Найти тему
Абдусатор назиров

ба фарёдам бирас

Барои зиндагӣ кардан  ҳавас нет,

Маро роҳи гурез зи ин қафас нест.

Ба фарёдам бирас, эй чархи гардун,

Барои қалби беморам нафас нест.

Ман cс сол муқаддам дар оғуши баҳори гулбасар ба дунё омадам. Бар чеҳраи гулҳо ҳамномам ниҳоданд.  Зиндагии хуб доштем: падарам дар шаҳри Душанбе кор мекард ва модарам хонанишин буд. Дар оила аз бародару хоҳарам азизтар ва нозпарвари волидон будам, беҳтарин либосро мепӯшидаму аз чизе кам набудам. Вақте шашсола будам, падарам ба Русия рафт. Бо мурури замон онҷо оиладор шуда, дигар аз  холу аҳволи мо хабар намегирифт. Солҳову моҳҳо гузаштанду падарам наомад ва модарам барои  пеш бурдани зиндагӣ ба тиҷорат машғул шуд.

Акнун корҳои хона бар дӯши наҳифи мани 7 -сола вогузор шуд. Ҳамсолонам шӯхию бозикунон мегаштанду даври беғаму беғаши кӯдакӣ меронданд, ман аз ширинии ин неъмат бенасиб будам. Ҳарчанд хурд будам, вале мекӯшидам аз уҳдаи корҳои хона ва нигоҳубини молҳоямон ба хубӣ бароям. Ба умед чашм ба роҳи падарам доштам, ки имрӯз ё фардо меояду орзуҳои айёми кӯдакиам ҷомаи амал мепӯшад, аммо афсӯс!

Дурии падар қалбамро шикаста буд. Чун нозпарвараш будаму зиёд пазмонаш мешудам, дар чорабиниҳои мактаб ҳамеша дар васфи падару модар суруд мехондам.

Модарам рӯзона бо мо набуд. Баҳри пайдо намудани қути лоямуте баҳри фарзандон дар талошу такопӯ қарор дошт ва танҳо шабона мо имкон пайдо менамудем, ки аз рӯву бӯяш то андозае сер шавем. Шабҳо дар гирдаш ғунча шуда мехобидему ӯ бароямон афсонаҳо нақл мекард. Ман ба нақлу насиҳатҳои модарам гӯш намуда, кӯшиш менамудам, то ба суханҳояш пайравӣ кунам.

Зиндагиямон ниҳоят бо ранҷу азоб мегузашт ва инро дида, аламам зиёд мешудуба минвол ба падарам нафрат пайдо кардам. Дар фикр ғӯтта мезадаму ба ин саволи худ ҷавобе пайдо карда наметавонистам, ки: «Чаро ӯ аз мо рӯй гардонидааст, аз ҳоламон боре  ҳам намепурсаду маблағе ҳам намефиристад?

Модари бечораам на зимистон мегуфту на тобистон, барои мо, то ин ки  гуруснаю урён намонем, ҷон мекоҳонд. Баъзан аз корбо либоси шипшилта тар меомад. Шабонгаҳ бемор шуда,азоби алимеро пушти сар мекарду субҳ  боз ноилоҷ бечоранолие накарда, ба кор мерафт.

Интизории падар дар дилам монду ранҷу азобҳои айёми кӯдакӣ ва солҳои гуруснагӣ, ки ҳатто барои як порча хлеб модару бародарам то нимашаб навбат меистоданд.

Ба хондан шавқу ҳаваси беандоза доштам ва аз 13 — солагиям кам кам ба эҷод кардан машғул шудам. Аввал сарнавишти айёми кӯдакиамро навиштам баъд қиссаю тарона эҷод мекардам.Аз байн 8-сол гузашта буд, ки падарам омад. Мо, ки бо ранҷу азобҳои модар ба воя расида будем, ҳеҷ падарамонро бахшида наметавонистем. Ва падар низ ба мо меҳр надошт.

Баъди хатми синфи нуҳ маро нагузоштанд хонданамро идома диҳам. Ман ҳам, ки дар ҳусну латофат камиву костагие надоштам, қариб ҳар рӯз хостгорони зиёд аз дари хонаамон медаромаданд.

