Дар ин мақола мо имрӯз дар бораи 16 китоби хонданӣ, ки ба зиндагиномаи ашхосе бахшида шудааст, ки дунёи касбу кор тиҷорат ва имрӯзи моро такон додааст даъват мекунем.
1. «Стив Ҷобс», Уолтер Айзексон
Саргузашти асосгузор ва директори Apple Стив Ҷобс, ки онро Волтер Айзексон нақл кардааст, яке аз маъруфтарин зиндагиномаи муосир ба ҳисоб меравд. Бо яд зикр кард, ки Айзексон зиндагии Ҷобсро тавре ба қалам дода ки он китобро наметвон аз даст гузошт. Китоби мазкур аз пурфуруштарин китобҳои замона мебошад.
2. "Миллиардери водии силикони" -и Пол Аллен («Миллиардер из Кремниевой долины», Пол Аллен)
Ҳаммуассиси Microsoft дар тарҷумаи ҳоли худ дар бораи солҳои аввали рушди ширкат ва муносибати душвору наздики ӯ бо Гейтс сӯҳбат мекунад. Дар ин китоб шумо якчанд идеяро дар бораи оғоз намудани тиҷорати шахсии худ, ҳамкорӣ бо шарикон, пул кор кардан ва муҳимтар аз ҳама, чӣ гуна сарф кардани он пайдо мекунед.
3. "Илон Маск: Tesla, SpaceX ва роҳ ба сӯи оянда", Эшли Вэнс («Илон Маск: Tesla, SpaceX и дорога в будущее», Эшли Вэнс)
Китоби Эшли Ванс ба омӯзиши шахсияти муҳандиси бузург аз кӯдакӣ то имрӯз пардохтааст. Журналист омода аст, ки маълумоти мустақиман аз Маск гирифтаро дар бораи чӣ гуна зиндагӣ кардани ихтироъкор, чӣ қадар вақт ба оилаи худ сарф кардан ва чӣ гуна эҷод кардани лоиҳаҳои футуристияшро мубодила кунад. Китоби Вэнс на танҳо маълумотнома, балки манбаи илҳомбахши ҳар як навовар аст.
4. "Шабакаи иҷтимоӣ" -и Дэвид Киркпатрик(«Социальная сеть», Дэвид Киркпатрик)
Китоби Дэвид Киркпатрик саргузашти воқеии шабакаи иҷтимоии №1 бо беш аз ним миллиард корбар ба қалам дода аст. Қаҳрамони асосии достон худи Марк Зукерберг ба рӯзноманигор дастрасии номаҳдуд ба иттилоот дар бораи худаш ва Фейсбукро фароҳам овардааст, аз ин рӯ далелҳои дар китоб овардашударо метавон то ҳадди имкон муътамд ҳисобид.
5. "Барандаи хушбахтӣ" аз Тони Шей ( «Доставляя счастье», Тони Шей)
Тони Шей як соҳибкори интернет ва директори мағозаи интернетии Zappos мебошад. Китоб дар бораи ҳаёт ва бунёди тиҷорати соҳибкор нақл мекунад: аз кушодани фермаи кирм дар синни нӯҳсолагӣ то таъсиси Zappos ва LinkExchange, ки баъдан Амазон ва Майкрософт фурӯхта шудаанд, нақл мекунад. Ин саргузашт ба соҳибкорони ҷавон кӯмак мекунад, ки тиҷорати худро боз ҳам муфидтар ва даромадноктар гардонанд.
6. "Нишони худро гузор", Блейк Микоски («Оставь свой след», Блейк Майкоски)
Блейк Майкоски соҳибкор, нависанда ва хайрхоҳи амрикоӣ мебошад, ки бо номи асосгузори Toms Shoes маъруф аст. Майкоски дар китоби худ на танҳо дар бораи чӣ гуна фоида ба даст овардан, балки инчунин чӣ гуна тиҷоратеро оғоз кардан, ки ба одамон манфиат оварад нақл мекунад.
7. "Фурӯшандаи пойафзол" Фил Найт («Продавец обуви», Фил Найт)
Фурӯшандаи пойафзол боз як саргузашти муваффақест, ки ин замон офарандаи Nike Фил Найт ба мо нақл мекӯнад, ки наметавонист дар кӯдакӣ кроссовкии Adidas -ро бихарад. Ин китоб ба шумо нақл мекунад, ки чӣ гуна як соҳибкор фирмаеро таъсис дод, ки рақиби ҷиддии Адидас шуд.
8. "Чӣ гуна финҷон ба финҷон Старбаксро сохтаанд", Ҳовард Шултс («Как чашка за чашкой строилась Starbucks», Говард Шульц)
Тарҷумаи ҳоли тиҷоратии директори Starbucks Ҳовард Шултз як достони оддии муваффақият нест, балки як саргузашти омӯзандаест, ки собит мекунад, ки ширкат метавонад фоидаи баланд ба даст оварад ва аз принсипҳои худ даст накашад. Ҳовард Шултз мегӯяд, ки муносибати бомуҳаббат ва эҳтиром бо кормандон ва муштариён , истеҳсоли маҳсулоти аълосифат ва пешниҳоди хидамоти дуруст асосҳое мебошанд, ки ҳатто дар замонҳои душвортарини ширкат наметавон онро қурбон кард.
