Найти тему
AbuAbdullah

Ҳадисҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам.

📓 «Аз Абу 'Амир ал-Ашъарӣ ривоят мекунанд, ки ӯ шунид, ки Паёмбар ﷺ гуфт:

📜 «Ҳатман қавмҳое аз уммати ман пайдо хоҳанд шуд, ки зино, (пӯшидани) абрешим, (истеъмоли) шароб ва (истифодаи) асбобҳои мусиқиро ҷоиз медонанд (иҷозат медиҳанд ё қонунӣ мегардонанд). Ва баъзе аз онҳо двр канори кӯҳе қарор гиранд, ва шомгоҳон чаҳорпоёнашонро ба наздашон биёранд ва назди онҳо фақире биояд, то ки онҳо ба ӯ ба ниёзаш кӯмак кунанд. Онҳо мегӯянд: "Фардо назди мо бозгардед", аммо шаб Аллоҳи Мутаъол ин кӯҳро ба сари онҳо фуруд оварда, қисме аз онҳоро нобуд месозад, баъзеи дигарро ба маймуну хукҳо табдил медиҳад ва (то рӯзи Қиёмат) дар ҳамин ҳолу сурат боқӣ хоҳанд монд»

📚 Ривоят мекунад Имом Ал-Бухорӣ.

  ࿅•┈┈┈•❁༻࿅༶•༶࿅༺❁•┈┈┈•࿅

  ۞ @Hadiss_TV ۞ @Hadiss_TV ۞

  ࿅•┈┈┈•❁༻࿅༶•༶࿅༺❁•┈┈┈•࿅