Найти тему
Оянда

7 рози омӯзиши забони хориҷӣ #1 Шунидан

акс аз pixabay.com
акс аз pixabay.com

Дар раванди афзоиш ва рушди илмиву техникӣ инсоният ба дастовардҳои беназире ноил шудааст, ки то имрӯз ҳадду каронаеро надорад. Бо истифода аз усулҳо ва маъойир мушаххас инсон тавонистааст ба чи дастовардҳое ноил шавад. Қобили зикр аст, ки методҳои пешрафтаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ки донишмандони забоншис сари он кор кардаанд, бешумор ва гуногун аст . Ҳоло мехоҳам бо истифода аз мутолеот ва мушоҳадоти хеш чанд методи пешрафтаи омӯзиши дилхоҳ забонро хидмати шумо хонандагони гиромӣ пешкаш намоям, то бувад ки ин усулҳо барои шумо муфид гардад. Мавзӯъ марбути онҳоест, ки тоза гомҳои худро ба омӯзиши дилхоҳ забон, алалхусус забони хориҷӣ гузоштаанд. Ҳамзамон бояд гуфт, ки забономӯзи қабл аз ҳама ба ақли шумо, маҳорату малака ва рағбати шумо бастагии зиёд дорад. Беҳуда нест, ки Ҷеймс Девар ақлро мушобеҳи чатри наҷот гуфта ва ба кор оғоз кардани онро низ ҳангоми боз шуданаш медонад. Ҳоло бошад бароятон рози аввали забономӯзиро ифшо мекунам ки он шунидан аст.

1. Шунидан

Ағлаби инсонҳои муваффақе ки мешиносамашон, бештар ба дигарон гӯш фаро медоданд, нисбат ба он ки сухан кунанд.

Бернард Борух.

Ҳоло роҳи аз ҳама осони афзудани дониш ва ба вижа дониши забонӣ ин шунидан аст. Фаразан вақте, ки кӯдат ба дунё меояд хело хурд аст ва ӯро касе на хонданро ёд медиҳад ва на наиштанро. Танҳо ӯ ба василаи шунидан ва пасон талаффузи гуфтаҳои наздикон муоширати зарурӣ барои худашро аз бар мекунад. Билохира гарчанде, ки бо хатоӣ ҳам бошад ҳарф мезанад. Оҳиста‑оҳиста ӯ бо кумаки наздикон паи ислоҳи хатоиҳои хеш мепардозад, зеро саҳву ғалат бо инсон пайваст аст ва имкон надорад, ки инсон бидуни саҳв ба иҷрои коре муваффақ. Дар омӯзиши забони хориҷӣ низ мо мисли кӯдак ҳастем ва хоҳем нахоҳем аввалан мисли кӯдаконе, ки нав ба гап задан оғоз мекунанд ба ҳарф задан мепардозем. Методи мазкурро Шиники Сузукӣ ном донишаманд дар назарияи забони модарӣ пешниҳод карда буд. Ӯ барои ин кор якчанд кӯдаки Жопуниро гирд овард ва хост иэроглифҳо ва садоҳои онҳоро ба кӯдакон биомӯзонад. Ӯ олати мусиқии скрипкаро истифода бурд, то аввал садоҳои соддаро ба кӯдакон омӯзонад ва пасон ба ҳамин васила Сузукӣ садоҳои иэроглифҳои забони Жопуниро ба кӯдакон бо усул осон омӯзонид. Сузукӣ ба хулосае меояд, ки инсон қабл аз ҳама кор бояд бишунавад, то дилхоҳ забонро аз бар кунад. Баъд бояд ҳарф бизанаду хондан ва навиштанро низ ёд бигирад.

Барои тақвияти шунавоии хеш метавонед методҳои зеринро ҳамарӯза такрор кунед:

- Барномаҳои телевизиониро тамошо кунед (манзур барномаҳои муфид аст ва агар онҳоро тамошо накунед ва гуш диҳед бо хубтар аст). Масалан, вақто шумо аз телевизион ҳодисаи афтидани ҳавопайморо мушоҳида мекунед ва ҳамон вожа ва ҳодиса барои шумо ошно мешавад. Инҷо ахбори асосиро чашмони шумо ба майнаи саратон нақл кард ва ақлатонро ба осонӣ фирефт, вале агар шумо чашмонатонро бипӯшед ва ба он гӯш диҳед ҳатман ақли шумо сари фаҳми вожа ва ҳодиса тамаркуз мекунад ва аз лиҳози биологӣ чашмони шумо низ аз нурҳои музирри телевизион эмин мемонанд.

- Бештар радио гӯш кунед.

- Сурд ва оҳангҳое ки барои шумо муфид аст, бишнавед.

- Аз китобҳои аудиоӣ (аудио‑бук) истифода баред.

Эзоҳ: Дар масъалаи гуш кардани мусиқӣ мехоҳам як нуктаеро арзёбӣ кунам, ки агар мо ҳамарӯза як мусиқиро гӯш кунем барои мо муфид нахоҳад буд (одатан мусиқиҳо 3‑ 5‑8 дақ давом мекунанд) . Беҳатар аст, аудио бук ё ягон маводи муфидтареро гуш кунем, ки нисбат ба мусиқӣ арзишмандтар аст. Агар мо бар ивази мусиқӣ ба гӯш кардани китобе оғоз кунем ҳеҷ набошад дар тӯли ҳафта он китобро нисф ва дар ду ҳафта як китоб ва дар моҳе ду китобро ақалан мутолеа мекунем.

- Талош кунед то шунидаҳоятонро такрор кунед. Чунки такрор модари дониш аст ва чуноне ки арабҳо мегуянд такро харро низ босавод мекунад.

Такрори ҳамарӯзаи методи мазкур тӯли 10 (камтаринаш) дақиқа беҳтар аз он ки дар охири ҳафта бинишинеду 60 дақиқа рӯи ин метод кор кунед. Бикушед то мудовом ва пайваста амал

кунед.

Зулфиқор Фотеҳзода

Илҳом аз силсилаи мақлаҳои : 7 Secrets to Fluent English - Secret #1 - Listening by Maureen Bouey https://www.smarttutorreferrals.com/articles/esl-english-second-language/secret-1