...Читать далее
7 — уми ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Франсия байни Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва Мактаби технологияҳои иттилоотии «ITC Ecole42» Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Мактаби технологияҳои иттилоотии «ITC Ecole42» бо барнома ва усулҳои таълимии муваффақаш машҳур мебошад. Беҳамтоии низоми таълими инноватсионии мактаби барномасозии Франсия ин аст, ки аз рушди малакаҳои амалӣ (таҳсил бидуни омӯзгор, маърӯза ва баҳо) ва аз ҳалли масъалаҳои мураккаб дар тамоми соҳаҳои технологияҳои муосир асос ёфтааст.
Зимни мулоқот директори МД «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» Дилшод Ҷуразода ва намояндаи Мактаби технологияҳои иттилоотии «ITC Ecole42» Олиевер Дукооурант тасмим гирифтанд, ки дар нимаи дуюми соли 2020 усули инноватсионии таълим ва омодакунии барномасозонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.
Лоиҳа барои баланд бардоштан ва беҳтар намудани рушди таҳсилот дар соҳаи IT ва омодакунии кадрҳои оянда дар Тоҷикистон имконият фароҳам меорад.