Билохира волидайн бе розигии ман ба хостгорон иҷозати арӯсии додаанд, зеро хостгорон ба падару модарам ваъда намуданд, ки домод дар пойтахт хона дорад ва баъд аз гузаштани чиллаашон ба хонаи худашон, ба шаҳри Душанбе рафта, зиндагиашонро давом медиҳанд. Ҳамин тавр, бо ваъдаҳои хушку холӣ хостгорон маро тӯй намуда, ба хонаи бибии шавҳарам, ки дар деҳаи худамон зиндагӣ мекарданд, бурданд.

Вақте зиндагиро оғоз намудам, мисли дигар арӯсон ҷевонҳою рахти хобамро рост накарданд, либосҳоямро дар гӯшаҳои хона овезон мекардам.

Аввалҳои зиндагӣ ба рафторҳои шавҳарам ҳайрон мешудам, пайваста асабӣ мешуду  ҷанҷол мебардошт.Ба ҳамааш сабр мекардам, худро тасалло медодам, ки зиндагӣ пастию баландиҳо дорад, мегузарад, вале…

Бояд иқрор шавам, ки хонаводаи бибии шавҳарам калон буда, нуфузи зиёд дошт, вале ҳама одамони хубу бомаърифат буданд ва аҳлона зиндагӣ ба сар мебурданд. Ман низ онҳоро ҳурмату эҳтиром мекардам. Бибии шавҳарам барои овардани келин тараддуд мегирифт, аз ин сабаб мехост, мо хонаро холӣ кунем, то ки арӯси навро дар ҳамин хона фароранд, чунки дигар хона надоштанд.

Шавҳари дурӯғгӯям гуфт, ки «хона харидам». Мо ҳамаи чизу чораамонро гирифта, ба он хона, ки дар маркази ноҳияамон буд, рафтем. Чун чанд рӯз зиндагӣ намудем, маълумам гардид, ки он иҷорахона будааст: Ҳар рӯз соҳибхоназан барои пули хона меомад ва гоҳе ҷанҷол ҳам мебардошт, ки ё пули хонаро  диҳед, ё хонаро холӣ кунед. Пас аз чанд моҳ мо ба хонаи иҷораи дигар рафтем…

Ҳамеша шавҳарам таънаам мекард, ки фарзанддор намешавӣ, аммо баъди ду сол соҳиби фарзанд ҳам шудем. Умед доштам, ки баъди фарзанддор шуданамон муносибати шавҳарам дигар мешавад, аммо ӯ дигар нашуд.

Пас аз чор соли зиндагӣ дар иҷораҳо боз ба иҷораи дигар рафтем, ки тамоман шароиташ ба талабот ҷавобгар набуд. Иҷорахонаи тангу  фарсударо худам бо азобе таъмир намуда, каме ба тартиб даровардам, аммо асбобҳои худи соҳибхона, боз чизу чораи худаму шавҳарам ва рахти хобу ҷевонҳоям хело хонааро танг намуда буд. Мехостам нимашро ба хонаи модарам бурда монам, аммо шавҳари якравам розӣ намешуд. Мегуфт, ки агар бурдӣ, худат ҳам рав.

Ба ҳама пастиҳои зиндагӣ чашм мепӯшидам, лек ҳеҷ қалби сангини шавҳарамро ба даст оварда наметавонистам. Худам аз уҳдаи ҳама кор мебаромадаму бори асосии рӯзгор бар дӯшам буд, вале бо ҳар баҳона маро сарзаниш мекард, гӯё барои ӯ зан нею як каниз бошам. Ба тӯю маъракаҳои хешу табор  рафтан намемонд. Ба фикри вай, зан бояд ба ҳамаи суханҳои шавҳар итоат кунад, ва ага шавҳар чанд зани дигар гирад ҳам, сабуриро пеша намояд. Мабодо камтар бемор мешудам, зуд таънаю маломат мекард, ки ба болоям зан мегирад.

Шавҳарам ронандаи микроавтобус буд. Пас аз он ки ба садамаи автомобилӣ гирифтор шуда, аз сараш ҷароҳат бардошт, боз ҳам девонатар шуд. Пайваста ягон кори ночизро баҳона намуда, маро дашном медод,аз даст бардоштан ба сарам ҳазар намекард.Ҳамеша дар забонаш суханони қабеҳ дошт ва агар дар кор бошам,ҳукм мекард, ки худи ҳозир ба наздаш ҳозир шавам, вагарна…

Борҳо шавҳарам вақти латукӯб ба сарам корд мекашид. Ҷонам ширинӣ мекард ва ба худ мегуфтам: аз дасташ раҳо шавам, дигар не бахт мегӯяму не фарзанд. Сабил монад, боз шарму ҳаё мегуфтаму бахт ва аз раъям мегаштам.