9. "Аз даст додани маъсумият" -и Ричард Брэнсон ( «Теряя невинность», Ричард Брэнсон)
Зиндагиномаи миллиардер Ричард Брэнсон ба онҳое, ки мехоҳанд соҳибкор шаванд, тиҷорати муваффақ созанд ё танҳо фаҳманд, ки чӣ гуна империяи Вирҷиния бунёд ёфтааст маълумоти хуб медиҳад. Дар айни замон, ба гурӯҳи Virgin зиёда аз 400 ширкати , бахшҳои гуногун шомиланд ва шумораи кормандони корпоратсия аз 71 ҳазор нафар зиёд аст.
10. "Ҳаёти ман, дастовардҳои ман", Генри Форд («Моя жизнь, мои достижения», Генри Форд)
Китоби як саноатчии барҷастаи амрикоӣ маҷмӯаи дастурҳои мухтасари умуми барои оғоз ва пешбурди тиҷорат нест, балки китоб истинодест бо маълумоти амалӣ .
11. "Зиндагинома", Алекс Фергюсон («Автобиография», Алекс Фергюсон)
Зиндагиномаи мураббии собиқи Манчестер Юнайтед сэр Алекс Фергюсон на танҳо ба мухлисони футбол писанд аст балки барои он ҳое ки мехоҳанд аз ҳаёти ӯ чизеро донанд тавсия дода мешавад. Ин китоб саргузашти як марди ғайриоддии қавӣ аст, ки хуб медонад, ки ғалабаҳои бузург бе шикастҳо ба даст нахоҳад омад.
12. "Зиндагӣ дар нақшҳо" Брайан Крэнтсон."«Жизнь в ролях», Брайан Крэнстон
Зиндагӣ дар нашқҳо як саргузашти воқеиест, ки пур аз пастиву баландиҳост, тарҷумаи ҳоли касест, ки роҳи ситораи кино шуданро тай кардааст. Брайан Крэнстон дар бораи гузаштаи худ ҳарф мезанад, зиндагии худро ҳамчун нақши филм, чун рассом ба қалам додааст. Китоб барои ҳамаи дӯстдорони адабиёти бадеӣ ва ғайрибадеӣ алалхусус мухлисони Крэнстон пешниҳод карда мешавад.
13. "Чӣ гуна китоб навишт" Стивен Кинг («Как писать книги», Стивен Кинг)
Агар зиндгиномаи соҳибкорони муваффақ шуморо рӯҳбаланд намекунад, шумо метавонед ёддоштҳои Стивен Кингро мутолиа кунед. Агар ба шумо вобаста ба кор навиштан лозим ояд ва алакай аз китобҳои дарсии журналистика ва филология хаста шуда бошед, пас "Чӣ гуна китоб навишт" як роҳи хуби истироҳат аз дастурҳои дилгиркунанда аст. Агар шумо ҳоло ба навиштан шурӯъ карда бошед, пас навиштаи Кинг низ метавонад дархури ҳоли шумо бошад: муаллиф бо хонанда бидуни такаббур, дар сатҳи баробар сӯҳбат карда, ӯро ба эҷодкорӣ ҳавасманд мекунад.
14. Дар шароити вазнин («В диких условиях», Джон Кракауэр)
Тарҷумаи ҳоли Кристофер МакКандлес, сайёҳест, ки бо як миқдори ками ғизо ва таҷҳизот ба қисмати биёбони Аляска рафт, бо умеди он ки чанд вақт дар танҳоӣ зиндагӣ кунад. Китоби мазкур намунаи фидокорӣ ва омодагии инсон барои даст кашидан аз бартариҳои тамаддун дар ҷустуҷӯи оромиши хотир аст. Анҷоми ин ҳикоя ғамангез аст, аммо фалсафаи МакКандлес ба рӯҳияи бисёриҳо наздик аст.
15. “Тарҷумаи ҳоли ман. Маслиҳат ба савдогари ҷавон" Бенҷамин Франклин («Моя автобиография. Совет молодому торговцу», Бенджамин Франклин)
Саргузашти Бенҷамин Франклин аз Дейл Карнеги сар карда, то Илон Маск, ва бисёриҳоро илҳом бахшида аст. Дар тарҷумаи ҳоли худ сиёсатмадор, олим ва рӯзноманигор бо онҳое маслиҳат медиҳад, ки нав ба кор шурӯъ мекунанд, идеяҳои нав меҷӯянд ё танҳо ба таърих шавқ доранд.
16. "12 соли ғуломӣ", Сулаймон Нортуп(«12 лет рабства», Соломон Нортап)
Саргузашти Сулаймон Нортуп, дар бораи як афроамрикоии озод аст, ки тасодуфан ба ғуломӣ афтода аст. Ин китоб ба мо меомӯзад , ки ҳатто дар ҳолатҳои ба назар ноумед, шумо наметавонед таслим шавед ва умедро аз даст диҳед. Баъди рӯи экран омадани ин саргузашт он ҷоизаи Оскарро барои беҳтарин филм дар соли 2013 ба даст оварда аст.
Маводҳои дигари моро метавонед дар ин ҷо мутолиа кунед.
Муваффақ ва муайяд бошед.