дар таркиби ҷумла бо пешоянд низ воқеъ мешаванд (ба он ҷо рафтан, ба ин ҷо омадан), ба зарф мансуб дониста и дуруст нест.
5. Зарфҳо (Зарфҳои макон, тарз, дараҷа) дараҷаи оддӣ ва қиёсӣ доранд.
6. Баъзе зарфҳо (асосан Зарфҳои замон) дар назм бо тақозои вазн бандакҷонишин мегиранд, мисли акнунам, ҳанўзам.
Зарф аз ҳисоби ҳиссаҳои номии нутқ такмил меёбад. Аз ин сабаб калимаҳои зиёде (амсоли боло, зер, тез, сахт, харакӣ) вобаста ба мавриди истифода қисман тағири маъно карда, ба вазифаи зарф истифода мегарданд. Калимаҳои мазкур аслан исм (боло, зер) ва сифат (тез, сахт, харакӣ) бошанд ҳам, вобаста ба мавқеи истифода аломат ё ҳолати амалро муаӣян карда, ба вазифаи зарф истифода мешаванд.
Хулосаи калом, қозӣ Бадриддин ба воситаи тадбироти мазкура синфи илмияро сиғоран ва киборан дар таҳти амр ва фармони худ даровард .
Зарфи замон дар забони англисӣ
Ман гоҳо ба он ҷо меравам.
Зарфҳои замони tomorrow, today, yesterday ҳам дар аввал ва ҳам дар охири ҷумла меояд:
Tomorrow I shall go there. I have seen him today.
Зарфҳои before пештар, қаблан, lately ба қарибӣ, вақтҳои охир, recently рўзҳои наздик одатан дар охири ҷумла меоянд:
I have seen this film before. Ман ин филмро пештар дида будам.
Агар Зарфҳои макон ва замон дар охири ҷумла оянд, зарфи макон пас аз зарфи замон меистад:
I met him there yesterday. Ман ўро дирўз дар он ҷо дида будам.
Зарфҳое, ки барои муайян кардани сифат ва ё зарфи дигар меоянд, пеш аз калимае, ки онро шарҳу эзоҳ медиҳанд, гузошта мешаванд:
I am very glad to see you. Аз диданатон хеле хушҳолам.
Зарфи enough ба қадри ҳол истисно аст. Он пас аз сифат, зарфи дигар ва феъл гузошта мешавад:
Mу coat is warm enough. Болопўшам ба қадри ҳол гарм аст.
Enoughинчунин метавонад исмро муайян намояд ва ба ҳайси сифати он исм омада бошад. Дар ин ҳолат сифат одатан пеш аз исм меистад, вале гоҳо метавонад пас аз исм истад.[17,37].:
Don't hurry, we have enough time (= time enough). Нашитобед, мо вақти кофӣ дорем.
Зарфҳои too, either инчунин, ҳам, низ дар охири ҷумла меоянд:
I shall be there too. Ман ҳам он ҷо мешавам.
I have not seen him either. Ман низ ўро надидаам.
Too ба маъно ниҳоят пеш аз калимае, ки онро муайян менамояд, меистад:
There are too many mistakes in your dictation.
Дар диктанти ту хатогиҳо ниҳоят зиёданд.
1.1 Хелҳои зарф дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ.
Зарфҳо аз рўи маъно ба ду гурўҳ: Зарфҳои хосаи тавсифӣ ва ҳолӣ ҷудо мешаванд. Ба гурўҳи якум зарфи тарз, монандӣ, миқдор ва дараҷа ба гурўҳи дуюм Зарфҳои замон, макон, сабаб ва мақсад дохил мешаванд.
Зарфи тарз тариқи воқеъ шудани амал ва чигунагии ҳолату вазъиятро мефаҳмонад ва вобаста ба ин хусусияти худ ба феъл ва предикативҳои аз дигар ҳиссаҳои нутқ сохташуда нигаронида мешавад. Зарфи тарз инчунин аломати аломатеро, ки ба воситаи сифат ва зарф ифода меёбад, нишон медиҳад. Вай нисбат ба дигар хелҳои зарф миқдоран бисёр буда, тобишҳои гуногун дорад. Ин навъи зарф ба се гурўҳи калон ҷудо мешавад.
1. Зарфҳои тарзе, ки чӣ тарз иҷро шудани амал, яъне аломати амалро мефаҳмонанд. Онҳо аз ҷиҳати миқдор ва маъно хеле бисёранд ва нишон додани аломати амал тобишҳои гуногун воситаи иҷро, такрор, сўӣ, лаҳзагӣ ва давомнокии амалро низ ифода мекунанд: Хар ҳам... хеле ҷолокона қадам мезад. Абуалӣ саросема ба ин ҷо расида, қарор гирифт. Ба сад ҷон дар танўри ишқ хомохом месўзем. Дар он мадраса МУЛЛО АБДУЛҲАКИМ ном як муллои кулобӣ буд, ки дастакӣ китобфурўшӣ мекард. Вай кўзаро ба cap бардошту хеле қулт-қулт фурў бурд. Ба ҳамин тариқ, мо дар шаҳрҳо ва деҳоти гуногуни Япония кам-кам бо ҳаёт ва тарзи маишати мардум ошно шудем .
Ба ин гурўҳ Зарфҳои дорои тобиши тақлиди овозӣ, ки тарзи иҷ-рои амалро нишон медиҳанд ва бештар пеш аз феъл меоянд, низ до-хил мешаванд:
Вақте ки пирамард ба хонааш наздик мешуд, аз ақиб як газик омада, дар наздаш таққи истод. ...пару болаашро гурри аз танаш рехт. Паррандаҳо ҳоло нағмасароӣ намекарданд, фақат гоҳ-гоҳе ба девори қафасҳо минқор зада ё аз дилтангӣ ҷасту хезкунон тапар-тупур садо мебароварданд .
2. Ба гурўҳи дуюм Зарфҳои тарзе дохил мешаванд, ки аломати аломатро мефаҳмонанд ва бештар ба зарф, феъли ҳол, масдар тобеъ мешаванд:
..гилемро cap дод ва ҳой-ҳой гирякунон ба хона даромада рафт . Он «Одина»-и Айнӣ аст, ки саргузашти як тоҷики камбағалро мў ба мў самимона тасвир кардааст. Сафар якбора оташинона дасташро шарт ба зону зада, аз ҷо хест ва ғазаболуд гуфт . ...зуд-зуд нафаскашон ба тарозубон гуфт. Пас ўро барвақттар рўзҳои навкориаш, ба ягон гўша бурда, ҷиддӣ тори ў зеҳн мемонд ва корашро номаълум аз назар гузаронда, дарун гуфтугў кардан лозим будааст.
3. Гурўҳи сеюмро Зарфҳои тарзе ташкил мекунанд, ки ҳолати давомияти амалро мефаҳмонанд. Домулло мижа зада - мижа зада сарашро поин мефарорад. Бечора ҳунгас зада зор-зор мегирист. Вай меҳмонҳои баландмартабаро бесаброна мунтазир буд. Аз ҳама гўшаву канораи он, Сарбаландона ман гузар кардам. Ҳоло парчини бистар шуда, аз шиддати дард дарун-дарун менолад. Владимир ба рафтори ў зеҳн мемонд ва корашро номаълум аз назар гузаронида дарун- дарун хурсанд мешуд [11,137].
Ҳамчун зарфи тарз инчунин як гурўҳ таркибҳои устувор, аз қобили кушоду равшан, бекаму кост, бетарсу бим, бегапу ҳарф, гарму ҷўшон, дарҳам-барҳам, пасту расо, сарам-дилам, гаштаю баргашта, чаппаву роста истифода мешаванд: Дар ин вақт ҳар ду гарму ҷўшон вохўрдӣ карданд. Ман ҳам инро бекаму кост ба рўи коғаз кўчонидам. Муаллим, мақсадро рупўш накарда, кушоду равшан гўед. Шарифҷон, ки ба қувваи худ боварии комил дошт, бегапу ҳарф рафт ....ў изҳори хурсандӣ мекард, дастони дўсти худро гаштаю баргашта мефушурд. Вай бетарсу бим ба Бухоро меравад.
Ин гурўҳи таркибҳои устувор пурра ба зарф нагузаштаанд ва аз ин сабаб баъзе аз онҳо гоҳе пешояндҳои номии таркибии изофӣ ме-гирад. Маълум мешавад, ки ў ба риши сафеди пирон ба қадри бояду шояд эҳтиром надоштааст. Ин нуқтаро ҳам қайд накардан мумкин нест, ки тарҷумон аксар маънои калимаҳоро ба таври бояду шояд нафаҳмида истифода мебарад.
1.2. Дараҷаҳои муқоисавии зарф дар забонҳои тоҷикӣ ва ангисӣ.
Зарфи «боз», ки ба таври иловагӣ зиёд ё кам шудани аломати предметро мефаҳмонад: Ҳамон Қудрати самоворчии худамон,— Пулод ба оянда боз хубтар диққат карда... . Рухсораи гулгуни ў боз гулгунтар шуд.
