Найти тему
Собир Султон

Симои муйсафедон - Турсунмурод Отабоев

Пеши назар чу орам симои мўйсафедон,

Бар дида ҷилва созад дунёи мўйсафедон.

Умре, ки сарф карданд дар роҳи зиндагонӣ,

Суди фузуда бахшад аз рои мўйсафедон.

Бас инқилоб карданд дар корзори меҳнат,

Оташфурўз гашта дилҳои мўйсафедон.

Дар ҳар куҷо бубинам, паҳлўяшон нишинам,

Дар зиндагӣ шавам то ҳамтои мўйсафедон.

Ҳар рўзи зиндагонӣ ҳастанд ибратомўз.

Бошед, эй ҷавонон, ҳампои мўйсафедон.

Карданд хуб хидмат аз баҳри халқу кишвар,

Аҳсан ба кору бори аълои мўйсафедон!

Дилҳо пур аз такаллум, лабҳо пур аз табассум,

Бошад ҷаҳон ҳамеша дорои мўйсафедон.

Рўсурху дилсафеданд оре, ба рўзгорон,

Монад ҷавон дилони барнои мўйсафедон.

Ҳурмат кунед, ёрон, аз ҷону дил ҳамеша,

Бодо ба дидагони мо ҷои мўйсафедон.