Найти в Дзене

Чӣ гуна як шаҳрванди хориҷӣ мошин харида метавонад?

Ман шаҳрванди давлати дигар ҳастам. Оё метавонам мошинро дар Федератсияи Русия сабти ном кунам?

Шумо доред ин ҳуҷҷатҳоро:

• патент барои кор;

• Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи иқомат;

Ё инки

• Шумо шаҳрванди Арманистон, Беларуссия, Қазоқистон, Қирғизистон ҳастед ва тибқи шартномаи меҳнатӣ кор мекунед?

Бале.

Бале, шумо ҳақ доред, ки воситаи нақлиётро дар Федератсияи Русия ба қайд гиред.

Не.

Барои бақайдгирии нақлиёт ба номи худ дар қаламрави Федератсияи Русия, шумо бояд яке аз ин шартҳоро иҷро кунед.

Барои ба қайд гирифтани мошин / бақайдгирӣ / сабти ном ҳамчун соҳибмулк ба куҷо рафтан лозим аст?

Шумо бояд ба шӯъбаи минтақавии БДА дар шаҳр ё маҳалли зистатон барои бақайдгирии нақлиёт муроҷиат кунед.

Ба шумо ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:

• ариза дар бораи бақайдгирӣ / аз нав бақайдгирии мошин (варақа дар БДА пешниҳод карда мешавад);

• шиносномаи техникӣ барои ин мошин;

• шартномаи хариду фурӯш;

• шартномаи комиссия барои санади ба харидор додани воситаи нақлиёт;

• ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи шаҳрвандии шумо);

• полиси суғурта (ОСАГО);

• корти муҳоҷират;

• патент / иҷозатномаи иқомати муваққатӣ / иҷозатномаи иқомат.

Пас аз чанд рӯзи харид ман бояд мошинро бақайд гирам?

Ин амал бояд на дертар аз 10 рӯзи пас аз имзои созишномаи хариду фурӯши мошин анҷом дода шавад.

Кай ман ҳуҷҷатҳои нави мошинамро мегирам?

Шумо пас аз баррассии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва муоинаи мошин ҳуҷҷатҳои нақлиётро мегиред. Агар мошин дуздида нашуда бошад, ба гарав гузошта нашуда бошад, рақамҳои қолаб ва муҳаррику дигар маълумотҳо бо шаҳодатномаи бақайдгирӣ мувофиқат кунанд, пас дар дар муддати кутоҳ шумо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қайди мошин ва рақамҳои нави онро (агар фармоиш дода бошед) мегиред.