Ман шаҳрванди давлати дигар ҳастам, метавонам дар қаламрави Федератсияи Русия манзил / хона харам?
Қонунгузорӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат медиҳад, ки дар ҳудуди Русия амволи ғайриманқул харанд, ба истиснои:
• минтақаҳои наздисарҳадии Федератсияи Русия;
• ҷойҳои маъмурию мамнӯъшуда.
Шумо бояд тасдиқи ҳуқуқи будубош дар кишварро дошта бошед (раводид, корти муҳоҷират, иҷозатномаи иқомат, иҷозатномаи иқомати муваққатӣ).
Оё барои хариди манзил / хона ба ман иҷозатномаи иқомат лозим аст?
Не, ин як шарти ихтиёрӣ аст. Иҷозатномаи иқомат ҳуқуқи шуморо барои иқомати доимӣ дар кишвар тасдиқ мекунад, аммо амволи ғайриманқулро на барои иқомати доимӣ, балки масалан, барои иқомати мавсимӣ харидан мумкин аст.
Оё ман барои харидани манзил / хона дар ФР аз шаҳрвандии худ бояд даст кашам?
Не, қонунгузории Федератсияи Русия чунин талаботро дар бар намегирад.
Барои анҷом додани ин амал ба ман кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
Барои анҷом додани ин амал ба шумо лозим меояд доштани:
• шиносномаи миллӣ ва нусхаи он бо тарҷумаи нотариалӣ;
• ҳуҷҷатҳое, ки қонунӣ будани шумо дар қаламрави Русияро тасдиқ мекунанд (раводид, корти муҳоҷират, иҷозатномаи истиқомат, иҷозатномаи иқомати муваққатӣ).
Агар амалиёти хариду фурӯш қайди нотариалӣ ё бақайдгирии давлатиро талаб кунад, пас шумо бояд розигии ҳамсари худро, ки аз ҷониби нотариус тасдиқ мешавад, пешниҳод кунед. Агар вай дар хориҷи кишвар бошад, розигии ӯро тариқи ягон нотариус гирифта ба он ҳуҷҷат "апостил" гузошта, ба забони русӣ тарҷума карда (агар зарурат бошад) илова кардан лозим.
Шумо забони русиро хуб медонед?
Бале.
Ҳама ҳуҷҷатҳо ба забони русӣ омода карда мешаванд. Пеш аз бастани шартнома ҳуҷҷатҳоро бодиққат хонед.
Не.
Шумо метавонед:
• Барои омода кардани ҳуҷҷатҳо тарҷумон ҷалб кунед;
• Ба нотариусе муроҷиат кунед, ки ба шумо тарҷумон пешниҳод ва дар бастани созишномаи дузабонаи нотариалӣ кумак мекунад;
• Хариду фурӯшро тавассути шахси боэътимод анҷом диҳед.
Оё ман метавонам пас аз хариди манзил / хона иҷозатномаи иқомат / шаҳрвандӣ гирам?
Танҳо дар асоси меъёрҳои умумӣ. Хариди амволи ғайриманқул дар ин масъала ягон афзалият намедиҳад.
Оё хариди манзил / хона барои ман нисбат ба шаҳрвандони Федератсияи Русия гаронтар хоҳад буд?
Не, қонунгузории Федератсияи Русия барои шумо ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ ягон хироҷ ва пардохтҳои иловагиро пешбинӣ намекунад. Хароҷот танҳо аз ҳисоби зарурати пардохти хидматрасониҳои тарҷумон, тасдиқи нотариалии тарҷумаи ҳуҷҷатҳо ба забони русӣ ва ғайра зиёд шуда метавонад.