Калимаи «боз» бо сифатҳои муқоисавии чида низ омада метавонад. Дар ин маврид «боз» гоҳо пеш аз аъзои чидаи аввал ё ки пеш аз ҳар як аъзои чида воқеъ мешавад: Шабҳо боз фоҷеътар ва боз ҷонкоҳтар мегашт. Аз огӯши боду бӯрон мисли уқоб сина ба пеш дода, боз устувортар, далертар ба пеш пой мениҳад.
Зарфи «боз» ва хиссачаи «ҳам». Агар «боз» бо дараҷа муқоисавии сифат омада, афзудани миқдори аломати предметро фаҳмонад, бо нлова гаштани «ҳам» маънои вай таъкид меёбад ва пурқувваттар мегардад: Бинобар ин ба шумо узр гуфтанӣ ва аз дилатон бароварданӣ шуда ба пеши шумо нишастам, гуфт бо оҳанги боз ҳам мулоимтар, лекин ҷиддӣ . Ин ҳол ба асаби вай боз ҳам сахттар таъсир кард .
Ин калимаҳо бо сифатҳои чида гоҳҳо пеш аз аъзои чидаи аввал, гоҳҳо бо ҳар як аъзои он меоянд: Рақси ӯ дар зери усули устодонаи Муллоҳомид боз ҳам моҳиронатар, боз ҳам нодиронатар баромад . Дар танаш куртаи чити гулдор пӯшида, мӯяшро ба пешонааш оварда тугун намуда буд, ки ба вай хеле мезебид ва Дилбари шӯхро боз ҳам шӯхтар ва дилработар карда нишон медод .
Зарфи «торафт», ки ба дараҷаи муқоисавии сифат ҳамроҳ шуда, афзоиш ё камшавии пайдарҳами аломати предметро мефаҳмонад: Чашмони каме аз ин пеш ниҳоят ҷиддан Ашрафпартизан торафт шодмонтар мегардиданд. Қатори одамоне, ки дар таги дари зарринкории Каъба ба навбат истодаанд, торафт зичтар ва ғафстар мегардид.
Зарфҳои «андак», «қадре». Ин калимаҳо ба сифат тобиши зиёд ё кам шудани миқдори аломати предметро илова менамоянд: Ана дар ин гуна тазъиқи об, ки баъзан лўлаҳои чўянӣ ва сементии андак тунуктар тоб наоварда кафида мераванд, лўлаҳои сафолини шумо мумкин нест, ки тоб оваранд. Дар рўзҳои охир қадре беҳтар шуда, cap аз болишт бардошта буд... .
Калимаҳои «дучандон», «ҳазор бор», «чанд дараҷа», «чандин ма- ротиба» ва ғайраҳо, ки дар ҳудуди муайян зиёд шудани аломати предметро аз ҷиҳати миқдор ва дараҷа таъкид мекунанд:
Дуюм ин, ки шароити зиндагониаш бо Одина чанд дараҷа душвор тар буд, зеро Одина ўро чунон ки маҳбуби аз ҷон ширинтар буд, инчунин ягона парастораш ҳам ў буд... . ...аз ин гуна беасос аз марг тарсида гурехтан, ки рўзе чанд бор воқеъ мешавад, бо шамшери аскарони сурх кушта шудан ҳазор бор беҳтар аст. Шабҳо дар ҷогаҳи танҳоӣ фикру хаёл карда, он ҳикояро худаш боз ҳам чандин маротиба афзунтар карда медид .
Роҳи аналитикӣ. Бо роҳи аналитикӣ (ё таркибӣ) ифода гаштани муқоиса он аст, ки предметҳои қиёсшаванда дар ҷумла ҳузур дошта, сифати аслӣ бо ёрии пешояндҳо дараҷаи муқоиса месозад: Ин хона аз он хона калон аст.
3. Ифодаи муқоиса бо зарфи нисбатан. Муқоиса ба воситаи зарфи нисбатан низ ба вучуд меояд. Бо зарфи нисбатан сифат метавонад дар шакли дараҷаи оддӣ ё ки дараҷаи муқоисавӣ ояд: Дигар то ба худи гузари Кукалтош мо аз роҳи калон рафтем, ки ба ҳар хол нисбатан сер- рафтуой буд Ҳама мехостанд, ки то тахт шудани ҳуҷҷатҳо ва иҷозатномаи сафари Мадинаи мунаввара ду-се рўзи интизориро дар ин шаҳрчаи обу ҳавош нисбатан сабук гузаронанд . Одатан шамъ вақте ки сўхта ба поён расид, як шўълаи нисбатан боқувваттар мебарорад ва дар паи он тамоман хомўш мешавад. Занаш, ки нисбатан ба назар ҷавонтар менамуд, дар сари оташдон хўрок мепухт .
Дар холати муқоиса бо калимаи нисбатан предмети муқоисаша-ванда дар ҷумла намеояд, аммо он аз мазмуни матн ба осонй фаҳмида мешавад.
Категорияи дараҷа ба ҳама хелҳои зарф хос нест. Зарфҳои тарз, дараҷа, миқдор, замон ва макон дорои чунин шакли грамматики мебошанд. Ин қабил зарфҳо зоҳиран ба сифат монанд бошанд ҳам, аз хусуси вазифаи синтаксисӣ аз он фарқ мекунанд. Зарфҳои дараҷаи қиёсӣ аломати феълро муайян карда, ба он нигаронида мешаванд, сифатҳо бошанд, аломати предметро муаӣян мекунанд ва аз рўи ин хусусият тобеи исм мебошанд. Зарф ду дараҷа: дараҷаи оддӣ ва қиёсӣ дорад. Зарфи дараҷаи оддӣ аломати амал ва ё аломати аломатро бе муқоиса ифода мекунад:
Ҳоло биёед, ки аз рўи харита ва фикран маҳалҳоро андаке саӣр кунем. ...ба холабеғамии роҳбаронн колхоз бахшида, як фелетон навишта фиристодам, ки зуд чоп шуда баромад . Баъд аз гуфтугузори бисёр ҳама муттафиқ шуда, фирор ба тарафи Хоразмро салоҳ дониста, маърўз доштанд [15,37].
Дараҷаи қиёсӣ аз дараҷаи оддӣ бо иловаи суффикси -тар сохта мешавад. Маънои луғавии ҳамаи хелҳои зарф имконият намедиҳад, ки онҳо суффикси мазкурро қабул кунанд. Ин ҷиҳат ба Зарфҳои замон, макон, миқдору дараҷа ва тарз мансуб аст. Аз Зарфҳои мазкур зарфи тарз ва дараҷа маънои қиёсиро нисбатан кам ифода мекунад. Зарфҳои мақсад, сабаб ва монандӣ аз ин гуна категорияи грамматикӣ фориғанд:
Акнун орзуи калони ман буд, ки тезтар забони русиро ёд гирам. Охир, сонитар гуфтани ин боз мушкилтар мешавад ....ба доду фарёдкунон дафъ кардани соҳибашон нигоҳ накарда, аз асп болотар ҷаҳида аз банди пои ману акаи Мадалӣ гирифтанӣ мешаванд. Ҳар қадар бештар ба чирку қарқ оғўшта шавед, ҳамон қадар хуб аст. Аммо ин остинзании ў аз як боди суст зиёдтар таъсир надошт.
Ба ғайр аз ин дараҷаи қиёсии зарф бо чунин роҳҳои синтаксисӣ ифода меёбад:
а) бо алоқаи ҳамроҳӣ тобеъ шудани зарф ба зарф:
Риши сафеди Айнӣ аз манаҳаш андаке поён кўтоҳ қайчӣ зада шудааст. Бой қариб тамоман аз кор бозистодани ҳаллоҷиҳоро дида, барои зудтар баровардани ош худаш ба ҳавлии дарун даромада, рост ба ошхона рафт. Ба ман чунин менамуд, ки бача хеле оҳиста калон шуда истодааст;
б) ба воситаи пешоянди аз тобеъ шудани исм ва ҷонишинҳо:
Маҳмадраҷаб аз онҳо пештар аз меҳмонҳона берун баромада, ба Одил Саркор гуфт. Шоире дар ҳаққи як давлатманд қасидае навишта, ўро аз хад зиёда мадҳ кард. Вай пас аз якчанд рўзи дар шўъбаи маориф нишастан, барои бо мактабҳои раӣон шинос шудан ба сафар баромад ва аз ҳама аввал ба деҳаи Ҷўйбор омад.
Дар ин маврид зарф суффикси қиёсии -тар-ро низ гирифта мета-вонад, бо ин маънон қиёсии зарф таъкид меёбад.
