Найти тему
Оянда

20 саволи мушкилтарин, ки дар Apple мепурсанд

http://blog.daneshnamah.net
http://blog.daneshnamah.net
  • Apple (Эпл)аз зумраи ширкатҳои фаромилиест, ки бо саволҳои мушкили худ дар байни корҷӯён маъруфият дорад, мо хостем бо истифода аз манобеъи маҷаллаи Тайм 20 саволи аз ҳама муҳимро барои шумо пешкаш намоем.

№1

Агар шумо ду тухми мурғ дар дошта бошед ва бихоҳед бо партофтани тухми мурғҳо, бидуни шикастани онҳо, баландии сақфро бисанҷед, чигуна ин корро анҷом медиҳед? Роҳи ҳалли беҳтарин чист? -(номзад ба шуғли муҳандиси нармафзор/Software Engineer candidate)
№2

Дар бораи худ нақл кунед. Чӣ чизе шуморо ба ваҷд меоварад?- (номзад ба шуғли муҳандиси нармафзор /Software Engineer candidate)
№3

Беҳтарин дӯсти шумо кист?!- (номзади ба шуғли мутахассиси утоқи хонавода/ Family Room Specialist candidate)
№4

Як масъала ҷолибе, ки ҳал кардаед нақл кунед. -(номзад ба шуғли муҳандиси нармафзор/Software Engineer candidate)
№5

Ба кӯдаки 8-сола модем/ роутер ва вазифаҳои онҳро фаҳмонед? -(номзади ба шуғли мутахассиси утоқи хонавода/ Family Room Specialist candidate)

№6

Ҳамарӯза чӣ қадар кӯдак ба дунё меояд?- (номзад ба шуғл мудирияти занҷираи таъмини саросарии Apple/ Global Supply Manager candidate)
№7

Агар мо шуморо ба кор қабул кунем, шумо чи кор мехоҳед бикунед?- (номзад ба шуғли муҳандиси нармафзор/Software Engineer candidate)
№8

Шумо чи гуна арзиши ин қаламро поин меоваред? -(номзад ба шуғл мудирияти занҷираи таъмини саросарии Apple/ Global Supply Manager candidate)
№9

Чаро бояд шуморо ба кор қабул кунем?- (Номзад ба шуғли муҳандиси калони нармафзор/ Senior Software Engineer candidate)
№10

Чи чиз муҳимтар аст, ҳалли мушкили муштарӣ ва ё эҷоди як таҷрибаи хуб аз муштарӣ ?- (номзади мушовир дар хона Apple/ Apple At Home Advisor candidate)

№11

Чаро Apple номи худро аз Apple Computers Incorporated ба Apple.Inc иваз кард? - (номзад ба мутахассис /Specialist candidateҒ

№12

Шумо хеле мусбатандеш ба назар мерасед, чи чизҳоро шуморо афсурда мекунанд? - (номзади ба шуғли мутахассиси утоқи хонавода/ Family Room Specialist candidate)

№14

Дар бораи як таҷрибаи фурӯтанӣ (дар баъзан ҷо таҳқир) нақл кунед. - (Номзад ба шуғли чаканафурӯшии Apple /Apple Retail Specialist candidate)

№15

Ба ман нишон диҳед (нақш офаред), ки чӣ гуна шумо метавонед ба муштарӣ фаҳмонед, ки мехоҳед танҳо бо истифода аз овози худ ба ӯ кумак кунед.- (номзади мушовир дар хонаи Apple/ Apple At Home Advisor candidate)

№16

Имрӯз шуморо чӣ чиз ба инҷо овард? - (номзад ба шуғли муҳандиси нармафзор/Software Engineer candidate)

№17

Бо назардошти як намуди замимаи iTunes, ки тасвирҳои зиёди кӯҳнашударо, бо мурури замон ба зер меандозад, шумо кадом стратегияро барои тоза кардани тасвирҳои истифоданошуда истифода бурданиед? -(номзад ба шуғли муҳандиси нармафзор/Software Engineer candidate)

№18

pixabay.com
pixabay.com

Рӯзи беҳтарини шумо дар 4 соли охир кадом рӯз буд? Бадтаринаш кадом? - (номзад ба менеҷери лоиҳаи муҳандисӣ/ Engineering Project Manager candidate)

№19

Чаро шумо мехоҳед ба Apple ҳамроҳ шавед ва агар Apple шуморо ба кор қабул кунад, дар кори ҳозираатон чиро аз даст хоҳед дод?-(номзад ба шуғли муҳандиси нармафзор/Software Engineer candidate)

№20

Дар панҷ соли оянда шумо чи кор карданӣ ҳастед? (номзад ба шуғли муҳандиси нармафзор/Software Engineer candidate)

Баргирифта аз TIME

Дигар навиштаҳои моро дар ин ҷо бихонед