Яке аз осонтарин роҳҳои тақвият додани малакаҳои хатттӣ мавҷудаи як фард ба илова кардани калимаҳои нав ба базаи луғавияш бастагӣ дорад. Барои беҳтар иброз доштан ва некӯ андешидан мо ба лӯғати фаровоне низ ниёз дорем, ки андешаи моро суфтаву нағз ба дигарон расонад.
Ҳам дар навиштори бадеӣ ва ҳам ғайрибадеӣ мо ба лӯғат ниёз дорем. Барои он ки мо дар забони бегонае мусаллат шавем ва андешаамонро некӯ баён кунем вожагон барои мо беҳтарин ёварони беминнат ҳастанд.
Ҳоло бошад барои шумо 6 роҳи маъмулии бунёд ва тақвияти базаи луғавиро пешкаш менамоем.
№1 Қироати пайваста
Барои он ки бунёди лӯғавии қавӣ дошта бошем пеш аз ҳама ба хониши пайваста ниёз дорем, зеро ба ин васила мо вожагони навро аз бар хоҳем кард. Ба василаи мутолиа шумо бо истифодаи бомавқеъ/бемавқеи калима ва дар баъзан ҳолат маъноҳо ва вазифаҳои гуногуни он ошно мешавед.
№2 Аз фарҳанги синонимҳо истифода баред
Истифода аз фарҳанги синонимҳо барои тақвияти лексикони шумо хидмат мекунад. Шумо метавонед ба фарҳанги синонимҳо мустақиман дар интернет муроҷиат намоед аксари онҳо ба таври бархат ва ройгон ҷойгиранд.
№3 Бозиҳои гуногун
Бозиҳои гуногуни шавқовар боис мешавад, ки шумо лӯғатҳои навро аз худ кунед .
Ҳамчунин дар интернет низ вобаста ба забонҳо нармафзорҳо ва дигар воситаҳои интернетӣ ҷиҳати омӯзиши забонҳо фароҳам шудаанд.
Навишатан дар қоғазҳои ширешдор ва насб кардан дар рӯи ашёе, ки мо онро омӯхтанием низ барои азёди мо кумак мекунад.
№4 Номнависӣ дар барномаҳое ки бахши тамрини "вожагони рӯз"-ро доранд
Аз нармафзорҳое истифода кунед, ки барои забономузон пешниҳод шудааст. Агар шумо наврас ҳастед аз lingo kids (android) (ios) истифода баред ва агар донишомӯз ва ё бузургтар ҳастед метавоед аз duolingo истифода баред.
№5 Истифодаи калимаҳои нав дар гуфтугӯ
Ҳар калимаи наверо ки меомзӯзед бикӯшед то синонимҳо ва ибораҳояшро омӯзед ва онро дар нутқи гуфторатон истифода баред.
№6 Истифода аз вандҳо
Пешвандҳо ва пасвандҳо боис мешаванд, ки мо калимаҳои нав эҷод кунем ва бо ин васила базаи луғавиамонро ғанӣ созем. Дар баъзе забонҳо масалан арабӣ барои бунёди базаи лӯғавӣ донистани иштиқоқи калимаҳо зарурист, то аз кадом реша сохтани онро фаҳмем.
Дар охир агар шумо мехоҳед калимаро ҳифз кунед беҳтарин роҳи ҳифзи он мутолиа ва амалия ҳаст ақалан ҳамарӯза машҳуратарин рӯзномаи бо ҳамон забон нашршавандаро хонед, ва ҳеҷ гоҳ калимаро бо ду забон яъне англисӣ -тоҷикӣ, ё русӣ - тоҷикӣ азёд накунед, агар калимаеро азёд карданӣ ҳастед бикӯшед дар асоси сухане ё шарҳи худи ҳамон калима ба ҳамон забон ва бо воситаи синоимҳо ва ибораҳояш аз бар кунед. Агар дар талафузи он душворӣ доред аз Google - тарҷумон истифода баред.