Албатта, ҳамаи хелҳои зарф Зарфҳои замон, макон, миқдор, дараҷа, тарз дараҷа надоранд. Чунончи, агар зарфи пеш суффикси -тар гирифта тавонад, Зарфҳои замоне, ки аз исми ченаки вақт ва суффикси -она сохта шудаанд (рўзона, шабона) ё ин ки зарфи тарз ё миқдори мураккабе, ки яке аз ҷузъҳояш ё ҳар ду ҷузъаш шумора аст (сечанд, дучанд, даҳчанд, ду-ду, се-се), зарфи тарзи воситаи иҷро (аспакӣ, харакӣ) ва зарфи тарзи ифодакунандаи ҳолат (пуштнокӣ, рўйнокӣ, даққиқ) вобаста ба маънои луғавиашон суффикси мазкурро қабул намекунанд.
Дар забони англисӣ зафрҳо дорои се дараҷа мебошанд: дараҷаи оддӣ, дараҷаи қиёсӣ ва дараҷаи олӣ.
Бештари зарфҳо (хусусан зарфи тарзи амал) метавонанд мисли сифат дараҷаи муқоисавӣ дошта бошанд[12,37]..
Зарфҳои якҳиҷогӣ дараҷаи муқоисавиро бо ёрии ба сохти оддии зарф илова кардани суффикси -er, ва дараҷаи олиро бо суффикси –est месозанд. Зарфи дуҳиҷогии early низ бо чунин роҳ дараҷаи муқоисавӣ ва олӣ месозад:
Дараҷаи оддӣ
Дараҷаи қиёсӣ
Дараҷаи олӣ
fast тез
faster тезтар
fastest тезтарин
hard сахт, ҷиддӣ
Harder сахттар, ҷиддитар
hardest сахттарин, ҷиддитарин
late дер
later дертар
latest дертарин
soon зуд
sooner зудтар
soonest зудтарин
early барвақт
earlier барвақттар
earliest барвақттарин
Дараҷаи муқоисавии зарфи often зуд-зуд, quickly тез, slowly оҳиста бо ҳар ду роҳи дар боло зикршуда сохта мешаванд:
Дараҷаи оддӣ Дараҷаи муқоисавӣ Дараҷаи олӣ
Often
quickly
slowly oftener, more often
quicker, more quickly
slower, more slowly oftenest, most often
quickest, most quickly
slowest, most slowly
Зарфҳои зерин мисли сифатҳои муродифашон на аз рўи қоида, балки бо роҳи дигар дараҷаи муқоисавӣ ва олӣ месозанд:
Дараҷаи оддӣ Дараҷаи муқоисавӣ Дараҷаи олӣ
Well
badly
much
little
far better
worse
more
less
farther, further best
worst
most
least
farther, furthest
Вақте ки пас аз зарф дар дараҷаи олӣ ифодаи соҳибияти of меистад (ё дар назар дошта мешавад), истифодаи артикли муайянии the хоҳишмандӣ аст, яъне метавонем онро истифода кунем ё истифода накунем.
Вақте ки ифодаи of пас аз зарф дар дараҷаи олӣ истифода бурда намешавад, артикл истифода карда намешавад[12,37].:
Which of the boys works (the) best (of all the boys)?
I work best in the morning.
Peter came late, Gleb came later and Oleg came (the) latest (of all).
I come home latest on Mondays.
Кадоме аз ин бачаҳо аз ҳама хуб кор мекунад?
Ман саҳаргоҳон аз ҳама хуб кор мекунам.
Питер дер омад, Глеб дертар омад ва Олег аз ҳама дер омад.
Ман рўзҳои душанбе аз ҳама дер ба хона меоям.
Дараҷаи олии зарф дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ.
Зарфҳое, ки аз сифатҳо бо илова намудани суффикси -1у сохта шудаанд дараҷаи муқоисавиро бо ёрии more ва дараҷаи олиро бо most месозанд:
Дараҷаи оддӣ Дараҷаи муқоисавӣ Дараҷаи олӣ
clearly
bravely
correctly
cautiously more clearly
more bravely
more correctly
more cautiously most clearly
most bravely
most correctly
most cautiously
Муќоисаи зарфҳои замон дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ.
Зарф ҳиссаи мустақили нутқ буда, аломати амалро дар шароитҳои гуногун, ки фаъолият ҷорӣ мешавад мефаҳмонад.
Зарф хусусият ва аломатҳои махсусе дорад, ки муҳимтаринашон иборат аз инҳост:
1. Бо калимаҳои дигар ҳамеша бо усули ҳамроҳӣ алоқаманд мешавад. Дар таркибҳои изофӣ намеояд, яъне ба воситаи изофат ба калимаҳои дигар тобеъ намегардад. Ба воситаи изофат ба исм тобеъ шудани калимаҳои бисёр, кам (гапи бисёр, пули кам), ки ба гурўҳи Зарфҳои миқдору дараҷа дохил мешавад, аз ин қоида мустасност: калимаҳои мазкур ҳоло ҳарчанд ҳамчун зарф бештар истифода шаванд ҳам, аслан сифат мебошанд ва дар ибораҳои боло ин хусусияти худро иигоҳ доштаанд.[19;198](Смирницкий А. И. (2) Морфология английского языка. – Москва, 1959. с. 271-296.)
Қисми асосии зарфҳо дар назди феъл омада, ба он вобаста мегардад. Аз ин сабаб онҳо дар ҷумла ҳамеша хелҳои гуногуни ҳолро ифода намуда, аз ягон ҷиҳат амалро шарҳ медиҳанд. Азбаски масдар ва сифати феълӣ шаклҳои ғайритасрифии феъл мебошанд, зарф ба шарҳу эзоҳи онҳо низ меояд. Гоҳо ба сифат ва исм тобеъ шудани зарф (асосан зарфи миқдору дараҷа) низ мушоҳида мешавад. [19; 204] (Смирницкий А. И. (2) Морфология английского языка. – Москва, 1959. с. 271-296.)
7. Баъзе аз зарфҳо (асосан Зарфҳои миқдор ва тарз) дар ҷумла ба вазифаи хабар низ меояд:
Дар миёни ҷадидони Бухоро таъсири турк ва тоторҳо бисёр аст.
Масофа то он ҷо аз ним километр зиёдтар буд.
8. Шакли ҷамъ надорад. Суффикси -ҳо, ки ба баъзе калимаҳои зарфи (кайҳо, аввалҳо, сониҳо, ким-кайҳо) меояд, ба онҳо на маънои ҷамъ, балки тобиши тахминии миқдор мебахшад.
9. Бо пешоянду пасояндҳо намеояд. Ибораҳои исмии он ҷо, ин ҷо-ро, ки дар таркиби ҷумла бо пешоянд низ воқеъ мешаванд (ба он ҷо рафтан, ба ин ҷо омадан), ба зарф мансуб донистан дуруст нест.
10. Зарфҳо (Зарфҳои макон, тарз, дараҷа) дараҷаи оддӣ ва қиёсӣ доранд.
11. Баъзе зарфҳо (асосан Зарфҳои замон) дар назм бо тақозои вазн бандакҷонишин мегиранд, мисли акнунам, ҳанўзам.
Зарф аз ҳисоби ҳиссаҳои номии нутқ такмил меёбад. Аз ин сабаб калимаҳои зиёде (амсоли боло, зер, тез, сахт, харакӣ) вобаста ба мавриди истифода қисман тағйири маъно карда, ба вазифаи зарф истифода мегарданд. Калимаҳои мазкур аслан исм (боло, зер) ва сифат (тез, сахт, харакӣ) бошанд ҳам, вобаста ба мавқеи истифо-да аломат ё ҳолати амалро муайян карда, ба вазифаи зарф истифода мешаванд. Як гурўҳи зарфҳо ҳукми архаистӣ гирифтаанд. Чунончи: сарохатан, сиғоран, киборан ва амсоли инҳо. Чунин калимаҳо ҳоло дар услуби бадеӣ бо ниятҳои услубӣ баъзан истифода мешаванд:
Дар «Точ-ут-таворих» сол ва моҳи вуруди Бухоро сарохатан навишта нашудааст. Хулосаи калом, қозӣ Бадриддин ба воситаи тадбироти мазкура синфи илмияро сиғоран ва киборан дар таҳти амр ва фармони худ даровард .
Дар забони англисӣ низ зарф аломати амалро дар шароитҳои гуногун, ки амал ҷорӣ мешавад, мефаҳмонад. Зарф ба феъл мутаалиқ аст ва замон, макон ва тарзи иҷроиши амалро ифода мекунад.
He works hard. Ў аз таҳти дил кор мекунад.
He lives here. Вай дар ин ҷо иқомат мекунад.
I have not met him lately. Вақтҳои охир ўро надидаам.
Зарф метавонад пеш аз сифат ва ё зарфи дигар омада аломати онро нишон диҳад:
Не is a very good student. Ў донишҷўи хеле хуб аст.
She translated the article quite well. Вай мақоларо хеле хуб тарҷума кард.
1. Дар ҷумла зарф ба вазифаи ҳол меояд. Ҷои зарф дар ҷумлаи забони англисӣ қатъӣ набуда, метавонад пас аз феъли монда, пас аз пуркунада ва ё пеш аз хабар, пеш аз феъл, дар байни феъли ёридиҳанда ва феъли асосӣ, байни феъли модалӣ ва феъли асосӣ, пеш аз феъли –have, пеш аз –used ҷойгир шавад. ( Ganshina M. A., Vasilevskaya N. M. English Grammar.
