Ҷаҳонбинии худро васеъ намоед, забонҳоро омӯзед, асбобҳои мусиқиро аз худ кунед - ҳар рӯз бо манфиат зиндагӣ кунед.
1. TED
Барномаи ТЕD аз зумраи барномаҳое мебошад, ки дар он дар бораи табиат, технология, дизайн ва равоншиносиву или мусосир аз ҷониби мутахассисони соҳа далелҳои аҷоиб ва омӯзанда оварда шудааст. Ин барнома баромади шахсиятҳоеро аз Конфронсҳои ҷаҳонияш ҷамъ овардааст, ки ба забонҳои гуногун аз ҷониби ризокоронаш тарҷума шудаанд. Забони он англисӣ буда, вале аксари он баромадҳо ба забонҳои гуногун бо зернавис тарҷума шудааст.
Барнома:
2. Khan Academy
Академия мазкур аз ҷониби Салмон Хон як таҳсилдидаи амрикоӣ таъсиси дода шудааст, ки диққати асосияшро рӯи улуми дақиқ равона кардааст. Бо ёрии он метавонед ба таври ройгон ҳар фанне ки мехоҳед биомӯзед.
Боргирӣ дар шакли ios
3. Curiosity
Барномаи ҷолиб ва илҳомбахш, ки ба шумо имкон медиҳад, то ҷаҳонбинии худро васеъ ва сатҳи донишатонро баланд бардоред. Curiosity дорои ҳикояҳои ҷолиб, муаммоҳои душвор ва оморҳои шавқовар мебошад.
Боргирӣ дар шакли ios
4. DailyArt
Агар шумо ҳамеша мехостед дар бораи фарҳанги дигар миллатҳо иттилоъ дошта бошед, аммо намедонистед аз куҷо оғоз кунед ба шумо тавсия медиҳем, то аз DailyArt -истифода баред. Бо ин барнома шумо ба коллексияҳои зиёда аз 500 осорхона дар саросари ҷаҳон дастрасӣ пайдо карда, ҳамчунин метавонед ҳар рӯз бо асарҳои санъати классикӣ, муосир ва эҷодкорони онҳо ошноӣ пайдо кунед.
Боргирӣ дар шакли ios
5. Blinkist
Блинкист китобҳоро аз рӯи моҳияташон тақсимбандӣ мекунад, бинобар ин шумо метавонед ҳар рӯз китоби мавриди назаратонро бихонед. Дар китобхонаи мазкур зиёда аз 2500 бестселлер, аз адабиёти тиҷорӣ то китобҳо доир ба рушди шахсият ҷамъоварӣ шудааст, ки шумо онҳоро ҳар вақте ки хостед, хонда ва гӯш карда метавонед.
6. Duolingo
Аз машҳуртарин барномаҳоест, ки барои омӯзиши забони хориҷӣ истифода мешавад. Муҳимияти барнома дар он аст, ки вобаста ба сатҳ ва дараҷаи забондониятон шумо метавонед дониши забонии худро қадам ба қадам рушд диҳед.
Боргирӣ дар
7. Забономӯзӣ бо Memrise
Memrise - аз шавқовартарин барномаҳоест, ки ба забономӯзӣ бахшида шудааст ва бо ёрии он метавонед ғайр аз забони англисӣ боз10 забони дигарро фаро гиред. Бо истифода аз ҳофизаи фосилавӣ ва истифодаи видеоҳо, барнома ба шумо имкон медиҳад, ки малакаҳои суханварии худро такмил диҳед, талаффузи худро беҳтар созед ва захираи луғавии худро ҳамарӯза афзун намоед.
Барнома дар шакли
8. Urban Dictionary
Замимаи луғати онлайнии машҳур дар забони англисӣ, ки дар он шумо ҳамеша маънои калимаҳо ва ибораҳои номафҳумро пайдо карда метавонед. Луғати Urban Dictionary ҳамарӯза калимаҳои рӯзро дар сайти худ ҷо медиҳад ва ба шумо имкон медиҳад, ки забон англисии ғайрирасмиро(лаҳҷа) ба таври ғайриоддӣ омӯзед.
Барнома дар шакли ios
9. Yousician
Агар шумо дустори мусқӣ ҳастед пас, ин барнома барои шумост. Ба воситаи он шумо метавонед асбобоҳои гуногуни мусиқиро қадам ба қадам фаро гиред.
10. Enki
Барномаи Enki ба шумо барои омӯхтани Python, HTML, JavaScript ва дигар забонҳои барномасозӣ кӯмак мерасонад. Дараҷаи худро интихоб кунед ва дар дарсҳои кӯтоҳмуддати ҳаррӯза бо машқҳо ва бозиҳои хурд бо баланд бардоштани малакаи барномасозӣ ва коднависиятон касбияти худро таҷвият диҳед.
Барои мутолиаи маводҳои дигари мо ба пайванди зер бигзареду обуна шавед