Найти тему
Оянда

7 далел барои 7 китоб хондан дар тӯли як сол

Акс аз pixabay.com
Акс аз pixabay.com

Ҷумлаи маъруфе ҳаст, ки мегӯянд: «китоб хондан барои зеҳн, ҳамонандиварзиш кардан барои бадан ҳаст» ин ҷумла дар ҳудуди 300 сол пеш гуфта шудааст ва арзиши болои онро дар асри ҳозир метавонем ба дурустӣ эҳсос кунем. Таҳқиқоти илмӣ исбот кардааст, ки хондан китоб инсонро боҳуштар мекунад. Дар ин навишта нукотеро мегӯем, ки чаро шумо бояд дар тӯл як сол ақалан 7 китоб бихонед.

  • Китоб хондан дарёфти идеяҳои нав ҳаст, ки барои ҳалли мушкилотатон ба шумо кумак мекунад

Оё то ба ҳол шудааст, ки ҳангоми мутолиаи як романи пуррамзу роз қабл аз ин ки ба интиҳои достон бирасед поёни онро ҳадс зада бошед? Тафаккур истидлолӣ ва мантиқии шумо дар замони мутолиаи китоб тақвият меёбад ва зеҳн саъй мекунад намунаҳои мухталифро ба суръат баррасӣ кунад ва масоиле, ки зеҳнро даргир карда аст фавран ҳал кунад, иттилооти ҷадидеро ба даст биовард.

  • Бо бештар китоб хондан нависандаи беҳтаре мешавед

Вақте, ки китоб мехонед, зеҳни шумо иборот ва калимоту ҳатто равишҳои хуби навиштанро дар ҳофизаи худ нигаҳ медорад ва ба таври нохудогоҳ ба нависанда беҳтарин табдил мешавед. Хондан боис мешавад, ки доираи луғоти шумо афзоиш пайдо кунад ва битавонед мафҳумҳои мушкилтареро дар қолаб калимот ҷой диҳед.

  • Боргирии китоб ва мутолиаи он маҳорати иртиботии шуморо беҳбуд мебахшад Ба ин далел, ки доманаи луғоти шумо бо китоб хондан афзоиш меёбад беҳтар метавонед сӯҳбат кунед ва дар замон гуфтугӯ иборот беҳтареро барои баёни суханон худ бакор бигиред. Тавсия мекунем агар ба хондани китоб алоқаманд ҳастед ҳатман аз фурӯшгоҳҳои китоб харидорӣ бикунед. Ҳамчунин метавонед бо боргирии (скачать) китоб аз фурӯшгоҳҳои онлайн ба китобҳои бешуморе дастрасӣ пайдо кунед.
  • Китоб хондан назми шахсӣ ва зеҳнии шуморо афзоиш медиҳад Дар дунёе ҳастем, ки рӯз ба рӯз бо сабаби ҳаҷми иттилооти зиёде, ки ба самти мо меояд тамаркуз ва таваҷҷуҳи камтаре ба онҳо мекунем. Тибқи таҳқиқот дар соли 2000 мизони замоне, ки афрод ба огаҳиҳои таблиғотӣ таваҷҷуҳ мекарданд 11 сония буд ва дар соли 2010 ин замон ба 8 сония коҳиш пайдо кард, дар чунин замоне китоб хондан боис мешавад битавонед тамаркуз бештаре ба рӯи масоили муҳимм дошта бошед ва тамрини зеҳнии олие барои ин кор анҷом диҳед.
  • Китоб хондан бисёр осонтар нисбат ба гузашта шудааст

Дар асри диҷитолӣ дигар ниёзе ба рафту омад ва ҳазинаи хариди китобҳои коғазиро надоред, ҳоло агар шумо бихоҳед, ки боргирии ройгони мақола ё боргирии китоб ва ё харид китоб аз Амазонро дошта бошед ҳамагӣ ба осонӣ бо истифода аз лаптоп (ноутбук) шумо замоне, ки дар рӯи кати хоби худ дароз кашидаед имконпазир аст.

  • Китоб хондан илҳомбахш аст

Китоб хондан монанди ҳамкалом шудан бо як инсони моҳир ва ботаҷриба аст. Қатъан аз сӯҳбат кардан бо афрод ботаҷриба ва ҳирфаи лаззат бурдаед, пас таҷрибаи гаронбаҳоест, ки матолиберо бихонед, ки беҳтарин ва ҳирфаитарин афроде, ки мешиносед ба суханон онон гӯш диҳед ва бо хондан навиштаҳои онон ба дунёи ҷадиде аз мафоҳими мухталиф даст пайдо кунед. Барои китоб хондан кофӣ аст ҳамин алъон мурургари лаптопи худро боз кунед ва бубинед шахси мавриди алоқаи шумо дар ҳавзаи кориатон чӣ китоберо навиштааст ва бароҳати бо боргири китоб аз сайтҳои мухталиф ва ё хариди китоб аз Амазон битавонед ба матолиби он дастрасӣпайдо кунед.

  • Китоб хондан саломатии равонии шуморо кафолат медиҳад

Китоб хондан ҳамчунон, ки лаззатбахш аст, боис мешавад дар дунёи хаёли он ғарқ шавед ва ба оромиш даст ёбед. Яке аз роҳҳои исботшуда барои коҳиш сатҳи стресс дар бадан китоб хондан ҳаст, ки ба афрод тавсия мешавад ва ҳамчунин ба зеҳн фазои бештаре барои короии беҳтар мебахшад. Китоб хондан сафар кӯтоҳи дар дарун зеҳн аст. Саъй кунед аз ҳар фурсате барои мутолиа чизҳое, ки алоқаманд ҳастед истифода кунед, аз лаҳзае, ки боргирии ройгонимақола барои корҳои донишгоҳии худ анҷом медиҳед то замоне, ки боргири китоб ё хариди китоб аз Амазонро доред фурсатҳои бисёр зиёде барои хондан ва лаззат бурдан аз он хоҳед дошт.

Баргирифта аз андешакадаи иқтисоду сиёсат

Ps: Ҳангоме ки ин маводро омода мекардам чашмам ба гуфтае афтод, ки фикр кунам беҳатрин гуфта дар мавриди китоб аст:

Китобро ҳеҷ чиз иваз карда наметавонад, на телевизион, на кино, на интернет, ҳатто театр ҳам наметавонад, ки ҷойи онро бигирад...
Китобу театр ба ҳам хеле монанданд. Вале фарқи китоб дар он аст, ки вақте шумо онро мехонед, ҳунарпеша, коргардон, қаҳрамон ва ҳатто тамошобини он худи шумоед. муаллиф Нурулло Абдуллоев

Баро мутолиаи навиштаҳои дигари мо ин ҷоро пахш кунед: