«Падар, — мегӯяд ӯ, — он шахсиятест, ки ҳангоми хурдсолият ба ту ҳастияшро бахшид, ба хотири ту ҳама тавоноияшро сарф кард, рӯзҳои сармо кор кард, то поят пӯшида бошад, шабҳо хонаат гарм бошад, либосе бар танат бошад, шикаматро сер карду худ нимгурусна гашт…
Падар касе аст, ки дар хурдӣ пойафзоли калонашро мепӯшидию ҳавасаш меомад, айнакҳои бузургашро аз чашмонаш мегирифтию дар чашмони хурдат мегузоштию механдид, бо дасти кӯчакат бар рӯяш мушт мезадию оҳ намегуфт, ба рӯят шаппотӣ намезад, балки дастонатро мебӯсид, саратро сила мекард…
Аз дар, ки ворид мешуд, туро ба огӯш мегирифту дӯстдорӣ мекард, шодмонӣ менамуд, дар ҳоле ки шояд он рӯз ҳазорон балову ғаму андӯҳ болои сараш гирдгардон буд…
Барои ту механдид, то гиряро набинӣ, дар ҳоле ки ғаму азобу камбудии ҳаёт гулӯяшро мефишурд…
Барои худаш дар ин замин ояндаеро ҳам шояд намедид, вале ба хотири ояндаи ту зинда буд…
Вале ту чӣ?
Акнун ки бузург шудӣ, падаратро хурд мебинӣ.
Вақте саволат медиҳад, — эҳ, ин қадар мепурсӣ?- мегӯӣ, ҳол он ки ӯ ба хотири итминони қалбияш аз ту мепурсад.
Акнун дигар пойафзоли бузургашро нишонаи ақибмондагии ӯ мепиндорӣ. Либоси кӯҳнаашро нишонаи соддалавҳияш…