Ҳеҷ аз ёдам намеравад, боре агар ҳамон вақт писари сесолаам сари роҳи падараш намешуд, кӣ медонад чӣ фоҷиа рух медод? Мумкин корди ба сӯям кашидааш ба дилам мезад. Ғайр аз ин, ҳамеша ҳар ашёи аз наздаш баромадаро ба сарам мепартофт…

…Мегӯянд фарзанд ширин аст,  аммо ҷон боз ҳам ширинтар будааст.

Пас аз латукӯби навбатияш чашм кушодам, ки боз чун ҳамешвагӣ дар хонаи модарам хоб ҳастам. Маҷоли роҳ гаштан надоштам. Сахт ба ҳоли зору ҳақириву бекасиям гиристам, чунки дар бисотам фaқат як модари бемору нотавон доштам, ки худаш базӯр роҳ мегашт.

Баъди ташхиси духтурон маълум гардид, ки сарам сахт осеб дидааст. Боз ба хотири бахту зиндагӣ аз болояш ба мақомоти қудратӣ шикоят набурдам. Дар хонаи падару модарам боз чашмонам ба роҳаш буд. Худро тасалло медодам, ки дар вақти қаҳраш маро задаст ва боз пушаймон шуда, ба хабаргириям меояд. Аммо сад афсӯс, дар қалби шавҳарам заррае раҳму шафқат набудааст ва зиндагиям хушку бемаъно будааст. Худро танҳо медидам. Вале боз ба насиҳатҳои модарам гӯш медодаму модарам маро бо ду фарзандам пешандоз карда мебурд ба хонаи шавҳари разилу бемурувват. Албаата, он нокас аз ин ҳол рӯҳ мегирифт, ки зани бадбахту бекасу кӯяш дигар ҷойи рафтан надорад. Ва разолату ҳамоқаташро идома медод.  Ҳарчанд медонистам, ки хонаю манзили аниқ ва зиндагии ороме надорему ҳамзистиямон оқибате надорад, вале бо вуҷуди ин, гӯё чашми ақлам кӯр шуда бошад, ки баъди ҳар моҷаро боз худро муддате пас ором намуда, ба сӯйи бало меафкандам. Ӯ бошад, ба ману фарзандонамон, ҳеҷ таваҷҷҷӯҳе намекарду думболи занҳои дигар хушҳолӣ карда мегашт…

Дигар шавҳарам бо ин ҳама рафторҳояш худашро пеши назарам бад карда буд.

Дигар мисли пешина набудам. Пас аз таваллуди фарзанди сеюмам саломатиамро аз даст додам, пеши чашмонам сиёҳи зада, ба замин меафтодам. Зуд-зуд бемор мешудам, фарзанди кӯчакам низ пайваста аз нотобӣ гиря мекард.

Боз маҷбуран ба хонаи модарам барои табобат мерафтам. Вале ӯ ҳар куҷое хешу табори маро медид, аз ман шикоят мекард, ки бемори рӯҳӣ дорам. Азбаски худаш зиндагӣ намехост, баҳонаҳо пеш меовард, маро гунаҳгор меҳисобид.

Ба ин минвол, аввал барои замин ҳуҷҷатҳои кӯдакон ва хати никоҳро аз дастам гирифта бурд ва рӯзи дигар асбобу анҷоми рӯзгорро, ки ҳашт сол иҷора ба иҷора гирифта мегаштем, ба хонаи модарам оварданд. Пас аз чанд моҳ ба суд оиди бекор намудани ақди никоҳ ариза пешниҳод кард ва гуфт:

— Никоҳамонро бекор мекунем, аммо ман туро ба тариқи мусулмонӣ ҷавоб намедиҳам. Вақте хатти талоқро ба дастам доданд, дунё пеши чашмонам тираю тор гашт. Мурдаму боз зинда бар гӯр будам.

