Найти в Дзене
Оянда

5 қоидае ки шумо наметавонед ҳангоми тасмимгирӣ пушаймон шавед.

Оглавление
Лаҳзаи муносибро мунтазир набошед ва ба садои дили худ гӯш диҳед.
Лаҳзаи муносибро мунтазир набошед ва ба садои дили худ гӯш диҳед.

Ҳангоме ки инсон ноком мешавад дар пешорӯяш ду роҳ қарор мегирад: тағйири ҳаёти шахсӣ ва ё чун қабл зидагӣ кардан. Шумо ҳеҷ гоҳ намедонед ва намедонистед, ки агар бо роҳи дагар мерафтед ва шонси дигарро имтиҳон мекардед, тақдир ба рӯятон дигаргуна механдид. Аммо ҳоло роҳи ҳалли дуруст вҷуд дорад.

Равоншиноси клиникӣ ва доктори илмҳои тиб Мира Бранк аз Донишгоҳи Дюк дар Иёлоти Муттаҳида чунин мешуморад, ки чунин роҳи ҳал вуҷуд надорад.Аммо шумо метавонед пешакӣ арзёбӣ кунед, ки чӣ фоидаовар ва чӣ зараровар хоҳад буд. Дар як барномаи радиоӣ The Lisa Valentine Clark Show доктор аз панҷ қоидае ном бурд, ки тақдирсоз мебошанд.

1. Дар хотир дошта бошед, ки имконияти идеалӣ вуҷуд надорад.

-2

Бранк пешниҳоди беҳтаринро бо кори абстраксионистҳо шабеҳ медонад: ҳар як шахс дар расмҳои худ чизи ба худаш хосро мебинад. Ин ҳамонест ки бо имкониятҳо рух медиҳад. Масалан, ҳангоми сӯҳбат дар бораи кори беҳтарин, одамони гуногун дар бораи шароит ва масъулиятҳои гуногун сӯҳбат хоҳанд кард.

Дар бораи он фикр кунед, ки шумо бо дар зери мафҳуми "тасмими дуруст" чиро дар назар доред ва меъёрҳои возеҳи онро муайян кунед.

Биёед бигӯем, ки шумо дар ҷустуҷӯи кор ҳастед. Аз худ бипурсед, ки аз он чиро интизоред. Масалан варианти идеалии шумо як ҷамъвоарандаи чой дар плантатсияҳои ҷазираи тропикӣ бошад. Бранко чунин мешуморад, ки агар имконияти нав ба меъёрҳои зикршуда ҳадди аққал 60% ҷавобгӯ бошад, онро боястӣ баррасӣ кард. Ва агар аз шумо назорат кардани ҳосили қаҳваро таваққӯъ дошта бошанд, беҳтар аст, ки розӣ шавед, вале мунтазири мувофиқат бо идеалҳо набошед.

2. Ҳудуди озодиро муқаррар кунед

-3

Ҳар як тасмими нав тарзи муқаррарии зиндагиро тағйир медиҳад. Ва ҳатто агар он тағйирот барои беҳтар шудан бошад ҳам, тартиби нави он метавонад боиси нороҳатӣ гардад. Агар ба шумо пешниҳод карданд, ки орзуҳоятонро бештар созед, ки кори нав масъулиятҳи бештареро дорост ва ба шумо вақти кам хоҳад монд, то бо хонаводаатон бошед. Барои раҳо шудан аз ин мушкилот ӯ чунин пешниҳоде дорад:

кори фосилавӣ;

маош;

навъи кор;

машғулият

Барои ҳар яке аз онҳо ҳудудеро мушаххас созед ва бикӯшед то аз он нагузаред. Масалан, шумо омода нестед, ки дар роҳи кор беш аз 15 дақиқаро сарф кунед, шумо ҳадди аққал 1000 сомонӣ аз он маош интизоред, шумо мехоҳед коре эҷодӣ кунед ва ба идора дер намонед.Бо муайян кардани принсипҳои худ дар ин рӯйхат, шумо вақтеро аз пешниҳоди коре, ки ба шумо мувофиқат намекунад ва сарҳадҳои озодиатонро убур мекунад, сарфи назар хоҳед кард.

3. Имконияти идеалиро мунтазир нашавед - онро худатон эҷод кунед

Агар шумо танҳо нишаста интизори шарики идеалӣ ё кори орзудоштаатон бошед, ба эҳтимоли зиёд шумо ноумед хоҳед шуд. Ба ҷои ин, кӯшиш кунед, ки худ қадам ба пеш гузоред. Агар шумо орзу доред, ки нависанда шавед, пас, аввалин шуда ба ноширон мактуб фиристед. Агар шумо мехоҳед, ки бо ҳамсари ояндаатон мулоқот кунед - шинос шавед ва мунтазир нашавед, то он даме ки шуморо дар саҳнае бо тасвири бофта аз хаёлоти рӯъёӣ даъват кунад.

4. Ба садои қалбатон гӯш диҳед.

-4

Бранко боварӣ дорад, ки агар мо ягон кори нодуруст кунем организми мо ба мо сигнал мефиристад. Масалан, агар шумо аксар вақт худро хоболуд, заъиф ва хаста ҳис кунед, сабаби он ба серкорӣ вобаста нест. Шояд шумо кореро, ки мекунед, дӯст намедоред.

Аммо, агар кор ё муносибатҳо лаззатбахш бошанд, пас организим худро беҳтар эҳсос мекунад. Ҳамчун намуна, равоншинос мегӯяд, ки пеш аз оғози ҳар як лоиҳаи нав, ӯ худро шабеҳи кӯдаке, ҳис мекунад, ки бесаброна мунтазири сафар ба боғи ҳайвонот аст.

5.Аз кори хурд оғоз кунед

-5

Пеш аз он ки кореро оғоз карданиед вақти кофиеро барои омӯзиши он сарф кунед ва тамоми ҷузъиёти онро омӯзед. Агар шумо орзу доред, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба санъати қаннодӣ ғолиб оед, шумо набояд фавран тортҳои азимеро, ки баробари қади инсон аст бисозед. Технологияашро бифаҳмед, аз кулчапазӣ (кекс)оғоз кунед ва гомҳои хурд ба сӯи ҳадафҳои бузурги худро гузоред. Интизориҳое, ки дар оғоз хеле зиёданд, зуд боиси ноумедӣ мешаванд.

Маводҳои дигари моро метвонед дар ин ҷо бихонед:

Аксҳо аз pixabay.com

Сарчашма