Moscow, 1974.p.76-78.)
Зарфи тарзи амал бевосита пас аз феъл гузошта мешавад, агар феъл монда бошад:
He walked slowly. Ў оҳиста роҳ мегашт.
The sun shines brightly. Офтоб равшан нурпошӣ мекунад.
Агар феъл гузаранда бошад, зарф пас аз пуркунада ва ё пеш аз хабар гузошта мешавад. Зарф дар байни пуркунанда ва хабар гузошта намешавад;
He answered the question calmly.
He calmly answered the question.
Ў оромона ба суол ҷавоб дод.
He translated the article easily.
He easily translated the article.
Вай ба осонӣ мақоларо тарҷума кард.
Вақте пас аз феъл масдар меистад, зарф пеш аз феъл меистад:
Hе flatly refused to answer the question.
Ў қатъиян аз ҷавоб додан ба савол даст кашид.
2. Зарфи замон дар забони англисӣ.
Зарфи замони номуайян –
always- ҳамеша,
often - зуд зуд
seldoт -баъзан вақт
never- ҳеҷ гоҳ
just- ҳоло,
already- аллакай
yet- аллакай
usuallу- одатан
sometimes -баъзан вақт
still -то ҳол
soon-ба наздикӣ
once- боре
ва ғайра пеш аз феъл меоянд:
Hе always comes early.
Не often goes there.
I usually get up at seven o'clock.
I once went there with my brother.
Вай ҳамеша барвақт меояд.
Ў зуд-зуд ба он ҷо меравад.
Ман одатан соати ҳафт аз хоб мехезам.
Ман боре бо бародарам ба он ҷо рафта будам.
Аз дигар тараф ин зарфҳо пас аз феъли –to be меоянд:
He is always here at five o'clock.
He is never late for the lectures.
Ў ҳамеша дар соати панҷ дар ин ҷост.
Ў ҳеҷ гоҳ ба лексия дер намекунад.
Вақте ки феъл дар шакли мураккаб истифода мешавад, Зарфҳои замони номуайян дар байни феъли ёридиҳанда ва феъли асосӣ меистанд:
I shall never forget it.
He has just left.
Ман инро ҳеҷ гоҳ фаромўш нахоҳам кард.
Ў худи ҳозир рафт.
Агар дар ҷумла ду феъли ёрирасон ё ҳиссачаи инкории not истифода шуда бошад, зарф пас аз феъли ёрирасони якум гузошта мешавад:
Не has just been asked to take part in that work.
Ўро навакак хоҳиш карданд, ки дар ин кор ширкат кунад.
Не has not just been asked to take part in that work.
Зарфи замони номуайян дар байни феъли модалӣ ва феъли асосӣ гузошта мешавад:
You must never get off the tram when it is moving.
I can always prove it to be true.
Ҳини ҳаракат кардани трамвай шумо набояд фароед.
Ман исбот карда метавонам, ки ин ҳақиқат аст.
Агар амал бо феъли –have ифода шуда бошад, зарф пеш аз феъли –have гузошта мешавад:
I often have to go there.
Ман бояд зуд-зуд ба он ҷо равам.
Агар амал бо воситаи таркиби –used ифода гардида бошад, зарфи замони номуайян пеш аз –used меояд:
You always used to agree with me.
Шумо ҳамеша бо ман розӣ мешудед.
1. Зарфи –yet бо маънои –то ҳол метавонад пас аз ҳиссача ё пас аз феъл истад, агар ҷумла пуркунанда дошта бошад, пас аз пуркунанда истад.( Eckersley C. E., Eckersley J. M. A Comprehensive English Grammar for Foreign Students. –Longmans, 1966. p. 264-295.)
I have not yet read the letter.
I have not read the letter yet.
Ман то ҳол номаро мутолиа накардаам.
Агар зарфи –yet ба маънои – аллакай истифода гардида бошад, он дар охири ҷумла меистад:
Have you read the newspaper yet?
Шумо аллакай рўзномаро хондед?
Зарфи sometimes метавонад пеш аз феъл, дар аввали ҷумла ва дар охири ҷумла ояд:
I sometimes go there (Sometimes I go there, I go there sometimes).
Ман гоҳо ба он ҷо меравам.
Зарфҳои замони tomorrow, today, yesterday ҳам дар аввал ва ҳам дар охири ҷумла меояд:
Tomorrow I shall go there.
I have seen him today.
Зарфҳои before- пештар, қаблан, lately- ба қарибӣ, вақтҳои охир, recently- рўзҳои наздик одатан дар охири ҷумла меоянд:
I have seen this film before.
Ман ин филмро пештар дида будам.
I have not been there lately.
Рўзҳои наздик дар он ҷо набудам.
Агар Зарфҳои макон ва замон дар охири ҷумла оянд, зарфи макон пеш аз зарфи замон меистад:
I met him there yesterday.
Ман ўро дирўз дар он ҷо дида будам.
Зарфҳое, ки барои муайян кардани сифат ва ё зарфи дигар меоянд, пеш аз калимае, ки онро шарҳу эзоҳ медиҳанд, гузошта мешаванд:
I am very glad to see you.
Аз диданатон хеле хушҳолам.
He speaks English quite well.
Ў хеле хуб бо забони англисӣ ҳарф мезанад.
Зарфи –enough –ба қадри ҳол истисно аст. Он пас аз сифат, зарфи
дигар ва феъл гузошта мешавад:
Mу coat is warm enough.
He does not work enough.
You know English well enough to read this book.
Болопўшам ба қадри ҳол гарм аст.
Ба қадри ҳол кор намекунад.
Барои хондани ин китоб забони англисиро ба қадри ҳол медонӣ.
1. Enough инчунин метавонад исмро муайян намояд ва ба ҳайси сифати он исм омада бошад. Дар ин ҳолат сифат одатан пеш аз исм меистад, вале гоҳо метавонад пас аз исм истад.( Horonby A.S. The Teaching of Structural Words and Patterns.
–Oxford University Press, 1959. p. 32-46.)
Don't hurry, we have enough time (= time enough).
Нашитобед, мо вақти кофӣ дорем.
Зарфи замон дар забони англисӣ : now –ҳоло, акнун; when –кай, then –он замон, today –имрўз, yesterday –дирўз, tomorrow –пагоҳ (фардо); before -пеш, қабл; lately -ба қарибӣ, ба наздикӣ, вақтҳои охир; recently -ба наздики, дар рўзҳои наздики; once -боре, (як рўз), замоне; ever -ягон вақт; never -ҳеҷ гоҳ; always –ҳамеша; often -зуд-зуд; seldom –аён-аён, гоҳо; usually -чун одат; sometimes –гоҳо; already-хамеша; yet -аллакай, то ҳол (на); still -то ҳол; since - аз он замон ва ғайра:
I was very busy yesterday.
Ман дирўз хеле банд будам.
He usually goes to bed at eleven o'clock.
Вай одатан соати 11 хоб меравад.
He left Moscow in 1993, and I haven't seen him since that.
Ў соли 1993 ба Москва рафта буд, аз он вақт ўро надидаам.
1) Зарфи –never бо феъл дар шакли тасдиқӣ истифода карда мешавад, зеро дар ҷумлаҳои англисӣ инкор як маротиба имконияти истифода шудан дорад:
I have never been there.
Ҳеҷ гоҳ дар он ҷо набудам.
2) Зарфи –yet ба маънои –аллакай танҳо дар ҷумлаҳои саволӣ истифода карда мешавад. Зарфи already – аллакай барои ифодаи ҳайрат, ки иҷрои амал пеш аз вақти дарназардошта тамом шудааст, истифода карда мешавад:
Have you finished your work yet. То ҳол коратро тамом накардаӣ?
Зарфи замон дар забони тоҷикӣ
Зарфи замон дар забони тоҷикӣ вақту замони воқеъ шудани амалу ҳолатро нишон медиҳад. Калимаҳое, ки ҳамчун зарфи замон омада метавонанд, аз инҳо иборатанд: пеш, доим (о), ҳоло, гоҳо, дер, аллакай, зуд, минбаъд, ҳамеша, акнун, ҳозир, рўзона, шабона, ҳанўз, алҳол, ҳамоно, асло, дарҳол, аввал, фавран , барвақт, беист, мудом, дина, дирўз, минбаъд, қаблан, абадан, баъзан, ҳаргиз, баъд, навакақ пешопешакӣ, гоҳ-гоҳ (гоҳ-ногоҳ), пеш-пеш, пагоҳ-бегоҳ, сонӣ, дам ба дам, рўз ба рўз ва ғаӣра:
Вай шаби дароз як қатор чораҳои автоматӣ тарҷима шуданро фикр карда баромаду пагоҳӣ барвақт ба ҷои кораш омада, бо шавқу ҳаяҷон ба машинистка рози дил кард.
