Мувофиқи навиштаи Блумберг нобиғаи Африқоӣ Илон Маск ҳоло бузургтарин сарватманди ҷаҳон шуд ва ӯ дар ин зина аз Ҷефф Безос муассиси Амазон пешӣ гирифт.
Сарвати Маск ҳоло 188,5 млрд доллар арзёбӣ мешавад, Табиист ки ин нобиғаи Африқои ҷанубӣ-амрикоӣ барои расидан ба ҳадафҳояш ва ин зина чи қадар шикастҳоро тарҷиба карда ва паси сар гузоштааст.
Албатта, ӯ дар зиндагии пуршебуфарози худ китобҳои зиёдеро мутолиа карда, ки ҳоло мо онҳоро пешкаши шумо менамоем, ва агар ватқт ёфтед бо онҳо дӯст шавед, зеро беҳтарин дӯсту ҳамнишин дар ҳаёти инсон китоб аст. Гуфтае низ сидқ мекунад, ки онҳое ки китоб мехонанд онҳоеро ки намехонанд роҳбарӣ хоҳанд кард.
Вақто ки журналистони маҷлаллаи Esquire аз Маск пурсиданд, ки чи гуна ракетасозиро ёд гирифт ӯ иброз дошт, ки "ман китоб мехонам".
Биёед якҷоя он китобҳоро мутолиа кунем:
№1 Арбоби ҳалқаҳо (властелин колец, The Lord of the Rings) муаллифаш Ҷ.Р.Р Толкин
Илон ҳангоми мактабхонӣ кӯшиш мекард, то бештар романҳои тахайюлӣ ва илмӣ-тахайюлиро мутолиа кунад . Романи мазкур аз зумраи романҳое буд, ки ақли ӯро рабуд ва Илони хурдсолро маҷзуби худ карда буд. Ӯ дар мусоҳибааш бо маҷаллаи The New Yorker мегӯяд "қаҳрамонҳои китобҳое ки ман мутолиа мекардам, наҷот бахшидани ин ҷаҳонро ҳамеша вазифаи худ медонистанд ".
№2 Роҳнамои мусофирони маҷҷонии каҳкашон («Автостопом по галактике»/ The Hitchhiker's Guide to the Galaxy ё H2G2), Дуглас Адамс
Маск эътироф кард, ки ҳангоми 12-14 солагӣ буҳрони экзистинсионалро аз сар гузаронд ва навишатҳои Нитше ва Шопенгауер ро мутолиа кард, ки ба саволи маънии ҳаёт дар чист посухе наёфт ва пасон дучори ин китоб шуд, ки "маънии асосии ҳаёт коинот ва дигар чизҳост"-ро дарёфт . Дар ин ҳагом Маск эътироф кард, ки агар савол хуб гузошта шавед ҷавоб ба он мушкил нахоҳад буд (яъне агар мушкилӣ дарк шавад, ҳалли он осон хоҳад буд). Ӯ мегӯяд, ки ҳарчи бештар мо агар коинотро сарфаҳм равем, бештар дарк хоҳем кард, ки чи гуна савол дар мавриди онро гузорем.
Хониши электронӣ русӣ, англисӣ
№3 Саргузашти Бенҷамин Франклин (Бенджамин Франклин. Биография, Уолтер Айзексон /Benjamin Franklin: An American Life )Walter Isaacson
Ӯ яке аз асосгузорони давлати имрӯзаи ИМА ба ҳисоб меравад ва аз қаҳрамонони Маск мебошад. Китоби мазкур аз маъруфтарин китобҳои Волтер Айзексон ба ҳисоб меравад.
№4 Эншттейн зиндгонии ӯ ва коинот.(«Эйнштейн. Его жизнь и его Вселенная», Уолтер Айзексон/ Einstein: His Life and Universe)
Муалифи ин китоб низ Волтер Айзексон буд, ки бо тарз ва услуби нигориш аз дигар китобҳои биографӣ фарқ мекунад.
№5. Сохтор ва ё чаро ашёҳо намешикананд Ҷ. Гордон («Конструкции, или Почему не ломаются вещи», Джеймс Гордон /Structures: Or Why Things Don't Fall Down)
Ин китоб боси шуд, ки ӯ сари дизайн сохтор ва бунёди ширкати SpaceX биандешад. Китоби мазкур хело шавқовар мебошад. Китоб дастури олиест барои касоне , ки нақшаи тарроҳии техникиро дар сар мепарваранд.
