Найти в Дзене
Оянда

НоБино

Марде нобино зери дарахте бар сари дуроҳае нишаста буд. Подшоҳе назди ӯ омад, аз асп пиёда шуд ва адои эҳтиром карду гуфт:- "аз чи роҳе метавон ба пойтахт рафт?"
Пас аз ӯ вазире назди марди нобино расиду бидуни адои эҳтиром Гуфт:-"оқо, роҳе ки ба пойтахт мебарад кадом аст ?"
Сипас сарбозе назди нобино омаду, зарбае бар сари ӯ зад ва пурсид:- "аҳмақ, роҳе ки ба пойтахт мебарад кадом аст?"
Ҳангоме

Ҳангоме ки ҳамаи онҳо марди нобиноро тарк карданд, ӯ шурӯъ ба хандидан кард. Марди дигаре ки канори нобино нишаста буд, пурсид:- ба чӣ механдӣ?"

Нобино посух дод: "аввалин марде ки аз ман савол кард подшоҳ буд. Марди дуввум вазири ӯ буд ва марди саввумӣ фақат як нигаҳбони содда буд."

Мард бо тааҷҷуб аз нобино пурсид:- чи гуна мутаваҷҷеҳ шудӣ? Магар ту нобино нестӣ?

Нобино посух дод: "-фарқ аст миёни онҳо...!

Подшоҳ аз бузургии худ итминон дошт ва ба ҳамин далел адои эҳтиром кард...

Вале нигаҳбон ба қадре аз ҳақорати худ ранҷ мебурд ки маро кутак(зарба) зад "

Дар ёд дошта бошед, ки тарзи рафтори ҳар фарде нишонаи шахсияти ӯст.

Шарофати инсон ба ахлоқаш аст.

🔄Баргардон аз порсӣ аз саҳифаи #андешакадаи_иқтисоду_сиёсат