Барои он аламам меомад, ки шавҳари нокасу ноҷавонмардам ҳаётамро сӯхт, саломатиамро аз даст додам, ҳашт сол дар иҷораҳо тоқат карда зиндагӣ кардам, аммо ҳайфи як қалби покам, ки насиби беимоне гашту ҳеҷ қадрашро надонист…

Баҳри таъмини фарзандонам ва ситонидани алимент аз шавҳарам бо ариза ба суд муроҷиат намудам. Дар мурофиаи судӣ шавҳарам аз супоридани алимент саркашӣ намуда, дар алоҳидагӣ ба ман гуфт, ки «мекушам турою лек алимент намесупорам».

Ба ин нигоҳ накарда, ҳар рӯз хонаамон омада, шӯру ғавғо мебардошт, ки алимент намесупорам. Азбаски ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани падарам бо маслиҳати модарам маро ба шавҳар доду буданд, аз ин рӯ, ба падарам Худо дода буд. Бо ҳар баҳонаи ночиз бо манну модарам ҷанҷол мекард, тарафи домодашро мегирифт. Худро ҳақ мебаровард, ки агар бо машварати вай кор мекардем, моҷаро ба ин ҳадд намерасид. Ман, ки ҳуқуқи худамро намедонистам, аз таҳдидҳои пайвастаи шавҳарам сахт метарсидам. Мегуфт:

— Агар кӯдаконро ба ман надиҳӣ, падару модаратро низ аз ҳам ҷудо мекунам. Ман, ки аз падарам сахт метарсидам, ҳарос доштам, ки аз ҷанҷоли падарам бо модари беморам ҳодисае рух назанад. Миёни обу оташ монда будам: ба об дароям ғарқ мешудам, ба оташ дароям месӯхтам…

Ягона пуштибонам бародарам буд, ки бо амри тақдир аз дасти нокасон дар ғарибӣ ба маҳбас гирифтор шуда буд. Дар хонаи модарам фарзандони ман бо фарзандони бародарам дар як ҳавлӣ соз намегирифтанд ва бо ҳам доимо ҷанг мекарданд. Билохира падарам нахост, ки фарзандонам бо ман  бошанд. Ӯ ҳукми худро баровард:

— Туро бе фарзанд ба шавҳар дода будам, бе фарзанд нигоҳ мекунамат.

Агарчанде мехостам бо фарзандонам бошам,аммо аз дастам коре намеомад. Ғайр аз орзуи мурдан дигар хаёле дар сар надоштам, зеро аз фарзандонам ҷудо будан бароям зиндагӣ рангу бӯе надошт, вале агар онҳоро бо худ бигирам, ба куҷо барам, ки ҷойи зист ҳам надоштам.

…Бо ёди фарзандон шабу рӯз болинамро аз ашк тар мекардам. Борҳо хостам, худкушӣ кунам, аммо хотири модари муштипарам зурӣ мекард, насиҳатҳояш сари роҳамро медоштанду тасаллодиҳиҳояш тӯмори сипарам мегаштанд. Лаҳза ба лаҳза аламам зиёд мешуд, намедонистам, ки аз қисмат домангир шавам ё аз чунин ёри ҷафокор. Ғайри модар ва се фарзандам ҳеҷ касу ҳеҷ чиз пеши чашмонам наметофт.

Модарам ғайри ман касе надошт. Чуноне гуфтам, ягона писараш дар маҳбас буд ва дуриву ғаму андуҳи ӯ модарамро хуни ҷигар карда буд. Меандешидам: агар ман худкушӣ кунам, бо модарам чӣ ҳодиса рух медиҳад. Оё болои ғаму андӯҳи бародарам ғами андуҳи марги маро ӯ тавони бардоштан мекарда бошад? Ҳаргиз!

Ба ҳамин хотир сабрро пеша намуда, ба тақдири бадам тан додам ва худро бо ҳамин тасалло медодам.

…Барои духтарчаам, ки пайваста бемор буд,  пул лозим мешуд.Азбаски падари нохалафашон аз ин ҳол парвое надошт, тилловориҳоямро фурӯхта, ӯро табобат намудам. Дар дилам оташаке пайдо шуд, ки соҳиби касбу ҳунаре гашта, кор кунам ва барои сарпаноҳе гардидан маблағ захира намоям, то имкон пайдо шавад, ки фарзандонамро гирифта, худам тарбия намоям. Аммо азбаски ман ҳатто маълумоти миёнаи пурра надоштам, бароям душвор буд ҷои кор пайдо намудан. Ба ин нигоҳ накарда, ҳам ҷои кор меҷустаму ҳам аз қафои омода сохтани ҳуҷҷатҳои бародарам шудам. Мехостам ӯро аз маҳбаси Русия ба Тоҷикистон интиқол диҳанд, чунки ба Федератсияи Русия фиристодани маводи хӯрокворӣ ва пӯшокӣ бароямон ғайриимкон буд.