Падари Ҳалимҷон бошад, навакак ба корхонаи худ, ба идораи газета рафта буд.
Гоҳ- гоҳ хабар мегирифт.
Гоҳҳо монанди тирамоҳи гузашта ба ёди шаҳрҳои дур меафтодам. Норбибӣ ҳамаи гапҳои дишаб шудагузаштаро муфассал нақл кард.
Имсол садорати корхона маро ба Маскав фиристоданӣ.
1. Зарфи замон асосан бар эзоҳи феъл меояд. Баробари ин барои шарҳи сифат, сифати феълӣ ва масдар истифода мешавад: ( Эшонҷонов А. Вазифаи гарамматикии ду асоси феълӣ дар исмсозӣ- маҷмӯаи илмии институти давлатии педогогии ба номи Т. Г. Шевченко. –Сталинобод, 1955. с 89-95.)
Хидир бошад, фавран додани пулро талаб мекард.
Аҳрорамак дасти тари ҳозиракак шустаашро ба зери бағалҳояш дароварда, пок карда меомад.
Чашмони ҳоло ҳам пурнури пирамард аз таҳти абрўвони сап-сафеди ғафсаш медиданд.
Доираи истифодаи баъзе аз Зарфҳои замон маҳдуд буда, онҳо бештар дар забони зинда дучор мешаванд. Зарфҳои даррав, асло, сонӣ ба ҳамин гурўҳ мансубанд. Зарфҳои мазкур дар адабиёти бадеӣ, бештар дар нутқи персонажҳо дучор мешаванд ва қобилияти умумӣ шудан доранд:
Аммо Мирзо бо дўсташ ҳамин хел мулоқот карданро асло намехост, ....вай маро даррав ба мактаб қабул мекард. Мирзо Рустам сониҳо мефаҳмад. Хоҷа, асло кам нашавед.
Зарфҳои замон вобаста ба маънои луғавиашон тобишҳои гуногунро ифода мекунанд. Як гурўҳи Зарфҳои замон тобиши лаҳзагӣ дошта, дар як муддати кўтоҳ иҷро шудани амалро мефаҳмонанд, ки ба ин гурўҳ Зарфҳои фаврӣ (фавран), дарҳол, ҳамоно, даррав дохил мешаванд:
Вай ба рўи Сафар ва ҷароҳати сараш диққат карда истода, дарҳол донист. Ман даррав чашмонамро бо остинам пок кардам. Падараш фавран мошин мефиристад.
Зарфҳои доим (-о), якумр, ҳамеша, мудом, гоҳ-гоҳ, пеш-пеш, зуд- зуд минбаъд, баъд, акнун замони ояндаро далолат мекунанд:
Ман ҷамъомадро ба таври писандидаи худ гузарониданӣ шуда, анъанаи маълумро риоя накардам, яъне музокирачиёнро қаблан таъин карда намондам. Нав кадом як аз саркардагони ҳисорӣ «кор аз кор гузаштааст»,— гуфта ноумедӣ кард. Баъд аз ин гуфтугў минбаъд ман бо ў вонахўрдам.
Зарфҳои доим (-о), якумр, ҳамеша, мудом, гоҳ-гоҳ, пеш-пеш, зуд- зуд бардавомӣ ва такрори амалро нишон медиҳанд:
Гумон мекард, ки офтоб якумр дар сараш тобон ва зиндагӣ якумр дар назараш равшан мемонад. Ба ман ду самовори калони чойхонагиро супурданд, ки доим ҷўшонда истам. Ман он вақтҳо гоҳ-гоҳ шеър менавиштам.
Зарфҳои рўзона, шабона, имрўз вақти муайяни воқеъ шудани амалро далолат мекунанд: Ў имрўз меҳмони мо аст. Рўзона ман ҳар замон тохта ба мактаб меомадам. Дирўз ба маҷлис худам талабгор шуда рафтам.
Зарфи макон дар забони англисӣ
Зарфи макон ,ки онҳо ҷой ё самти иҷрои амалро зикр менамояд, ва ба ин хели семантикии зарф вожаҳои навъи зерин дохил мешаванд:
Here- ин ҷо, дар ин ҷо
There-он ҷо, дар он ҷо
Within-дар дохилӣ
Outside-дар берун
Inside-дар дарун
Somewhere-ким куҷо
nowhere –ҳеҷ куҷо
around-дар атроф
everywhere-дар ҳама ҷо
up and down-болою паст
She lives here-Вай дар ин ҷо зиндагӣ мекунад.
The letter is within that book-Мактуб дар дохили он китоб аст.
They work somewhere-Онҳо дар ким куҷо кор мекунанд.
You can find it everywhere-Ту инро дар ҳама ҷо ёфта метавонӣ.
Уou can sell it nowhere-Ту онро дар ҳеҷ ҷой фурӯхта наметавонӣ.
Зарфҳои сабаб ва мақсад
Зарфҳои сабаб ва мақсад ,ки онҳо ба сабаб ва мақсади иҷрои амалу ҳолат далолат мекунад. Ба ин гуруҳ зарфҳои зерин дохил мешаванд:
Willy-nilly-хоҳ нохоҳ
Forcefully-ноилоҷ
Delibtrately-қасдан
They all had to take part willy nilly-онҳо ҳама мебоист ночор иштирок кунанд.
I said it delibtrately to provocate him-Инро ман қасдан барои ангезонидани ӯ гуфтам.
Зарфҳои ҷонишини бошанд як гуруҳи махсусанд,ин навъ зарфҳо мисли ҷонишини замон, вақт, самт, макон ва дигарҳо ҳастанд:
Зарфҳои ҷонишини замон:
Then-пас
When-кай
Зарфҳои ҷонишини макон:
There-он ҷо
Here-ин ҷо
Anywhere-ягон ҷо
Зарфҳои ҷонишини самт:
Thence-аз он ҷо
Hence-аз ин ҷо
Whence-аз куҷо
ва дигар зарфҳои ҷонишини иборатанд.
БОБИ 2. УСУЛҲОИ СОХТАНИ ЗАРФ ДАР ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА АНГЛИСӢ
2.1. Суффиксҳо ва префиксҳои зарфсоз дар забонҳои тоҷикӣ Суффикси -ан (-ян). Ба воситаи ин суффикс, ки серистеъмол аст, асосан аз исм ва зарф (хеле кам), инчунин сифат зарфи тарз, миқдору дараҷа, сабабу максад ва замон сохта мешавад: қасдан, калбан, хаёлан, шахсан, тамоман, забонан, дафъатан ва ғ.:
Суффикси -нокӣ. Ин суффикс аз исм зарфи тарз месозад: кафонокӣ, паснокӣ, даруннокӣ ва ғ.: Гоҳо дар ягон тангкуча танбаи аробаю мошинахоро дида пас мегардад ва мо паснокӣ хеле масофаро таӣ карда ба рохи дигар мебарорем . Баъд ҳамон дақиқа ба токчаи тиреза рафта нишастам, мактубро ғурунг-ғурунг кар¬да даруннокӣ хондан гирифт.
Суффикси -акӣ. Доираи истеъмоли ин суффикс махдуд буда, аз исм зарфи тарз месозад, ки воситаи ичрои амалро мефаҳмонад. Вай гоҳо аз зарф низ зарф месозад: аспакӣ, дарунакӣ, пешакӣ ва ғ.: Суффикси -о зарфи тарз, дараҷа ва замон месозад.
Суффикси -она. Ин суффикс дар сохтани зарф хеле сермахсул мебошад. Вай аз сифат зарфи тарз, аз исми шахс зарфи монандӣ месозад: ҳушёрона, шабона .
Суффикси -сон. Ин суффикс сермахсул буда, аз исмҳои конкрет зарфи монандӣ месозад: атоласон, марворидсон, гунчасон ва ғ.;
Суффикси -осо, ки аз исмҳои конкрет зарфи монандӣ месозад, нисбат ба суффикси -сон каммахсул буда, бештар дар назм истифода мешавад. Чунончи, нукраосо, мавҷосо, лениносо;
Суффикси -ваш. Каммахсул аст, аз исмҳо зарфи монандӣ месозад. Дар адабиёти классики бештар дуҷор мегардад: хотамваш, ятимваш, занбурваш.
Суффикси -вор. Сермахсул буда, аз исмҳои гуногунмаъно ва сифатҳое, ки бештар хислати шахсро нишон медиҳанд, зарфи монандӣ месозад, ки амали он ба предмети дар асос номбаршуда мо-нанд буданро мефаҳмонад: булбулвор, оҳувор, ҷавонвор, мазорвор ва ғ.
Суффикси -и (-гӣ). Ин суффикс аз зарфи тарзу замон ва аз шумораю нумеративи -то (-та) зарфи миқдор ва тарз месозад: якборагӣ, дутангагӣ, яктоӣ, ҷиддӣ, масхарабозӣ.
Суффикси -ак (-акак). Суффикси -ак (-акак) ва вариантҳои он (-як, -якак, -ҳак) бештар дар нутқи гуфтугў дучор мешавад ва хусусияти шаклсозӣ дорад: ҳозиракак, пештарак, динаяк, саҳлакак.
