Аслан мо –занҳо мардонамонро дӯст медорем,вале баъзе одатҳои онҳоро нодида гирифтан номумкин аст. Мо дар бораи одати сигоркашӣ ё нохунхоии мард чизе намегӯем, ҳарчанд ин ҳам одати бад ба шумор меравад. Имрӯз он хислатҳои мардонаеро қайд менамоем, ки ба асаби зан нохун мезананд. Инак, 10 одати бадтарини мардҳо: 1. Ба хона дер меояд Гоҳе сабаби дер омадани худро мард ба маҷлис ва гоҳи дигар бо вохӯрии дӯстонаш марбут медонад. То пайдо шудани телефонҳои дастӣ, ибораи маъмӯлии бонувон чунин буд: ман аллакай се бор хӯрокро гарм кардам! Бо пайдо шудани телефонҳои мобилӣ, вазъият он қадар ҳам тағйир наёфтааст, ҳанӯз ҳам мардҳо ба хона дер меоянду ҳељ гоҳ дар ин бора хотиррасон намекунанд! Гоҳ маљлис доранд, гоҳе нақлиёт наёфтанд, гоҳи дигар бо рафиқон нишастанд. Умуман, баҳона бисёр аст. Мисли саги вафодор ӯро интизор будани завҷааш ҳатто ба ёди мард намерасад. Қисмати зан чунин будааст. Оиша дар зиндагӣ дигар ягон такягоҳ ва ғамхору мададгор надорад, аз ҳамин сабаб роҳи ягонаи раҳоиро аз