Бо ин мақсад ба Прокуратураи генералӣ ариза пешниҳод намудам. Аз Прокуратураи генералӣ занг зада, ҳуҷҷатҳои бародарамро талаб намуданд. Дар ҳамин ҷо ҳам шавҳарам маро ба ҳолам намегузошт. Аз куҷое пайдо шуда, маро таҳдид мекарду ба ҳолам механдид, ки «аз дастат коре намеояд ва боз зори ман шуда наздам меоӣ», — мегуфт.

Ба мақомот шикоят бурдам, ки «на зиндагӣ кардан хост, на ба ҳолам мегузорад». Вале боз андешидам: «Марде, ки ақл карда, барои фарзандонаш ёрӣ нарасонад, дигар худатро кушӣ ҳам, фоида надорад. Бинобар ҳамин, дигар суддавиро ҳам бас намудам, чунки шавҳарам дар номаш чизе надошт: не хонаю не замин. Ҳамин тариқ, зиндагиям, ки бо дурӯғ сар шуда буд, бо дурӯғ анҷом ёфт…

…Рӯзе барои маслиҳат ба шуъбаи занони ноҳияамон рафтам ва барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намудам. Пас аз шунидани саргузаштам дар шуъбаи занон маро тасаллою дилбардорӣ намуданд ва маслиҳат доданд, ки кай вақте бошад, фарзандонамро гирифта метавонам, ҳоло аз пайи омӯзиши касбе шавам. Дар ин миён дар зиндагиям шахсе пайдо шуду онро рангу нумӯи тоза бахшид. Ёрманду дастгирам гашт.

Бо дастгирии одамони некхоҳ аввал ҳуҷҷатҳоямро ба маркази омӯзишии калонсолони Агентии шуғли аҳолӣ ва меҳнати ноҳия супорида, курси омӯзиши технологияи компютериро хатм намудам. Сипас, ба Коллеҷи омӯзгории ноҳия, ба курси семоҳаи забони русӣ рафта, он ҷо низ таҳсил намудам. Ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ба корҳои баргузории интихоботи Президентӣ, ки моҳи феврали соли 2015 баргузор гардид, кӯмак менамудам. Дар ин давра тамоми ҳуҷҷатгузориро омӯхта, аз худ намудам. Барои гирифтани маълумот ҳуҷҷатҳоямро ба Коллеҷи омӯзгории ноҳия аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик супорида, дохил гардидам. Орзу доштам, соҳиби ҷойи кор шавам. Ин орзуям низ ҷомаи амал пӯшид ва дар озмун иштирок намуда, соҳиби ҷойи кор гаштам. Мехостам, ки пули ночиз гирам ҳам, фақат бо меҳнати ҳалоли худам ба даст орам.

Маро ба ҳайси мутахассис дар шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия ба кор қабул намуданд. Аз онҳое, ки барои ба кор қабул шуданам кӯмак намуданд, хело минатпазирам. Дар шуъбаи мазкур як сол фаъолият намуда, таҷриба андӯхтам. Худ, ки талхии зиндагиро чашида будам, ба муроҷиаткунандагон маслиҳат медодам. Дар вақти кор фикрам ба муҳит тамоман дигар шуд. То ин дам андеша доштам, ки фақат ман тани танҳо дар зиндагӣ номуродаму зери фишори рӯзгор афгорам, аммо чун муроҷиаткунандагони дигарро медидаму аз аҳволашон мепурсидам, ба худ мегуфтам, ман танҳо набудаам, мислам занони бадбахт бисёр будаанд…

Аз тарафи шуъба дар чорабиниҳои гуногуни ноҳиявию ҷумҳуриявӣ иштирок мекардам ва хело хурсанду табъам болида буд. Дар ин давра ҳам мехондам ва ҳам кор мекардам. Гузаштани вақтро ҳам намедонистам.