Суффикси -е. Мавқеи синтаксиси ба як гурўҳи калимаҳои ифодакунандаи миқдору дараҷа имконият додааст, ки суффикси -е гирифта, ба зарф табдил ёбанд: қадре , андаке.
Префиксҳои зарфсоз дар забонҳои тоҷикӣ.
Дар забони тоҷикӣ ба воситаи префиксҳо сохта шудани сифат низ воситаи сермаҳсули калимасозии ин ҳиссаи нутқ ба ҳисоб меравад.
Префиксҳои ба-, бо-. Ин префиксҳо сермаҳсул буда, аз исм сифати аслӣ месозанд, ки мазмунан ба ягон хосият ё аломат соҳиб будани предметро мефаҳмонад: фикри бамаънӣ, одами баобрўй, духтари ботамкин, донаи бобаракат, хўрдании болаззат.
Префикси бар- каммаҳсул буда, аз исм, сифат ва зарф сифат месозад: суханҳои бардуруғ, ташвиши барзиёд, акли баркамол, умри бар давом,
Префикси бе- сермаҳсул аст. Аз исмҳо сифати аслӣ месозад, ки ба аломати дар асос номбаршуда молик набуданро мефаҳмонад: муҳаббати бепоён, ҷои бехатар, одами бетараф, хонаи бедаҳлез, нахудшўрбои бегушт, либоси бедарбеҳ, ҳавлии бедевор.
Префикси но-. Ин префикс дар сохтани сифат нисбат ба префиксҳои дигар сермаҳсул ва серистеъмол мебошад: духтари номўрод, зани ноумед, ҳамроҳи ноаҳл, вуҷуди нопок, корҳои нозеб, ҷойҳои ношинос, оши ногуфт, аспи ноозмуд, меҳмони нохонда, чизи ноарзанда, либоси нодўхта.
Префикси но- антонимҳои сифатӣ месозад: бино-нобино, маълум-номаълум, қобил-ноқобил.
Префикси дар- каммаҳсул аст. Вай аз исм ва асосҳои феъл сифат месозад: абри даргузар, хасми дарпуст, чопники дарҷўш.
Префикси -то каммаҳсул буда, аз исм сифати нисбии маънои замонӣ дошта месозад: давраи тоалифбо.
Ба воситаи префиксҳои бе-, но-, ба-, бо-, бар-, дар-, то- аз дигар ҳиссаҳои нутқ зарф сохта мешавад. Аз инҳо префиксҳои бе- ва но- сермаҳсул мебошанд.
Префикси бе- аз исм, сифат ва асоси феъл зарфи тарз, миқдору дараҷа ва сабабу мақсад месозад. Доираи истифодаи ҳиссаҳои нутқ дар сохтани зарф як хел нест. Исм дар ин вазифа хеле серистифода аст: бемалол, беист, бешитоб, бехато:
Префикси но- аз исм (бештар) ва асосҳои феъли (камтар) зарфи тарз ва сабаб месозад: ногоҳ, нохост, ношумур.
Префикси ба- аз исм ва сифат зарфи тарз ва дараҷа месозад: бағоят, бамаврид, бакуллӣ, базўр.
Префикси бо- ба исми амал ва сифати ҳолат ҳамрох шуда зарфи тарз месозад: боазоб, бошаст, боэҳтиёт ва ғ.
Доираи зарфсозии префикси бар- маҳдуд буда, асосан бо исмҳои вақт, маҳал зарфи замон, зарфи тарз, бо исми қасд зарфи мақсад месозад:
Барвақттар, бармаҳал
Префикси дар- аз исми ҳол ва асоси феълии рав, тоз зарфи тарз ва замон месозад: дарҳол, дартоз, даррав.
Префикси то- танҳо аз асоси феъли рафт зарфи тарз сохтааст: торафт.
2.2 Зарфҳои мураккаб дар забони тоҷикӣ
Зарфҳои мураккаб аз ҷиҳати муносибати баӣни ҳамдигарии ҷузъҳо ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: Зарфҳои мураккаби пайваст ва тобеъ. Дар таркиби Зарфҳои мураккаби пайваст ҷузъҳо ба якдигар алоқаи баробари доранд, дар Зарфҳои мураккаби тобеъ як ҷузъ ба ҷузъи дигар тобеъ аст.
Суффиксҳои -а, -ӣ (-гӣ) аз таркиб ва ибораҳо зарфи мураккаб месозад: Аз ин овози ногаҳонӣ ҳар чаҳор якбора ба ваҳм афтода, дар ҷояшон афтода монданд .
Дар забони тоҷикӣ Зарфҳои мураккабе дучор мегарданд, ки бо префикси -на, -но сохта мешаванд: хоҳам—нахоҳам, хох—нохоҳ, донам — надонам
Ба саволҳои паӣ дар паи ман хоҳам-нахоҳам ҷавоб дода гуфт .Хоҳ—нохоҳ, пагоҳ—фардо озод мешавем .
Зарфҳои мураккаб, ҳарчанд хеле кам бошад ҳам, ба тар¬зи луғавию синтаксисӣ низ сохта мешаванд. Чунончи, зарфи тарзи сарипо, саридупо ба ҳамин гурўҳ дохил мешаванд: Қозӣ ба дарахте такя карда саридупо нишаст .
Зарфҳои мураккаби пайваст: Зарфҳои мураккаби пайваст сермаҳсул буда, бо роҳҳои гуногун сохта мешаванд.
Такрори калима яке аз роҳҳои асосии калимасозии Зарфҳои мураккаб мебошад. Дар он ҳиссаҳои гуногуни нутқ такрор шуда меояд.
1. Такрори исм. Аз исмҳои такрор зарфи тарз, миқдор ва монандӣ сохта мешавад:
Ман ба ў иборати дарси хондашуданиро калима-калима ёд медодам . Ҳамаи гулҳо ғайp аз гули шомӣ... чаман-чаман шукуфтанд . Ман бисёр ҷойҳои «Одина»-ро саҳифа-саҳифа ба дафтарам кўчонда аз ёд мекардам. Одамон туда-туда ва танҳо-танҳо ба ҳар тараф тез-тез мерафтанд.
2. Зарфҳои тарз аз такрори калимаҳои тақлидӣ сохта мешаванд:
Зебӣ бо қадамҳои майдаи чобукона аз паӣраҳаҳои пурбарф ғарч-ғарч поӣ монда рафт . ...монанди як банд алафи юнучқаи кўрпа хим-хим метофт . Ҳама қоҳ-қоҳ механдиданд . Аз он ҷо ҳиқ-ҳиқ гиристани ў ба гўши мо мерасид .
3. Такрори сифат. Ин навъи зарфҳо тарзи иҷрои амал ва дараҷаро ифода мекунанд: Поҳои бисёр калонашро бешитоб, вазнин- вазнин монда роҳ мерафт ....осон-осон аз сари кор намерафтанд. Айнӣ ба сўи бачагон хуш-хуш табассумкунон cap ҷунбонданд. Ду нафар чўбдори саллакалон бо чўбдастҳои дарозашон дарвозаро сахт-сахт мезаданд.
4. Такрори шумора. Зарфҳои бо такрори шумора сохташуда тарзи иҷрои амалро мефаҳмонад. Шумораҳо дар мавриди такрор нумератив низ гирифта метавонанд: Рўзе амалдор маҳраме ба зиндон даромада, ҳамаи бандиёнро як-як аз назар гузаронид. Мо ду-ду рў ба рў нишастаем. Пеш-пеш Урунпонсад ва аз қафояш аскарҳо милтикҳоро ба китф гирифта, дута-дута сета-сета аз назди ў гузашта ба роҳ даромадан гирифтаид. Мо чизхои шахсии ба худашон тааллуқдоштаро як-як шумурдем.
5. Такрори ҷонишин. Ин тарзи калимасозии зарф каммаҳсул аст: ...тахминан бист сол пеш аз ин ...ин ҷо омада сангҳояшонро ягон- ягон шумурда будам . Агар як асои хушшакли моргардан ёфта гирам, азамат ва бузургвории ман боз чанд-чанд меафзояд . ...дар оташи орзу ва иштиёқ, ки барои шунидани овози суруд ва нағмаи дутори ў доштем ва бо дидани ў чанд-чанд зиёд шуда буд, метапидам .
6. Такрори феъли ҳол. Феъли ҳол такрор шуда, Зарфҳои тарзе ме-созад, ки дорои тобиши давомнокӣ ва такрори амал мебошанд: а) такрори пурра: шабгардон он ҷавонро пеш андохта бо себандҳои худ зада-зада мебурданд. ...аз гиребонам сахт дошта, кашон- кашон ба кадом як ҷое гирифта бурд. ...ман тарҷимаҳо ва таълифҳоро гашта—баргашта таҳрир кардам. Рафта- рафта ин тахаллус маъқул нашуд;
б) такрори нопурра: Шодигул дав-давон рўяшро бо саҷоқ пок карда, хандону шукуфон ба суи Нуралӣ омад. Хусусан думи он, ки чун мўи шонакарда хим-химкунон харидорро ба худ кашиданӣ аст, ифлос шуда аз кор мебарояд .
7. Такрори зарф. Дар шакли такрор зарфи миқдор ва зарфи замон меояд. Зарфҳои мураккабе, ки аз такрори Зарфҳои миқдор ва замон сохта шудаанд, тарзи иҷрои амалро нишон медиҳанд. Ин зарфҳо тобиши миқдор ва замон низ доранд: Ёдгор... кам-кам ҳуши худро ба cap оварда андешид. Баӣзо... Шарифбоӣро назди худ ома¬дан намонда саҳл-саҳл ақиб мерафт . ...аз зери деворҳои хароби ангиштвор сиёҳ шуда андак-андак дуди тунук мебарояд. ...як ҷуфт кафш ва маҳсиро пеш-пеш харида дар хурчин ҷоӣ карда монда буд. Ман бо як азобе гоҳ-гоҳ ба ақиб нигоҳ карда, зорию тавалло мекардам .
Зарфҳои мураккаби пайваст аз исмҳои антонимии замону макон низ сохта мешаванд: ...агар Карим рост гуфта бошад, дуи дигараш ҳам пагоҳ-бегоҳ ба ҷанг меравад . Амир сари худро боло- поён ҷунбонида гуфт. Мо пагоҳ—фардо ба ҳаҷ меравем, ҳамхонаҳои ман намоз мехонанд.
Як гурўҳи Зарфҳои мураккаб ба воситаи инфикси -о-, -у-, -ма-, -ба- сохта мешаванд. Аз инҳо инфикси -о- нисбат ба -у-, -ма-, -ба- серистеъмол аст.
1. Ба воситаи инфикси -о- сифат, шумора ва ё исм такрор шуда зарфи тарз месозад: хомохом, саросар, раҳораҳ, пасопеш, якояк. Ба воситаи ин инфикс инчунин аз калимаҳои наздикмаъно ё муқобилмаъно Зарфҳои мураккаби тарз, миқдор ва дараҷа сохта мешавад. Чунончи: саропо, камобеш ва монанди инҳо:
Аз он ҷо ба деҳаи худамон — Соктаре рафтам, ҳавлӣ парешон, дарахтҳо аз об мондаанд, зардолуҳоро хомохом хўрда рафтаанд. Ман дар мобаӣни чанд рўз ҳамаи ҳарфҳоро шинохта ва бо ҳам «ҷанг андохта» китоби алифборо саросар бе ёрии муаллим мехондагӣ шудам. Инчунин ҳамон рўз дами бозгашт раҳораҳ дар дил аҳд карда буд. Тағову ҷиян ширчои косаашонро акнун ним карда буданд, ки додару хоҳарони Самад бедор шуда, пасопеш аз хона ба айвон баромаданд .
Суффикси -у- калимаҳои муқобилмаъноро паӣваст намуда, зарфи тарз, миқдор ва сабаб месозад: Охир ман бо ин ҷинс кордор шуда, каму беш таҷриба доштам-дия. Падарам... гоҳо аз шунидани суханони ў завқ карда бо тамоми баданаш пасупеш меҷунбид. Ҳошим тағо аввал ҳеҷ розӣ нашуд, вале дар охир чоруночор иҷозат дод. Ман хоҳунохоҳ аз ҳавлӣ досу арғамчинро бароварда, бо ў равон шудам.
2. Суффикси -ба-, -ма- зарфи тарз месозад. Доираи зарф сохтани инфиксҳои мазкур маҳдуд аст. Онҳо басо каммаҳсуланд: Якбаяк чида партофтам — Купруконро зи болои Вахш. Барои шишту хез хона дошта бошанд ҳам, аз хўрду хўрокашоп зада, баҳсмабаҳс, албатта, боз якта ва ҳатто дута иморат мекашанд .
Ба Зарфҳои мураккаб як гурўҳи калимаҳо дохил мешаванд, ки ҷузъҳои он аз исм, шумора, ҷонишин ва зарф иборатанд. Ба гурўҳи якум Зарфҳои яксар, якзаӣл, ҳатталимкон, дучанд мансубанд, ки аз шумораю исм, аз исму исм, шумораю ҷонишин иборатанд ва Зарфҳои тарз ва миқдорро ифода мекунанд:
Шумо ин дафтарро кушода, яксар хонед. Вале модарам дар ҷои нишастагиаш карахт шуда монда, якзаӣл ба берун гўш меандохт. Ман бачаи ятимро калон карда, ҳатталимкон ба вай ғамхорӣ ва дилсузӣ намудам. Нархи тухми пачақ аз бутунаш дучанд арзон буд. Заминро он қадар тақсим карданд,— Ки охир зери он хуфтанд яксар.
Зарфҳои мураккаб аз исмҳои гуногунмаъно ва калимаҳои сифат ва намо низ сохта мешаванд. Сифат ва намо дар таркиби калимаҳои мураккаб як андоза маънои луғавиашон суст гашта, ба морфема наздик шудаанд. Калимаи сифат ба исмҳои шахс ва конкрет ҳамроҳ шуда, зарфи монандӣ месозад:
Номуси Зулаӣхои ватан ҳар кӣ нигаҳ дошт,
Юсуфсифат уфтод ба зиндон, чӣ тавон кард.
Меравад то даштҳо маълунсифат — Даргурез аз ҳабси соҳилҳои хеш.
Калимаи намо бо калимаҳои ифодакунандаи амалу раванд омада, зарфи монандӣ месозад:
Дид, ки вай ранҷиданамо лабонашро ба якдигар ҷафс кардааст . Мавҷи хунам ҳар қадар тўфоннамо хоҳад шудан, — Ҳаққи шамшери ту рангинтар адо хоҳад шудан .
Дар сохтани Зарфҳои мураккаб худи зарф низ иштирок мекунад. Ин тарзи зарфсозӣ хеле каммаҳсул аст. Зарфи замони боз ва пас ба ҳам васл шуда, зарфи тарзеро ташкил мекунанд, ки такрори амалро мефаҳмонад:
...пас аз шустушў ба онҳо либосҳои тозатар пўшонда бозпас ба таҳхона бурда занҷирбанд мекарданд ....корди худро... бозпас ба соқи мўзааш ҷоӣ кард.
Гулсум ин корро тамом шудагӣ пиндошта хост, ки аз хонаи сиёҳ бозпас барояд.
Аз зарф ва ҳиссаҳои гуногуни нутқ: одами ҳозирҷавоб, шахси зуд- бовар, меваи пешпазак, духтарчаи пешахандон:
Ту ҳар шабу рўз чӣ қадаре ки хоб кунӣ, онҳо дар саҳро аз он камтар кор мекунанд! — гуфт як нафар сангдарагии ҳозирҷавоб. Ҳаёт, душвориҳои пай дар пай ва навозиши гоҳ-гоҳии он Бобии ҷавонро, Бобии бетаҷрибаро мисли падарони бисёрдида пурдон карда буд .
Зарфҳои таркибӣ дар забони тоҷикӣ: Ба гурўҳи Зарфҳои таркибӣ Зарфҳои каму беш, пасу пеш, чору ночор, хоҳу нохоҳ, бечуну чаро ва ғайра, ки шаклан устувор гаштанд, низ дохил мешаванд.
Падарам... гоҳо аз шунидани суханони ў завқ карда бо тамоми баданаш пасу пеш меҷунбид. Охир ман бо ин ҷинс кордор шуда, каму беш таҷриба доштам-дия. Ҳошим-тағо аввал ҳеҷ розӣ нашуд, вале дар охир чору ночор розӣ шуд. Ман хоҳу нохоҳ аз ҳавлӣ досту арғамчинро бароварда, бо ў равон шудам.
1. Такрори калимаҳо бо пешояндҳои алоҳида. Дар ташкили ин қабил зарфҳо аз ҳиссаҳои нут қисм, ҷонишин, шумора ва сифат, аз пешояндҳо аз, ба, то, андар истифода мешаванд. Дар мавриди такро-ри исм ҳамаи пешояндҳои зикршуда (соат ба соат, рўз ба рўз, қатор андар қатор, рўз то рўз) дар мавриди такрори ҷонишин пешоянди аз ва ба (худ ба худ, худ аз худ), ҳангоми такрори шумора танҳо пешоянди ба (як ба як, ду ба ду) истеъмол мегарданд. Зарфҳои мураккаби ба ин роҳ сохташуда тарзи иҷрои амалро мефаҳмонанд.