китобфурӯшии озон
№6. Ignition!: An Informal History of Liquid Rocket Propellants, Ҷон Бейтс Кларк
Китоби мазкур ба забони англисӣ буда китоби хонданиест барои онҳое, ки мехоҳанд ба сохтани ракета, ва ракетасозӣ машғул шаванд. Ҷон Бейтс Кларк кимиёшиноси амрикоӣ аст, ки ба омӯзиши сӯзишвории ракетатҳо (мушакҳо) ҳанӯз дар солҳои 60-70 и асри 20 машғул шудааст.
Версияи электронӣ
№7 Ҳуши маснӯи . Марҳилаҳо. Таҳдидҳо. Роҳбурд/ «Искусственный интеллект. Этапы. Угрозы. Стратегии», Ник Бостром
Соли 2014 ӯ дар ҳисоби Twitter-и худ навишт:"Ба шумо тавсия медиҳам, ки китоби Ник Бостромро хонед. Мо бояд бо ҳуши маснуӣ бениҳоят эҳтиёткор бошем. Он метавонад аз силоҳи ҳастаӣ низ хатарноктар бошад". Китоби файласуфи суидист, ки дар он иброз менамояд, ҳуши маснуӣ бар одам ғолиб хоҳад шуд.
№8 Аз 0-1. Чи гуна стартапҳоеро сохт ки ояндаро тағйир диҳанд. Питер Тил Блейк («От нуля к единице. Как создать стартап, который изменит будущее», Питер Тиль и Блейк Мастерс)
Аз сифр то як аз ҷумлаи китобҳоест, ки ба мо роҳи бунёди статапҳоро меомӯзад. Питер Тилл рақиби тиҷории Илон Маск буд, вақте ки Маск Pay pal -ро сохт, Питер Тил x.com -ро сохт, то бо он рақобат кунад. Илон Мегӯяд: «Питер Тил бисёр лоиҳаҳои пешрафтаро оғоз кард. "Аз сифр то як" дар бораи он мегӯяд , ки ӯ чӣ гуна ин корро ба анҷом расонидааст".
№9. Ҳовард Ҳюз: Зиндагӣ ва ҷунун. Доналд Барлет ва Ҷеймс Стилл/Howard Hughes: His Life and Madness, Donald Barlett and James Steele)
Ҳовард Ҳюз филмсоз ва пешгоми авиатсия мебошад, ки дар охири умри худ чандин рекорди ҷаҳонии парвозро гузоштааст ва ин боис шуд, ки ӯ солимии рӯҳии худро аз даст диҳад. Саргузашти ӯ диққати Маскро ба худ ҷалб карда буд.
№10 Тоҷирони шубҳа .Merchants of Doubt, Наоми Орестес ва Эрик Конуэй
Муҳаққиқон Наоми Орестес ва Эрик Конвей дар китоби худ изҳор доштаанд, ки ҷонибҳои манфиатдор - сиёсатмадорон ва тоҷирон далелҳоро дар бораи ҳифзи саломатиро аз дигарон пинҳон медоштанд. Илон Маск дар Твиттераш навиштааст: “Ман ба шумо маслиҳат медиҳам, ки тоҷирони шубҳаро бихонед. Ҳамон одамоне, ки дирӯз зарари тамокукаширо рад мекарданд, имрӯз тағирёбии иқлими сайёраро низ инкор мекунанд. "
№11. Сегонаи "Фонд" .(Офариниш, Фарҳангистон) Айзек Азимов. Трилогия «Фонд» («Основание», «Академия»), Айзек Азимов
Ӯ дар бораи ин китоб дар мусоҳибааш бо рузномаи The Guardian ибрози назар кардаст. Асари мазкур дар бораи рушди давраии тамаддунҳо ривоят мекунад.
№12 Моҳ -хонуми сахтгир. Роберт Хайнлайн.( «Луна — суровая хозяйка», Роберт Хайнлайн/The Moon Is a Harsh Mistress)
Романи тахайюлиест, ки дар бораи ҳодисаҳои дар ояндаи наздик дар замин рухмедода риявоят мекунад.
№13 Давраи "Фарҳанг" Иэн Бенкс( Цикл «Культура», Иэн Бэнкс)
Дар поёни соли 2014 Маск дар Твиттер навишт: “Ман ҳоло Фарҳангро мехонам. Ин тасвири ҷолиби ояндаи азими галактикии қариб тахайюлӣ мебошад. Умедворам, ки корҳо барои ҳуши маснӯи чандон хушбин нестанд. "
№14.Ҷеймс Баррат(«Последнее изобретение человечества», Джеймс Баррат)
Китоби мазкур дар бораи ақли сунъӣ ва таъсири он ба зиндагии инсоният ривоят мекунад.
Мақолаҳои ҷолиби моро дар ин ҷо бихонед.
Сарчашмаҳо : Русӣ