Дилхуниям танҳо аз зиндаҷудоӣ бо фарзандонам монда буд. Барояшон сару либос ва шириниҳо харида, назди падарашон хабаргирӣ мерафтам. Дар ин миён духтарам низ мактабхон шуда буд. Дар дил орзуҳо доштам, ки фарзандонамро босавод тарбия намуда, ба воя расонам, тӯйи суннатии писарамро бубинам. Аммо афсӯс, ин ҳама орзую ҳавас буд…

Пас аз ду сол шунидам, ки шавҳарам дар деҳаи дурдасте дар адир хона сохта, тӯй карда, зан гирифтааст.     

Мехостам фикр накунам, аммо зиндагии гузаштаам пеши чашмонам чарх мезад. Бароям аламовар буд, ки ҳашт соли умрам дар иҷораҳо гузашту аммо шавҳари номардам маро бо фарзандонам ҷой накард. Ҳарчанд ба ӯ гуфта будам, ки зан ҳам гирӣ, ихтиёрат, вале маро бо фарзандонам дар ягон ҷо бо сарпаноҳе таъмин намо. Номард розӣ нашуд, имрӯз бошад,…

Акнун фарзандонамро аз ман дур бурд, бароям дидаданашон душвор шуд. Инак ғами дурии фарзандонам агарчи рӯз ҳушам ба кор банд асту лаҳзае фориғ медорад, вале шабонгаҳ азоб медиҳад. Шабҳои тор ба ёди онҳо болинам аз ашк тар мегардад.

Гургон диламро тала месозанд. Охир, медонам фарзандонам сахт азоб мекашанд, зани падарашон онҳоро ранҷу озор медиҳад. Ин ҳамаро худашон ҳинни вохӯрӣ нақл менамоянд. Ба болои ин ҳама хонаи сохтаи падарашон дар як адири дур буда, онҳо байни чанд  қишлоқро гузашта ба мактаб мераванд. Дар сармову гармо ҳамеша фикрам хаёлам ба онҳо аст, аммо чӣ кор кунам, чорае надорам. Агар онҳоро бо  худ гирам, падарам розӣ нест, агар ба хотири саробонашон иҷора шинам, аз куҷо шароит ёбам? Аз сӯи дигар, падарашон онҳоро намегузорад ба серӣ бинам,  бе онҳо чӣ гуна зиндагӣ кунам? Намехоҳам онҳо мисли падарашон  бесавод  бошанд. Дилам мекашад фарзандонам канорам бошанд, онҳоро дониш омӯзонам, ҳар шаб барояшон афсона бихонам, огӯш кунам, бибӯсам онҳоро. Аммо чӣ илоҷ, сабр мекунам, чун худам барои ҳама дарди сарам.

Шиносу ҳамсояҳо мегӯянд, парво накун, калон шаванд, худашон меоянд. Охир ин андеша дуруст нест, метарсам ба минвол меҳрашон нисбатам кам мешавад ва падарашон ба ҷои тарбияи дуруст ба онҳо ҳар хел сухан ёд медиҳад, маро наздашон бад мекунад.

Ҳаминро ҳам медонам, ки шавҳарам фарзандонро аз дӯстдорӣ нагирифтааст, танҳо мехост тамоми умр маро азоб диҳад, ба by васила аз ман қасос ситонад. Чаро вайро на Худову на мақомот ҷазо намедиҳанд?

Метарсам, ки  барои  муошират бо кӯдаконам   ба суд муроҷиат намоям, чунки боз хонаамон омда шӯру ғавғо мебардорад ва падарам бошад, маро намефаҳмад, инчунин боз барои бемории модарам шуда ба тақдирам тан додаам, амммо то ба кай сӯхта хокистар мешавам?

Кош набуд ҳарфҳои падарам, ки намехост хонам, омӯзам, дониш аз худ карда, соҳиби касбу ҳунар шавам, аммо ин дафъа хулоса баровардам, ки фақат дар фикри худам бошам. Падарам аз хона пеш кунад ҳам, хонданамро идома хоҳам дод.

Чандин бор аз барои ман падарам модарамро сарзаниш мекард. Чандин бор падарам таъна мекарду мегуфт, аз хона баромада рав, аммо боз сабр мекардам.

Мехостам ҳаётамро қатъ кунаму бадном нашавам, аммо падарам худаш, ки нахонда буд, ҳеҷ маро намефаҳмид. Нмефаҳмид, ки хонаданамро, роҳкироро, хӯроки нисфирӯзиро бо маоши ночиз пеш мебарам. Баъзан ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои гуногун бегоҳ аз кор дертар ба хона бармегаштам, ҳама вақт маро мудирамон, ки зани рӯзгордида ва бофаҳм буд, то хона бурда мемонд.Бароям як тараф хондан, кор кардан, дурии фарзандонам, ғами бародарам, бемории модарам басанда буд…

Чи илоҷ,  дар зиндагӣ шавҳари нокасу дуруғгӯй насибам шуду падари хубу бофаҳм надоштам. Маро касе  намефаҳмад  ва дарк намекунад, ки чӣ қадар азоб мекашам. Дар хона падару модар низ барои ману духтарам таъбашон хира мешавад,  хело хасатаам, хастаю танҳо. 

Чандин нафарон изҳори муҳаббат мекарданд, аммо ман рад мекардам. Аз зиндагии бо шавҳарам дошта ба ҳамаи мардон  нафрати зиёд доштам. Ба касе бовар карда наметавонистам. Орзуи ягонаам хондан буду бо фарзандонам будан. Вақте бародарам дар маҳбас буд, ҳамаи пасту баландиҳои рӯзгор бар дӯшам буд, болои ин ҳама сӯхтагиҳоям ҳамеша шавҳарам азобам медод. Дар мурофиаи судӣ ба ман гуфта буд, ки ҳар рӯз, ки хоҳӣ, кӯдаконро омада бар, аммо вақте мерафтам, онҳоро намегузошт, ки биёрам, худам онҳоро ба мактаб гусел намоям. Афсӯс, ин орзу дар дилам монду халос.

Ҳар боре онҳоро хабаргирӣ меравам, омада чанд рӯз ба худ намеоям, бемор мешавам аз ғаму андӯҳ.Зуд зуд дар беморхона бистарӣ мешавам, саломатиям он қадар хуб нест. Узви шунавоиям низ кам шудааст. Захмҳои задаи шавҳарам ҳеҷ шифо намеёбанд, чун то ҳол  ӯ маро азоб медиҳад. Чандин бор барои муолиҷаи узви шунавоиям табобат гирифтам, аммо бе натиҷа. Табибон мегӯянд, сарат сахт осеб дидааст ва барқарор шудани саломатиат ғайриимкон аст.

Акнун ҳам кор мекунаму ҳам таҳсил. Ин бароям сахт мушкил аст, зеро ман дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоям. Ҳеҷ вакти холигӣ надорам, шаб бошад, ба китоб хондану навиштан машғул мешавам. Имконе пайдо шуд, мактаб рафта, аз ҳоли фарзандон хабар мегирам ва барои камбудиҳои пулиашон дар мактаб барояшон кӯмак мекунам. Муаллимон мегӯянд, ки падарашон пул намедиҳад.

Ягона фикрам он буд, ки замин гирифта кулбае созаму онҳоро тарбия кунам. Чор сол мешавад, ки ариза барои замин пешниҳод менамоям, аммо ҳамеша баҳонаҳо пеш меоранд ё аризамро гум мекунанд, ҳоло навбатат наомадааст, мегӯянд. Чаро чунин аст одами бечораю дар роҳ монда навбат меистаду онҳое,  ки замину хона доранд, боз  замин мегиранд?

Намедонам чӣ кор кунам, дар зиндагӣ хело хаста шудаам, дигар  бо зиндагӣ мубориза бурда наметавонам. Гулбуни умедам майли хушкшавӣ дорад…

Шабе модарам сахт бемор шуду ӯро ба беморохона бурдам ва дорую дармон намуда, ба хона овардам. Субҳи барвақт боз ӯро ба ташхис бурдам, аммо духтур ташхисро ба дастам дода, гуфт, ки модаратро ба Қарияи болои Душанбе, ба даҳум корпус бар. Аз шунидани ин сухани духтур дилам таҳ кашид. Вақте ҳамшира модарамро берун бароварда, ба ман гуфт ки модарат ба саратони бачадон печидааст, вале аз сабаби дилкасал буданаш ӯро ҷарроҳӣ намудан имкон надорад, дунё ба назарам чаппагардон шуд. Ҳоло модарамро қадри имкон дар хона муолиҷа намуда истодам…

…Рӯзе дар беморхона назди дари утоқи табиб мунтазир будам, ки чашмам ба писарам афтиду дар ҷоям шах шуда мондам. Ҷуръати ба пеш қадам монданро надоштам. Илоҷе карда худро назди писарам расондам, аммо ӯ сарашро хам намуда, ба ҷонибе ишора кард. Ман падарашро дидам, ки бо занаш кӯдаки нав таваллуд шудаашонро назди табиб оварда буданд. Шавҳарам ба писарам бо имову ишора сарзаниш мекард ва билохира ӯро аз наздам кашида бурд. Ман бошам, аз пасаш медавидам. Ба ҳуҷрае даромада, даро маҳкам кард.Ман бошам, ашкамро дошта натавонистам, гарчанде намехостам падари нокаси фарзандонам ашки чашмонамро дида, ба ҳолам писханд занад. Ба дилам хело дуои бадаш кардаму ба Худованд супоридамаш. Чун ҷуз Худованд касе надорам ва низ медонам, ки он ноҷавонмард ҳаргиз инсон набуд ва намешавад. Дур аз беморхона дар гӯшае нишастаму то холӣ шудани дилам талху сахт гиристам…

Оҳ, Худоё, чӣ хатое дар зиндагӣ намудам, ки маро by қадар озор медиҳӣ?

Рӯзҳо бар ман хастакунанда мегузаранд, шомогоҳон, ки офтоб ба мағриб фурӯ меравад, ман нафаси сарде мекашам ва ба худ меандешам: фардо чӣ мешуда бошад, вале фардо ҳам фаро мерасаду  монанди дирӯзу имрӯз бароям дилгиркунандаю хаста мегузарад.

Ба ин минвол рӯзҳою моҳҳо ба ҳам мепайванданд ва ғаму дард, ёди ҷигарбандонам умре азобам медиҳанд. Ҳар вақт хумории онҳо мешавам, маро ранҷу азоб дар панҷаи худ мефишоранд, хӯру хобамро гум мекунам.Худро танҳои танҳо мебинам, гӯё дар дашти паҳноваре дур аз оламу одам умр ба сар мебурда бошам, дур аз ҳаёт…

Дигар ба танҳоӣ одат кардаам, мехоҳам танҳо бошам. Ҳарчанд медонам, ки умре наметавонам аз худ ва одамон ба ҷое фирор намоям, вале боз ҳам меандешам, ки дигар барои зинда буданам чизе боқӣ намондааст. Зиндагӣ пеши чашмонам тира ва даҳшатангез аст: на садое мешунавам ва на эҳсоси хушҳолӣ дорам. Ҳарчанд сарамро машғул ба нигоштани сатре  месозам, аммо рӯйи ин навиштаҳоям ашки чашмонам мечаканд…

Ҳар сол боз  баҳор меояду меравад, моҳҳо мегузаранд, рӯзҳо ба ҳам мепайванданд, аммо ғам, ранҷ, ҷудоӣ умре маро азоб медиҳад ва маро тарк намекунад,  ки шодию орзу ҷояшро гирад .

— Ай носазо, ай бевафо, ту раҳм накардӣ, раҳми маро ку нахӯрдӣ, шафқате ба модари беморам накардӣ, ба фарзандонат накардӣ, дигар ба ту чи гӯям? – Ай номард,  ту чӣ қадар бераҳмӣ, ки модарро аз фарзанд ҷудо намудӣ? Туро танҳо ба худои хеш месупорам, шояд рӯзе оҳи модару фарзандонаш кӯрат созад…

…Мегӯянд, дил хонаи орзуҳост, вале диле, ки орзуҳо таркаш карда бошанд, хонаи кист?

Ҳоло хаставу афгор шудаам, хастаи ин ҳама қисмат. Ҳарчанд қиссаю тарона месозам, аммо қиссаи зиндагии хешро сохта натавонистам…

Агарчӣ ҷои кори хуб дошта бошам ҳам, аммо рӯз ба рӯз шуновоиям паст мешавад ва дигар кор карданам ҳам душвор аст. Умедамро аз ҳама кандаам. Кунун не фарзанд дорам, не хона, не бахт, не саломатӣ.

Зиндагӣ пеши чашмонам тира ва вайрон аст, қалбам ба худ фарёд мекашад, аммо чӣ илоҷ, аз қисмат ҷои гурез нест.