Найти тему
Оянда

7 рози омӯзиши забони хориҷӣ #5 Навиштан

Оглавление
Аксҳо аз pixabay.com
Аксҳо аз pixabay.com

Биёед то ҳоло он чи ки навиштем хотирнишон созем, то ин дам мо дар бораи маҳоратҳои

Ҳоло бошад дар бораи рози панҷум яъне маҳорати навиштан ба шумо маълумот хоҳем кард. Дар забони мо онро санъати китобат меноманд ва аз умдатарин маҳоратҳоест, ки кистиву чистии нависанда ва ё котиб дар он зоҳир мегардад. Аз аввалин маҳоратҳоест, ки Худованд вақте инсонро халқ кард бар инсон арзони дошт то ба воситаи он бинависад.

Пас, чӣ гуна мо дар китобат хуб шавем? Ягона роҳи хуб ва некӯ навиштан ин навиштан аст.
Агар хоҳӣ ки шавӣ хушнавис,
Бинавис, бинавис, бинавис, бинавис.

Ҳамакнун чанд рози навиштанро бароятон ифшо месозам:

Мавзӯъро муайян кунед

Қабл аз он ки ба навиштан шурӯъ кунед биандешед, ки дар бораи чӣ хоҳед навишт ва бояд он чи гуна бошад, ҳаҷми навишта низ хело мушҳим аст.

Яъне коре кунед, ки хӯи навиштан ва иштиёқи навиштан дар дилатон ҷӯш занад. Пайваста нависед ва новобаста ба он ки чӣ рӯх медиҳад навиштанро тарк нуакунед.

Бештар бихонед

Агар хоҳед, ки хуб нависед бештар бихонед ва то он даме, ки ба сатҳи муайяне дар навиштан даст ёбед метавонед бо роҳи мутолиа қолабҳо ва услуби навишторро омӯхта дар навишти хеш истифода баред.

-2

Ширкат дар маҳофили навиштан

Агар имкон ёфтед ба маҳофиле пайвандед, ки ба шумо дар бораи услубҳои навишт ки маъмулан бадеӣ ва ғайрибадеист маълумот медиҳанд. Агар ин даст надод метавонед аз интернет дар бораи тарзу услҳои навишатан дар самти бадеъ ва ғайрибадеъ маълумоти бештар гиред.

Сиёҳанвис ё дафтарча

Агар дар бораи мавзӯе навиштанӣ ҳастед иттилоъро дар шакли сиёҳнавис ва ё дар ягон дафтарчае ҷамъ оваред ва пасон онҳоро ҷо ба ҷо гузошта нависед. Ин анъана дар байни бузургсолон бо номи "картатейка" маъруф аст.

-3

Пайдарҳмӣ

Дар ҳар навишта аввал бикӯшед то пайванд байни ҷумлаи аввал ва ҷумлаҳои оянда ҳифз шавад, зеро ин амр бисёр муҳим аст, ва пайдарҳамии фикр боиси ҷалби таваҷҷуҳи хонанда мешавад.

Таҳрир

Ҳар чизеро, ки менависед борҳо ва борҳо таҳрир кунед, зеро таҳрир боиси пешгирии хатоҳои зиёд ва пайдоиши идеяҳои нав дар матни шумо мешавад. Ҳар навишта ба таҳрир ва нақд ниёз дорад ва меатвонед аз дӯстон ва онҳое ки маводи шумор мехонанд пурсед, ки чи гуна метавон беҳтар навишт ва назари шумо дар мавриди навиштаам чист?

Баён

Дар навиштан тарзи баён ва ифодаи фикр ниҳоя муҳим аст. Бикӯшед то фикратон фаҳмову муъҷаз ба хонандааш бирасад ва ҳангоми навиштан шумо метавонед аз фарҳанги синонимҳо истифода баред. Навиштаи хуб ҳамон навиштаест, ки хонандаро ба ҷустуҷӯ водор кунад.

Таҳригарони онлайн

Агар шумо бо забони англисӣ навишта истодаед, меавтонед баъд аз навиштан аз таҳригарони онлайнӣ истифода баред дар забони англисӣ машҳуртарини онҳо grammarly ва дар русӣ text мебошад.

Хондан бо садои баланд

Ҳар навиштаи хешро бо садои баланд бихонед ин барои навиштани шумо хело муҳим аст.

Чи қадар вақт лозим аст, то нависандаи хуб шавем ?

Аксарият мехоҳанд ки навишатнро дар ин ё он забон тез ёд гиранд, вале барои он ки хуб навиштанро ёд гиред ба гуфти донишманди Амрикоӣ Малколм Главдел 10 000 соат лозим аст, то нависандаи хуб шавед.

Матолиби бештарро дар инҷо мутолиа кунед: