Агар мушкилоти онҳоро ба ҳисоб гирем мушкилоти мо дар пеши мушкилоти онҳо ҳеҷ аст. Яъне ба гуфти Рокфеллер "муваффақият поёне надорад ва шикаст ҳам кушанда нест". Инҳо шахсиятҳое буданд, ки новобаста ба мушкилоташон ба муваффақият даст ёфтанд, шумо ҳам метавонед муваффақ бошед.
1. Ян Кум
Кум дар Киев таваллуд шудааст, аммо дар солҳои 90-ум бо модараш ба Маунтин Вью, Калифорния кӯч бастанд. Дар он ҷо модараш ба ҳайси фаррош дар як мағозаи хӯрокворӣ ба кор оғоз кард ва муддате онҳо аз ҳисоби тамғаҳои хӯрокворӣ зиндагонӣ мекарданд.
Дар синни 18-солагӣ Кум ба барномасозӣ шавқ пайдо кард ва ба хулосае омад, ки мустақилона таҳсил кунад. Дар 19-солагӣ, ӯ ба гурӯҳи ҳакерҳои w00w00 пайваст ва аз ҳамон лаҳза ӯ ҳамчун барномасоз карераашро оғоз кард. Пас аз чанд муддат дар Yahoo кор кардан, ӯ аз он ҷо рафт ва қарор дод, ки стартапи худро оғоз кунад, ки он WhatsApp буд.
Барнома дар соли 2009 бароварда шуда буд ва онро танҳо дӯстони Кум (100 нафар )боргирӣ карда буданд , баъд аз чунин шикаст Кум ба хулосае омад, ки онро канор гузорад ва дубора ба кораш баргардад , аммо шарики ӯ Брайан Актон ӯро маҷбур кард, ки интизор шавад. Ва бо гузашти вақт, ин паёмрасон яке аз маъруфтарин дар ҷаҳон шуд.
2. Бетани Хэмилтон
Бетани аз хурдӣ ба сёрфинг машғул шуд. Дар 13-солагӣ, вақте ки ба ӯ ногаҳон як акула ҳамла кард, вай аз дасти чапаш маҳрум шуд. Қариб буд, ки духтар ҷони худро аз даст диҳад. Аммо бо вуҷуди ҳама чиз, пас аз як моҳ Хэмилтон дубора ба рӯи тахтаи серфинг баргашт
Ва пас аз ду сол, вай дар бахши занонаи Explorer дар чемпионати миллии NSSA ҷои аввалро гирифт. Бетани ҳоло ҳам нависанда аст ва тахтаи газидаи акула дар Осорхонаи Серфинги Калифорния ба намоиш гузошта шудааст.
3. Бенҷамин Франклин
Падари Франклин воқеан мехост ба писараш таҳсилдида бошад, аммо маблағҳои ӯ танҳо барои пардохти ду соли таҳсили писараш кофӣ буданд. Бо вуҷуди ин Франклин ин монеъаҳоро паси сар кард. Ӯ дӯстдори ашаддии китоб буд, ва хониши пайваста ва пажӯҳиш боис шуд, ки ӯ асбоби барқдиҳанда (громоотвод) ва бифокалро ихтироъ кунад ва ба яке аз Падарон -асосгузори Амрико табдил ёбад.
4. Ҷим Керри
Ҷим Керри маҷбур шуд, ки дар синни 15-солагӣ мактабро тарк карда, ба кор шурӯъ кунад, зеро пули падараш хеле кам буд. Ҳаҷвнигори оянда ва бародарону хоҳаронаш маҷбур шуданд ҳоҷатхонаҳоро дар корхонаи Titanium Wheels тоза ва шустушӯ кунанд, то маблағе ба даст оваранд ва муддате тамоми аҳли оилааш дар микроавтобус зиндагӣ мекарданд.
Аввалин маротиба Ҷим ҳамчун ҳаҷвнигор ба шикаст дучор шуд. Танҳо пас аз ду сол, Керрӣ қарор дод, ки дубора ҳунарнамоӣ кунад ва пас аз он ӯ муваффақ шуд. Бо гузашти замон Ҷим яке аз беҳтарин ҳаҷвнигорони замони мо гардид.
5. Стивен Кинг
Аввалин романи Кингро муҳаррирон 30 маротиба рад карданд ва Стефан аз қобилияти худ ноумед шуда онро ба қуттии забола (ахлот) партофт. Баъдтар, зани ӯ Табита дастнависро ёфта, муаллифро маҷбур кард, то онро ба итмом расонад ва ба ношир фиристад.
Ин романи "Кэрри" буд, ки баъдтар ба нависанда 200 ҳазор доллар (2 миллион бо қурби ҳозира) овард.
То имрӯз дар саросари ҷаҳон зиёда аз 350 миллион нусха аз китобҳои Стивен Кинг фурӯхта шудааст. Ва ӯро "подшоҳи ҳақиқии достонҳои тарснок " - меноманд.
6. Ҷ.Роулинг
То эътирофи умумиҷаҳонӣ, Ҷо модари танҳое аз шавҳар ҷудошуда буд, ки бо кӯмаки иҷтимоӣ зиндагӣ мекард ва гирифтори депрессияи клиникӣ буд. Ӯ дар Бритониёи муосир бидуни хона ва дар ғояти фақр зиндагонӣ дошт.
Вақте ки аввалин романи Гарри ба итмом расид, Роулинг натавонист онро дар тӯли як сол нашр кунад - дастнависро 12 ношир рад карданд.
Аммо, имрӯз "Гарри Поттер" як падидаи воқеист ва Ҷ.К.Роулинг яке аз сарватмандтарин нависандагони сайёра ба ҳисоб меравад.
7. Майкл Ҷордан
Мухлисони зиёде Майкл Ҷорданро беҳтарин бозикуни баскетболи сайёра меҳисобанд. Аммо зиндагии ӯ шигифтангез аст, чунки ҳангоми мактабхонӣ ӯро аз дастаи баскетболи мактаб хориҷ карданд ва дар колеҷ низ чунин ҳодиса барояш иттифоқ уфтод. Ин ҳаводис боис нашуд,ки дили ӯ аз варзиш сард шавад ва ӯ ба тамриноти худ пайваста идома медод, то даме ки дар ин ҷода муваффақ шуд.
Чуноне ки худи ӯ мегӯяд:" Ман дар тӯли фаъолияти худ зиёда аз нӯҳ ҳазор тубро сар додаам ва тарқрибан 300 бозиро бохтаам, 26 маротиба ба ман боварӣ карданд, ки зарбаи ғолибона мезанам, вале ин боварӣ ба шикаст дучор шуд. Нокомиҳо дар ҳаётам паси ҳам маро ҳамроҳ буданд. Шикастҳо боиси муваффақиятам шуданд".
8. Томас Эдисон
Ихтироъкори лампочка ва фонограф Томас Эдисон бо устувории худ машҳури ҷаҳон аст. Ҳангоми кӯдакӣ ӯ як кӯдаки нотавон ва бемор буд, ки муаллимон аз ӯ ҳеҷ ояндаеро умедвор набуданд. Ӯ мактабро ба итмом нарасонидааст, вале бо саъйу талоши модараш таҳсили мактабиро фаро гирифтааст.
Аввалин ихтирооти Эдисон - дастгоҳ барои ҳисоб кардани овозҳо дар парлумон ва дастгоҳ барои сабти худкори қурби саҳмияҳо таваҷҷуҳи касеро ба худ ҷалб накард.
Аммо баъдтар системаи телеграфикунони бюллетенҳои биржаи фондӣ оид ба нархи тилло ва саҳмияҳо аз ҷониби як ширкате дар Ню-Йорк ба маблағи 40 ҳазор доллар харида шуд. Эдисон соҳиби қариб чор ҳазор патенти ихтироъкорӣ дар саросари ҷаҳон мебошад.
Ихтироъкор пеш аз эҷоди лампаи коршоям ҳазорҳо прототипи онро санҷидааст. Ӯ дар бораи ихтироъи лампочка мегӯяд" Ман шиксат нахрӯдам, вале зиёда аз 10 000 намунаро сохтам, ки кор накард. Фақат як намунае ёфтан даркор буд, ки он билохира кор кард".
9. Ричард Брэнсон
Дар оилаи адвокат ва меҳмондори ҳавопаймо таваллуд шудааст, Брэнсон дар таҳсил хеле душворӣ мекашид: вай аз дислексия ранҷ мебурд, мудом баҳои паст мегирифт ва дар имтиҳонҳо доимо ноком мешуд. Аммо ба ҷои ба тақдир тан додан, Ричард тасмим гирифт, ки ба тиҷорат машғул шавад. Вай як ширкати сабти овозро таъсис дод ва аз ҳама чиз сарфаҷӯӣ мекард - ҳатто сабтҳоро ба нуқтаҳои савдои чаканаи Лондон бо мошини худаш бурда тақсим мекард.
Имрӯз Брэнсон дорои сарвати бузургест, ки онро ба шарофати конгломерати ширкатҳои Virgin ба даст овард. Вай яке аз сарватмандтарин одамони Бритониё аст, ки дороии ӯ беш аз 5 миллиард доллар рақам зада мешавад.
10. Илон Маск
Имрӯзҳо номи ӯ сари забонҳои ҳама аст ва ӯ сарватмандтарин марди сайёра аст. Ӯ мошинҳои элетрикӣ месозад ва тунелҳои ваккумиро ба нақша гирфта аст. Гарчанде, ки ширкатҳои ӯ бузург буданд, вале мушкилоту шикстҳои ӯ низ бузург буд.
Ӯ тақрибан аз ширктаи PayPal варшикаста шуд ва аз раёсати PayPal ва Tesla ронда шуд. Аввалин ширкати киштисозии ӯ SpaceX чор маротиба ба шикаст дучор шуд.
Қарзҳояш зиёд шуд ӯ амалан варшикаста шуда буд, вале охирин партоби мушакаш бомуфаффақият баромад ва ӯ аз варшикастагӣ наҷот ёфт.
Маводҳои бештари моро дар яндекс дзени мо бихонед.
Ҳисоби телеграми мо барои пайвастан :https://t.me/oyanda1
Сарбаланду муваффақ ва муайяд бошед!