Найти тему
ИнфоТЧ

МАЗМУНИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Наќша:

1. Маълумот дар бораи дидактика

2. Назарияи маълумот ва таълим

3. Вазифањои дидактикаи муосир

4. Категория ва ќонуниятњои дидактика

5. Равияњои асосии дидактика

Мафњуми дидактика, моњият ва мазмуни раванди таълим, моњият ва вазифањои дарси маърифатдињанда, тарбиятдињанда, инкишофдињанда. Вазифањои дидактикаи муосир, категория ва ќонуниятњои дидактика, равияњои асосии дидактика, инкишофи шахсияти муњассилин дар љараёни таълим, ташаккули љањобинии илмии хонандагон тавассути дарс, алоќамандии донишњои назариявї бо амалия, бо њаёт, бо истењсолот, натиљаи фаъолияти таълимї.

1. Маълумот дар бораи дидактика

Дидактика– ќисми педагогика, ки асосњои назариявии маълумот ва таълим, асоснокии наќшаву барномањои таълимї, принсип, метод ва шаклњои ташкили таълимро баррасї мекунад. Мафњуми дидактикаро педагоги немис В. Ратке (1571-1635) ба илм ворид намудааст. Зери ин мафњум соњаи илмеро дар назар дошт, ки он асосњои назариявї ва методии таълимро тадќиќ менамояд. Дидактикаро бори аввал Я.А. Коменский ба таври љиддї аз назари илмї тадќиќ намудааст. Ў соли 1632 ба забони чехї китоби «Дидактикаи бузург»-ро навишт. Минбаъд дар тадќиќи масъалањои дидактика наќши педагогњои машњур, аз ќабили И.Г. Песталотси, И. Гербарт, К. Д. Ушинский, П.К. Каптерев, Ю.К. Бабанский, Л.В. Занков, Н.А. Менчинская, М.Н. Скаткин ва дигарон нињоят бузург аст.

Дидактика асосан ба чунин саволњо љавоб медињад: барои чї таълим дода мешавад? Чї тавр бояд таълим дод? Чиро бояд омўзонд? Дар куљо бояд таълим дод? Дидактика дар пањн намудани таљрибаи бой ва пешќадами педагогї, дар истифодаи дастовардњои илмию методии муаллимони навовар мусоидат менамояд ва ягонагии принсипњои таълимро ба ташкили фаъолияти маърифатии хонандагони муаллимонашон гуногун таъмин менамояд.

1. Назарияи маълумот ва таълим

Муњаќиќони соња мафњуми дидактикаро ба масдари хондан, омўхтан, омўзонидан, насињат кардан марбут донистаанд.

«Дидаско» ба маънои омўхтан хеле васеъ истифода бурда мешавад: илму дониш омўхтан, савод омўхтан, аз њаёт омўхтан, аз таљриба омўхтан, аз касе омўхтан ва амсоли инњо. Дар Юнони ќадим калимањои «дидактика» ва «дидактикос», «дидаско», «калес» (муаллим) ба њамдигар њамрешаанд, дар забони тољикї њам калимањои ифодакунандаи њамин маъно ба њамдигар печиш доранд: илм, таълим, муаллим, омўхтан, омўзгор, омўзиш, омўзгорї ва ѓ.

Дар Юнони ќадим калимањои «дидаско» ва «дидактика» ба ду маъно - омўзишу парвариш, яъне таълиму тарбия (панд додан, насињат кардан) кор фармуда мешуданд, ки аз фарохии маънои дидактика гувоњї медињанд.

Дар асрњои минбаъда низ дидактика њамин маъноро ифода кардааст. Барои мисол, Я.А. Коменский дар асари машњури худ «Дидактикаи бузург» бо мазмуни «њамаро њама бояд омўхт» аќидањояшро ба ќалам додааст.

Имрўз дар дидактикаи муосир маънои мафњуми парвариш (тарбия) ва инкишоф њам ба дидактика марбут дониста мешавад.

Вазифањои дидактикаи муосир

Дар дидактикаи анъанавї масъалањои умумии назарияи таълим, роњ ва тарзњои гирифтани дониш, њосил намудани мањорату малакањо ва вобастагии онњоро як навъ осон маънидод мекарданд. Баъдтар ба ин мавзуъ масъалаи маълумотро шомил сохтанд.

Дидактика он вазифањоеро, ки дар наздаш гузошта шуда буд, анљом дод. Метавон гуфт, ки дидактика хеле пеш рафта ба илми мустаќил табдил ёфтааст. Илм, ки мустаќил шуд ва пухта расид, доираи мавзуъ ва вазифањояш низ дар робита ба дархости љомеа меафзояд. Љомеаи муосир аз низоми таълиму тарбияи мо чї таќозо дорад? Ин таќозо дар Ќонун «Дар бораи маориф» бо як љумла ин тавр ифода ёфтааст: «…Шањрвандони сатњи маърифаташон баланд, дорои тафаккури эљодї, рушдёфта ва соњиби дониши амиќу мањорату малакаи касбї дошта бошад». Тазаккур бояд дод, ки дар ин иќтибос моњияти мафњумњои маълумот, таълим, тарбия ва инкишоф маълум гардидааст. Мавзўъ ва вазифаи дидактикаи муосир њам аз њамин бармеояд: ќонуниятњои умумии инкишоф ва тарбия дар асоси назарияи таълим ва маълумот… Инсон натанњо дар овони кўдакию наврасиаш инкишоф ва тарбия меёбад, балки тамоми умр њам инкишоф меёбад, њам тарбия мегирад.

Вобаста ба ин вазифаи дидактика нисбатан васеъ шарњ дода мешавад, ки якчанд вазифањояш инњоянд:

1. Вазифаи асосии таълим дар мактаб омўхтан ё роњу тарзњои омўхтанро омўзонидан ва татбиќи донишњои андўхта дар вазъиятњои гуногун аст.

2. Усул ва тарзњои таълим дар сурате арзиш доранд, ки агар онњо майли табии талабањоро нисбати фањмидан, љустуљў ва тањќиќ кардан бедор намуда, оњанги тањсилро барангезанд: ќобилияти эљодї ва мустаќилии бачањоро фаъол намуда, муносибати онњоро дар хусуси њаёти воќеї муайян созад.

3. Мактаб вазифадор аст, ки нисбати андўхтани донишњои иловагї ба шогирдон ва пешрафти онњо наќши муайяне бозад. Имрўз дар мактаб самти ахборотї бартарї дорад, вазни асосї бар души хотир аст. Бояд имрўз каллаи талабањоро на чун хум пур кард, балки чун шамъ бояд афрўхт.

Барои фањмотар шудани масъала вазифањои дидактикаи муосирро мушаххас мекунем:

1. Ошкор сохтани ќонуниятњои умумии мазмуни маълумот ва муайян намудани стандарти (меъёрї) давлатии маълумоти миёна, миёнаи касбї ва олї.

Ин таъиноти вазифаи дидактика имконият медињад, ки:

а) принсипњои илмї ва дастрасї риоя карда шуда, дар муайян намудани мазмуни маълумоти пешї њар гунна харљу мараљ ва такрори бењуда гирифта шавад; б) ба намояндагони дидактикаи муосири хусусї дастур медињад, ки онњо мазмуни маълумоти умумии фанњои људогонаро пешнињод намояд.

2. Ќонуният, асосњо (принсипњо) ва равияњои љараёни таълим баррасї, фаъолияти муаллиму талабањо, муносибат ва њамкории педагогии онњо мушаххас гардад.

3. Метод, тарз ва воситањои таълим, шаклњои ташкилии кори таълим омўхта, тањлил карда шуда, роњњои самаранокии онњо пешнињод шавад.

4. Тарзу воситањо, инкишоф ва тарбияи мактабиён фаъолияти маърифатљўї ва эљодии онњо зимни љараёни таълим њамчун яке аз вазифањои муњим ба назар гирифта шавад. Ин вазифа боиси он мегардад, ки: а) ќонуниятњои тафаккури талабањо дар робита бо психологияи умумї омўхта шуда, тафаккури мантиќї, танќидї ва миллї рушд ёбад; б) талабањо на танњо фикр карданро омўзанд, инчунин фикри худро асоснок намоянд ва ба ќарори муайян оянд.

5. Муњимтарин вазифањои дидактикаи муосир тарбия, аз љумла тарбияи менталитет (њуввият) аст, ки пешопеши таълим ќадам мезанад. Мо њам менталитети муаллим ва њам менталитети талабањо - шањрвандони ояндаро дар назар дорем, ки онњо дар давраи тањсили мактабиашон ба моњияти масъала сарфањм раванд ва онро (менталитетро) дар худ тарбия намоянд. Менталитет ё симо, сират, сифат, хусусияти миллат, аз љумла менталитети муаллимї асосан дар се самт ифода меёбад: а) симои (сифати) касбї: б) мањорати кордонї: в) симои инсонї. Маљмўи ин сифатњо ё симоњо менталитети муаллимро ташкил медињанд.

4. Категория ва ќонуниятњои дидактика

Омўхтан ва донистани хусусиятњои психологию педагогии хонандагон, маърифати љараёни омўзиш, таъмини инкишоф ва мустаќилияти муњассилин ќонун ва ќонуниятњои хоси худро дорад. Ин ќонуниятњо дар асарњои дидактикии олимони соњаи педагогика И. Харламов, Ю.К. Бабанский, И.Я. Лернер, М.И. Махмутов, М.Н. Скаткин, П.И. Пидкасист, М. Лутфуллоев, Х. Буйдоќов, Ф. Шарифов, Х. Рањимов ва чанде дигарон то андозае дарљ ёфтаанд.

Дар китоби «Педагогика» (Москва, нашри соли 1996) ин ќонуниятњо љамъбаст гардидаанд, ки мо ба ин такя мекунем.

1. Ќонуни вобастагии иљтимоии маќсад, мазмун ва методњои таълим.

2. Ќонуни таълими инкишофпазир ва тарбиядињанда.

3. Ќонуни яклухтї ва томияти љараёни таълим.

4. Ќонуни ягонагї ва алоќамандии назария ва амалия дар таълим.

5. Ќонуни ягонагї ва вобастагии ташкили фаъолияти таълими фардї ва дастаљамъї.

6. Ќонуни вобастагии таълиму тарбия ва хосияти фаъолияти талабањо.

Ќонуниятњои дидактика, пеш аз њама, заруриятнокї, асоснокї, ќатъиятнокї, устуворї ва такроршавандагиро дороанд, ки вобаста ба шароити мушаххас онњо татбиќ мегарданд.

Агар баъзе аз ин ќонунњо ба раванди таълим вобаста бошанд, ќисми дигарашон марбут ба он супоришњоеанд, ки љомеа назди дидактика мегузорад, яъне онњо ба фаъолияти иштироккунандагон, дар айни замон муаллиму талабањо вобаста нестанд. Масалан, маќсади мазмуни таълим ба дархости љомеа ва дараљањои маълумотнокии ањли љомеа вобаста аст.

Љараёни таълим худ раванди зинда ва њаётист. Вай метавонад бе ягон ќонуну дастур њам дар шакли амалї фаъолият намояд. Чунончи, барои мактабу синфњои ањди ќадим, ки зери дарахтону даруни ѓорњо ташкил меёфтанд, касе ќонун пешнињод намекард ва эњтиёљ ба он њам набуд. Вале баъдтар, ки љараёни таълим ба система медарояду ба шоњроњи зиндагї ќадами устувор мегузорад, љамъият ба он талабу дархости худро пешнињод мекунад, ки бар пояе бояд устувор бошад. Њамин пояњо ќонунњоеанд, ки раванди омўзишро ба низом меоранд, маќсаднок мегардонанд, алоќамандї, вобастагии байни унсурњо ва фаъолиятро таъмин мекунанд.

Донистани ќонуну ќонуниятњои дидактика на танњо барои омўзгорону сарварони муассисањои таълимї, балки барои шахсони роњбарикунанда њам ањамияти бузург дорад.

Донистани ин ќонунњо ва дар доираи онњо амал намудан дараљаи донишро боло бурда, фаъолияти пурмањсул, эљодкорию созандагї, масъулиятшиносї, ташкилотчигї ва њамзамон, љањонбинии илмиро васеъ мегардонад.

5. Равияњои асосии дидактика

Дар боби таълиму тарбия Шарќ таљрибањои зиёде андўхтааст, вале, мутаассифона, онњо кам тањќиќ шудаанд. Олимон яктарафа амал намуда, асосан афкори дидактикаи Ѓарбро ба назар гирифтаанд. Мувофиќи тањќиќоти олимон (П.Н.Пидкасист) имрўз дар дидактика се равия фаъолона амал мекунад: а) анъанавї, б) ислоњотї ва в) муосир.

Дар равияи анъанавї-классикї наќши асосиро муаллим мебозад. Ин равияро дар дидактикаи Ѓарб Я.А. Коменский, И. Пестолотси, И. Гербарт асоснок кардаанд.

Дар Шарќ равияи анъанавї асрњои зиёде давом кард. Формулаи ин равия хеле осон буд: ман мегўям, ту мешунавї, такрор мекунї, ман дониш медињам, ту ќабул мекунї. Маќсади асосии равияи анъанавї пешнињод намудани дониш аз тарафи муаллим буд. Фаъолияти муаллим дар њамин доира додани дониш ва фаъолияти хонандањо дар доираи гирифтани дониш мањдуд мешуд. Ањамияти ин равия бештар дар ду чиз ба чашм мерасад:

а) агар шогирдон як мавзуъро пурра аз ёд намекарданд, ба мавзўи дигар намегузаштанд;

б) тарзи аз ёд кардан боиси устуворї ва мустањкам гардидани хотира мегардид.

Мунаќќидон ин равияро барои он танќид мекарданд, ки:

а) омўзгор ба талабагон донишњои тайёрро дода, барои фикр кардан имкон намедињад;

б) барои инкишофи тафаккур мусоидат намекунад;

в) мустаќилияти талабањоро мањдуд месозад.

Моњияти равияи ислоњотгарон њамин аст, ки масъалањои таълиму тарбияро ба хусусиятњои бачањо вобаста мекунанд.

Бояд ќайд кард, ки равияи ислоњотгарї дар илми дидактика ќадаме ба пеш буд. Вай љараёни таълимро то андозае аз њолати карахтї берун кашида, онро фаъол ва самаранок мегардонад ва аз њама муњимаш мустаќилияти талабањоро дар омўхтану андўхтани дониш таъмин менамояд.

Вале он аз камбудї њам холї набуд: 1) ин тарзи омўзиш, ки њамаи зинањои таълимро фаро мегирифт, ба хонандањо дониши мунтазам дода наметавонист; 2) тарзњо ва марњилањои пешнињод кардан онњоро дар таълими на њамаи фанњо татбиќ кард.

Равияи дидактикаи муосир. Ин равия бењтарин ва самараноктарин равия аст, ки мањсули тањќиќу назария ва таљрибаи андўхтаи инсоният дар давоми беш аз 2000 сол мебошад.

Вазифаи дидактикаи умумї ва дидактикаи хусусї (методикаи таълими фанњои алоњида) дар замони муосир на танњо муаллимро барои додани дониш ва ахбороти гуногун омода намудан, балки тайёр кардани муаллим барои љараёни таълимро ташкил карда тавонистан аст.

Ин маънои онро дорад, ки муаллим менталитети (сифати) касбиашро сайќал дода, раванди таълимро чунон ташкил намояд, ки њам худаш ва њам хонандањо аз он рўњбахш, хушбин ва ќаноатманд бошанд. Њар як шогирд тавонад ва имконият пайдо кунад, ки захирањои имконпазири худро ривољ дода, зина ба зина пеш равад. Фаъолияти якљояи муаллиму хонандагон педагогикаи њамкорист, ки дар ѓояи гуманистї инкишофпазирї ва тарбия дар асоси њамдигарфањмї, роњ ёфтан ба ќалб ва љањони якдигар ифода меёбад.

Дар соњаи таълиму тарбияи љумњуриамон равияи якум бештар нуфуз дорад. Сабаб дар ин аст, ки муаллимони мо асосан дар деги якум љўшидаанд. Онњо ба њамин тарзи таълим ва муносибат омодаанд.

Равияи дуюм хеле суст амалї мегардад. Бар замми ин, дар муассисањои олии касбї, бахусус тахассусњои омўзгорї, донишкадањои такмили ихтисос ва марказњои бозомўзї њам ба ин равия кам эътибор дода мешавад. Агар омўзгор ба дидактикаи муосир ва равияњои он мусаллањ набошад ва ба фаъолияти худ ба тарзи эљодї муносибат накунад, талаботи имрўзаи мактабро иљро карда наметавонад.

Дарс шакли асосии таълим аст. Дигар шаклњои ташкили таълим фаќат ёрї мерасонад. Дарс вазифаи маърифатдињанда, тарбиятдињанда ва инкишофдињандаро бояд иљро кунад.

Ба талаботи дидактикї дохил мешавад:

-даќиќ муайян намудани вазифањои маърифатии њар як дарс;

-татбиќ намудани технологияи нави фаъолият;

-дарккунї;

-бошуурона якљоя намудани намуд, шакл ва методњои гуногун;

-муносибати эљодї ба ташаккули сохти дарс;

-якљоя намудани шаклњои фаъолияти коллективї ба фаъолияти мустаќили хонандагон;

-таъмини робитаи зудамал, назорати таъсирнок ва идора;

-њисобу китоби илмї ва мањорати дарсгузаронї.

Адабиёт барои худомўзї:

1. Баранов С.П. Принципы обучения. Москва, 1975

2. Буйдоќов Х. Хусусиятњои омўзиши шахсияти хонандагон ва таълими онњо дар раванди ягонаи педагогї. Душанбе, 2010

3. Занков Л.В. Дидактика и жизнь. Москва, 1968