Ҳофиз Шаҳидӣ соҳибкори шабакаи логистикӣ дар Аврупои Ғарбӣ ва мутахассиси пуртаҷрибаи молияи Британияи Кабир дар ширкати «Алиф» сармоягузорӣ карда, соҳиби 25% саҳмияҳо гардидааст. «Дар муддати кӯтоҳи мавҷудияти худ, ширкати “Алиф” тавонист, ки барои Тоҷикистон бисёр лоиҳаҳои нодирро татбиқ кунад. Ин боиси босуръат рушд намуданаи ширкат дар ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад. “Алиф” дар таълим ва рушди кадрҳои ҷавон саҳми бузург гузоштааст. Ман аз созишномаи бо ширкат баста ва имкони саҳмгузорӣ дар рушди бахши молиявии кишвари маҳбубам хеле шодам. ” — гуфт Ҳофиз Шаҳидӣ. Роҳбари ширкати “Алиф” Абдулло Қурбонов зикр намуд, ки сармоягузориҳои бадастомада барои рушди ҳадафҳои созмон шароитҳои мусоидро фароҳам меорад. “Алиф” аллакай дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон ширкати худро кушода, ба фаъолият оғоз намудааст. «Аз ҷумла, барои тавсияи экосистемаи молиявӣ барои муштариён ва шарикон таҳия ва такмили маҳсулоти рақамӣ, равона карда шудаанд. Системаи автоматикии бонкии “Alif”, ки а
Cоҳибкори тоҷик аз Монако дар ширкати «Алиф» сармоягузорӣ кард
21 ноября 201921 ноя 2019
25
2 мин