Ин панҷ корофар бо ин ки дар зиндагии шахсӣ хонаводагӣ заъф доштанд, ҳоло аз ҷумлаи сарватмандтарин афроди ҷаҳон ба ҳисоб меоянд.
Дар тамоми достонҳое, ки аз муваффақияти ин афрод сухан меравад, як унсури муштарак вуҷуд дорад, ки он рӯҳияи корофаринӣ доштан аст.
Ян Борисович Кум ва рӯъёҳои бузург
Ян Кум муҳоҷири Украиниӣ аст, ки ҳангоми 16 солагӣ бо ҳамроҳии модар ва модарбузургаш ба ИМА кӯч баст. Баъди кӯч бастан ба хонаводаи онҳо муяссар шуд.то бо дастгирии як ниҳоди иҷтимоӣ дар як хонаи духоба дар Калифорниё иқомат гузинанд.
Модари Кум барои муддате харҷи зиндагишонро бо роҳи нигоҳбонии бачаҳои дигарон дар хона таъмин мекард, то он даме ки машғули кор дар як мағозаи хурокворӣ шуд.
Кум соатҳои бекорияшро сарфи омӯзиши барномаҳои компютерӣ мекард ва ин худомузӣ боис шуд, ки ӯ дар синни 18 солагӣ барои идомаи таҳсил ба донишгоҳи давлатии Сан Хоссе равад.
Ӯ барои таъмини ҳазинаи таҳсилаш дар донишгоҳ ба кор даромад ва соли 1997 ширкати Ёҳу ӯро дар бахши муҳандиси созмон ба кор гирифт.
Ӯ аввалҳои соли 2009 бо рафиқаш барномаи whatsapp-ро сохтанд ки дар натиҷа соли 2014 ба Фейсбук 19 миллиард доллар фурӯхтанд ва ӯ соҳиби 6 миллиард доллар шуд. Сарвати ӯ ҳоло 10 миллиард доллар аст.
Ҷеф Безос арзиши нерӯи ҷавониро исбот кард
Ҷеф Безос, мудири иҷроия ва муассиси ширкати Амазон дар оилаи оддие
ба дунё омада ва бузург шудааст. Ӯ ҳангоми кӯдакӣ, дар киштзори бобояш кори сахт ва машаққатборро аз сар гузаронидааст.
Ӯ тобистонҳо дар Макдонадлс кор мекард. Кор дар Макдоналдс боис шуд ки ӯ дар рӯҳияи худ эҳсоси корофариниро пай барад.
Соли 1986 аз Донишгоҳи Принсестон фориғуттаҳсил шуд ва аммо бузургтарин комёбии зингдагияшро замоне эҳсос кард, ки дар соли 1994 ширкати Амазонро таъсиси дод. Ҳоло Амазон аз бузургтарин корпоратсияҳои фаромиллист, ки капитализатсияи он 929,6 млрд долл рақам зада мешавад ва сарвати Безос $175,3 млрд мебошад.
Ҳаворд, ҳама чизшро бахшид
Шултз Ҳаворд, мудири иҷроии ширкати қаҳвасози Страбакс соли 1982 ба ширкати мазкур ҳамчун фурушандаи қаҳва воид шуд, ки дар он вақт он ширкат фақат қаҳва (донаи қаҳва )мефурӯхт . Шултс хост фазои қаҳваҳои итолиявиро дар ин қаҳвахона бубинад ва фурушӣ қаҳваҳои таёру эспрессоро ба роҳ монад.
Ӯ мехост як кофе эспрессои хурд таъсис бидиҳад, аммо роҳбарияташ мухолифат мекарданд ва ӯ дар иваз ба рақобат бо онҳо рӯ овард. Ду сол баъд дар сол 1987 ӯ он ширкат(Старбакс)ро ба қимати 8.3 миллион доллар харид. Ҳоло омори фурӯш ширкате, ки ӯ рушд дода аст беш аз 15 миллиард доллар дар сол аст. Ӯ аз аввалин узви хонаводааш буд, ки ба коллеҷ роҳ ёфта ва онро ба итмом расонид.
Ҳаворд дар китобаш менависад, ки маҷбур шуд, то дар рестурон пешхидмат шуда кор кунад, хунашро бифурӯшд ва пул қарз бигирад, то битавонад коллеҷро итмом расонад.
Имрӯз ӯ яке аз бузургтарин андешамандон дар соҳаи тиҷорат шинохта мешавад ва шабакаи тиҷории ӯ бештар аз 102,8 миллиард доллар арзиш дорад.
Ларри Элисон
Баъд аз кашамкашиҳои зиёд миёни маргу зинагӣ ки ӯ гирифтори пневмония шуда буд модараш ӯро ҳангоми нуҳмоҳагӣ ба хонаводаи хешовандонаш ба Чикаго дод. Падархондаш ба ӯ доим гӯшзад мекард , ки ӯ ҳаргиз дар зиндагӣ ба мартабае нахоҳад расид. Баъд аз он ки модархондаш фавтид ӯ тарки донишгоҳ кард .
Ӯ соли 1982 бо чанде аз дӯстонаш ширкати нармафзории худ Ораклро таъсиис дод, ки арзиши шабакаи тиҷории он $184,51 миллиард доллар тахимн зада мешавад.
Сарвати Ларри Элисон $62,5 млрд (май 2019) мебошад.
Ҳангоми омода намудани мақола мо аз Википедия ва донишномаи иқтисод истифода бурдем.
Мақолаҳои дигари моро метавонед дар ин ҷо бихонед.