Тўро соат ба соат қад кашонад. — Ба ҳадди авҷи сарсабзӣ расонад. Дар айвони масҷиди ҷомеи арк муллоён қатор андар қатор нишаста буданд. Обрўи раис дар назари кормандон рўз аз рўз меафзуд. Ака ва укаҳоям, ба қавли муйсафедон, аз хавфи мурдан гузашта буданд, аммо аҳволи модарам рўз то рўз вазнинтар мешуд. Аз кўчаи Боло Ғайбуллою Олиму Наим ба бом баромада, бом ба бом пеш медаванд.Зарфҳои мураккабе, ки аз ҷонишин ва шумора ташкил ёфтаанд, миқдоран хеле маҳдуд буда, асосан ҷонишини нафсии худ ва шумо-раи як, ду истифода мешаванд: Таркибҳои устувори аз сари нав (замон) аз одат берун (тарз, дараҷа), аз тахти дил (дараҷа), то ҳадди охирин (дараҷа, тарз) низ ба гурўҳи Зарфҳои таркибӣ дохил мешаванд: Палавкаду ҳам, ки бевосита аввалин ҳосили меҳнати деҳқонии ман буд, аз одат берун ҳосил дод. Аз таҳти дил хизмат кун ....бозори пахта аз одат берун гарм шуда рафт. ...пас маълум мешавад, ки бисёр чизҳо дар ин чанд соли охир аз сари нав сохта .
2.3 Зарфҳои соддаю таркибӣ дар забони англисӣ
Зарфҳо дар забони анлисӣ аз рўи шаклашон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: содда ва таркибӣ
Зарфҳои содда: here ба ин ҷо, дар ин ҷо, there дар он ҷо, ба он ҷо, now ҳоло, almost қариб, soon ба қарибӣ ва ғайра.
Зарфҳои таркибӣ. Ба ин гурўҳ мансубанд: Зарфҳое, ки аз сифат бо ёрии суффикси -ly: easily ба осонӣ, quietly оромона, slowly оҳиста ва ғ. Як қатор зарфҳо аз дигар ҳиссаҳои нутқ сохта шудаанд: daily ҳаррӯза, weekly ҳарҳафтаина, monthly ҳармоҳа ва ғ.
Як қатор зарфҳо — fast, long, far, little, much, early, daily аз зарфҳояшон шаклан фарқ намекунанд. Чунин зарфҳоро аз сифат аз рўи нақшашон дар ҷумла бо дарназардошти он, ки сифат аломати исмро мефаҳмонад, муайян кардан мумкин аст.
Не speaks very fast. Ў хеле тез сухан меронад.
Have you been waiting long? Кайҳо боз интизор ҳастед?
Баъзе зарфҳо ду шакл доранд: яке бо шакли сифат ягона ва дигаре бо суффикси -1у сохташуда. Дар ин маврид ин зарфҳо мазмунан аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Зарфе, ки шаклан бо сифат монанд аст Зарфе, ки бо - 1у сохта шудааст
Не works hard. Ў ситқан кор мекунад.
I went to bed late last night. Шаби гузашта дер хоб кардам.
Не lives quite near. Ӯ бениҳоят наздик зиндаги мекунад.
I could hardly underdtand him. Ман ўро базўр мефаҳмидам.
I have not seen him lately.
Ба қарибӣ ўро надидаам.
Як қатор зарфҳо дар алоқамандӣ бо баъзе зарфҳо як мафҳуми томро ифода мекунанд. Маънои феъл дар ин сурат вобаста ба зарф тағир меёбад. Ба гурўҳи чунин зарфҳо дохил мешаванд: about, across, along, around, away, back, by, down, in, on, off, out, over, through, under, up ва ғайра.
Дар баъзе ҳолатҳо маънои ин таркиб аз маънои калимаҳои алоҳидаи ин бармеояд:
to come back бозгаштан (to come омадан, back оқиб, қафо)
to go away дур рафтан (to go рафтан, away канор)
to go down поён фаромадан (to go рафтан, down поён)
Дар ҳолатҳои дигар маънои таркиб бо маънои калимаҳои таркиби он мувофиқат намекунад:
to make out фаҳмидан (to make иҷро кардан, out берун)
to put out хомўш кардан (to put гузоштан, out берун)
to give in гузашт кардан, (to give додан, in ба дарун) Азбаски аксарияти ин зарфҳо шаклан бо пешояндҳо шабеҳанд, маъно ва истифодаи ин зарфҳо ва ҳамҷоягиашон бо феълҳо барои сонфаҳмӣ ба пешояндҳои муносиб ба хонадагон дода мешаванд.
Хулоса
Пас аз тадқиқи зарф маълум гардид, ки ин ҳиссаҳои нутқ аз бисёр ҷиҳат бо зарфи забони англисӣ наздикӣ доранд. Аз рўи шакл зарф дар забони тоҷикӣ ба ду гурўҳ-зарфҳои хосаи тавсифӣ ва ҳолӣ ҷудо мешаванд. Дар забони англисӣ бошад зарфҳо сода ва таркибӣ мебошанд. Зарф дар ду забони муқоисашаванда категорияи дараҷаи фарқкунанда доранд. Дар забони англисӣ зафрҳо дорои се дараҷа мебошанд: дараҷаи оддӣ, дараҷаи қиёсӣ ва дараҷаи олӣ. Зарф дар забони тоҷикӣ ду дараҷа: дараҷаи оддӣ ва қиёсӣ дорад. Зарф хусусият ва аломатҳои махсусе дорад, ки муҳимтаринашон бо калимаҳои дигар ҳамеша бо усули ҳамроҳӣ алоқаманд мешавад, дар таркибҳои изофӣ намеояд, яъне ба воситаи изофат ба калимаҳои дигар тобеъ намегардад, қисми асосии зарфҳо дар назди феъл омада, ба он вобаста мегардад, дар ҷумла ҳамеша хелҳои гуногуни ҳолро ифода намуда, аз ягон ҷиҳат амалро шарҳ медиҳанд, баъзе аз зарфҳо (асосан Зарфҳои миқдор ва тарз) дар ҷумла ба вазифаи хабар низ меояд, шакли ҷамъ надорад, мебошанд.
Зарф такмили худро аз ҳисоби ҳиссаҳои номии нутқ таъмин намуда, калимаҳои зиёдеро (амсоли боло, зер, тез, сахт, харакӣ) вобаста ба мавриди истифода қисман тағири маъно дода, вобаста ба мавқеи истифода аломат ё ҳолати амалро муаӣян мекунанд.
Рўйхати адабиёти истифодашуда
1. Бархударов Л.С., Штейлинг Д.А. Грамматика английского языка. – М.: Русский язык, 1973. – 325 с.
2. Бархударов Л. С. Очерки по морфологии сов. англ. яз. М.: Высшая школа, 1975. – 156 с.
3. Бархударов Л.С. Язык и перевод. – М.: Высшая школа, 1975. – 350 с.
4. Блох М. Я. Теоретическая грам. англ. яз. – 3-е изд., испр. – М.: Высш. школа, 2000. – 380 с.
5. Брауннер Карл. История английского языка: в 2 томах / К.Брауннер; Пер. с нем. С.х. Васильевой; Под ред. и с пред. Б. А. Ильиша.- 2-е изд. – М.: Едиториал УРСС, 2003. – 391 с.
6. Варшавская А.И. Смысловые отношения в структуре современного английского языка. // АКД. – Л.: Наука, 1985. – 237 с.
7. Воронцова Г. Н. Очерки по грамматике английского языка. М.: Изд. лит. на иностр. яз., 1960. – 279 с.
8. Гузеева К. А. Справочник по грам. англ. яз. – СП.: Союз, 1997. – 288 с.
9. Гуренко Л.И. Неопределенный артикль – маркер единичной расчлененности значения существительного под влиянием контекста. // АКД. – Одесса: Просвещение, 1978. – 429 с.
10. Иванова И.И., Бурлакова В.В., Почепцов Г.Г. Теоретическая грамматика современного английского языка. – М.: Правда, 1981. – 297 с.
11. Ильиш Б.А. Значение и функции слов в предложении (на материале англ. яз.). // Труды Горьковского пед. института ин.яз. Вып. ХХ. – Горький: Просвещение, 1960. – 342 с.
12. Каушанская В.Л, Ковнер Р.Л. и др. Грамматика английского языка. Пос. для студентов педагогических институтов и университетов. 7-е изд., М.: Высшая школа, 2005. – 319 с.
13. Качалова К. Н. Практическая грамматика английского языка. В 2-х томах/К. Н. Качалова, Е. Е. Израилевич. – 8-е изд., перераб. и доп. К. Н. Качаловой. – К.: Методика, 2002. – 367 с.
14. Крылова И. П., Крылова Е. В. Английская грамматика для всех. – М.: Высшая школа, 1989. – 270 с.
15. Рустамов Ш., Ғаффоров Р. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе, Дониш, 1986-371 с.
16. Смирницкий И. И. Морфология английского языка. Ред. В. В. Пассев. М.: Изд. лит. на иностр. яз., 1959. – 440 с.
17. Усмонов К.У. Грамматикаи назарии забони АНГЛИСӣ. Хуҷанд: Нури маърифат, 2006-131 с.
18. Bloch M.Y. A course in Theoretical English Grammar. M.: Pravda, 2000. – 265 p.
19. Khaimovich B., Rogovskaya I. A course in English Grammar. M.: Pravda, 1967. – 298 p.